Низомномаи намунавии Муассисаҳои маълумоти олии касбии (мактабҳои олии) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали с. 1996, № 71

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 феврали с.1996,№ 71

тасдиқ карда шудааст

Низомномаи намунавии Муассисаҳои маълумоти олии касбии (мактабҳои олии) Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Таълимгоҳи олӣ, вазифаҳо ва сохтори он

1. Таълимгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимӣ буда, дорои мақоми шахсию ҳуқуқӣ мебошад ва иҷрои барномаҳои таълимии маълумоти олии касбиро таъмин менамояд.

2. Таълимгоҳҳои олӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" бунёд, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.

Баъди ба табъ расидани қарор дар бораи бунёд кардани таълимгоҳи олии давлати, вазифаҳои муассиси онро мақомоти идораи давлатие, ки таълимгоҳ дар тобеъияти он мебошад, иҷро менамояд.

3. Таълимгоҳҳои олӣ аз ҷиҳати сохтори ташкилию ҳуқуқӣ метавонанд давлатӣ ва ғайридавлатӣ (тобеъи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ) бошанд. Ин қоидаҳо барои таълимгоҳҳои олии ғайридавлатӣ метавонанд намуна бошанд.

5. Мақомоти давлатии идораи таълимгоҳҳои олиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд:

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таълимгоҳҳои олӣ дар тобеъияти онҳо мебошанд.

6. Вазифаҳои асосии (фаъолияти асосии) таълимгоҳи олӣ ҳамчун маркази маориф, илм ва фарҳанг инҳоянд:

қонеъ гардонидани талаботҳои шахсият дар бобати инкишофи фарҳангӣ ва маънавӣ, гирифтани маълумоти олӣ ва ихтисос дар соҳаи интихобнамудаи донишҳои илмӣ ва фаъолияти касбие, ки тариқи он дар ҷомеа корҳои маданӣ-фарҳангӣ бурда мешаванд.

Қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа бо мутахассисони соҳибкасби дорои маълумоти олӣ, кадрҳои илмӣ-педагогии баландихтисос;

ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои фундаменталӣ, ҷустуҷӯӣ ва илмии амалӣ, инчунин илмӣ-техникӣ, корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ, аз ҷумла оид ба проблемаҳои маориф;

бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва мутахассисон;

ҷамъ кардан, маҳфуздоштан ва афзун гардонидани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеъа;

паҳн намудани дониш дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумоти умумӣ ва фарҳангии он.

7. Таълимгоҳҳои олӣ метавонанд дорои филиалҳо, факултетҳо, кафедраҳо, шӯъбаҳои тайёрӣ, омӯзишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ординатура, аспирантура, докторантура, ҷузҳои таълимӣ барои ихтисосҳои иловагӣ, китобхонаҳо, дармонгоҳҳо, театрҳои таълимӣ, марказҳои ҳисоббарорӣ ва дигар ҷузъҳои сохторӣ бошанд. Дар ҳайат ва назди таълимгоҳҳои олӣ корхонаҳо, муассисаҳо ва созмонҳо арзи вуҷуд дошта метавонанд;

8. Ҷузҳои сохтории таълимгоҳҳои олиро (ғайр аз филиалҳо) худи таълимгоҳҳои олӣ бунёд мекунанд, бо зарурияти минбаъд хабардор намудани муассис ва ворид намудани ислоҳот ба оиинномаи таълимгоҳи олӣ тибқи тартиботи муқарраргашта;

Филиалҳои таълимгоҳҳои олии давлатӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос ва бозтайёркунии кадрҳо дар назди таълимгоҳҳои олӣ аз тарафи муассис дар ҳамоҳангсозӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешаванд;

9. Ҳамаи таълимгоҳҳои олӣ (бо назардошти ҷузъҳои таркибии мустақими онҳо, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва созмонҳои назди таълимгоҳҳои олӣ) метавонанд ҳамчун муассисони корхонаҳо, муассисаҳо ва созмонҳои кулли намудҳои созмони ҳуқуқӣ баромад намоянд, аз ҳисоби маблағҳои худ аксияҳо, облигатсияҳо ва дигар қоғазҳои қиматнокро харидорӣ намоянд, агар он ба тараққиёти фаъолияти асосии онҳо равона шуда бошад;

10. Таълимгоҳҳои олӣ, бо назардошти ҷузъҳои сохторӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва созмонҳои назди он, ки дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ мебошанд, воҳиди ягонаи таълимии илмӣ-истеҳсолӣ ва комплексӣ ба шумор мераванд.

11. Фаъолияти таълимгоҳи олӣ ҳамчун воҳиди ягонаи таълимии илмӣ-истеҳсолӣ ва комплексӣ бо роҳу равиши зайл таъмин карда мешавад:

бо иштироки ҳатмии созмонҳои илмӣ ва ҳамаи дигар ҷузъҳои сохтории таълимгоҳҳои олӣ дар таълими донишҷӯён ва аспирантҳо ва ё дар ташкили (таъмини) ҷараёни омӯзиш;

аз тарафи ҳамаи ҷузъҳои сохторӣ иҷро намудани қарорҳои Шӯрои илмӣ ва роҳбарияти таълимгоҳи олӣ;

бунёди хазинаҳои марказонидашуда аз ҳисоби маблағҳои узвҳои таркибии он, корхонаҳо, муассисаҳо ва созмонҳои тобеъи он дар таълимгоҳҳои олӣ. Тартиби истифодаи ин хазинаҳоро Шӯрои илмии таълимгоҳи олӣ муқаррар менамояд;

Шакл ва мазмуни машаххаси муносибатҳои созмонӣ-ҳуқуқии дохили воҳиди ягонаи таълимии илмӣ-истеҳсолӣ ва комплексӣ аз рӯи Оиинномаи таълимгоҳи олӣ муайян мегардад;

12. Омӯзиш ба мақсади гирифтани маълумоти олӣ дар шаклҳои зайли таълимгоҳҳои олӣ ба амал бароварда мешавад: донишгоҳ, академия, донишкада, коллеҷ.

Донишгоҳ таълимгоҳи олиест, ки фаъолияти он ба пешрафти маориф, илм ва фарҳанг тавассути гузаронидани тадқиқотҳои мукаммали илмӣ ва таълим дар тамоми марҳилаҳои маълумоти олӣ дар доираи васеи илмҳои табиӣ, башардӯстӣ ва дигар самтҳои илм, техника ва фарҳанг, ки ба инкишофи тафаккури илмӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд, нигаронида шудааст.

Академия - таълимгоҳи олии илмиест, ки фаъолияти он ба пешрафти маориф, илм ва фарҳанг таввассути гузаронидани тадқиқотҳои мукаммали илмӣ ва таълим дар тамоми марҳилаҳои маълумоти олӣ, дар яке аз соҳаҳои илм, техника ва фарҳанг нигаронида шудааст. Академия маркази асосии илмӣ ва методӣ дар соҳаи фаъолияти худ мебошад, ки тайёрии мутахассисони баландихтисоси дорои маълумоти олӣ ва омӯзишу бозомӯзии мутахассисони роҳбарикунандаи соҳаи (бахши) муайянро дар доираҳои васеъ таъмин менамояд.

