Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2002 № 155
Ҷиҳати иҷрои Барномаи стратегияи рушди ислоҳот дар бахши энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1998 № 417 тасдиқ гардидааст ва мутобиқи Меморандум оид ба ҳамрайъии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд дар бораи барқарорсозии системаи энергетикии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2000 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар сархати чоруми фасли "Қувваи барқ" Тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2002 № 155 тасдиқ гардидаанд, адади "0,35" ба адади "1,0" иваз карда шавад.
2. Қарори мазкур аз 1 апрели соли 2003 мавриди амал қарор дода шавад.
3. Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" бо дарназардошти қарори мазкур ба Нархномаи "Тарифҳо барои қувваи барқ ва гармӣ" тағйироти дахлдор ворид намоянд.
4. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати паст намудани таъсири афзоиши тарифи қувваи барқ ба вазъи бахши кишоварзӣ дар мӯҳлати ду моҳ тарифи истифодаи хизмати обрасониро баррасӣ карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди дахлдор манзур намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 марти соли 2003 № 132
ш. Душанбе