Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010с. № 297 аз эътибор соқит дониста шуд
Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби иёр гирифтан ва тамға задани маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда, Тартиби литсензиякунонии навъҳои ҷудогонаи фаъолият оид ба истеҳсол, истифода ва гардиши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва Феҳристи муваққатии корҳое, ки аз онҳо ҳаққи иёр (пардохти иёр) рӯёнда мешаванд
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 337)
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Тартиби иёр гирифтан ва тамға задани маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда, Тартиби литсензиякунонии навъҳои ҷудогонаи фаъолият оид ба истеҳсол, истифода ва гардиши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва Феҳристи муваққатии корҳое, ки аз онҳо ҳаққи иёр (пардохти иёр) рӯёнда мешаванд, тасдиқ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 марти соли 2003 № 145
ш. Душанбе