Донишкада - таълимгоҳи олии мустақил ё худ як қисми (ҷузъи сохтории) донишгоҳ, академия буда, иҷрои барномаи таълимӣ касбиро оид ба як қатор самтҳои илм, техника фарҳанг таъмин мекунад, инчунин ба тадқиқоти илмӣ машғул мешавад.

Коллеҷ - таълимгоҳи мустақил ё худ ҷузъи сохтории донишгоҳ, академия, донишкада буда, иҷрои барномаҳои нопурра ва ё пурраи маълумоти олии касбиро таъмин менамояд.

13. Номи расмии таълимгоҳи олии давлатӣ ҳангоми бунёд кардан ё худ дар мавриди аз нав сохтани он дода мешавад, инчунин мақомоти давлатии идораҳои маълумоти олии ҷумҳурӣ метавонанд онро тағйир диҳанд, агар ин тағйирот боиси дигаргун шудани сохтори ташкилию ҳуқуқӣ ва самти тайёрии кадрхона гардад. Дар номи расмии таълимгоҳи олӣ мукофотҳои давлатии собиқ ИҶШС зикр карда намешаванд.

14. Таълимгоҳҳои олӣ, ғайридавлатӣ чунин мақомро баъди аз тарафи мақомоти давлатии Идораи маълумоти олии ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудани онҳо собиқ мегарданд.

II. Қабул ба таълимгоҳҳои олӣ

15. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси банди 17 ва 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз миллат, ҷинс, дорандагӣ ва аҳволи иҷтимоӣ, эътиқоди диниашон ҳуқуқ доранд, ки дар асоси озмун дар таълимгоҳҳои олии давлатӣ ба таври ройгон маълумоти олии касбӣ гиранд, агар онҳо сатҳи маълумоти мадди назарро бори аввал гирифтанӣ бошанд.

16. Таълимгоҳи олӣ андоза ва сохтори қабулро вобаста ба иҷозатномае, ки ба он ҳуқуқи машғул шудан ба таълиму тарбия медиҳад, дар ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти давлатии идораи маълумоти олӣ муайян мекунад. Андоза ва тарзу тариқи қабули донишҷӯён, бо истифода аз маблағҳои буҷаҳои мутобиқ аз тарафи таълимгоҳи олӣ, дар доираи муқаррароти (рақамҳои қиёсии) мақомоти давлатии идораи маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Барои ашхосе, ки таълимгоҳҳои миёнаи (пурраи) таҳсилоти ҳамагониро бо нишон ё худ таълимгоҳҳои миёнаи касбиро бо дипломи аъло тамом кардаанд ва дар сатҳи тайёрии худ ягон бартарии дигаре доранд, таълимгоҳи олӣ ҳуқуқ дорад шартҳои махсуси қабулро муайян намояд.

17. Шаҳрвандоне, ки маълумоти миёнаи (пурраи) ҳамагони ва ё маълумоти миёнаи касбӣ доранд, ба таълимгоҳи олӣ мувофиқи аризаи шахсии худ, дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ, ки ба мақсади муайян намудани имкониятҳои барномаи мактаби олиро аз худ карда тавонистани дохилшаванда гузаронида мешаванд, қабул карда хоҳанд шуд. Дар мавриди мавҷуд будани озмун зарур аст, ки ба таълимгоҳи олӣ довталабони қобилиятноктар ва дурусттар тайёршуда қабул карда шаванд, агар тибқи ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷyмҳурии Тоҷикистон шартҳои дигаре муқаррар намуда бошанд.

18. Ҳангоми қабул таълимгоҳи олӣ бояд ҳуқуқи шаҳрвандонро барои гирифтани маълумот, ки тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, риоя намояд, кори ошкоро ва кушоду равшани комиссионӣ қабул, баҳои объективии қобилияту истеъдоди довталабонро таъмин бикунад.

Таълимгоҳи олӣ вазифадор аст, ки довталабонро бо Оиинномаи таълимгоҳ ва дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ташкили ҷараёни таълим ошно намояд.

Таълимгоҳҳои олии ғайридавлатӣ вазифадоранд, ки довталабони худро бо иҷозатномаи машғул шудан ба кори таълиму тарбия, инчунин ҳуҷҷати давлатии муайянкунандаи мақоми таълимгоҳ (донишгоҳ академия, донишкада, коллеҷ) шинос кунанд.

19. Муҳити имтиҳоноти қабул бояд ором ва хайрхоҳона бошад, ба довталабон имконият дода шавад, ки сатҳу савияи дониш ва маҳорати худро ҳамаҷониба нишон диҳанд.

20. Ашхосе, ки баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд, ба имтиҳоноти баъди роҳ дода намешаванд ва аз озмун бароварда мешаванд.

21. Тартиби ҳаллу фасли арзу шикоятҳоро худи таълимгоҳи олӣ муқаррар менамояд.

22. Муҳити қатъи қабули ҳуҷҷатҳо аз довталабони соли аввали таҳсили рӯзона ва мӯҳлати дохил кардан ба таълимгоҳҳои давлатӣ аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маълумоти олӣ - Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

23. Аз довталабони таълимгоҳҳои олии давлати талаб карда мешавад, ки танҳо ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият ва тобеъияти шаҳрванди (паспорт ё шаҳодатномаи таваллуд), ҳуҷҷати дорои намунаи давлатӣ дар бораи маълумоти миёнаи (пурраи) ҳамагонӣ ва ё маълумоти миёнаи касбӣ (аслӣ) ва ба миқдори зарурӣ сурат пешниҳод намоянд. Ҳуҷҷатҳои дигар дар мавриде пешниҳод карда мешаванд, ки агар довталаб даъвогари имтиёзҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда бошад ва ё агар имкониятҳои - барои дохил шудан ба таълимгоҳи олии касби интихобкардааш тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шуда бошанд.

24. Ба мақсади мусоидат кардан ба мақомоти давлати созмонҳои ҷамъиятӣ дар кори тайёр намудани кадрҳо баҳри ҳаллу фасли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ таълимгоҳҳои олӣ метавонанд, ки дар доираи рақамҳои қиёсии қабул барои қабули мақсаднок ба миқдори муайян ҷой ҷудо кунанд, барои ишғол кардани ин ҷойҳо озмуни махсус эълон намоянд ва барои иҷрои ин мақсад аз имкониятҳои шӯъбаи тайёри, ки қабул ба онҳоро худи таълимгоҳи олӣ муқаррар мекунад. Дар ин ҳолат таълимгоҳҳои олӣ бо мақомотҳои давлатию созмонҳои мутобиқ шартномаҳо мебанданд.

25. Қоидаҳои қабул ба таълимгоҳҳои олиро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва тасдиқ менамояд.

