Низомнома оид ба тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ аз 31 марти соли 2003, № 112

Санаи амалкуни: 05.03.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2003 № 112

тасдиқ шудааст

Низомнома оид ба тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.03.2008с. № 119)

1. Низомнома оид ба тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ, ки минбаъд Низомнома номида мешавад, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2002 № 420 "Дар бораи тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ" бо мақсади қонеъ намудани талаботи иқтисодиёти миллӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҳамоҳангсозии таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ таҳия гардидааст.

2. Тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ва созишномаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои дуҷонибаи байниидоравӣ амалӣ карда шуда, дар нақшаҳои Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.

3. Равия ва ихтисосҳое, ки тибқи онҳо дар давлатҳои хориҷӣ мутахассисони дорои маълумоти олӣ тайёр карда мешаванд, ҳамчунин теъдоди онҳоро ҳар сол то моҳи апрел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи муассисаҳои маълумоти олии давлатҳоеро, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил фиристода мешаванд, муайян менамояд.

5. Манбаи асосии маблағгузории таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ мебошад.

Ҳамчунин маблағҳои дигар вазорату идораҳо, муассисаҳои ғайридавлатию сарпарастон ва фондҳо метавонанд ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ ҷалб карда шаванд.

Ҳаҷми маблағи таҳсил, истиқомат дар хобгоҳ ва суғуртаи тиббии шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил менамоянд, дар асоси хароҷотномаи (шартномаи) пешниҳоднамудаи муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ, маблағи роҳкиро (як маротиба рафтану омадан) дар асоси нархи чиптаҳои Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"-и Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендия дар ҳаҷми 100 доллари ИМА барои 1 моҳ муайян ва пардохт карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.03.2008с. № 119).

6. Корхона ва муассисаҳое, ки аз рӯи шакли ҳисоби хоҷагидорӣ фаъолият мекунанд, тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олиро дар давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилиашон таъмин менамоянд.

7. Қоидаҳои қабули донишҷуён барои таҳсил дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 февралл соли 1996 , № 71 "Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии маълумоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

8. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши дар муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ таҳсил намуданро доранд, тавассути ариза ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоянд.

9. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи қабули довталабонро барои таҳсил дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ таъсис медиҳад.

10. Бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои таҳсил ба давлатҳои хориҷӣ фиристода мешаванд, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шартҳои таҳсил ва фиристодани хатмкунандагон ба кор дар корхонаву муассисаҳои давлатӣ дар мӯҳлати панҷ сол шартнома мебандад.

11. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ ҳамоҳанг намуда, аз ҷониби онҳо риоя кардани шартҳои шартномаи басташударо назорат менамоянд.

12. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъди хатми мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ аз рӯи ихтисоси гирифтаашон бо кор таъмин менамоянд.

13. Вазорату идораҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ вазифадоранд, ки ҳар сол оид ба таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (новобаста аз шакли маблағгузории таҳсил) ва баъди баргаштан ба ҷумҳурӣ дар давоми 5 сол аз рӯи ихтисос кор кардани онҳо ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

14. Дар мавриди баъди хатми мактаби олӣ дар хориҷи кишвар аз рӯи ихтисос 5 сол дар ҷумҳурӣ кор кардан нахостани мутахассис маблағҳои барои он сарфшуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ӯ ситонида мешавад.

15. Назорати иҷрои нақшаи ҳарсолаи тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷиро Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2003 № 112

тасдиқ шудааст

Низомнома оид ба тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ

1. Низомнома оид ба тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ, ки минбаъд Низомнома номида мешавад, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2002 № 420 "Дар бораи тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ" бо мақсади қонеъ намудани талаботи иқтисодиёти миллӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҳамоҳангсозии таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ таҳия гардидааст.

2. Тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ва созишномаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои дуҷонибаи байниидоравӣ амалӣ карда шуда, дар нақшаҳои Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.

3. Равия ва ихтисосҳое, ки тибқи онҳо дар давлатҳои хориҷӣ мутахассисони дорои маълумоти олӣ тайёр карда мешаванд, ҳамчунин теъдоди онҳоро ҳар сол то моҳи апрел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи муассисаҳои маълумоти олии давлатҳоеро, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил фиристода мешаванд, муайян менамояд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол бо назардошти имкониятҳои воқеии молиявӣ дар Буҷети давлатӣ хароҷотҳои тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олиро дар давлатҳои хориҷӣ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.

6. Корхона ва муассисаҳое, ки аз рӯи шакли ҳисоби хоҷагидорӣ фаъолият мекунанд, тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олиро дар давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилиашон таъмин менамоянд.

7. Қоидаҳои қабули донишҷуён барои таҳсил дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 февралл соли 1996, № 71 "Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии маълумоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.