Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, № 658 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 521"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 521

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 521 "Дар бораи Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Дар фасли Истеҳсолоти металлургӣ:

1) Ба зерфасли касбҳои умумии металлургияи сиёҳ банди нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Мошинисти булдозер (булдозерист), чангакбанд, бандубастгари бор (такелажчӣ), тракторчӣ, транспортёрчӣ, ки машғули корҳои доимӣ дар сехҳои коркарди силиспораҳои сиёҳ, маводи оташбардори сохтмонӣ ва рехтагарии пӯлоду чӯян мебошанд-14".

2) Ба зерфасли истеҳсоли алюминий, силумин ва кремний банди нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Устои (калон, баст) тармими таҷҳизоти технологӣ дар қитъаҳое, ки аксарияти коргарон аз сабаби шароити зарарноки меҳнат рухсатии иловагӣ мегиранд:

а) бо давомнокии 14 рӯзи тақвимй - 14;

б) бо давомнокии 7 рӯзи таквимӣ - 7".

3) Дар зерфасли Коркард ва коркарди такрории филизоти ранга:

Ба боби Сеху толорҳои рехтагарӣ бандҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Рехтагари филизот ва гудозаҳо, ки ба гудозиши арзиз машғул аст-14;

Рехтагари мошинҳои рехтагарии таҳти фишор - 14".

Боби Касбҳои умумӣ дар истеҳсолоти фулузоти ранга бо банди дорои мазмуни зайл пурра карда шавад:

"Васлгари системаи санитарию техникӣ ва таҷҳизоти дохилии машғул:

а) дар сехҳои рехтагарӣ, гудозишгарӣ, софкорӣ, резишгарӣ, прокати тафсон, оҳангарию исканҷагарию тезобдиҳӣ ва шӯъбаҳои истеҳсоли филизоти ранга - 14;

б) дар қитъаҳои сардкории сеху шӯъбаҳое, ки дар банди "а"-и сеху қитъаҳо нишон дода шудаанд, инчунин дар сехҳои коркард ва бозкоркарди филизоти ранга (дар тамоми қитъаҳои корӣ) - 7".

4) Зерфаслҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Истеҳсолоти электрод

Коргари майдагари машғули:

а) майда кардани маводи тафсони пошхӯранда, кокси пекӣ ва нафтӣ14 - 6;

б) майда кардани маводи дигар - 14;

Коргари оташбардории машғули тармими кӯраҳои тафсон дар истеҳсолоти электродҳо -14 - 6;

Мошинисти осиёб, ки ба хока кардани ангишт ва кокс машғул аст14 - 6;

Хумдончӣ -14 - 6;

Гудозандаи қатрон - 14 - 6;

Прессчии маҳсулоти электродии машғули:

а) исканҷагарии тафсон - 14- 6;

б) исканҷагарии сард - 7;

Тафсонгар, ки машғули ба кӯраи тафсониш андохтани мавод ва гирифтани маводи тафсонидашуда аз кӯра ё яхдон, инчунин машғули раванди тафсониш мебошад - 14 - 6;

Омехтагар - 14 - 6;

Фарроши биноҳои истеҳсолӣ, ки машғули рӯбучини сеҳхо аст - 14;

Покизакори маҳсулот, ки машғули поксозии маҳсулоти пӯхта ва графитии электрод мебошад - 14-6;

Гудозагар - 14 - 6;

Сехҳо, шӯъбаҳо, қитъаҳои кокстафсонӣ, графитонӣ, графити рехта ва омезишу исканҷагарӣ:

Мошинисти кран (кранчӣ) -14 - 6;

Челонгар-тармимгар - 14 - 6;

Барқкори тармим ва хизматрасонии таҷхизоти барқӣ - 14 - 6;

Анбори ашёи хом:

Мошинисти крани (кранчӣ) анбори кокси хом ва тафсонидашудаи қитъаи тафсониш ва сехи омезишу исканҷагарӣ - 14-6;

Роҳбарон ва мутахассисон:

Устои (калон, баст) машғули кор дар сехҳои омезишу исканҷагарӣ, анодпазӣ, истеҳсоли электродҳо ва истеҳсоли анодҳо -14;

