Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" августи соли 2002 № 318
тасдиқ шудааст
Консепсияи рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2003-2015
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.02.2008 с. № 50)
Муқаддима
Баъди соҳибистиқлол гардидан, Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаришро аз хоҷагидории марказонидашуда ба усули бозоргонии хоҷагидорӣ амалӣ намуда истодааст. Ин вазифаи хаҷман мураккаб дар шароити бӯҳрон ва мушкилоти молиявию иқтисодӣ, гусаста гардидани робитаҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ ба ҷо оварда мешавад. Дар чунин шароит ба даст овардани амнияти иқтисодӣ вазифаи асосии давлат мегардад, ки қисми таркибӣ ва муҳимтарини он амнияти энергетикӣ буда, таъмини интиқоли доимии захираҳои энергетикӣ ва ба таври ниҳоӣ ноил шудан ба истиқлолияти энергетикиро дар бар мегирад.
Комплекси сӯзишворию энергетикӣ (КСЭ) - ин маҷмӯи соҳаҳои ба ҳам алоқаманди иқтисодиёт мебошад ва сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатиеро дар бар мегирад, ки дар системаҳои таъминоту истифодаи ангишт, нафт, газ, гармӣ, барқ ва зерсистемаҳои минтақавӣ машғули фаъолият мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди сӯзишворию энергетикӣ мебошад. Қисми асосии захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон (53 %) ташаккул меёбад. Дар сохтори тавозуни сӯзишворию энергетикии ҷумҳурӣ захираҳои гидроэнергетикӣ зиёда аз 90 % -ро ташкил медиҳанд. Захираҳои умумии иқтидори гидроэнергетикӣ дар як сол 527 млрд. кВт соатро ташкил медиҳанд. Сатҳи кунунии истеҳсоли қувваи барқ аз иқтидори гидроэнергетикии аз ҷиҳати техникӣ коршоям 6,5%-ро ташкил медиҳад. Захираҳои мавҷудаи кашфшудаи нафт, газ ва гази ғализ дар айни замон камтар аз 1%-и захираҳои умумиро ташкил медиҳанд, ки он ба 1033 млн. тонна баробар аст. Барои зиёд намудани истихроҷ ва ба даст овардани нафту газ хароҷоти калон лозим аст, ки он ба истифодаи технологияҳои нав, шароитҳои душвори кӯҳию геологӣ ва дар чуқурии бештар аз 5-7 км хобидани онҳо марбут аст. Мувофиқи пешгӯиҳо захираҳои ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол 4-5 млрд. тоннаро ташкил медиҳад (аз он қисми ниҳоят кам истихроҷ мегардад, соли 2001 ҳамагӣ 25 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардидааст). Захираҳои ангишт воқеан дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуданд, вале бисёри онҳо дар маҳалҳои душворгузари кӯҳӣ ҷой гирифтаанд.
Сарфи назар аз захираҳои гуногуни сӯзишворию энергетикӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб тамоми маҳсулотҳоро аз хориҷи кишвар ворид менамояд. Масъалаи таъминоти энергетикии мамлакат ниҳоят пуршиддат аст.
Бо захираҳои сӯзишворию энергетикӣ таъмин намудани ҷумҳурӣ вазифаи муҳимтарини сиёсати иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Аҳамияти ин масъаларо дарк намуда, роҳбарияти давлат дар бораи аз бӯҳрон баровардани комплекси сӯзишворию энергетикӣ тадбирҳо меандешад.
I. Вазъи энергетикӣ ва ҳолати соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумхурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло бӯҳрони умумии системаи иҷтимоию иқтисодиро аз сар мегузаронад. Имрӯз ба исботи он ки нарасидани захираҳои сӯзишворию энергетикӣ дар рушд ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ҷумҳурӣ омили боздоранда мебошад, зарурияте нест.
Таҳлили истеҳсоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки соли 2001 нисбат ба соли 1990 истихроҷи газ бештар аз 2 маротиба, нафт, ҳамчунин гази ғализ 8,8 маротиба, коркарди қувваи барқ 14%, истихроҷи ангишт зиёда аз 28,6 маротиба кам гардидааст. Ҳамзамон истифодаи гази табиӣ 4,5 маротиба, нафт ва маҳсулоти нафт 6 маротиба, ангишт зиёда аз 70 маротиба кам шудааст. Ба ҷумхурӣ воридоти маҳсулоти комплекси сӯзишворию энергетикӣ, аз ҷумла нафт ва маҳсулоти нафт-1,5 млн. тонна, гази табиӣ 1,6 млрд. м3, гази моеъ 100 ҳазор тонна кам гардидааст, ангишт бошад ба миқдори хеле кам оварда мешавад.
