Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2008, № 12 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 600"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 600

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 600 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад.

"Хадамоти давлатии ташхиси тиббӣ-иҷтимоӣ".

2. Дар Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар сархати дуюм калимаи "статсионар" ба калимаи "табобатгоҳ" иваз карда шавад;

- сархати сеюм хориҷ карда шавад;

- сархати даҳум дар таҳрири зайл баён карда шавад;

"Муассисаи давлатии Ансамбли ҷумҳуриявии "Лаъл".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 17 январи соли 2008 № 12

ш. Душанбе