Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2007 № 648
тасдиқ шудааст
Барномаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия барои солҳои 2007-2015
ПЕШГУФТОР
Барномаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия ҷиҳати иҷрои супоришҳои вобаста ба соҳаи саноати кишвар, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 дарҷ гардидааст, таҳия карда шудааст.
Барномаи мазкур дар асоси таҳлил ва баҳодиҳии вазъи воқеии истеҳсоли алюминийи аввалия дар ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст.
Асоси методологӣ ва амалии таҳияи Барномаро супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бобати зарурати зиёд кардани коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия дар ҷумҳурӣ, ташкил медиҳад. Барномаи мазкур барои дар амал татбиқ намудаии нақшачорабиниҳои Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 таҳия гардидааст. Дар амал ҷорӣ намудани ин Барнома имкон медиҳад, ки иқтидорҳои содиротии ҷумҳурӣ зиёд гашта, ҷойҳои нави корӣ ташкил шаванд, даромади корхонаҳои саноатӣ ва пеш аз қама иқтисодиёти миллӣ афзун гардад.
Моҳият ва зарурати таҳия ва қабули Барнома
Таҳия ва қабули Барномаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия барои рушди иқтисодиёти кишвар аҳамияти калон дорад. Давра ба давра афзун намудани коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия ба рушди саноати соҳаи коркарди алюминий таҳким бахшида, масьалаҳои шуғли аҳолӣ, рушди илми соҳавӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва ҳалли аксари масъалаҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Ҳоло бозори ҷаҳонии алюминий ба таври мунтазам ривоҷ меёбад. Ин вобаста ба он аст, ки алюминий дар байни дигар фулузот мавқеи пешбарандагӣ дошта бо сабаби хосиятҳои физикиву кимиёвии худ дар оянда имкониятҳои хуб дорад.
Афзалиятҳои алюминий аз дигар фулузот чунинанд:
а) сабукии вазни хос;
б) муқовимати баланди зидди зангзанӣ ва сармо;
в) тобоварӣ ба оташ;
г) осонии коркард ва қолабрезӣ;
д) қобилияти коркарди маротибаи дуввум;
с) қобилияти баланди барқгузарорӣ;
ж) намуди зебои зоҳирӣ;
з) бартарии хуби фулузӣ.
Ии хусусиятҳои алюминий истифодаи ӯро дар саноати мошинсозӣ, саноати электронӣ ва электротехникӣ, коркарди металл дар сохтмон, авиатсия ва дигар соҳаҳои саноат васеъ гардонидааст. Доираи истифодаи алюминий рӯз аз рӯз афзуда истодааст.
Тибқи маълумоти оморӣ дар як сол дар ҷаҳон 26 млм. тонна алюминий истеҳсол мегардад ва ё 412 ҳазор тонна 1,6 фисади онро Ҷумҳурии Тоҷикисгон истеҳсол менамояд.
Ҳамчунин, таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таҳлилҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки комёбиҳои дарозмӯҳлати бозорӣ метавонад аз ҳисоби афзоиши сермаҳсули истеҳсолот (гузариш аз сохтори истеҳсолоти якҷабҳа ба истеҳсолоти бисёрҷабҳа, ки номгӯи зиёди маҳсулоти истеҳсолиро дар бар мегирад) таъмин карда шавад.
Албатта, маълум аст, ки як тонна алюминийи коркардшуда ва маҳсулоти тайёр аз як тонна алюминийи хоми аввалия нархи бештаре дорад.
Ҳамин фикру мулоҳизаҳо ва таҳкику таҳлилҳо зарурати таҳияии як Барномаи махсуссро ба миён овардааст. Татбиқи Барномаи мазкур имкон медиҳад масьалаҳои мавҷударо, ки барои зиёд намудани ҳаҷми коркарди алюминийи аввалия дар корхонаҳои саноатии кишвар монеа мешаванд, ҳал намояд.
2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
Мақсади асосии Барномаи мазкур фароҳам овардани шароит ва замина ҷиҳати зиёд намудани коркарди алюминийи аввалия дар корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири алюминий мебошад.
Барои расидан ба ин мақсад ташаккул додани шароитҳои созгори иқтисодӣ, ташкили ҳуқуқӣ ва истеҳсолӣ зарур мебошад, яъне: вазифаҳои зеринро ҳал намудан лозим аст:
1. Ташкили фурӯши озоди биржавии алюминий дар ҷумҳурӣ.
2. Такмил додани заминаҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ.
3. Ташкил намудани низоми тадбирҳои афзалиятнок, барои коркарди алюминий ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминий.
3. Таҳлили вазъи кунунии соҳа
Тибқи маълумоти Институти Байналмилалии Алюминий дар семоҳаи 1-уми соли 2006 истеҳсоли алюминий дар ҷаҳон 4,1 % ё 5,9 млн. тонна афзудааст. Мутаносибан суръати афзоиши истеҳсоли алюминий дар Осиё-20,3 %, дар Америкаи Шимолӣ 5,6 %, дар Америкаи Лотинӣ -4,8 %, дар Африка - 4,7 % мебошад. Дар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ҳаҷми истеҳсолоти алюминий дар давраи зикршуда ба миқдори 4,9 % кам гардидааст. Дар КВД ,Ширкати Алюминийи Тоҷик, суръати афзоиш 9,2 %-ро ташкил медиҳад.
Новобаста ба зиёдшавии ҳаҷми умумии истеҳсоли алюминий ва баландшавии нархи он талабот дар бозори ҷаҳонӣ ба алюминий зиёд шуда истодааст.
Дар моҳи апрели соли 2006 дар Биржаи металлии Лондон нархи 1 тонна алюминий ба 2908 доллари ШМА расид. Яке аз сабабҳои асосии афзудани нархи алюминий ин зиёд гардидани нархи қувваи барқ ва нархи гилхок мебошад.
Рушди минбаъдаи саноати алюминий ба омилҳои зерин вобастагӣ дорад: рақобат барои аз худкунии манбаъҳои истеҳсоли кувваи барқ ва ашёи хом, азнавсозӣ ва навсозии соҳа, баландшавии нархи алюминий вобаста ба зиёдшавии хароҷоти истеҳсолӣ.
Мутобиқи таҳлилҳои пешакии мутахассисон нархи алюминий дар соли 2006 дар бозори ҷаҳонӣ мисли чор соли охир афзуда, талабот ба алюминий ба миқдори 6,2% зиёд гардид. Вобаста ба ин дар назар аст, ки нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ торафт боло меравад.
Дар соли 2006 истеҳсоли алюминий аввалия дар КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" 412800 тоннаро ташкил додааст ва аз ин 407122 тонна ҳамчун алюминийи аввалия ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки ин тақрибан 98% алюминийи аввалияи истеҳсолшударо ташкил медиҳад.
Афзоиши ҳарсолаи ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалияро дар шаш соли охир (2000,2006) дар КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" қайд кардан лозим аст.
Ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалия дар давраи солҳои 2000-2006 дар КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик"
+---------------+----------------------------------------------------ҷ
| | Солхо |
|Номгуи +-------+------+------+-------+-----+-----+-----+----+
|махсулот | 1991 | 2000 | 2001 | 2002 |2003 |2004 |2005 |2006|
+---------------+-------+------+------+-------+-----+-----+-----+----+
|Хачми истехсоли| 3757 | 269 | 289 | 307 | 319 | 3580| 379 | 412|
|алюминийи | 52 | 162 | 073 | 589 | 360 | 82 | 630 | 800|
|аввалия (тонна)| | | | | | | | |