Масъалаи пардохти қувваи барқ, гармӣ ва гази табиии истифодашуда дар вазъияти душвор қарор дорад. Ҷамъоварии маблағҳои маҳсулоти фурӯхташудаи захираҳои энергетикӣ аз 60% зиёд нест ва ҳамаи ин аз рӯи тарифҳое ки қатто аз ҷумхуриҳои ҳамсоя пасттар мебошанд. Дар натиҷа ташкилотҳои таъминоти энергетикӣ қудрат надоранд, ки манбаъҳои ҳосилкунандаи қувваи барқро барқарор созанд, истеҳсоли ангишт, истихроҷи нафту газро дар ҷумҳурӣ афзун гардонанд.
Масъалаи қобилияти пардохт надоштани аҳолӣ ҷои махсусро ишғол менамояд. Пардохта нашудани маблағҳо дар бозорҳои дохилӣ ва дар савдои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳод, воридшавии онҳоро ба соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ ба тавре кам месозанд, ки дар натиҷа даромаднокии онҳо дар сатҳи манфӣ қарор дорад.
Умуман таҳлили ҳолати соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ нишон медиҳад, ки дар даҳ соли охир дар ҷумҳурӣ тамоюли манфие ба вуҷуд омадааст, ки бо сабабҳои зерин вобастагӣ доранд:
-паст гардидани сатҳи эътимоднокии кори таҷҳизот дар тамоми соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ, аз ҷумла манбаъҳои ҳосилкунандаи кувваи барқ, хатҳои интиқоли барқ, системаҳои хатти қубури таъминоти газ вобаста ба фарсудашавии таҷҳизоти асосӣ;
-паст гардидани захираҳои зарурии умумии иқтидори истеҳсоли қувваи барқ, гармӣ, истихроҷи газ, нафт ва ангишт;
-кам шудани ҳаҷми интиқоли мутақобилаи захираҳои энергетикӣ;
-якбора кам шудани корҳои ҷустуҷӯи геологӣ ва ҳаҷми истихроҷу коркарди захираҳои энергетикӣ;
-вуҷуд надоштани сармоягузориҳо барои барқарор ва рушду, сохаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ;
-истифодаи ғайриоқилона ва ғайрисамарабахши захираҳои энергетикӣ аз ҷониби истифодабарандагони тамоми гурӯҳҳо;
-пардохта нашудани маблағҳо барои қувваи барқ ва гази истифодашуда дар дохили ҷумҳурӣ.
Рафъи тамоюли манфии зикргардидаро дар ҷумҳурӣ мустақилона амалӣ намудан ғайриимкон аст. Қабул намудани фаъолияти мувофиқашударо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Евразия дар соҳаи рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ барои мӯҳлати наздиктарин ва оянда талаб карда мешавад.
II. Мақсад ва вазифаҳои консепсия
Мақсади асосии рушди соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ истифодаи баробари захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ва обӣ, инчунин таъмини устувори ҷумҳурӣ бо қувваи барқу гармӣ мебошад.
Бо мақсади таъминоти боэътимод бо захираҳои сӯзишворию энергетикӣ дар давраи солҳои 2003-2015 ҳалли масъалаҳои зерин зарур аст:
-таҳияи дурнамои пешомади эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба захираҳои энергетикӣ ва роҳҳои имконпазири таъмини онҳо;
-аз худ намудани захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ва обӣ, таъсиси инфраструктураи дахлдор бо ҷалби сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ;
-дар асоси дурнамои пешомад бастани созишномаҳои дарозмуддати дуҷонибаю бисёрҷониба байни кишварҳои истеҳсолкунанда ва истифодабаранда барои интиқоли захираҳои энергетикӣ бо ӯҳдадориҳои мутақобилаи тарафҳо вобаста ба иҷрои ин созишномаҳо;
-барқарор сохтани робитаҳои хоҷагӣ ва иқтисодӣ дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ, мошинсозии энергетикӣ, таҷҳизоти энергетикӣ ва дигар соҳаҳои ба ҳам наздик дар асоси таҳияи барномаҳои байнидавлатии илмию техникии байни кишварҳои Евразия ва тарбияи кадрҳо барои татбиқи онҳо;
-барқарор намудани фаъолияти системаҳои ягонаи таъминоти газ, нафт, ангишт ва қувваи барқ;
-баланд бардоштани эътимоднокӣ, бехатарии технологии кори нақлиёти интиқоли қубурӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли қувваи барқ ва таҷҳизоти дигар;
-истифодаи фаъолонаи таҷҳизоти энергетикии аз нигоҳи экологӣ тозаю бехатар ва намудҳои ғайрианъанавии қувваи энергия.