Устои (калон, баст) тармими таҷҳизоти технологӣ дар қитьаҳое, ки аксари коргарони асосии истеҳсолотӣ аз сабаби шароити зарарноки меҳнат рухсатии иловагӣ:

а) бо давомнокии 14 рӯзи тақвимӣ мегиранд - 14;

б) бо давомнокии 7 рӯзи таквимӣ мегиранд - 7"

"Корхонаҳо, сехҳо, пойгоҳҳо ва майдончаҳои истеҳсолии коркарди филизпораҳои сиёҳ ва ранга

Газбури машғули:

а) кор дар биноҳои болопӯшида - 14;

б) буридани филизпораҳои бо суринҷи сурбӣ рангкардашуда - 14 - 6;

в) кор дар қитъа ва майдончаҳои кушода - 7;

Ҷудокунандаи оҳанпора ва партови филизии машғули ҷудо кардани филизпораҳои ранга - 7;

Бурандаи филизи сарди машғули буридани филизпораҳои сиёҳ ва рангаи партовӣ бо қайчӣ ва пресс - 7;

Ронандаи боркунаки машғули кор дар дастгоҳи боркунаки тракторӣ дар коркарди тӯдаи дажғол - 7".

Дар фасли Истеҳсолоти кимиёвӣ:

Бобҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

1) "Маҳсулоти ғайрорганикӣ

Истеҳсолоти криолит ва арзизи фторид

а) коргарон, роҳбарон ва мутахассисони шӯъбаҳои: кӯравӣ, маноравӣ, насосӣ, реаксиявӣ ва хушксозӣ - 14 - 6;

б) коргарон, роҳбарон ва мутахассисони боқимонда - 14;

2) Поксозӣ ва истифодаи обҳои партовӣ ва рӯиқатронӣ

Коргарон, роҳбарон ва мутахассисон - 14".

Дар фасли Нақлиёт:

Ба зерфасли Ҳавопаймоии гражданӣ ҶИМАҲФ бобҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд;

1) "Комплекси ҳавопаймоӣ - техникӣ:

Техннки ҳавопаймоӣ, муҳхандис, механики ҳавопаймоӣ (мотористи ҳавопаймоӣ), ки ба хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои хоҷагии кишлоқ ва ҷангал бо истифода аз заҳрҳои кимиёвӣ машғуланд -14 - 6;

Техники ҳавопаймоӣ, муҳандис, механики ҳавопаймоӣ, ки ба хизматрасонии ҳавопаймоҳои наклиётӣ ва боркашу мусофирбарӣ машғуланд - 7.

2) Хадамоти махсуси нақлиёти автомобилӣ:

Ронандаи пуркунандаи ҳавопаймо бо маводи сӯзишворӣ ва дигар маводи сӯхту молиданӣ - 7.

3) Маркази иттилоотӣ -ҳисобкунӣ:

Мухандис - тарроҳ - 7;

Техник, муҳандис, муҳандиси калони гурӯҳи рамзкушоии парвозҳо -7;

Таъминоти барқию рӯшноӣ - техникии парвозхо - 7;

Мухандис, технике, ки ба хизматрасонии техникии хатҳои баландшиддати барқӣ машғуланд - 7.

4) Хадамоти бехатарии ҳавопаймоӣ:

Устои санҷиш ва пуркунии оташхомӯшкунакҳо - 7;

Нозири тафтиши бағоҷ, бори даст, бори мусофирони ҳавопаймоӣ бо интраскопҳо ва оҳанкобакҳо - 7;

Кормандони гурӯҳи назоратӣ видеоӣ, ки машғули назорати шабонарӯзии ҳудуди фурудгоҳ мебошанд - 7.

5) Идоракунии ҳаракати ҳавоӣ:

Кормандоне, ки идораи ҳаракати ҳавоиро таъмин мекунанд ва шаҳодатномаи танзимгарӣ доранд - 7 - 6".