Тамғаҳои алюминийи аввалияи КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" инҳоянд: АВ 91, АВ 92, АВ 97, АО, А5, А6, А7. А8, А5Е, А7Э.
Вале мутаассифона, ҳаҷми коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминий дар КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ниҳоят кам мебошад.
Масалан, дар соли 2006 корхона ҳамагӣ 2769,3 тонна алюминийи аввалияро коркард намуда, ба миқдори 2308,22 тонна маҳсулоти тайёри алюминий истеҳсол намудааст. Ин миқдор алюминий коркардшуда тақрибан 0,55 % ҳаҷми умумии истеҳсоли алюминий аввалияро ташкил медиҳаду халос.
Коркарди алюминий аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминий дар КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" дар соли 2006
+--+--------------------------------+-----------------+--------------ҷ
|№ | |Иктидори |Хачми |
| | Номгуи махсулот |лоихавии |истехсоли мах-|
| | |истехсоли |сулоти тайёр |
| | |(хазор тонна) |(хазор тонна) |
+--+--------------------------------+-----------------+--------------+
|1 | Профилхои алюмини | 10,0 | 1,00982 |

|2 | Конструксияхои алюмини | 2,5 | 0,083 |

|3 | Варакахои алюмини | 9,5 | 0,470, |

|4 | Молхои ниёзи мардум | 3,7 | 1,2154 |

|5 | Катанкахои алюмини | 53,0 | 3,361 |

| | ХАМАГИ | 78,7 | 6,14 |

Коркарди алюмннийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ дар КБД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" дар соли 2006
+--+------------------------+---------+-------------+----------------ҷ
|№ | Номгуи махсулот |Вохиди |Алюминийи |Хачми истехсоли |
| | |ченак |коркардашуда |махсулоти тайёр |
+--+------------------------+---------+-------------+----------------+
|1 | Профилхои алюмини | тн. | 1253,9 | 1009,32 |
| | дар асосии А6063, АД | | | |

| | Конструксияхои | | | |
| | алюминии дар асоси | | | |
|2 | профилхои алюмини, | тн. | 83,1 | 83,0 |
| | молхои ниёзи мардум | | | |
| | (фляга, мантупаз) | | | |

| | Истехсолоти кисмхои | | | |
|3 | эхтиёти барои талаботи | тн. | | |
| | дохилии корхона | | 1432,3 | 1215,4 |