III. Дурнамои талабот ба захираҳои энергетикӣ ва рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ бо дарназардошти таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2003-2015
Дурнамои талабот ба захираҳои энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мутобиқи стратегияи иқтисодии давлат барои ояндаи наздик ва минбаъда бо вариантҳои имконпазири рушди иҷтимоию иқтисодӣ амалӣ гардад.
Варианти якум суръати баланди барқарорсозии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва рушди устувори онро дар оянда бо роҳи ҷалби сармояҳои калон дар тараққиёти соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ба назар мегирад. Ин вариант татбиқи сиёсати сармоягузории энергетикию сиёсати сарфаҷӯии энергияро пешбинӣ менамояд.
Мутобиқи нишондиҳандаҳои қаблии дурнамо эҳтиёҷот ба захираҳои энергетикӣ дар соли 2015 нисбат ба соли 2001 ба таври зерин меафзояд:
с.2001-факт то с. 2007 то с. 2015 -қувваи барқ, млрд.кВт 15,54 20,8(133%) 24(154%) -гази табиӣ, млн.м3 620 1200(194%) 1500(242%) -гази моеъ, ҳазор тонна 1 10(1000%) 15(1500%) -нафт ва маҳсулоти нафтӣ,ҳаз.тонна 300 700(233%) 1000(333%) -ангишти навъҳои гуногундаз.тонна 26,25 300(1143%) 800(3048%)
Ҳамзамон истеҳсолоти худӣ ва таъмин бо захираҳои энергетикӣ микдори зеринро ташкил медиҳад:
То соли 2007 То соли 2015 - қувваи барқ 16,0(77%) 27,2(113%); - гази табиӣ 200(17%) 500(33%); - нафт ва маҳсулоти нафтӣ 100(14%) 300(30%); - ангишти навъҳои гуногун 75(58%) 800(100%)
Варианти дуюм бо дарназардошти рафъи мушкилот ва мӯътадилгардонии рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, бо баҳисобгирии имконияти ҳатталимкони сармоягузорӣ барои ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ тавассути татбиқи ҳатмии сиёсати сарфаҷӯии энергия асос гирифтааст.
Тибқи ин вариант дурнамои талабот ва истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикии ҷумҳурӣ то соли 2015 нисбат ба соли 2001 чунин афзоиш хоҳад ёфт:
то с.2007 то с. 2015 -қувваи барқ, млрд.кВт 19,2(120%) 22,4(140%) -гази табиӣ, млн.мз 840(140%) 1500(250%) -гази моеъ, ҳазор тонна 5(500%) 12,5(1250%) -нафт ва маҳсулоти нафтӣ, ҳаз.тонна 451(160%) 850(300%) -ангишти навъҳои гуногун, ҳаз.тонна 150(600%) 650(2600%)
Иқтидори назарраси дар ҷумҳурӣ мавҷудаи сарфаи қувваи барқ, ки 30-40 фоиз арзёбӣ мегардад, бояд аз рӯи ҳарду вариант сиёсати афзалиятноки энергетикӣ гардад. Суръати афзоиши талабот ба захираҳои сӯзишвории энергетикӣ бояд аз ҳисоби татбиқи сиёсати катъӣ ва устувори сарфаи энергия аз суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) паст бошад. Ҳаҷми энергияталабии ММД бояд ба пастшавии устувор тамоюл дошта бошад.
Дурнамои рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз анҷом додани сохтмони иншоотҳои оғозгардида ва муҳим, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсол ва коркарди захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, инчунин ҷиҳати истифода додани иншоотҳои нави комплекси сӯзишворию энергетикӣ асос гирад.
Комплекси сӯзишворию энергетикиро дар се марҳила такмил додан мувофиқи мақсад аст.
Дар марҳилаи аввал (солҳои 2003-2007) вазифаи асосӣ боздоштани пастравии истихроҷ ва истеҳсоли захираҳои энергетикӣ дар сатҳи на пасттар аз солҳои 2000-2001 ва барқароркунии иқтидорҳои мавҷудбудаи истеҳсоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, истифодабарии технологияи пешқадам ва гузаштан ба нархҳои бозории захираҳои энергетикӣ, ки худмаблағгузории соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва сатҳи меъёрии даромаднокии онҳоро таъмин менамояд.
