Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2008, № 50 "Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар"

Мувофиқи моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади танзим ва рушди соҳаи энергетика Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" таъсис дода шавад.

2. Мақомоти идоракунандаи давлатии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми сармояи оинномавии корхона, амвол, инчунин воситаҳои пулии барои ташаккули он заруриро муайян намоянд.

4. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар"-ро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

5. Дар боби 8 Консепсияи рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2003-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2002 № 318 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Бо мақсади рушди соҳаҳои энергетика Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" таъсис дода шавад".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 1 феврали соли 2008 № 50

ш. Душанбе