| | ХАМАГИ | тн. | 2769,3 | 2308,22 |

Коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ дар КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" дар соли 2006 нисбат ба соли 2005 ба миқдори 395,99 тонна зиёд гардидааст, ки ин ҳаҷм 20,7 фоизи соли 2005-ро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, қайд кардан лозим аст, ки иқтидори лоиҳавии солонаи коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминий дар КВД "Ширкати Алюмимийи Тоҷик" ба 79,2 ҳазор тонна баробар буда, дар соли 2004 ҳамагӣ 11,1 фоиз, дар соли 2005 бошад 2,4% ва дар соли 2006, 7,8 фоиз истифода шудаанду халос.
Мутаассифона, коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ дар КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" сол то сол кам мегардад.
Корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 аз КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ба миқдори 2939,29 тонна алюминийи аввалия харидорӣ намудаанд, ки тақрибан 0,7% ҳаҷми умумии истеҳсоли алюминиро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки миқдори ками алюминийи дар дохили кишвар коркард шуда, қисми асосии он ба хориҷи кишвар ҳамчун алюминийи хом содир гардидааст.
Айни замон дар корхонаҳои КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик", Ҷамъияти сахомии пӯшидаи - "Тоҷиккабел", Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Регар-Кабел", Ҷамьмяти дорои масъулияти маҳдуди "Доро Оҳангар", Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Филиз", Ҷамьияти саҳомии шакли кушодаи "Ҳумо" ва Корхонаи вохиди давлатии "Тоҷиктекстилмаш" коркарди алюминийи аввалия ба роҳ монда шудааст.
Пас аз қабули Барнома ғайр аз корхонаҳои зикргардида дар Корхонаи воҳиди давлатии "Заря Востока", Заводи таҷрибавии таҷҳизоти технологии шаҳри Кӯлоб (КОЗТО), Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Чароғ", Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Хуҷандторгмаш", Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Торгмаш" -и шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дорои масьулияти маҳдуди "Нигин ЛТД" ва Ҷамъияти масьулияти маҳдуди "СКТБ Асри 21" ба роҳ монда коркарди алюминийи аввалия дар назар аст.
Миқдори алюминие, ки КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ба корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 фурӯхтааст
+---+-----------------------------+----------------+-----------------ҷ
|№ | Руйхати харидорон |Вохиди ченак | Микдор |
+---+-----------------------------+----------------+-----------------+
| | Катанкахои алюмини: хамаги | кг | 2826874 |

|1 | Чамъияти сахомии пушидаи | кг | 31242 |
| |"Точкабел" | | |

|2 | "Точикэнергоснаб" | кг | 599530 |

|3 | Чамъияти сахомии пушидаи | кг | 2196102 |
| |"Регар-Кабел" | | |

| | Варакахои алюмини хамаги: | кг | 112422 |

|4 | Чамъияти дорои масъулияташ | кг | 6000 |
| | махдуди "Панда" | | |
| | | | |

|5 | "Точикэнергоснаб" | кг | 46300 |

|6 | Чамъияти дорои масъулияташ | кг | 500 |
| | махдуди "Гран" | | |

|7 | Шахсони вокеи | кг | 54622 |

|8 | Чамъияти дорои масъулияташ | кг | 5000 |
| | махдуди "Доро-Охангар" | | |

| | ХАМАГИ | кг | 2939296 |

Ҳарчанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алюминийи аввалия ба микдори кофӣ истеҳсол мешавад, аз хориҷа ба бозори дохилии мамлакат маҳсулоти зиёди тайёри алюминӣ ворид мегарданд.
Маълумотҳои омории гумрукӣ дар бораи воридоти маҳсулоти тайёри алюминӣ ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006
+---+----------------------------------+--------------+--------------ҷ
| № | Номгуи махсулот | Асъор | Вазн (кг) |
| | |(доллари ИМА) | |
+---+----------------------------------+--------------+--------------+
|1 |Прфилхо ва молхои алюмини | 264665 | 182915 |

|2 |Сими алюмини | 59914 | 20422 |

|3 |Варакахои алюмини гафсиашон | | |
| | аз 0,2 мм зиёд | 151610 | 275386 |

|4 |Фолгахои алюмини гафсиашон | | |
| | аз 0,2 мм хурд | 191078 | 331259 |

|5 |Кубурхои алюмини | 15168 | 37536 |

|6 |Фитингхо барои кубурхои алюмини | 2245 | 7134 |

|7 |Конструксияхои алюмини | 253114 | 108949 |

|8 |Зарфхо, систернахо, гунчоишхои | | |
| |алюмини гунчоишашон аз 360л. зиёд | 200 | 360 |

|9 |Зарфхо, барабанхо, гунчоишашон аз | 7961 | 690
| 300 л. камтар

|10 |Зарфхои алюмини барои газхои моеъ | | |
| |ва фишурдашуда | 10500 | 5435 |

|11 |Симхои тобдодашуда, тросхо, | | |
| |нокилхои беизолятсия | | |
| | | 15898 | 5601 |

|12 |Маснуот барои ошхонахо, махсулоти | | |
| |маиши, тачхизоти бехдошти | | |
| |техники | 26052 | 66074 |