Дар марҳилаи дуюм (солҳои 2007-2011) рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ бояд аз ҳисоби ба истифода додани иншоотҳои нав дар гидроэнергетика, гузаронидани корҳои иктишофӣ-геологӣ ва азхудкунии конҳои нави нафту газ, инчунин такмили технологияи истихроҷ ва коркарди ангиштсанг, рушди энергетикаи ғайримаъмулӣ (таҷҳизоти офтобӣ, стансияҳои шамолӣ ва ғайра) таъмин гардад.
Дар марҳилаи сеюм (солҳои 2011-2015) такмили сохтори комплекси сӯзишворию энергетикӣ бояд дар асоси содироти захираҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қувваи барқ ва ангиштсанг) ба бозорҳои мамлакатҳои Европаю Осиё ва хориҷаи дур таъмин карда шавад.
Яке аз омилҳои муҳими рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ вазъи манбаъҳои ашёи хоми ҷумхурӣ мебошад.
Таъсиси манбаъҳои боэътимоди ашёи хом ва таъмини рушди устувор ва самараноки комплекси сӯзшворию энергетикӣ бо роҳи зиёд намудани корҳои кашфи геологии нафту газ ва ангишт ба даст меояд.
Дар давраи солҳои 2003-2015 самтҳои асосии афзалиятноки рушди комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амнияти энергетикиро таъмин менамоянд, инҳо мебошанд:
-эҳёи силсилаи НОБ-и Вахш, НОБ-и Қайроққум, Марказҳои гармидиҳии барқии Душанбе ва Ёвон, анҷом додани сохтмони НОБ-и Сангтӯда, сохтмони марҳилаи аввали навбати аввали НОБ-и Роғун, НОБ-и "Помир", сохтмон ва ба кор андохтани як қатор НОБ-и хурд, ки дар натиҷаи он истеҳсоли иловагии қувваи барқ то 13,0 млрд.кВт соат мерасад;
-барқарорсозӣ ва зиёд намудани иқтидори истихроҷи ангишт дар конҳои Фон-Яғноб, Шӯроб, кашф ва истихроҷи ангишт дар конҳои Зиддӣ, Назарайлоқ, Сайёд ва Миёнаду бо усули карйерӣ, ки имконияти то соли 2015 дар маҷмӯъ то ба 700-800 ҳазор тонн расонидани истихроҷи ангиштро медиҳад;
-барқарорсозӣ ва кашфи конҳои нафту гази ҷануб ва Шимоли ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки то соли 2015 истихроҷи нафт ба 300 ҳазор тонна ва гази табиӣ ба 500 млн. метри мукааб расад. Дар баробари ин, дар сурати анҷоми бомуваффақияти корҳои иктишофӣ имконияти зиёд намудани истихроҷи нафту газ вуҷуд дорад.
-сохтмони хатти баладшиддати интиқоли барқии 500кВ "ҷануб-Шимол";
- сохтмони стансияи барқӣ-гармдиҳӣ дар шимоли ҷумҳурӣ;
- сохтмони заводҳои коркарди нафт дар ҷануб ва шимоли ҷумҳурӣ;
- сохтмони таҷҳизоҳои энергетикӣ дар асоси манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи энергия барои бо қувваи барқ таъмин намудани аҳолие, ки аз системаҳои марказонидашудаи таъминоти қувваи барқ дӯр зиндагӣ менамоянд;
- ҷустуҷӯ ва таъмини сармояҳо ба корхонаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии ҷумҳурӣ бо мақсади ҳар чи зудтар эҳё намудани иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, харидани техника, технология ва маводи маҳсулнокиаш баланд ва нигаҳдорандаи нерӯ ва ғайра.
IV. Демонополизатсия ва таҷдиди сохтории корхонаҳои соҳаи энергетикӣ
Баҳри рушди муносибатҳои бозор, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар асоси демонополизатсия ва таҷдиди сохтории корхонаҳои соҳа, тараққиёти гуногунсоҳавӣ ва таъмини баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият ба амал бароварда шавад.