III. Фаъолияти таълимӣ ва илмии таълимгоҳи олӣ

26. Дар таълимгоҳҳои олӣ барномаҳои таълимии аз ҷиҳати муддат ва сатҳи тайёрии касбии мутахассисони гуногун, барномаҳои маълумоти иловагии касбӣ ва бозомӯзии мутахассисон амалӣ гардонида мешавад.

Дар мавриди доштани иҷозатномаи дахлдор таълимгоҳҳои олӣ барномаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбиро низ амалӣ мегардонанд.

27. Самти (ихтисоси) тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисон тибқи иҷозатномае, ки ба таълимгоҳи олӣ ва Идораи мактабҳои олӣ, мақомотҳои давлатии ҷумҳурӣ дода мешавад, инчунин шаҳодатнома дар бораи ваколатдории давлатӣ муайян гардида, дар ин бобат дар Оиинномаи он низ зикр карда мешавад. Масъалаҳои молиявӣ ва бо маблағ таъмин кардани самтҳои (ихтисосҳои) навташкил дар таълимгоҳи олии давлатӣ аз ҷониби муассис ҳаллу фасл карда мешавад. Мазмуни ҷараёни таълимӣ вобаста ба самт (ихтисос), мӯҳлатҳои меъёрӣ барои аз худ кардани он аз тарафи таълимгоҳи олӣ тибқи стандарти дахлдори давлатӣ муайян карда мешавад.

28. Таълимгоҳи олӣ бо роҳи ташкили мақсадноки ҷараёни таълим, интихоби шаклҳо, усулҳо ва воситаҳои таълим барои донишҷӯён нисбати аз худ кардани барномаи таълимии касбӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам меоварад. Истифода ва татбиқи усулҳои таълимии хилофи башардӯстӣ, инчунин барои ҳаёт ва саломатии одамон хатарнок манъ мебошад.

29. Таълимгоҳи олӣ барои омӯзиши инфиродии ашхоси алоҳида, бо дарназардошти сатҳи тайёрии пешакӣ ва қобилияти онҳо низ нақшаҳои таълимӣ ва ҷадвали рафти таълимро танзим ва тасдиқ менамояд. Нақшаҳои (ҷадвалҳо) инфиродии таълим баробари тайёрии амиқу ҳамаҷониба метавонанд хатми таълимро бидуни ворид кардани тағйироте дар барномаи ҳатмии таълим ва талаботи дар назди мутахассиси соҳаи дахлдор гузошташуда дар муддати нисбатан кӯтоҳ таъмин намояд.

Соли таҳсил, аз рӯи қоида, 1 сентябр шурӯъ гардида, тибқи нақшаи таълимии соҳаи (ихтисоси) дахлдор анҷом меёбанд.

30. Дар таълимгоҳҳои олӣ намудҳои зайли машғулиятҳои таълимӣ муқаррар карда мешаванд: лексия, консултатсия, семинар, машғулияти амалӣ, кор дар озмоишгоҳ, кори контролӣ, коликвиум, кори мустақилона, таҷрибаомӯзӣ, танзими нақшаи кор (кори курсӣ), танзими нақшаи рисола (навиштани рисолаи дипломӣ). Таълимгоҳҳои олӣ метавонанд, ки намудҳои дигари корҳои таълимиро низ иҷро кунанд. Тибқи оиинномаи таълимгоҳи олӣ барои ҳамаи намудҳои машғулиятҳои утоқӣ ё худ аудиториявӣ 45-50 дақиқа вақти академӣ муқаррар карда шудааст.

31. Донишҷӯён, ординаторҳо ва аспирантҳои шӯъбаҳои таълими рӯзонаи таълимгоҳҳои олии давлатӣ тибқи тартиб ва андозаи муқарраршуда идораи давлатӣ ё худ идораи аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва созмонҳо муқарраршударо мегиранд.

32. Барои донишҷӯёни таҳсили рӯзона ва рӯзона-ғоибона (шабона) дар давоми соли таҳсил на камтар аз ду маротиба таътил муқаррар карда шудааст, ки муддати умумии он 7-10 ҳафта мебошад.

33. Вазифаҳои тарбиятгарии таълимгоҳҳои олӣ, ки аз табиати башардӯстонаи таълим, афзалияти арзишҳои инсонӣ берун меоянд, якҷоя бо фаъолияти таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятии толибилмон ва омӯзгорон иҷро карда мешаванд.

34. Таълимгоҳҳои олии давлатӣ ба сурати ҳатмӣ ба тадқиқоти бунёдии илмӣ, ҷустуҷӯҳои методию амалӣ, ки ҷузъи таркибии кори марбут ба тайёр кардани мутахассисон ҳисоб меёбанд, низ машғул мешаванд.

35. Таълимгоҳҳои олии давлатӣ фаъолияти илмии худ ва ҷустуҷӯҳои ташаббускоронаи илмии аз тарафи Шӯрои илмӣ тасдиқкардашударо, ки аз ҳисоби буҷаҳои дахлдор ва маблағҳои тибқи тартиботӣ барои иҷрои барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ ва ё шартномаҳо ҷамъ кардашуда маблағгузорӣ карда мешаванд, ба нақша мегиранд.

IV. Озодиҳои академи ва соҳибихтиёрии таълимгоҳи оли

36. Ба ҳар як иштироккунандаи фаъолияти илмию академӣ ҳуқуқи интихоб (дар доираи стандарти ягонаи ҳатмии давлатӣ)-и бахшҳои таълимӣ, усулҳои тадрис ва таълим, вазифаҳои тадқиқотҳои илмӣ ва воситаҳои ҳаллу фасли онҳо, инчунин истифодаи озодонаи ахбороти зарурро барои ҷараёни таълим ва таъмини иҷрои тадқиқоти илмӣ кафолат дода мешавад.

37. Таълимгоҳи олӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" соҳибихтиёр аст, мустақилона қарорҳо қабул мекунад ва тадбирҳоеро, ки аз Оинномаи он берун меоянд, амалӣ мегардонад.

Дахолат кардани мақомотҳои давлатии роҳбарикунанда ба ҷараёни таълим, фаъолияти илмӣ, амалӣ ва дигар корҳои таълимгоҳи олӣ танҳо мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

38. Таълимгоҳи олӣ ба мақсади ҳимояи ҳаққи ваколатдории ҷамъияти худ ҳуқуқ дорад, ки ба ҳар як созмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмиллалӣ муроҷиат намояд. Ин гуна ваколатдорӣ ба ӯҳдадориҳои иловагии молиявии давлат эҳтиёҷ нахоҳад дошт.

39. Муносибатҳои байни муассис ва таълимгоҳи олӣ тибқи шартнома муайян мешаванд.

40. Фаъолияти таълимгоҳи олӣ дар зери санҷиши мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маълумоти олӣ ва таҳти назорати муассис қарор дошта, дар сурати аз тарафи таълимгоҳи олӣ риоя нашудани қонунияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё муқаррароти Оинномаи худ, муассис ҳуқуқ дорад қисмати дахлдори фаъолияти таълимгоҳи олиро то вақти баромадани қарори суд бо фармони худ мамнӯъ бигардонад.