|13 |Дигар махсулотхои гуногуни алюмини|271184 | 206399 |

| |ХАМАГИ |1269589 | 1248160 |

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки арзиши миёнаи як тонна маҳсулоти тайёри алюминии аз хориҷа воридгашта ба 1548 доллари ШМА баробар аст.
Вобаста ба талаботи бозори дохилӣ ташкил намудани истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ, бисёр корхонаҳои ватаниро ба кор дароварда ба берун баромадани асъорро боз медорад.
Таҳлили вазъи кунунии коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ нишон медиҳад, ки дар воқеъ вазъи ин соҳа дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад.
Дар корхонаҳои ватание, ки ба коркарди алюминий машғул мебошанд, профилҳо ва конструксияҳои алюминӣ, варақаҳои алюминӣ, катанкаҳои алюминӣ, истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ, насосҳои гидравликӣ, плитаҳои алюминӣ ва молҳои ниёзи мардум (фляга, мантуқазон, дег ва ғайра) истеҳсол карда мешаванд.
Баъди қабули Барнома на татбиқи он варақаҳои алюминии истеҳсолшуда, фолгаҳо ва банкаҳои алюминӣ барои саноати дорусозӣ, саноати хӯрокворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт истифода мешаванд.
Ҳарчӣ тезтар бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ба рушди соҳа мусоидат менамояд.
Сабабҳои асосии дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор гирифтани соҳа инҳо мебошанд:
1. Нархи нисбатан баланди фурӯши алюминий ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ва мавҷуд будани монеаҳои сунъӣ ҳангоми харидани алюминий.
2. Таваҷҷӯҳи нокифоя ба коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти алюминӣ дар КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик".
3. Дараҷаи баланди хӯрдашавӣ ва кӯҳнашавии дасгоҳҳою таҷҳизотҳои корхонаҳои коркарди алюминий.
4. Камчин будани воситаҳои гардон дар корхонаҳо.
5. Сатҳи пасти ҷалби сармоя.
6. Рушди нокифояи инфраструктураи бозоргонӣ.
7. Шартҳот номақбули гирифтани қарзҳои бонкӣ.
8. Кам будани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳа.
9. Сатҳи пасти маош дар соҳаҳои саноат ва сатҳи пасти ҳавасмандгардонӣ.
10. Таваҷҷӯҳи нокифояи олимон ва институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба дастовардҳои муосири илм, техника ва технологияи ин соҳа.
11. Дараҷаи паст ва нокифояи муносибатҳои иқтисодии байнн давлатҳои аьзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аъзои Ҳамкориҳои Иқтисодии Авроосиё, мамлакатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай.
12. Дур будани корхонаҳои соҳа аз бозорҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ва нисбатан танг будани бозори дохили мамлакат.
4. Дурнамои соҳа дар оянда
Таҳлили маркетенгии бозорҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки талабот ба алюминийи аввалия ва маҳсулоти тайёри алюминӣ нисбатан зиёд асӣ.
Аз рӯи ҳисоботи пешакии мутахассисон камёфтии (дефитсити) алюминий дар соли 2006, 135,0 ҳазор тонна ва дар соли 2007, 509,0 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.
Вобаста ба конъюктураи бозор зиёд намудани истеҳсоли алюминийи аввалия ва инчунин коркарди он мувофиқи мақсад мебошад.
Рушди истеҳсоли алюминийи аввалия ва ҳамчунин коркарди он ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди хоҷагии халқи мамлакатамон ба ҳисоб меравад.
Маводҳои асосӣ барои истеҳсоли алюминийи аввалия қувваи барқ ва гилхок мебошанд.
Хушбахтона, мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ мусоид мебошад.
Иқтидори умумии лоиҳавии захираҳои қувваи барқи мамлакатамон 527 млрд. квт/соат дар як сол буда, зиёда аз 230 млрд квт/соати он аз ҷиҳати техникӣ имконпазир ва аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок мебошад.
Анҷом ёфтани сохтмони нерӯгоҳҳои Роғун, Сангтӯда-1, Санггӯда-2, Шӯроб, Даштиҷум ва истифодаи оқилонаи ҳавзаи дарёи Зарафшон истеҳсоли кувваи барқро дар кишвар то 57-60 млрд кВт/ соат дар як сол мерасонад.
Тибқи Барномаи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистои дар давраи то соли 2015 истеҳсоли қувваи барқ дар соли 2010 ба 24 млрд кВт/соат ва дар соли 2015, 29,9 млрд кВт/соат расонида мешавад.
Тавре маълум аст, барои истеҳсоли гилхок аз боксит, нефелин ва гилҳои каолитӣ истифода мебаранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои зиёди маводи алюминийдор мавҷуданд. Захираҳои гилхоки кони Турпӣ воқеъ дар водии Рашт зиёда аз 100 миллион тонна мебошад. Инчунин конҳои Тутак ва Оқсон дар водии Рашт, кони Агбасой воқеъ дар доманакӯҳҳои Ҳисору Зарафшон дорои захираҳои зиёди маводи нефелинӣ мебошад. Дар шимоли ҷумҳурӣ бошад захираҳои зиёди гилҳои каолинӣ мавҷуданд. Ҳоло дар дунё якчанд метод ва технологияҳои истеҳсоли гилхок аз гил вуҷуд доранд. Барои ин истеҳсолот захираҳои конҳои Шӯртанг ва Шӯроби ноҳияи Исфараи вилояти Суғдро истифода бурдан бамаврид мебошад. Тибқи маълумоти пешакӣ захираҳои кони Шӯртанг 1 миллиард тонна ва кони Шӯроб бошад 250-300 милион тоннаро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ захираҳои умумии конҳои дар мамлакатамон мавҷудбуда зиёда аз 2 миллиард тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳолати истифодаи дурусти ин захираҳо ва ҷорӣ намудани истеҳсоли гилхоки ватанӣ масьалаи таъминоти корхонаҳои истеҳсоли алюминийи аввалия бо ашёи маҳаллӣ ҳалли худро мсёбад.
Албатта, ташкил намудани шароитҳои мусоиди сармоягузорӣ, мавҷудияти ашёи хоми маҳаллӣ, захираҳои зиёди қувваи барқ дар ояндаи наздик ва захираҳои қувваҳои истеҳсолкунанда боиси таъсиси иктидорҳои нави истеҳсоли алюминий мегардад.
Вобаста ба зиёдшавии истеҳсоли алюминийи аввалия коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ низ тадриҷан зиёд мегардад. Дар ҳоли ҳозир алюминийи аввалияи дар кишварамон истеҳсолшуда бо масрафи хароҷоти зиёд ба ҳазорҳо-ҳазор километр роҳҳо кашонида шуда, баъди пардохтҳои боҷҳои гумрукии ҳатмӣ, хароҷот ҳангоми боркуниюю фуровардан, нигаҳдорӣ дар анборҳо ва дигар хароҷотҳои гуногун то ба корхонаи коркарди алюминийи аввалия расонида шуда дар он ҷо ба маҳсулоти тайёр мубаддал мешавад. Ҳамчунин, қайд намудаи зарур аст, ки бо дарназардошти тамоили афзуншавии нархи нафт ва сӯзишвориҳо ҳаҷми хароҷоти интиқолӣ торафт меафзояд.
Албатта, дар ҳолати истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ дар дохили мамлакат ин гуна хароҷот ихтисор мешаванд ва дар натиҷа арзиши аслии маҳсулоти тайёри истеҳсолшуда паст мегардад.
Илова бар ин, ташкил намудани шароитҳои мусоиди инвеститсионӣ, захираҳои қувваи барқ, бо сабабҳои нисбатан паст будани сатҳи зиндагонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳои асосии рушди соҳаи коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ мегардад.
Вазъи кунунии соҳа, мушкилиҳо ва проблемаҳои вуҷуддоштарр ба инобат гирифта дар Барнома мақсад гузошта мешавад, ки то соли 2015 хаҷми умумии коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ бояд 10 фоизи ҳаҷми умумии алюминийи аввалияр дар мамлакат исеҳсолшударо ташкил диҳад. Ҳаҷми умумии истеҳсоли алюминийи аввалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 бояд ба 600 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад.
Диаграммаи ҳаҷми умумии истеҳсолоти алюминийи аввалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015
*** Диаграмма оварда намешавад
Маҳсулоти тайёри аз алюминий истеҳсолшуда талаботи бозори дохилиро қонеъ гардонида асосан (қариб 80 %-и он) ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.
Нишондиҳандаҳои содироти алюминийи аввалия ва маҳсулоти тайёри алюмииӣ дар давраи то соли 2015:
+----------+----+------+-----+------+------+-----+-----+------+------ҷ
|Нишонди- | | 2005 |2006 | 2007 | 2008 |2009 |2010 |2015 |Суръа-|
|хандахо | |(асли)|(асли|(чашм-| | | | |ти |
| | | | |дошт) | | | | |афзоиш|
| | | | | | | | | |дар |
| | | | | | | | | |с.2015|
| | | | | | | | | |нисбат|
| | | | | | | | | |ба с. |
| | | | | | | | | |2005 |
+----------+----+------+-----+------+------+-----+-----+------+------+
|Содироти |хаз.|375,3 |409,0|415,1 |425,1 |437,1|454,3|552,01|139 |
|алюминийи |тн | | | | | | | | |
|аввалия +----+------+-----+------+------+-----+-----+------+------+
| |хаз.| 563 |10498|10654 |109080|1123 |1166 |141681|2,4 |
| |дол | 099 | 070 |37,0 |66,0 |4444 |051,8|4 |маро- |
| |ШМА | | | | |5 | | |тиб |