Мақсади демонополизатсия ва таҷдиди корхонаҳо дар соҳаи энергетикӣ аз инҳо иборат мебошад:
- озод намудани давлат аз нигоҳдории корхонаҳое, ки ниҳоят камсамар мебошанд (корхонаҳои зараровар ва сохтмонҳои нотамом);
- муҳаё намудани шароит баҳри вусъат додани рафти саҳомикунонӣ ва хусусигардонӣ дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ;
- танзими мусоиди равиши ғайридавлатикунонӣ бо нигоҳ доштани муносибатҳои асосии технологӣ дар байни корхонаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ;
- ба таври васеъ ҷалб намудани иштироки гурӯҳҳо дар равиши таҷдид дар асоси ошкорбаёнӣ ва баробарҳуқуқӣ, инчунин таъмини муҳофизати иҷтимоии онҳо.
Равиши демонополизатсия ва таҷдид дар соҳаи энергетика иҷрои якчанд чорабиниҳои пай дар паи бо ҳам алоқамандро пешбинӣ намуда ва дар ду марҳила, дар давоми солҳои 2003-2015 дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Дар марҳилаи якӯм чорабиниҳои зеринро ба анҷом расонидан лозим мебошад:
- ба ихтиёри ҳукуматҳои маҳаллӣ додани иншоотҳои мавҷудаи коммуналию иҷтимоӣ;
- ба ҷамъиятҳои саҳомӣ табдил додани корхонаҳои соҳаи энергетикӣ бо дарназардошти минбаъд хусусӣ гардонидани онҳо;
- пешбинӣ намудани хусусигардонии иншоотҳои ёрирасони соҳа (сохтмонӣ, нақлиёт ва таъмирӣ).
Дар марҳилаи дуюм, бо мақсади бештар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумхурӣ зарур аст, ки хусусигардонии соҳаи энергетика мувофиқи хусусигардонӣ бо лоиҳаҳои инфродӣ ба анҷом расонида шавад.
V. Гузаронидани сиёсати сармоягузорӣ оид ба рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ
Истифодаи оқилонаи захираҳои сӯзишворию энергетикии худӣ ва воридшаванда, ҳар чи бештар ҷалб намудани маблагҳои худӣ аз ҳисоби баланд бардоштани пардохтҳо ва ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ бояд механизми муҳимтарини татбиқи Консепсияи рушди соҳаҳои сӯзишворию энергетикӣ ва Барномаи рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ гардад.
Дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ самтҳои афзалиятнок муайян карда шудаанд, ки маблағгузорӣ ба онҳо мувофиқи мақсад аст:
-рушди энергетикаи обӣ: анҷом додани сохтмони НОБ-ҳои Сангтӯда, сохтмони навбати аввали НОБ-и Роғун, НОБ-и "Помир", хати баландшиддати интиқоли барқи 500 кВ "Ҷануб-Шимол", эҳёи силсилаи НОБ-и Вахш, НОБ-и Қайроққум, идомаи татбиқи барномаи сохтмонҳои НОБ-ҳои хурд, сохтмони таҷҳизотҳои энергетикӣ дар асоси манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи энергия;
-рушди саноати истихроҷи ангишт: коркарди мавзеи "Шарқӣ" дар кони ангишти Фон-Яғноб, коркарди конҳои Зиддӣ, Назарайлоқ, Миёнаду ва афзун гардонидани истихроҷи ангишт дар конҳои Шӯроб;
-рушди саноати нафт: барқарор сохтани конҳои нафти ҷануб ва Шимоли ҷумҳурӣ, ба вуҷуд овардани заводҳои коркарди нафту газ, гузаронидани кашфи геологӣ дар майдонҳои ояндадор (Ренган, Ялгизкак, Саргазон, Кашкакум, Супетауи Шарқӣ ва ҳоказо).
Талабот ва сармоягузори барои иншоотҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар давраи то 2015 сол 1,5 - 1,7 млрд. доллари ШМА-ро ташкил медиҳад.
VI. Такмили базаи меъёрию ҳуқуқӣ бо мақсади таъмин ва танзими ҳамкориҳои мутақобилан судманди байнидавлатӣ
Сиёсати энергетикии дар ҷумҳурӣ татбиқшаванда, баланд бардоштани ҳамгироии робитаҳои энергетикиро пешбинӣ мекунад.
Заминаи асосии меъёрию ҳуқуқии ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо дигар мамлакатҳо дар соҳаи рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ, бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика", инчунин созишномаю шартномаҳои байнидавлатии дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба самтҳои гуногуни ин ҳамкорӣ гарданд.