V. Стандартҳои давлатии таҳсилот барои маълумоти олӣ

41. Барномаҳои таълимии касбомӯзии олӣ ва касбомӯзии баъди таҳсили олӣ маҷмӯъи хизматгузориҳои таълимиеро дар бар мегиранд, ки онҳо барои иҷрои талаботи муқарраркардаи стандартҳои давлатии маълумоти олии касби имконият фароҳам меоваранд.

42. Стандартҳои давлатии маълумоти олии касбӣ мазмуни асосии барномаҳои таълимӣ, ҳадди аққали маводи мавриди омӯзиши донишҷӯён, инчунин талаботи марбути тайёр кардани мутахассисонро муқаррар менамояд.

43. Барномаҳои таълимии касбомӯзи баъди ҳатми донишгоҳи олии касби ба шаҳрвандони дорои маълумоти олӣ имконият медиҳанд, ки тахассуси илмию педагогии худро баланд бардоранд, барои дарёфт намудани унвони илмии номзад ва доктори фан малакаҳои зарурӣ ҳосил намоянд.

44. Барномаҳои таълимӣ бо назардошти талабот ва имкониятҳои шахсият метавонанд дар шаклҳои гуногун, ки бо ҳаҷми машғулиятҳои ҳатмии омӯзгорон бо донишҷӯён (дар шаклҳои рӯзона, рӯзонаю ғоибона (шабона), ғоибона, экстернат) фарқ мекунанд, аз худ карда шаванд. Ба таври омехта истифода кардан аз ин шаклҳо низ қобили қабул мебошад.

45. Экстернат дар таълимгоҳи олӣ-санҷишии дониш ва маҳорати ашхосест, ки фанҳои оиди ихтисоси интихобкардаро тибқи барномаи таълимии касбӣ (нақшаи таълимӣ) мустақилона меомӯзанд. Имконияти бо роҳи экстернат гирифтани маълумоти олии аввалин ба таври ройгон фароҳам оварда мешавад.

46. Ба мустақиломӯзе, ки аз санҷиши ҷорӣ ва ҷамъбастӣ мувофиқи санадҳои қонунгузорӣ мегузарад, дипломи намунаи давлатии хатми таълимгоҳи олӣ дода мешавад.

47. Низомномаи экстернати назди таълимгоҳи олии давлатиро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии Идораи маълумоти олӣ - Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

48. Номгӯи самтҳои (ихтисосҳои) маълумоти олии касбӣ, ки бо роҳи экстернат гирифтани онҳо мамнӯъ аст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

49. Донишҷӯе, ки ба ҳамаи талабҳои нақшаи таълими ҷавоб додааст, ба санҷиши ҷамъбасти роҳ дода мешавад ва бо назардошти натиҷаи ин санҷиш масъалаи ба вай додани ҳуҷҷати маълумоти олӣ ва ихтисос ҳаллу фасл карда хоҳад шуд.

Низомномаи санҷиши ҷамъбастии мақомоти ҷумҳуриявии давлатии дорои маълумоти олӣ бо пешниҳоди Шӯрои илмӣ тасдиқ менамояд.

50. Таълимгоҳи олӣ ба ашхосе, ки аз санҷиши ҷамъбасти гузаштаанд, ҳуҷҷати маълумот медиҳад, ки дар он номи муассисаи таълимии диҳандаи ҳуҷҷат, дар ягон соҳаи муайянии фаъолият гирифтаи шахс, инчунин номгӯи фанҳои омӯхташуда бо нишондоди ҳаҷми мавод ва баҳои дониши андӯхташуда зикр карда мешавад.

51. Таълимгоҳи олие, ки аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маълумоти олӣ ваколатдор карда шудааст, ба хатмкардагон дипломи намунаи давлатии маълумоти олӣ медиҳад, ки дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили қабул мебошад.

52. Дониш, маҳорат ва малакаҳои хатмкардагон дар ҳуҷҷати маълумоти олӣ ба тариқи зайл зикр карда мешаванд: "аъло", "хуб", "қаноатбахш", "аз санҷиш гузашт". Баҳо дар вақти имтиҳон ва ё ҳангоми санҷиши натиҷаҳои кори донишҷӯён ва мавридҳои дигаре, ки аз ҷониби таълимгоҳи олӣ муайян мегардад, гузошта мешавад. Касе, ки аз баҳои натиҷаҳои санҷиши ҷорӣ норозӣ бошад, ҳуқуқ дорад, ки имтиҳонро такроран супорад.

53. Ихтисоси мутахассис дар дипломи ӯ мушаххас нишон додани соҳаи фаъолияташ зикр карда мешавад.

54. Шакли дипломҳои намунаи давлатии маълумоти олӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, аз ҷониби мақомоти ҷумҳуриявии давлатии Идораи маълумоти олӣ танзим ва тасдиқ мегардад.

VI. Идораи таълимгоҳи олии давлатӣ

55. Идораи таълимгоҳи олии давлати мувофиқи санадҳои қоидаву нормаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиинномаи он бо розигии муассис ба амал бароварда мешавад.

56. Оиинномаи таълимгоҳи оли дар маҷлиси умумии (конфронси) омӯзгорон, кормандони илми ва намояндагони дигар категорияҳои кормандон, инчунин донишҷӯён тасдиқ карда мешавад.

57. Роҳбарии умуми ба таълимгоҳи оли аз ҷониби мақомоти интихобии намояндагон олимони таълимгоҳи оли таҳти сарварии раиси таълимгоҳ (ректор) ба амал бароварда мешавад. Муддати намояндагии шӯрои олимон аз 5 сол зиёд нахоҳад шуд. Интихоботи пеш аз шӯрои олимон бо талаботи на камтар аз нисфи аъзои он, инчунин дар мавридҳои дар оиинноми таълимгоҳи оли зикр гардида гузаронида хоҳад шуд. Тартиби интихоботи ҳайати аввали Шӯрои олимонро маҷлиси умумии (конфронси) омӯзгорон, кормандони илми, намояндагони дигар категорияи кормандон ва донишҷӯён муқаррар менамоянд. Ба ҳайати шӯрои олимон намояндагони ҳамаи категорияҳои кормандон ва донишҷӯёни таълимгоҳи оли ва созмонҳои ҷамъияти интихоб шуда метавонанд.

Дар таълимгоҳи оли вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти он шӯроҳои дигар низ созмон дода хоҳанд шуд. Тартиби интихобот, ҳайати, ваколатдори ва дигар масъалаҳои марбути фаъолияти шӯроҳо тибқи оиинномаи таълимгоҳи оли муайян карда мешавад. Тартиби интихоби вакилони маҷлиси умумиро (конфронсро) шӯрои мавҷудаи олимон бо иштироки ҳамаи категорияҳои кормандон, созмонҳои ҷамъияти ва донишҷӯён муқаррар менамояд, дар ин маврид намояндагии аъзои шӯрои олимон набояд аз 50 дарсади шумораи умумии вакилон зиёд бошад.