|Содироти |хаз.| 0,9 | 5,8 | 6,5 | 7,1 |14,0 | 19,4| 48,5 | 53,9 |
|махсулоти |тн. | | | | | | | |маро- |
|тайёри | | | | | | | | |тиб |
|алюмини +----+------+-----+------+------+-----+-----+------+------+
| |хаз |2268 |9893 |10999 |18815 |38500|54320|135800| 59,8 |
| |дол.| | | | | | | |маро- |
| |ШМА | | | | | | | |тиб |

Талабот ба маҳсулоти тайёри алюминӣ дар бозори дохилни мамлакат низ меафзояд. Бо зиёдшавии сохтмонҳои саноатию маишӣ талабот ба конструксияҳои алюминӣ, дару тирезаҳои алюминӣ, тунукаҳо барои болои бом зиёд мегардад.
Инчунин, истифодаи алюминийи аввалия барои истеҳсоли нокилҳо ва симҳои барқгузаронӣ самти ояндадори рушди ин соҳа ба ҳисоб меравад. Ҳангоми ба истифодадиҳии сохтмонҳои нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва дигарҳо сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ зарур аст. Ҳамчунин, ҳангоми сохтмони хатҳои интиқоли барқ ЛЭП-500 "Шимол-Ҷануб" ва ЛЭП-500 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ноқилҳо ва симҳо лозиманд.
Илова бар ин бояд қайд намуд, ки дарозии ҳамаи хатҳои иниқоли барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 168,3 ҳазор км, аз ҷумла бо шиддати 0,4-10 кв 141,3 ҳазор километро ташкил медиҳанд. Зиёда аз 50% хатҳои интиқоли муддати 30-50 сол истифода шуда истода, мӯҳлати истифодабариашон гузаштааст. Аз ҳамин сабаб дар ояндаи наздик корҳои таъмирию ивазкунии ин хатҳои интиқолиро мебояд гузаронид.
Ҳангоми сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои таъиноти гуногун, эҳтиёҷот ба симҳою ноқилҳои алюминӣ зиёдмегарданд.
Дар рӯзгори хона истифодабарии молҳои ниёзи мардум аз алюминийи истеҳсолшуда низ доираи истифодаи алюминийро васеъ мегардонад.
Ҳамин тариқ, талаботи бозори дохилӣ ва истифодаи васеи маҳсулоти алюминӣ дар рӯзгор низ афзун намудани коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминиро тақозо менамояд.
5. Самтҳои асосии коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ
Барномаи мазкур чунин самтҳои асосии коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти алюминийро муайян менамояд:
1. Ташкили истеҳсоли маҳсулотҳои алюминие, ки мувофиқи маълумоти гумрукӣ мунтазам аз хориҷи кишвар воридот мешаванд, инчунин вобаста ба талаботи бозори дохилӣ истеҳсоли молҳои ниёзи мардум.
2. Афзун намудани истеҳсоли нокилҳо ва симҳои барқгузаронии алюминӣ ва васеъгардонии номгӯи маҳсулотҳо.
3. Ташкили истеҳсоли тунукахо, фолгаҳо ва банкаҳои алюминӣ барои саноати дорусозӣ, саноати хӯрокворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт.
4. Ташкили истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии тайёраҳо, автомобилҳо, тракторҳо, мототсиклҳо ва дигар ҷузъҳои алоҳида ва агрегатҳои гуногун дар кооператсияи ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги истеҳсолии ҷаҳон.
5. Ташкили истеҳсоли тамғаҳои гуногун ва хӯлаҳои махсуси алюминӣ, лигатураҳо дар асоси алюминий ва истеҳсоли алюминийи махсусан тоза.
Нишондиҳандаҳои суръати афзоиши коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ дар давраи то соли 2015
+---------+-------+----+----+----+----+----+----+----+----+----+-----ҷ
|Солхо | 2005|2006|2007|2008|2009|2010|2011|2012|2013|2014|2015 |
+---------+-------+----+----+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|хаз.тн. | 5,2| 6,5|8,2 |11,0|14,0|18,0|23,0|29,0|37,0|48,0|60,0 |

