Низомномаи Инспексияи давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, № 147

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 591 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2003 № 147

тасдиқ шудааст

Низомномаи Инспексияи давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Инспексияи давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Инспексияи давдатии тухмӣ) мақоми идораи давлатӣ дар соҳаи назорати тухмӣ ва парвариши тухмии зироатҳои кишоварзӣ мебошад.

2. Инспексияи давлатии тухмӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

3. Инспексияп давлатии тухмӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" Фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Вазир, қарорҳои маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

Иҷрои санадҳои меъёрии мақомоти Инспексияи давлатии тухмӣ барои субъектҳои кори тухмипарварӣ, новобаста ба тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ҳатмӣ мебошад.

4. Инспексияи давлатии тухмӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои баланс, мӯҳр ва бланк бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад.

II. Вазифа ва ваколатҳои Инспексияи давлатии тухмӣ

5. Инспексияи давлатии тухмӣ вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳал менамояд. Вазифаҳои асосии Инспексияи давлатии тухмӣ ҷорӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи кори назорати тухмӣ ва парвариши тухмии зироатҳои кишоварзӣ мебошад.

6. Инспексияи давлатии тухмӣ мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

дар ҳаёт татбиқ намудани санадҳои дахлдори меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати давлатӣ бо риоя намудани қоида ва чорабиниҳо ҳангоми истеҳсол, захира, нигоҳдорӣ, коркарди пахтаи тухмӣ, тайёр намудан, фурӯш, истифодаи тухмӣ ва кӯчати зироатҳои кишоварзӣ;

якҷоя бо муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ таҳия намудани самтҳои асосӣ ва барномаҳои сифатан беҳтар намудани тухмии зироатҳои кишоварзӣ;

роҳбарии фаврӣ ва методии фаъолияти инспексияҳои тухмии тобеъ ва расонидани кӯмаки амалӣ дар ташкили кори онҳо;

таъмини тартиби ягона ва дуруст муайян намудани сифати тухмиҳои киштбоби зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳо, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, корхонаю ташкилотҳои захиракунанда ва ғайра, сарфи назар аз шакли хоҷагидорӣ ва моликият ва ба расмиятшаровардани ҳуҷҷатҳои онҳо;

ташкили назорати риояи стандартҳои давлатии тухмии хоҷагиҳо ва ташкилотҳои захиракунанда, инчунин сифати тухмии репродуксияҳои олӣ, ки хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ барои иваз ва беҳтар намудани навъҳо мефурӯшанд;

тасдиқи нақшаи корҳои истеҳсолӣ ва ҳисоботи солонаи инспексияҳои тухмии вилоятӣ, шаҳрӣ, байниноҳиявӣ ва ноҳиявӣ;

ҳар семоҳа ҷамъ ва таҳлил намудани маълумот оид ба захиракунӣ, миқдор ва сифати тухмӣ, заҳролудкунӣ, нигодорӣ ва фурӯши онҳо дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ва муассисаҳои илмӣ;

иштирок варзидан дар ташкил ва ҷорӣ намудани назорат аз рӯи дуруст гузаронидани санҷиш оид ба муайянкунии ҳосили тухмии киштбоб дар вақти ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдори тухмии истеҳсолшуда дар тамоми марҳилаҳо ва истифодабарӣ аз рӯи таъинот;

бо усули навъии зеритокӣ ташкил ва гузаронидани назорат дар майдонҳои кишт, санҷиши тозагии навъҳои фонди тухмӣ аз рӯи навъ ва репродуксияҳо;

таъмини тамоми зинаҳои инспексияҳои тухмӣ бо таҷхизоти зарурии лабораторӣ, реактивҳо ва дигар маводи зарурӣ;

ташкил намудани курсҳо ва семинарҳо оид ба такмили ихтисоси кормандони инспексияҳои тухмӣ;

гузаронидани таҳлилҳои назоратӣ, муқоисавӣ ва фавқулодда мураккаби тухмиҳо ва экспертизаи онҳо.

7. Инспексияи давлатии тухмӣ иҷрои вазифаҳои ба зиммааи гузошташударо тавассути инспексияҳои тухмии вилоятӣ, шаҳрӣ, байниноҳиявӣ, ноҳиявӣ, лабораторияҳои назоратии тухмии пахта, инчунин хоҷагиҳои тухмии элитӣ, таъмин менамояд.

8. Нишондодҳои дастурӣ оид ба тартиби иҷрои вазифаҳои назоратӣ ва дигар вазифаҳо, ки ба зиммаи Инспексияи давлатии тухми гузошта шудаанд, аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

III. Ҳууқуқ ва ӯҳдадориҳои Инспексияи давлатии тухмӣ

9. Инспексияи давлатии тухмӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки бо истеҳсол, коркард, захиракунӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши тухмии зироатҳои кишоварзӣ машғуланд, ба вазъи корҳои назорати тухмӣ ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ назорати дахлдор мебарад.