58. Ислоҳу иловаҳои оиинномаи таълимгоҳи олиро шӯрои олимони он тасдиқ мекунад. Ҳангоми тасдиқу ислоҳу иловаҳои оииннома, ки ба ҳаллу фасли масъалаҳои махсус алоқаманд мебошанд, лозим аст, ки ба кори шӯрои олимони намояндагони ҳамаи категорияҳои кормандон ва донишҷӯён иштирок бикунанд, шумора ва тартиби интихоби онҳо тибқи оиинномаи таълимгоҳи оли муайян карда хоҳад шуд. Дар таълимгоҳи оли нисбати шиносшави бо оиннома ва пешниҳод кардани дархостҳо ба лоиҳаи он бояд барои ҳамаи кормандон ва донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Дар таълимгоҳи олии давлатии навташкил то созмон ёфтани шӯрои олимон оинномаро муассис ба муддати на бештар аз як сол тасдиқ мекунад. Баҳоҳои меҳнати ва масъалаҳои иҷтимоию иқтисоди ва касби дар доираи шартномаҳои тарафайн, ки тартиби қабул ва амали гардонидани онҳо мувофиқи ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, ҳаллу фасл карда мешаванд.

59. Идораи бевоситаи фаъолияти таълимгоҳи олии давлати бар ӯҳдаи ректор-раиси он мебошад. Ректорҳои таълимгоҳҳои олии давлатиро тибқи пешниҳоди вазоратҳо ва идораҳои дахлдор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад, тамоми бори масъулияти вазъи ҷараёни таълиму тарбия: корҳои илмию тадқиқоти ва фаъолияти молиявию хоҷагидории таълимгоҳи оли бар дӯши ректори он мебошад. Роҳбарони таълимгоҳҳои олии ғайридавлати аз ҷониби муассисони онҳо таъин карда мешаванд. Доираи ҳуқуқи байни намояндагони шӯрои олимон ва ректор тибқи оинномаи таълимгоҳи оли муайян карда хоҳад шуд.

Ба ректори таълимгоҳи оли дар як вақт иҷро кардани ду вазифаи маошдор (ғайр аз фаъолияти илми ва илмию методи) дар дохили таълимгоҳи оли ва ё берун аз он иҷозат дода намешавад. Ректор дар доираи салоҳияти худ фармонҳо ва супоришҳое нашр мекунад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандон ва донишҷӯёни таълимгоҳи оли ҳатми мебошад.

60. Ректор метавонад, ки иҷрои қисме аз ваколатҳои худро ба ӯҳдаи муовинҳо (проректорҳо) ва дигар кормандони таълимгоҳи оли вогузор намояд. Муовинҳои ректор ва тарафи мақомоти давлатии идораи маълумоти оли, ки таълимгоҳи оли дар тобеъияти он аст, бо пешниҳоди ректор таъин карда мешаванд.

61. Вобаста ба сохтори таълимгоҳи оли дар ҷузъу томҳои алоҳидаи он (коллеҷҳо, факултаҳо ва монанди инҳо) созмон додани мақомоти интихобии намояндаги - шӯроҳои олимон имконпазир аст, ки тартиби интихоби онҳо тибқи оиинномаи таълимгоҳи оли муайян карда мешавад.

62. Роҳбари факултет декан мебошад ва бо пешниҳоди ректорҳои мактабҳои оли, мақомоти давлатии Идораи маълумоти оли таъин мешавад. Онро ректори таълимгоҳи оли (факултет) аз ҷумлаи мутахассисони варзидаю обрӯи соҳаи дахлдор, дорои дараҷа ва ё унвони илми дошта пешниҳод менамояд.

63. Роҳбари кафедра мудири он мебошад, ки он аз ҷониби шӯрои олимони таълимгоҳи оли мутобиқи низомнома дар бораи ҷойҳои холиро ишғол кардани ҳайати профессорону омӯзгорони таълимгоҳи оли ба муддати 5 сол интихоб карда мешавад. Низомномаҳои кафедраҳо ва дигар ҷузъҳои таркибиро таълимгоҳи оли ба ҳамон тартибе, ки дар оиинномаи он муайян карда шудааст, танзим ва тасдиқ мекунад.

64. Вазифаҳои ректор роҳбари филиали таълимгоҳи оли, муовинҳо, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳоро ашхосе ишғол карда метавонанд, ки синнашон аз 65 зиёд набошад. Бо назардошти пешниҳоди шӯрои олимон таълимгоҳи оли муассиси он ҳуқуқ дорад, ки мӯҳлати ишғол кардани вазифаи ректорро то 70-солаги тамдид намояд. Барои дигар мақомоти роҳбарикунанда, ки дар ҳамин модда зикр карда шудаанд, тамдиди ишғоли вазифаҳо то синни 70-солаги тибқи солоҳдиди ректор ва пешниҳоди шӯрои олимон таълимгоҳи оли ба амал бароварда мешавад. Кормандони роҳбарикунадае, ки ба синни фавқулзикр расидаанд, бо розигии худи онҳо вобаста ба ихтисосашон ба корҳои дигар, чунончи, корҳои таълими, илми ва монанди инҳо интиқол дода мешаванд.

VII. Донишҷӯён, шунавандагон ва дигар кормандони таълимгоҳҳои олӣ

65. Донишҷӯ касе мебошад, ки бо фармони ректори таълимгоҳи оли дохили таҳсил карда шудааст. Ба донишҷӯи таълимгоҳи оли билети донишҷӯи ва намунаи муқарраршудаи китобчаи зикри санҷишу имтиҳонҳо дода мешавад.

66. Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои донишҷӯён ва дигар таълимгирандагони таълимгоҳи оли тибқи ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиинномаи таълимгоҳи оли ва ё дигар ҳуҷҷатҳои маҳалли, ки дар оииннома нишон дода шудаанд, муайян карда мешаванд.

67. Донишҷӯёни таълимгоҳи оли ҳуқуқ доранд:

дар сатҳи тараққиёти илм, техника ва фарҳанги муосир дониш бигиранд; ба ҳамаи машғулиятҳои таълимгоҳи олии дахлдор ва дар сурати мавҷуд будани мувофиқаи байни роҳбарон дар машғулиятҳои таълимгоҳҳои олии дигар иштирок намоянд;

дар муҳокима ва ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои фаъолияти таълимгоҳи оли, аз ҷумла ба тавассути созмонҳои ҷамъияти ва мақомоти идораи таълимгоҳи оли ширкат биварзанд;

дар таълимгоҳҳои олии давлати ҳангоми амали гардонидани тадбирҳое, ки ба ҷараёни таълиму тарбия вобастаанд, аз китобхонаҳо, хазинаи иттилоот, хизматгузории ҷузъҳои таълими, илми, муолиҷави ва монанди инҳо таълимгоҳи оли тибқи тартиботи муқарраркардаи оиинномаи он истифода баранд, дар ҳамаи намудҳои корҳои илмию тадқиқоти, конфронсҳо, симпозиумҳо иштирок намояд, корҳои илмии худро барои чоп, аз ҷумла дар нашрияҳои таълимгоҳҳои оли пешниҳод бикунанд: аз фармон ва супоришҳои таълимгоҳи оли тибқи тартиботи муқарракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори норозиги ва шикоят бикунанд.