Диаграммаи ҳаҷми умумии коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015
*** Диаграмма оварда намешавад
6. Тадбирҳо оид ба дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати афзунсозии коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ
Дар амал татбиқшавии Барномаи мазкур дар ҳолати дастгирии мунтазами давлатӣ ва ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ имконпазир мебошад.
Пеш аз ҳама, ҳалли масъалаи ташкили фурӯши озоду бемонеаи биржавии алюминийи аввалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷае мебошад, ки амалишавии Барномаи мазкур пурра аз он вобастагӣ дорад.
Дар баробари ин амалисозии маҷмӯи чораҳои хусусияти иқтисодидошта мувофиқи мақсад мебошад. Дар маҷмӯи чорабиниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ мусоидати молиявӣ яке аз тадбири асосӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи "Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015" таъсис намудани Фонди инноватсионии рушди содирот дар назар аст. Мувофиқи ин Барнома, ба корхонаҳое, ки ба содироти маҳсулот сару кор доранд, аз ҳисоби ин Фонд мусоидати молиявӣ расонида мешавад.
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки дар давраи татбиқи Барнома барои дастгирии рушди соҳа ва афзун намудани молҳои дараҷаи баланди коркард ба истифодаи қарзҳои имниёзноки бонкӣ аҳамияти махсус дода мешавад.
Дар доираи таьсиси дастгирии давлатӣ андешидани чораҳои махсуси ҳимоявӣ - зиддидемпипгӣ ва ҷубронӣ ҷиҳати ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ аз воридоти барзиёд мутобиқ ба меъёр дар доираи стандартҳои байналмилалӣ, зарур мебошанд.
Дар қатори чораҳои дастгирии давлатӣ мусоидан намудан барои рушди соҳаи коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ низ, дорои нақши муҳими ҳавасмандгардонӣ мебошад. Барои мусоидат намудаи, чунин чорабиниҳо пешбинӣ мегарданд:
1. Ташкил намудани мониторинги истеҳсолӣ бо мақсади сари вақт огаҳи ёфтан аз монеаҳо ва мушкилиҳои соҳа ва андешидани чораҳои таъҷилӣ ҷиҳати бартараф сохтани он.
2. Ташкил намудани машваратҳои доимӣ бо истеҳсолкунандагони ватанӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷорӣ ва перспективӣ.
3. Ташкил намудан ва гузаронидани намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо ва вохӯриҳо бо иштироки намояндагони хориҷӣ.
4. Омӯзиши доимии конъюктураи бозорҳои ҷаҳонӣ ва расонидани иттилоъҳои зарурӣ оид ба талабот ва тағйироти бозорҳо ба истеҳсолкунандагони ватанӣ.
5. Ёрии амалӣ расонидан ҷиҳати тартиб додани лоиҳаҳои инвеститсионии корхонаҳои соҳа.
6. Пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба сармоягузорон ҳангоми вохӯриҳо ва дигар маҷлису машваратҳо.
7. Рекламаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, маҳсулоти тайёр ва пешниҳоду дархостҳо ба воситаи шабакаи Интернет.
8. Кӯмакҳои ташкилӣ, иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ дар хориҷа.
9. Мусоидати доимӣ ҳангоми содироту воридоти маҳсулот.
10. Ёрии амалӣ ҳангоми таҳияи чорабиниҳо мувофиқ бо талаботҳои стандартӣ, техникаи бехатарӣ ва ғайраҳо.
Татбиқи чораҳои зикршуда инчунин тадбирҳои дар замимаҳои Барномаи мазкур дарҷгардида барои рушди батадриҷи соҳаи коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ имкон медиҳанд.
7. Давраҳои татбиқи Барнома
Татбиқи амалии ин Барнома дар сурати иҷрои босифат ва саривақтии Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ таъмин мегардад (замима шудааст).
Татбиқи Барнома асосан дар ду давра амалӣ мегардад:
Дар давраи аввал, бо сабабҳои норасоии қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон, номукаммалии қонунҳо, инфраструктура ва комуникатсияҳои инкишофнаёфта, кам будани таҷрибаи истеҳсолӣ ва таҳлилҳои маркетингии соҳа, нарасидани мутахассисони баландихтисос ва дигар мушкилиҳо, қонунҳо бояд такмил дода шаванд, лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия карда шаванд, дастгирии давлатӣ такмил дода шавад, намоишҳо, бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои махсуси ташкилӣ гузаронида шаванд. Инчунин дар ин давра бо ин мақсад дар КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" зиёд кардани хаҷми коркарди алюминийро пешбинӣ кардан зарур аст. Оид ба афзоиши хаҷми коркард ва васеъгардонии номгӯи маҳсулотҳои тайёри алюминӣ дар корхонаҳои саноатие, ки дар ин самт фаъолият менамоянд, чораю тадбирҳо андешидан зарур мебошад. Дар давраи аввал, ҳамчунин, ташкили истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва дигар молҳо дар корхонаҳои саноатии кишвар дар назар аст.
