Ба Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 феврали соли 1998 № 42
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби лицензиякунонии фаъолият оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба сифати адвокати ваколатдор
1. Ҳамин Низомнома тартиби додани лицензияро барои расондани ёрии ҳуқуқӣ ба сифати адвокати ваколатдор мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ" муайян мекунад.
2. Лицензия барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба сифати адвокати ваколатдор ба ашхоси воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба амал мебароранд (ба соҳибкорони инфиродӣ) дода мешавад. Лицензияро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди феҳристро анҷом медиҳад, ки дар он маълумот дар бораи лицензияҳои додашуда, бекоркардашуда, инчунин лицензияҳое, ки амалашон боздошта шудааст, ворид карда мешавад.
3. Ҳаққи расонидани ёрии ҳуқуқиро ба сифати адвокати ваколатдор он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва мувофиқи ихтисос на камтар аз 2 сол собиқаи корӣ дошта бошанд.
4. Барои ашхоси воқеие, ки бе лицензия ё бо вайрон кардани шартҳои амали он ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.
5. Соҳиби лицензия (минбаъд-дорандаи лицензия) ҳақ надорад, ки лицензияро ба каси дигар диҳад.
6. Барои гирифтани лицензия аризадиҳанда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гирифтани лицензия шахсан ариза медиҳад, ки дар он маълумоти зерин зикр карда мешавад: насаб, ном, номи падар, маълумоти шиноснома (силсила, рақам, кай ва аз тарафи кӣ дода шудааст, ҷои истиқомат), маълумот дар бораи доштани маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва собиқаи кор аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
-ҳуҷҷатҳое, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани аризадиҳандаро тасдиқ мекунанд;
-ҳуҷатҳое, ки маълумоти ҳуқуқшиносӣ доштани арзадиҳандаро тасдиқ менамоянд;
-ҳуҷҷатҳое, ки аз рӯи ихтисос на камтар аз 2 сол собиқаи кор доштани аризадиҳандаро тасдиқ мекунанд;
-пурсишнома (анкета);
-тасдиқнома аз ҷои истиқомат ё аз маҳалли ҷойгиршавии коргоҳи соҳибкор;
Аз аризадиҳанда талаб кардани пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки дар ҳамин Низомнома пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
7. Ҳангоми пешниҳоди ариза довталаб ҳуҷҷатеро пешниҳод мекунад, ки пардохти 25%-и маблағи умумии барои додани лицензия ситонидашавандаро тасдиқ менамояд. Зимнан агар довталаб аз имтиҳони тахассусӣ нагузарад, 25% маблағи пардохташуда баргардонда намешавад.
8. Масъалаи додани лицензия дар давоми як моҳ аз рӯзи муроҷиати аризадиҳандае, ки ба гирифтани он даъво дорад, ҳал карда мешавад.
9. Ҳар як шахси воқеии даъвогари гирифтани лицензия вазифадор аст, ки имтиҳони тахассусӣ супорад.
10. Имтиҳони тахассусиро комиссияи тахассусии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад. Ба шахсе, ки ҷавобгӯи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура" аст ва дар имтиҳон комьёб шудааст, дар масъалаи гирифтани лицензия ҷавоби рад дода намешавад.
11. Барои додани лицензия ба андозаи бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон музд гирифта мешавад. Лицензия ҳангоми аз тарафи аризадиҳанда пешниҳод карда шудани ҳуҷҷате, ки пардохти музди онро тасдиқ менамояд, дода мешавад.
12. Лицензия ба мӯҳлати аз як то панҷ сол дода мешавад. Мӯҳлати лицензияи додашавандаро Комиссияи тахассусии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
13. Додани лицензия дар мавридҳои зерин рад карда мешавад:
-агар ба шахс мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ манъ карда шавад;
-ғайриқаноатбахш супурдани имтиҳони тахассусӣ;
-ошкор гардидани ҳолатҳои ғайриқонунӣ амал кардани шахс (довталаб) барои гирифтани лицензия.
14. Дар ҳолати радди додани лицензия Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст ба таври хаттӣ дар ин бора ба аризадиҳанда бо нишон додани сабабҳои рад хабар диҳад. Дар бораи қарори қабулшуда ё баррасӣ нашуда мондани ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
15. Баррасии дубораи ариза дар бораи додани лицензия пас аз се моҳи гирифтани қарори радди додани лицензи ё тағьир ёфтани ҳолатҳое, ки ба радкунӣ асос гардида буданд, инчунин дар мавриди аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шудани қарори Вазорати адлия дар бораи надодани лицензия мумкин аст.
16. Дар сурати қатъ гардидани амали шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкор лицензияи додашуда эътибори ҳуууқии худро гум мекунад ва бояд он аз тарафи соҳиби лкцензия дар мӯҳлати панҷ рӯз ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шавад.
17. Дар сурати тағьир ёфтани маълумоти шиносномаи шахси воқеӣ, гум кардани лицензия соҳиби лицензия вазифадор аст дар мӯҳлати се рӯз дар бораи аз нав ба расмият даровардани лицензия (гирифтаии нусхаи дуюми лицензия) ариза диҳад, дар акси ҳол лицензия беэътибор дониста хоҳад шуд.
18. Ба риоя карда шудани талаботе, ки қонунгузорӣ ва ҳамин Низомнома муқаррар кардааст, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. Назорат бо роҳи баррасии шикояту аризаҳо ба фаъолияти соҳиби лицензия ба амал бароварда мешавад. Барои вайрон кардани талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура" қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз тарафи адвокати ваколатдор бепарвоёна иҷро намудани вазифаҳои касбии худ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати лицензияи додашударо кӯтоҳ кунад ё онро бекор созад.
19. Боздоштани амали лкцензияи додашуда ё бекор кардани он метавонад аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурки Тоҷикистон анҷом дода шавад.
Бо гирифтани қарор дар бораи бекор шудани лицензия адвокати ваколатдор бояд ба муштариёни худ дар бораи қарори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи безътибор дониста шудани лицензия хабар диҳад ва дар мӯлати се рӯз лицензияро ба мақомоти лицензиядода баргардонад.
20. Боздоштани эътибори лицензия маънои манъ сохтани фаъолият оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба сифати адвокати ваколатдор то бартараф намудани вайронкунии роҳдодашударо дорад. Соҳиби лицензияе, ки аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори боздоштани эътибори лицензияро мегирад, вазифадор аст дар мӯҳлати понздаҳ рӯз ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон далели ҳуҷҷатии бартараф карда шудани вайронкуниҳоро пешниҳод намояд, ки барои боздоштани эътибори лицензия асос ташта буд.
Дар ҳолатҳои мустасно муҳлати мазкурро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тамдид намояд, вале барои мӯҳлати на зиёда аз сӣ рӯз. Дар сурати тағйир ёфтани ҳолате, ки боиси боздоштани эътибори лицензия гаштааст, эътибори он аз нав барқарор карда мешавад. Мӯҳлате, ки дар давоми он эътибори лицензия боздошта мешавад, ба мӯҳлати умумии эътибори он дохил мегардад.
21. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се рӯз аз вақти қабули қарор дар бораи боздоштани (аз нав барқарор кардани) эътибори лицензия ё бекор кардани он дар шакли хаттӣ дар борае, ки қарор ба соҳиби лицензия ва мақомоти хадамоти давлатии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.