68. Донишҷӯёне, ки ба таҳсили рӯзона фаро гирифта шудаанд, ҳуқуқ доранд, ки вақтҳои фориғ аз таҳсил дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ҳар гуна созмонҳои ташкилию ҳуқуқи кор кунанд.

69. Донишҷӯёни таълимгоҳи оли вазифадоранд, ки талаботи оинномаи онро иҷро ва қоидаҳои тартиботи дохилиро риоя намоянд.

70. Донишҷӯён вазифадоранд, ки дар муддати таҳсил талабҳои барномаи таълимии маълумоти олии касбиро иҷро намоянд.

71. Нисбати комёбиҳо дар таҳсил ва иштироки фаъолона дар корҳои илмию тадқиқоти барои донишҷӯён шаклҳои гуногуни ҳавасмандгардонии маънавию модди муқаррар карда мешаванд.

72. Барои иҷро накардани нақшаҳои таълими, вазифаҳои муайянкардаи оиинномаи таълимгоҳи оли, риоя кардани қоидаҳои тартиботи дохили ва донишҷӯён ҷазои маъмури, материали, то хориҷ кардан аз таълимгоҳи оли, татбиқ карда мешавад.

Тартиботи хориҷ ва барқарор кардан, инчунин ба ҷои дигар гузаронидан дар оинномаи таълимгоҳи оли сабт шуданд. Дар ин маврид барои барқарор кардан ва ба ҷои дигар гузаронидани донишҷӯён пул гирифтани таълимгоҳи олии давлати мамнӯъ карда шудааст, албатта, агар шахс бори аввал маълумоти оли мегирифта бошад.

Гузаронидан аз як таълимгоҳи оли ба дигараш бо ризоияти ректорони таълимгоҳҳо сурат мегирад.

73. Таълимгоҳи оли вазифадор аст, донишҷӯёнро аз вазъияти соҳаҳо, мавҷудияти ҷои кор дар онҳо хабардор кунад, ба онҳо дар бобати муоҳидаи (шартномаҳо бо корхонаҳо, муассисаҳо ва марказҳои шуғл аҳоли) мусоидат намояд.

74. Шунавандагони таълимгоҳҳои оли ашхосе мебошанд, ки таҳсилро дар шӯъбаҳои тайёри факултетҳои такмили ихтисос ва бозтайёркунии мутахассисон идома медиҳанд ва инчунин дар як вақт барои гирифтани маълумоти олии дуюм низ таҳсил мекунанд.

75. Дар бобати истифода аз хизматгузори шунавандагон бо донишҷӯёни таълимгоҳи оли шакли дахлдори таҳсили ҳуқуқҳои баробар доранд.

76. Дар таълимгоҳҳои олии давлати омӯзгори, корманди илми, муҳандисию техники, маъмури, истеҳсоли, ёвари ва дигар вазифаҳо вуҷуд доранд. Тибқи Қонуни Ҷумҳури ,Дар бораи маориф,, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ин вазифаҳо мувофиқи шартнома ишғол карда мешаванд.

Барои ишғол кардани вазифаҳои ҳайати омӯзгорон ва кормандони илми пеш аз бастани шартномаҳо озмуни довталабон эълон карда мешавад. Низомномаи оиди ишғол кардани вазифаҳои ҳайати омӯзгоронро мақомоти давлатии идораи маълумоти оли Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

77. Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони таълимгоҳҳои оли ҳуқуқ доранд, ки аз меъёри рӯзи кори шашсоата, ҳафтаи кории мухтасар ва рухсати дарозмуддати пулаки истифода бибаранд.

Ҳаҷми кори таълими барои ҳайати профессорону омӯзгорон аз тарафи таълимгоҳи оли бо назардошти тахассус ва махсусиятҳои фаъолият мустақилона муқаррар карда мешавад, ки он дар давоми соли таҳсил набояд аз 900 соат зиёд бошад (дар доираи як оклад).

78. Кормандони таълимгоҳи оли ҳуқуқ доранд: барои таъмини фаъолияти касбии худ талош бикунанд;

ба мақомоти роҳбаркунандаи таълимгоҳи оли интихоб кунанд ва интихоб шаванд;

дар муҳокима ва ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои фаъолияти таълимгоҳи оли, аз ҷумла тавассути созмонҳои ҷамъияти ва мақомоти идораи таълимгоҳи оли иштирок намоянд;

тибқи муқаррароти оиинномаи таълимгоҳи оли аз хазинаҳои иттилооти таълимгоҳи оли, хизматгузориҳои ҷузъу томҳои таълими, илми, иҷтимоию маиши, муолиҷави ва монанди инҳо таълимгоҳи оли истифода бибаранд;

аз фармонҳо аз супоришҳои маъмурияти таълимгоҳи оли тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори норозиги ва шикоят бикунанд.

79. Ҳуқуқҳои дигаре, ки кормандон доранд, дар ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳо, инчунин оиинномаи таълимгоҳи оли, муайян карда шудааст.

Омӯзгороне, ки гирифтани касалии кӯҳна мебошанд, ҳуқуқ доранд, ки дар даҳ соли кори муттасили омӯзгори як маротиба ба рухсатии дарозмуддати яксола бароянд, тартиб ва шартҳои додани чунин рухсати аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

80. Омӯзгорон ва кормандони илмии таълимгоҳҳои оли ҳуқуқ доранд, ки аз методҳо ва воситаҳои таълим, ҷустуҷӯҳои илми ҳамонашро интихоб кунанд, ки ҷавобгӯи махсусиятҳои - фаъолияти онҳо бошанд ва сифати баланди ҷараёни таълим ва ҷустуҷӯҳои илмиро таъмин намоянд. Онҳо вазифадоранд, ки дар ниҳоди донишҷӯён рӯҳияи мустақилона амал кардан, ташаббускори, эҷодкори инкишоф бидиҳанд, талаботи оиинномаи таълимгоҳи илмиро риоя бикунанд

81. Ба ивази муваффақиятҳо дар корҳои таълими, методи, илми, тарбияви ва иҷрои дигар фаъолият тибқи оииннома барои кормандони таълимгоҳи оли шаклҳои гуногуни ҳавасмандгардонии маънави ва модди муқаррар карда шудааст.

82. Ба сабаби кам карда шудани ҷои кор бо ташаббуси маъмурияти таълимгоҳи оли аз кор озод кардани омӯзгорро танҳо баъди хатми соли таҳсил имконпазир шуморида мешавад.

83. Дар таълимгоҳҳои оли имкон дорад, ки созмони иттифоқи касаба ва дигар созмонҳои ҷамъияти, ки фаъолияти онҳо тибқи оиинномаи онҳо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, амал бикунанд.

84. Дар таълимгоҳҳои олии давлати ба ташкил ва амал кардани хизматҳои сиёси ва дини роҳ дода намешавад.