Тавре маълум аст, сохтмонҳои нерӯгоҳҳои барқии обӣ, нақбҳо ва роҳҳо асосан дар солҳои 2009-2010 анҷом меёбанд, ки боиси ҳалли мушкилоти мавҷуда мегарданд. Таъмини пурраи кувваи барқ, сохтмони роҳҳо ва нақбҳо, мукаммалии қонунҳо, беҳтаршаввӣ инфраструктураи иқтисоди бозорӣ, зиёдшавии таҷрибаи даркорӣ таҳияи тадбирҳои дастгирии давлатӣ ва фароҳамоварии шароити мусоид барои рушдн соҳаи истеҳсоли алюминийи аввалия ва коркарди босуръати он имконият медиҳад.
Вобаста ба ин, дар давраи дуюми татбиқи Барнома зиёдшавии корхонаҳои коркарди алюминийи аввалия, ташкили истеҳсолоти гилхоки ватанӣ, баромадан ба бозорҳои байналмилалии маҳсулоти тайёри алюминӣ, истеҳсоли алюминийҳои махсусан тоза ва хӯлаҳои алюминӣ мақсадгузорӣ шудааст.
Татбиқи пурраи Барнома аҳамият ва дастгирии доимӣ, инчунин ташкили шароити мусоидро барои рушди соҳа талаб менамояд.
8. Натиҷаҳои асосии татбиқи Барнома
Фароҳам сохтани шароити зарурӣ барои рушди устувори соҳаи коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсол намудани ҳар чӣ бештари маҳсулоти тайёри алюминийи баландсифат ва бозоргир муҳимтарин натиҷаи Барномаи мазкур мебошад.
Бояд қайд кард, ки таҳия ва ҷори кардани Барномаи мазкур барои кам кардани содироти алюминийи хом имконият медиҳад ва ҷумҳурӣ аз манбаи ашёи хом ботадриҷ ба давлати содиркунандаи маҳсулоти босифат ва технологияи баланди алюминӣ табдил меёбад.
Дар Барнома 12 маротиба зиёд намудани коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти алюминӣ дар соли 2015 нисбат ба соли 2005 пешбннӣ шудааст. Ҳангоми муайян намудани ин пешниҳодҳо, пеш аз ҳама фурӯши озоди алюминийи аввалия бо нархҳои дастрас барои таъмини истеҳсолкунандагони ватанӣ ба асос гирифта шудааст. Бо дарназардошти он, ки КВД ,Ширкати Алюминийи Тоҷик, бо усули системаи толлингӣ фаъолият менамояд, пешниҳод мегардад, ки ҳангоми фурӯши алюминий талаботи истеъмолкунандагони ватанӣ ба инобат гирифта шаванд. Хуб мебуд, ки корхона ҷиҳати омӯзиши захираҳои гилхоки ватанӣ тадқиқотҳо гузаронида, батадриҷ ба истеҳсоли маҳсулот аз ашёи хоми маҳаллӣ гузарад. Ҳамчунин зикр бояд намуд, ки дар ҳолати фаъолияти озоду новобастаи он аз дигар ширкатҳо, корхона метавонад бемонеа ба истеҳсоли маҳсулоти алюминӣ низ, машғул бошад.
КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" имконияти калон дорад, ки коркарди алюминийи аввалияро хеле васеъ гардонида, истеҳсоли номгӯи маҳсулоти истеҳсолкардаи худро зиёд намояд.
Дар Барнома ба инобат гирифта шудааст, ки сармоягузориҳои воқеии хориҷӣ барои зиёд намудани истеҳсоли алюминий ва сохтмони нерӯгоҳхои барқӣ обӣ имкон медиҳанд, ки ҳам истеҳсоли алюминийи аввалия ва ҳам коркарди он афзун гардонида шавад..
Барои иҷрои Барномаи мазкур тақрибан 110 - 120 млн. долл. Штатҳои Муттаҳидаи Амрико лозим мебошад. Вобаста ба ин, таҳия намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва ҷалби сармоягузорон мувофиқи мақсад мебошад.
Дар ҳолати бо нархҳои дастрас алюминийи аввалияро ба даст овардани ҷамъиятҳои саҳомии пӯшидаи "Тоҷкабел", "Регар-Кабел" ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Доро Оҳангар" истеҳсоли маҳсулотҳои тайёри алюминӣ метавонад зиёд гардад.
Татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома, боиси таъсиси 25000 ҷойҳои нави корӣ мегардад. Иҷрои пурраи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур оид ба коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр иҷрои супоришҳое мебошад, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 бармеоянд.
9. Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри алюминӣ
+--+-----------------------+------------+------+---------------------ҷ
|№ | Тадбирхои асоси |Шакли татбик|Мухла-| Ичрокунандагон |
| | | |ти | |
| | | |ичро | |
+--+-----------------------+------------+------+---------------------+ 3 4
| 1| 2 | 3 | 4 | 5 |
+--+-----------------------+------------+------+---------------------+
| |Тахия ва тасдики санад-| Лоихаи | 2007 |Вазорати энергетика |
| |хо барои ташкили фуруши| карори | |ва саноати Чумхурии |
| |озоди биржавии алюми- | Хукумати ЧТ| |Точикистон, Вазорати |
|1 |нийи аввалия дар дохили| | |рушди иктисод ва |
| |мамлакат, риояи хукук- | | |савдои Чумхурии |
| |хои харидорон ва исти- | | |Точикистон, Хукумати |
| |фодабарандагони | | |Чумхурии Точикистон, |
| |алюминийи аввалия | | |Биржаи фуруши молу |
| | | | |ашёи Точикистон, |
| | | | |Палатаи савдо ва |
| | | | |саноати Чумхурии |
| | | | |Точикистон |

