ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқ намудани Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи савдои озод
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи савдои озод, ки 13 августи соли 2007 дар шаҳри Боку ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Озарбойҷонро дар бораи аз ҷонибн Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
аз 16 январи соли 2008 № 840 ш. Душанбе
аз 16 январи соли 2008 № 840 ш. Душанбе
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи савдои озод
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар оянда "Тарафҳои Аҳдкунанда" номида мешаванд,
бо мақсади рушди озоди робитаҳои мутақобилаи иқтисодию-тиҷоратӣ,
бо кӯшиши дастгирии рушди мутаносиб ва афзоиши тиҷорати ҷаҳонӣ, бартарафсозии маҳдудиятҳо дар роҳи тарақии он,
...