VIII. Тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони илмӣ

85. Тайёр кардани кадрҳои илмию педагоги дар доираи аспирантура (ординатура) ва докторантураи таълимгоҳои оли ё худ муассисаҳои илмию тадқиқотии назди онҳо, инчунин бо роҳҳои ба таълимгоҳи оли вобаста кардани муҳаққиқони ҷӯяндаи унвони илми, гузаронидани омӯзгорон ба вазифаҳои илми нисбати таълифи рисолаҳои доктори, додани рухсатиҳои эҷоди барои анҷом додани рисолаҳои доктори сурат мегирад.

86. Низомнома оиди тайёр кардани кадрҳои илмию педагоги ва илми аз ҷониби мақомоти ҷумҳуриятии давлатии идораи маълумоти оли Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

87. Давлат ба такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони илмии таълимгоҳҳои олии давлати кафолат медиҳад ва ба ин мақсад аз буҷет маблағ ҷудо мекунад.

88. Омӯзгорон ва кормандони илмии таълимгоҳҳои оли ихтисоси худро дар таълимгоҳҳои олии пешсафи ҷумҳури, мамлакатҳои муштаракулманофеъ ва кишварҳои хориҷи ва муассисаҳои илми, донишкадаҳо ва факултетҳои такмили ихтисос, бо роҳи коромӯзи дар таълимгоҳҳои олии пешсаф, созмонҳои илми ва истеҳсоли, инчунин бо роҳи таълиф ва ҳимояи рисолаҳое худ тибқи нақшаи кори инфиродии хеш такмил медиҳанд.

89. Баробари он шаклҳои такмили ихтисос, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузори карда мешаванд, ба такмили ихтисосҳои илмию педагоги аз ҳисоби маблағҳои шаҳрвандон ва созмонҳои манфиатдор низ роҳ дода ва дар ин бобат бо таълимгоҳҳои оли ва ё созмонҳои илми шартнома баста мешавад.

IХ. Назорати фаолияти таълимгоҳи олӣ

90. Назорати давлатии сифати маълумоти оли ба таъмини сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи маълумоти оли, баланд бардоштани сифати тайёрии мутахассисон, истифодаи самараноки маблағҳои буҷети дар мактаби оли равона карда шудааст.

Таълимгоҳҳои олии ҳам давлати ва ҳам ғайридавлати таҳти назорати давлати қарор доранд.

Баҳои ягона ба фаъолияти таълимгоҳҳои оли талаботи зайлро дар бар мегирад.:

Санҷиш (аттестатсия)-и давлатии таълимгоҳҳои оли, ки аз ҷониби мақомоти ҷумҳурияти давлатии идораи маълумоти оли гузаронида шуда, мақсади он таъмин кардани мувофиқати мазмун, савия ва сифати талаботи стандартҳои давлатии маълумоти оли касби вобаста ба самти тайёри (тахассус) мебошад:

таъмини ваколати давлатии таъмингоҳҳои оли, ки аз ҷониби мақомоти давлатии идораи маълумоти оли аз рӯи натиҷаҳои санҷиши давлати амали гардонида шуда, мақсади он собит (муқаррар) кардани мақоми таълимгоҳи оли, сатҳи барномаҳои таълимии касби мебошад, ки аз тарафи он татбиқ карда хоҳанд шуд.

91. Назорати ғайридавлатии иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти оииннома, иҷозатнома, фаъолияти таълимдиҳандаги ва молиявию хоҷагидории таълимгоҳҳои олии аз ҷониби муассие дар доираи салоҳияти он ба амал бароварда мешавад.

Х. Иқтисодиёти системаи маълумоти олии касбӣ ва маълумоти баъди таълимгоҳи олӣ

92. Бо мақсади таъмин гардонидани фаъолияти оиинномаи таълимии таълимгоҳҳои оли муассис ба он ҳуқуқ медиҳад, ки аз замин, биноҳо, таъиноти иҷтимои, фарҳанги ва ғайра, ки моликияти шахсии муассис мебошад ва ё шахси сеюм (соҳиби моликияти шахси) ба орият гирифта шудааст, ҳамчун аз моликияти шахсии худ истифода бибарад.

Маблағҳои пули, амвол ва объектҳои дигари шахси, ки ба он аз ҷониби ашхоси ҷисмони ва ё ҳуқуқи тӯҳфа ва ё бахшида шудаанд, ё худ тибқи васиятнома гузаштаанд, маҳсули меҳнати интеллектуали ва эҷоди, ки натиҷаи фаъолияти он мебошад, инчунин маблағҳои воридот аз фаъолияти худи таълимгоҳи оли ва объектҳои бо ин маблағ ба даст овардашуда низ моликияти шахсии таълимгоҳи оли ҳисоб меёбанд.

93. Қитъаи замине, ки тибқи муқаррароти мавҷуда барои таълимгоҳи олии давлати ҷудо карда шудааст, ба он нисбати истифодаи ройгон бемӯҳлат дода мешавад.

94. Таълимгоҳи олии давлати метавонад амволеро, ки нисбати корҳои фаврии идоракуни, аз ҷумла, пеш бурдани фаъолияти хоҷагидори, ба орият додан бидуни ҳуқуқи кардан ва истифода бурдан, ба он дода шудааст, мустақилона истифода намояд, албатта, агар ин амалаш бар зарари фаъолияти асосии худи он набошад.

95. Таълимгоҳи олии давлати ҳуқуқ дорад, ки асотсиатсияҳо, ширкатҳо ва дигар иттиҳодияҳо аз ҷумла бо иштироки муассисаҳо, корхонаҳо ва созмонҳои ҷамъияти, бунёд бикунад, дар ташаккули хазинаҳои оиинномавии ширкатҳо (ҷамъиятҳои саҳҳоми), корхонаҳо иштирок намояд ва дар ин маврид аз пасандозҳои хазинаи оиинномавии онҳо амвол, маблағ ва дигар сомоне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти шахсии он ҳисоб меёбанд, истифода бибаранд.

96. Истифодаи таълимгоҳи оли аз сарватҳои таббии тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

97. Таълимгоҳи оли тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоияи талабҳо ва меъёрҳои оиди истифодаи самаранок ва муҳофизати сарватҳои табий масъулият дорад ва дар мавриди тавассути фаъолияти он расидани зараре надоштани онро медиҳад.

98. Манбаъҳои ташаккули амволи таълимгоҳи оли ва маблағгузории ин онҳо мебошад:

маблағҳо аз буҷети ҷумҳури, ки барои татбиқи стандарти таълими давлати ҷудо карда хоҳанд шуд;

маблағҳои модди ва пулии муассисон;

маблағҳое, ки аз амали гардонидани навъҳои гуногуни фаъолият ба даст меоянд;

қарзҳои бонкҳо ва карзҳои дигар;

бахшишҳои довталабона ва пардохтҳои мақсадноки ашхоси хориҷиён ва шаҳрвандони маскуни берун аз мамлакат ва сарчашмаҳои дигар.