10. Инспексияи давлатии тухмӣ ҳуқуқ дорад:

дар хоҷагиҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, санҷиши сифати тухмии зироатҳои кишоварзиро гузаронад;

бемамоният майдонҳои кишти тухмии зироатҳои кишоварзӣ, биноҳо, анборҳоро тафтиш ва назорат намояд, омода кардани тухмиҳоро барои кишт, нигоҳдории онҳо, риояи стандартҳои давлатии тухмӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, ташкилотҳои захиракунанда ва ғайраро, сарфи назар аз шакли хоҷагидорӣ ва моликияташон анҷом диҳад;

аз роҳбарони хоҷагиҳо, ташкилот, муассисаҳо ва корхонаҳо дар хусуси майдонҳое, ки тухмӣ кишт шудааст, миқдор ва сифати тухмии киштшаванда маълумот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ талаб намояд;

мутобиқати ҳуҷҷатҳоро тибқи сифати воқеии тухмие, кн хоҷагиҳо, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, ташкилоту корхонаҳо кишт мекунанд ва ташкилотҳои захиракунанда новобаста аз шакли фаъолияташон барои мақсадҳои кишт медиҳанд, санҷад;

ба хоҷагиҳо, ташкилотхои захиракунанда ва дигар корхонаю муассисаҳо барои омода намудани тухмии киштбоб, заҳролудкунӣ, нигоҳдории дуруст ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои он барои иҷро кардан, дастурҳои ҳатмӣ диҳад;

дар сурати барои нигоҳдорӣ ва интиқоли тухмӣ корношоям будани анборҳо ва воситаҳои нақлиёт, истифодабарии онҳоро манъ ва бекор кунад;

ҳангоми риоя накардани стандартҳои давлатӣ барои тухмӣ, кишт намудани тухмии ғайрисара, нодуруст нигоҳдорӣ ва ғайритаъинот истифода бурдан ва вайрон кардани онҳо, маводҳоро мувофиқи тартиби муқаррашуда барои пешгирӣ кардани ин қонуншиканиҳо ва надешидани тадбирҳои ва мақомоти дахдлдор супорад.

11. Ҳуҷҷатҳо оид сифати тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва киштбоб будани онро Инспексияи давлатии тухмӣ медиҳад.

12. ӯҳдадориҳои асосии Инспексияи давлатии тухмӣ инҳо мебошанд:

таъмини ҳифзи ҳуқуқии ҷараён, иншоот ва субъектҳои тухмипарварӣ, ки барои гирифтани маводи тухмӣ ва кӯчати хушсифат равона гардидаанд;

таъмини истифодаи самараноки захираҳои тухмӣ, такмил додан ва навсозии сифати генофонди навъи зироатҳои дар ҷумҳурӣ рӯёнидашуда, ки сарвати миллии он мебошанд;

ёрмандӣ намудан дар баланд бардоштани даромаднокии истеҳсоли тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмин намудани рақобатнокии он дар шароити муносибатҳои бозорӣ;

ёрмандӣ намудан дар ҷорӣ намудани комёбиҳои илмию техникӣ дар соҳаи парвариши тухмии зироатҳои кишоварзӣ.

IV. Мақомоти роҳбарикунандаи Инспексияи давлатии тухмӣ

13. Ба Инспексияи давлатии тухмӣ Сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

14. Сардори Инспексияи давлатии тухмӣ аз рӯи вазифа Сарнозири давлатии тухмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

15. Муовинони Сардор ва сармуҳосиби Инспексияи давлатии тухмиро бо пешниҳоди Сардори Инспексияи давлатии тухмӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

16. Сардори Инспексияи давлатии тухмӣ тамоми корҳои Инспексияи давлатии тухмиро ташкил менамояд ва барои фаъолияти он, нигоҳдори моликияти давлатӣ масъулияти пурра дорад, мутобиқи қонунгузории ҷорӣ манфиатҳои Инспексияи давлатии тухмиро дар тамоми корхонаҳо муассисаю ташкилотҳо намояндагӣ менамояд, амволи ба Инспексия давлатии тухмӣ вобастакардашударо идора мекунад, боваринома медиҳад, фармонҳо мебарорад, дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисобҳо мекушояд, кормандони Инспексияи давлатии тухмиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд.

V. Муқаррароти хотимавӣ

17. Инспексияи давлатии тухмӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таъсис ё барҳам дода мешавад.

18. Қарорҳои Инспексияи давлатии тухмиро мувофиқи тартиби муқарраршуда ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2003 № 147

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Инспексияи давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Муҳосибот

Шӯъбаи кадрҳо

Лабораторияи тухмии пахта

Лабораторияи тухмиҳои ғалладона, лӯбиёгӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ

Лабораторияи технологии пахта