Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, № 657 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2001 № 423"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008с. № 377 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2001 № 423

Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ бобати дастгирии оилаву кӯдак ва ислоҳоти низоми идоракунии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар ҳайати Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2001 № 423 "Дар бораи таъсиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Мудири шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон,спорт ва туризми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Комиссия";

- банди 3 дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон".

2. Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мӯҳлати ду моҳ бо тартиби муқараргардида дар хусуси:

тартибу шартҳои ба ӯ вогузор шудани вазифа ва салоҳияти Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ноболиғон;

таъсиси низоми ягонаи идоракунии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ки бартараф намудани ҳолатҳои такрор намудани вазифа ва салоҳиятҳои мақомоти идоракуниро дар назар дорад;

ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хуқуқи кӯдак ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

аз 30 декабри соли 2007 № 657

ш. Душанбе

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз З0 декабри соли 2007 № 657

Ҳайати Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак

1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарастии масъалаҳои марбутаро ба ӯҳда дорад - Раиси Комиссия

2. Мудири Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон спорт ва туризми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Комиссия

3. Мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо розигӣ)

6. Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

8. Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9. Муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

10. Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

11. Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

12. Муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон

13. Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

14. Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

15. Котиби масъули Комиссия

16. Намояндаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ

17. Намояндаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