99. Андози маблағҳои буҷети ва дигар воридоти зарурати нигаҳдошти таълимгоҳи оли бояд хароҷоти модди ва хароҷотҳои дигар ба он монанди хизматгузориҳо (корҳо)-и зарурати соҳаҳои таълимгоҳи оли, ташаккули маблағ барои пардохти музди кор, идрор ба вуҷуд овардани бунгоҳи зарурии моддию техники, тараққиёти иҷтимои ва тибби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати модди ҳавасманд гардонидани коллективи меҳнатиро талофи бикунад.

100. Маблағгузории таълимгоҳҳои олии давлати аз ҳисоби буҷет, бо назардошти супоришҳои давлати оид ба тайёр кардани мутахассисон ва андозаи тибқи қонунгузори муқарраршудаи хароҷоти нигаҳдошт ва инкишофи таълимгоҳҳои оли, аз ҷониби муассис ба амал бароварда мешавад.

Дар мавриди аз ҷониби таълимгоҳҳои олии зиёда аз супориш қабул карда шудани донишҷӯён ҳамаи хароҷоти таҳсили онҳо аз ҳисоби ашхоси ҳуқуқи талофи карда хоҳад шуд.

Маблағҳои дар як давраи муайян (сол, семоҳа, моҳ) истифоданашударо аз ҳисоби таълимгоҳи оли баровардан ё худ ба ҳаҷми ҳисоби молиявии давраи дигар (дар тӯли сол ва ё соли оянда) гузаронидан мумкин нест.

101. Таълимгоҳҳои олии давлати тартиби истифодаи ҳамаи маблағҳои буҷети ва ғайрибуҷети хешро, аз ҷумлаи ҳиссаи барои пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии моддии кормандон таъиншударо худашон мустақилона муайян менамоянд.

102. Таълимгоҳи оли тибқи шартномаҳои бо корхонаҳо, муассисаҳо, созмонҳои ҷамъияти ва ашхоси алоҳида, аз ҷумла донишҷӯёни аз ҳисоби буҷетҳои мақомоти гуногун тибқи барномаҳои намунави таҳсил мекардаги бастааш метавонад, ки берун аз стандартҳои ҳатмии маълумот низ ба таври довталабона таълими иловагии пулаки бидиҳад.

Хизматгузории пулаки нисбати гирифтани маълумот ба иваз ва ё дар доираи фаъолияти асосии таълими, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузори карда мешавад, аз имкон берун аст. Дар акси ҳол маблағҳои бо чунин намуди фаъолият ба дастомада аз ҷониби муассис ситонида мешавад.

103. Таълимгоҳҳои оли ҳуқуқ доранд, ки ба соҳибкори низ, ки тибқи оиинномаи онҳо пешбини шудааст, машғул бишаванд.

Таълимгоҳи оли ба туфайли фаъолияти соҳибкории худ бо корхона баробармақом мешавад ва таҳти тағйири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти соҳибкори қарор мегирад.

104. Таълимгоҳи оли корҳои гуногунро иҷро мекунад ва барои корхонаҳо, муассисаҳо, созмонҳо ва шаҳрвандони алоҳида дар асоси шартнома адои хизматро ба ҷо меоварад.

Таълимгоҳи оли иҷрои ҳар гуна корҳо ва умури хизматгузории зарурати иҷрои фаъолияти оинномавии худро дар доираи имконияти молиявии хеш супориш медиҳад.

105. Таълимгоҳи оли масъалаҳои марбут ба бастани шартномаҳо, муайян намудани ӯҳдадориҳо ва шартҳои онҳоро, ки хилофи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиинномаи таълимгоҳи оли набошанд, мустақилона ҳаллу фасл менамояд.

106. Таълимгоҳи оли метавонад, тибқи тартиботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои башардӯстона андешад, мушоҳидаҳо гузаронад ва тадбирҳои дигари ба инҳо монандро амали гардонад.

107. Таълимгоҳи оли аз қарзҳои бонкҳо истифода мебарад ва барои иҷрои талаботи шартномаҳо ва риояи низоми ҳисобу китоб масъулият дорад.

108. Таълимгоҳи оли барои маҳфуз доштани маблағҳои пули ва баробар кардани ҳамаи намудҳои ҳисобу китоб, иҷрои амалиётҳои марбут ва карзҳо ва хазинаҳо дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои қарздиҳанда (аз ҷумла ба арзи хориҷи) суратҳисобҳо дошта метавонад.

109. Ҳадди ақали музди кори кормандони таълимгоҳҳои оли тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда хоҳад шуд.

110. Таълимгоҳи оли шакл ва системаи пардохти музди меҳнат, пули боқимонда ва иловаи музди кор, мукофот ва дигар намудҳои монанд ба ҳавасмандгардони, инчунин андозаи маоши категорияҳои гуногуни кормандон (бидуни маҳдуд кардани ҳадди охирини андозаҳо)-ро дар доираи маблағҳои мавҷудаи таъиноти музди кор тибқи тартиботи муқарраршуда мустақилона муайян менамояд, ки онҳо аз андозаи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд камтар бошанд.

111. Дар мавриди дар таълимгоҳи оли бунёд намудани ҷузъҳои сохтори ва ҷори кардани вазифаҳои дар назар доштанашуда, андозаи маош аз рӯи вазифа ва мансаби марбут ба ин ҷузъи сохтори бевосита аз ҷониби таълимгоҳи оли, вале бо назардошти махсусияти фаъолияти онҳо дар алоқаманди бо ҷузъҳо ва вазифаҳои мавҷуда муайян карда мешаванд.

ХI. Фаъолияти байналмиллалии таълимгоҳи олӣ

112. Таълимгоҳи оли ҳуқуқ дорад дар соҳаи маълумоти оли, такмили ихтисоси мутахассисон, фаъолияти омӯзгори, корҳои илми ва дигар корҳо ҳамкориҳои байналхалқи анҷом дода, инчунин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналхалқи ба волоияти иқтисодии хориҷи машғул шавад.

113. Таълим, тайёри ва такмили ихтисоси шаҳрвандони мамлакатҳои хориҷи дар таълимгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои омӯзгори ва илмию тадқиқотии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар асоси мушоҳидаҳои байналмиллали, мушоҳидаҳои байни мақомоти давлатии идораи маълумоти оли мақомоти дахлдори раёсати таълими мамлакатҳои хориҷи, инчунин тибқи шартномаҳо (муоҳидаҳо) инфиродии байни ҳамдигар бастаи таълимгоҳҳои оли, созмонҳои ҷамъияти сурат хоҳанд гирифт.

ХII. Ҳисобу китоб

114. Таълимгоҳи оли натиҷаҳои кори худро тибқи муқаррароти муҳосиба ҳисобу китоб мекунад, мутобиқи тартиби муқарраршуда ҳисобдории омори ва мӯҳосибавиро пеш мебарад, дар бораи маблағҳои воридшуда ва хароҷот ё худ дахлу харҷ ба муассис ва аҳлу ҷамъият ҳисобот медиҳад.

115. Ашхоси вазифадор барои таҳрифи ҳисобу китоби давлати мувофиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳаққи ҷавобгарии маъмури, модди ё худ ҷинси мебошанд.