Татбиқи сиёсати мақсаднок дар соҳаи базаи меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва такмили он дар ояндаи пешбинигардида ҳалли вазифаҳои зайлро дар назар дорад:
-такмил додани қонунгузорӣ барои ҳаракати озоди сармоя, захираҳои меҳнатӣ ва таҷҳизоти технологӣ дар байни комплекси сӯзишворию энергетикии давлатҳои шарик;
-таҳия ва истифодаи самараноки механизмҳои муносибатҳои мутақобила дар бозорҳои мамлакатҳо бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилаи давлатҳои шарик;
-мусоидат ба таъсис ва ҳавасмандгардонии фаъолияти ширкатҳои байнидавлатии сӯзишворию энергетикӣ, корпоратсияҳо ва консорсиумҳо;
-таҳияи механизми ҳалли масъалаҳои нопардохтҳои мутақобила дар энергетика, аз ҷумла дар асоси созишномаҳои клирингӣ, векселӣ, ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ва созишномаҳо доир ба моликияти муштарак.
VII. Ҳифзи муҳити зист ва ҳалли масъалаҳои экологӣ
Комплекси сӯзишворию энергетикӣ пешбинӣ намудааст, ки ҳаҷми истихроҷ, истеҳсол ва фурӯши сӯзишвории сахт, гази табиӣ ва нафтро зиёд намояд, ки ин боиси ҷамъ шудани партовҳои истеҳсолӣ ва зиёд гаштани хаҷми хориҷ шудани маводи зарарнок ба муҳити атроф мегардад.
Бинобар ин масъалаи таъминоти мониторинги мунтазам амалкунандаи ҳолати экологӣ дар минтақаҳои асосии истихроҷ ва коркарди захираҳои энергетикӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои истифодаи самарабахши захираҳои обии ҷумҳурӣ ба миён меояд.
Ноил гаштан ба ин мақсадҳо ҳангоми иҷро намудани шартҳои зерин имконпазир аст:
-таъсиси қоидаю меъёрҳои ягона, санадҳои меъёрию техникӣ ва стандартҳои дахлдор оид ба ҳифзи муҳити атроф дар соҳаи фаъолияти комплекси сӯзишворию энергетикӣ;
-таъмини назорати ҳолати сейсмики дар ноҳияҳое, ки дар онҳо объектҳои калони аз нуқтаи назари экологӣ хатарноки комплекси сӯзишворию энергетикӣ ҷойгиранд ва сифату сатҳи оби ҳавзаҳои дарёҳо ва обанборҳо ва тақсими онҳо барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳо ва об;
-таҳияи системаи ягонаи мониторинги экологӣ ва ташкили хадамоти назорати он;
-ташкили корҳо оид ба сертификатсия ва литсензиякунонии технологияҳои нави ватанию хориҷӣ ва намудҳои таҷҳизоти ба талаботи экологии замонавӣ ҷавобгӯ;
-ёрӣ расонидан ба корхонаҳое, ки технологияҳои ҳифзкунандаи нерӯ ва бепартовро ҷорӣ намуда, захираҳои дуюмдараҷаро истифода мебаранд;
-ташкили фонди мутамарказонидашудаи экологӣ.
VIII. Сиёсати илмию техникӣ дар рушди соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ
Таъсири муайяни комплекси сӯзишворию энергетикӣ ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи иҷтимоии ҳаёти аҳолӣ таҳлили доимии вазъият ва истифодаи дастовардҳои прогресси илмию техникӣ дар соҳаи энергетика, баланд бардоштани асоснокии қарорҳои давлатию стратегӣ дар соҳаи ҳифз ва барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, истифодаи оқилонаи онҳо, инчунин ворид намудани техникаи нав ва технологияҳои замонавӣ ба рушди комплекси сӯзишворию энергетикиро бо мақсади бозсозии сохторӣ, татбиқи сиёсати давлатии вобаста ба тариф ва таъмини сиёсати сарфаҷӯии энергияро тақозо мекунад.
Дар амал татбиқ намудани ин самтҳо ташкили нави маблағгузории фаъолияти илмию техникӣ, анҷом додани коркардҳои фундаменталию таҷрибавӣ ва тарбияи систематикии кадрҳо барои истеҳсолот ва илмро дар асоси ҳамкорӣ бо мамлакатҳои ҳамсоя тақозо менамояд.
Дар заминаи пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашии мавҷуда таъсиси марказҳои илмию техникӣ барои коркарди проблемаҳои минтақавӣ, инчунин марказҳои таҳлилию машваратӣ зарур мебошад, ки тамоюлҳои ҷаҳонии рушди техника ва технологияро арзёбӣ намоянд.
Бо мақсади рушди соҳаҳои энергетика Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" таъсис дода шавад.