Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2008, № 408 "Дар бораи ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷро"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти ҶТ аз 5.04.2018 № 1043 аз эътибор соқит дониста шуд аз 1 июли соли 2018 мавриди амал қарор дода мешавад.  

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷро

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Аз 1 апрели соли 2008 истеҳсолоти иҷро аз тобеияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

2. Шумораи штатҳои иҷрочиёни Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 3 воҳид, судҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ба миқдори 230 воҳид, ҳамагӣ 233 воҳид ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

3. Ҷойгир намудани иҷрочиёни суд дар бинои судҳо бетағйир мононда шавад.

4. Ба Фармонҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти зайл ворид карда шавад:

- дар банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2006 № 1743 "Дар бораи сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "31" ба рақами "28" иваз ва банди 2 замимаи Фармони мазкур дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шӯъбаи молия ва хоҷагидорӣ";

- дар банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2006 № 1746 "Масъалаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "1106" ба "928", "790" ба "610"," "150" ба "153" ва "53" ба "52" иваз карда шаванд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ ҷиҳати дар дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои он дар вилоятҳо таъсис додани сохторҳо вобаста ба фаъолияти иҷрочиёни суд бо воҳидҳои иловагии корӣ, инчунин амалӣ намудани дигар тадбирҳое, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, чораҳо андешад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Э. Раҳмонов

аз 29 январи соли 2008 № 408

ш. Душанбе