Дар фасли Тандурустӣ;

1) Дар боби Шӯъбаҳои физиотерапевтӣ (ҳуҷраҳо):

- дар банди Табиби физиотерапевт рақами "7" ба рақами "14" иваз карда шавад;

- дар банди Ҳайати хурди тиббӣ, ки дар хуҷраҳои бо чароғи барқиву табобатӣ кор мекунад, рақами "7" ба рақами "14" иваз карда шавад;

- дар банди Ҳайати хурди тиббӣ, ки бевосита бо муолиҷаи обӣ машғул мебошад, рақами "7" ба рақами "14" иваз карда шавад.

Банд бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ҳайати тиббӣ, ки бевосита ба кори генераторҳои тиббии басомади фавқулбаланд (БФБ) бо иқтидори то 200 Вт ва УКВ машғул мебошад -14".

2) Дар боби Дармонгоҳ, шӯъба ва ҳуҷраҳои стоматологӣ:

- дар банди табиб - стоматолог, табиб - стоматолог - протезсоз, табиб - стоматолог - ортодонт, дандонпизишк рақами "7" ба рақами "14" иваз карда шавад.

3) Дар боби Комиссияҳои ташхиси тиббӣ-меҳнатӣ (КТТМ) ва Комиссияҳои воҳидии ҳарбӣ - тиббӣ (КВҲТ);

Калимаҳои "Комиссияҳои ташхиси тиббӣ-меҳнатӣ" ва (КТТМ) мутобиқан бо калимаҳои "Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ" ва (ХДТТИ) иваз карда шаванд.

Дар қисми ХДТТИ - и умумӣ ва махсусгардонидашуда, ба ғайр аз ХДТТИ-и бемориҳои сил ва касалиҳои рӯҳӣ ва (КВҲТ):

- дар банди Табиб рақами "7" ба рақами "14" иваз карда шавад.

4) Ба боби Касбҳои умумии кормандони тиббии муассисаҳои тандурустӣ, таьминоти иҷтимоӣ ва маориф бандҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Табиби минтақавӣ-табиби касалиҳои дарунӣ, табиби касалиҳои кӯдакона, табиби саратон, табиби асаб, табиби касалиҳои занонаи статсионарӣ; табиби пунктҳои тандурустӣ ва пунктҳои тиббӣ (ба ғайр аз табибони стоматолог ва дандонпизишкон); табиби минтақавии касалиҳои дарунии минтақаи тиббии сех, табиби касалиҳои дарунии наврасон; табиби ҳуҷраи эмкунии зиддирабӣ; табиб - мудири зершӯъба, шӯъба, лаборатория, хуҷра, қабулгоҳҳо; табиби бемориҳои дарунии қитъавӣ ва беморхонаи ноҳиявӣ (деҳот), амбулаторияи деҳот, инчунин табиби госпитал, лазарет, медсанбат ва медсанротаи маркази ноҳияҳо ва маҳалҳои деҳотӣ - 14;

Момодоя, ки дар статсионари таваллудхона, шӯъбаи таваллуд (палата) кор мекунад, момодояи бунгоҳи тиббӣ, лазарет, бунгоҳи фелдшерию акушерӣ, дастёри табиб (фелдшер)-и бунгоҳи фелдшерию акушерӣ; дастёри табиб (фелдшер)-и қисми ҳарбӣ, ки дар қитъаи мустақил кор мекунад ва иҷрокунандаи вазифаи фелдшери бунгоҳи фелдшерӣ мебошад-14;

Ҳайати миёна ва хурди тиббии статсионарҳо, (шӯъбаҳо, палатаҳо ва гурӯҳҳо)-и кӯдаконаи муассисаҳои тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ, доя (санитарзан-доя) дар кудакистонҳо ва гуруҳҳои яслии кудакистонҳо -14;

Ҳайати хурди тиббии муассисаҳои (ғайристатсионарии) кӯдаконаи муассисаҳои (шӯъбаҳо ва ҳуҷраҳои) тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ -14;

Ҳайати хурди тиббии шӯъбаҳои тандурустӣ ва статсионарҳои узвҳои ориятӣ - 14;

Ҳамшираи тиббӣ (парҳезӣ) ва санитарзани ошхонаи хӯроки ширӣ, ки дар назди плита ва автоклавҳо кор мекунанд -14".

5) Ба боби Афканишоти рентгенӣ банди нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Санитарзани ҳуҷраҳо ва дастгоҳҳои рентгению флюорографӣ -14".

Дар фасли Касбҳои умумии тамоми соҳаҳои (хоҷагии халқи) иқтисоди миллӣ:

Бандҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Дастгоҳчии поксозии кимиёвии об, ки машғули:

а) пешбурди раванди хлоронӣ - 14;

б) иҷрои корҳои дигари поксозии кимиёвии об мебошад - 7;

Дастгоҳчии поксозии обҳои гандида, ки машғули безараргардонии оби партови саноатӣ мебошад -14;

Дезинфексиягар - 7;

Санҷишгари машғули воягарии гач, шихта, семент, асбест ва маводи дигари чангдор дар биноҳои болопӯшида - 14;

Боркашони доимо машғули:

а) бор кардани лошаи ҳайвонот-14 - 6;

б) болои ҳам бор кардани пек - 14 - 6;

в) корҳои боркунию фаровардани борҳои заҳрноки чангдошта ва ғайра: агломерат, асбест, алебастр, дажғол, хокистар, оҳаки ношукуфта, оҳаки хлор, кокс, коксик, коксреза, семент, карбони техникӣ (дуда), ангишт, пахтаи минералӣ, шишагӣ, дажғолӣ ва маснуот аз он, электродҳои ангиштии бе бастабандӣ, маводи оташбардор ва абразивии бе бастабандӣ, содаи каустикӣ ва партшуда, ҳавзҳои партови хориҷкунандаи буғу газ -7;

Ширешгари маҳсулоти оҳанӣ, ки бевосита ба ширешу резинпӯш кардани маснуоту дастгоҳҳо машғул аст -14;

Коргари оташбардории машғули корҳои тармими оташдони кӯра ва дегҳои истеҳсолии ҳарораташони баланд -14;

Покгари деги буғӣ - 14 - 6;

Рехтагари пластмасса, ки бо автоматҳои термопластӣ кор мекунад -14;

Рангмоли доимо машғули рангкунии созаҳои филизӣ дар сехҳои баландҳарорат -7;

Прессчӣ - вулканизаторчии машғули тамғазании тафсон,прессгарӣ ва вулканизатсияи маснуоти резинӣ - 14;

Коргарони ҷомашӯйхона, машғули кор:

а) дар шӯъбаи қабул ва навъбандии колои чиркин (қабулкунандаи фармоишҳо, ки машғули қабули колои чиркин ва либоси махсус мебошад; сарҷамъкунандаи ҷойпӯш, ки машғули навъбандии либоси чиркин мебошад, инчунин тартибдиҳандаи гурӯҳҳои истеҳсолии колои чиркин ва ҳисобкунандаи колою либоси махсуси чиркин мебошад; тамғазан; коргари ёрирасон) -7;

б) дар сех ё шӯъбаи шустагарӣ (дастгоҳчии бахши таҷҳизоти хушконидани либосу ҷойпӯшҳо; мошинисти шустагар ва таъмири либосҳои махсус, ки машғули шустани либосҳои махсус мебошад; коргари ёрирасон; коргари мошинҳои ҷомашӯӣ, ки машғули шустани коло мебошад; афшурагари коло дар сентрифута; рӯбучингари биноҳои истеҳсолӣ) -7;

в) дар дастӣ шустани коло ва либоси махсус - 7.

Челонгари дастгоҳҳои сӯзишворӣ, ки машғули тармими дастгоҳҳои сӯзишвории дизелҳо мебошад -7;

Челонгар - тармимгари машғули озмоиш ва тармими компрессорҳои фреонию аммиакӣ ва дастгоҳҳои яхдонӣ -7;

Челонгари баҳрабардорӣ ва тармими лӯлаҳои зеризаминии газӣ, ки машғули тармими шабакаҳои зеризаминӣ ва корхонавии газ мебошад -14;

Чархгари барқӣ, ки машғули бо усули анодомеханикӣ ва барқшароравӣ анҷом додани чархгарӣ мебошад - 7".

2. Муқаррар карда шавад, ки татбиқи ҳамин қарор дар солҳои 2007-2008 дар вазорату идораҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар доираи фонди музди меҳнати тасдиқшудаи онҳо амалӣ карда мешавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 30 декабри соли 2007 № 658

ш. Душанбе