| |Андешидани чорахои мах-| таклифу |2007- |Хадамоти гумруки |
| |суси химояви зиддидем- |пешниходхо |2008 |назди Хукумати |
|2 |пинги ва чуброни чихати|ба Хукумати | |Чумхурии Точикистон |
| |химояи истехсолкунанда-|ЧТ | |Вазорати энергетика |
| |гони ватани мутобик ба | | |ва саноати Чумхурии |
| |меъёр ва стандартхои | | |Точикистон, Вазорати |
| |байналмилали | | |молияи Чумхурии |

|3 |Тахия ва тасдики мачмуи| лоихаи |2007- |Вазорати энергетика |
| |дастгирихои махсуси | карори |2008 |ва саноати Чумхурии |
| |давлати дар самти | Хукумати ЧТ| |Точикистон, Вазорати |
| |истехсолоти махсулотхои| | |молияи Чумхурии |
| |тайёри алюминийи | | |Точикистон |
| |илмталаб | | | |

|4 |Тахияи пешниходхо оид | таклифу |2007- |Вазорати рушди икти- |
| |ба ташкил намудани |пешниходхо |2008 |сод ва савдои |
| |минтакахои озоди |ба Хукумати | |Чумхурии Точикистон |
| |иктисоди, чихати |ЧТ | |Вазорати энергетика |
| |ташкили истехсолоти нав| | |ва саноати Чумхурии |
| |бо дарназардошти | | |Точикистон,Саридораи |
| |мавчудияти ашёи хоми | | |геологияи назди |
| |махалли ва душворихои | | |Хукумати Чумхурии |
| |инфрасохтори | | |Точикистон, Академияи|
| | | | |илмхои Чумхурии |

|5 |Тахия ва тасдики тарти-| лоихаи |2008 |Вазорати энергетика |
| |би мусоидат намудан аз | карори | |ва саноати Чумхурии |
| |хисоби Фонди инноватси-| Хукумати ЧТ| |Точикистон, |
| |онии рушд ба корхонахое| | |Вазорати рушди икти- |
| |ки махсулоти тайёри | | |сод ва савдои |
| |алюминии дарачаи кор- | | |Чумхурии Точикистон |
| |карди баландро содирот | | | |
| |менамоянд | | | |

| |Тахияи лоихахои инвес- | фаъолияти |2007- |Вазорати энергетика |
| |тисиони, бизнес-лоихахо| доими |2015 |ва саноати Чумхурии |
| 6|чихати чалби сармоягу- | | |Точикистон, |
| |зорон | | |Корхонахои саноати |

| |Тахияи накшаю тадбирхо | тахияи | 2007 |КВД "Ширкати |
| |оид ба сол ба сол афзун| зербарнома | |Алюминийи Точик" |
|7 |кардани коркарди алюми-| | | |
| |нийи аввалия ва истех- | | | |
| |соли махсулоти тайёри | | | |
| |алюмини дар давраи то | | | |
| |соли 2015 дар КВД | | | |
| |"Ширкати Алюминийи | | | |
| |Точик" | | | |

| 8|Ташкил намудан ва гуза-| созишномаи |2007- |Вазорати энергетика |
| |ронидани намоишгоххо, | хамкори |2015 |ва саноати Чумхурии |
| |бизнес-форумхо, вохури-| | |Точикистон, |
| |хо бо иштироки сармоя- | | |КВД "Ширкати |
| |гузорон ва корхонахои | | |Алюминийи Точик" |
| |соха | | | |

| |Дар корхонахои саноатии|созишномаи |2007- |Вазорати энергетика |
| |кишвар бо истифода аз |хамкори |2015 |ва саноати Чумхурии |
|9 |чалби сармоя истехсоли | | |Точикистон, |
| |намудхои нави махсулоти| | |Корхонахои саноати |
| |алюмини | | | |

|10|Тахия ва пешниходи тех-| фаъолияти |2007- |Академияи илмхои |
| |нологияи истехсоли | амали |2008 |Чумхурии Точикистон |
| |алюминихои махсусан | | | |
| |тоза ва хулахо алюмини | | | |

|11|Тахияи лоихахои |корхои амали|2010- |Вазорати энергетика |
| |инвеститсиони ва корхои|ва чалби |2012 |ва саноати Чумхурии |
| |амали оиди чалби сармоя|сармоя | |Точикистон,Вазорати |
| |чихати ташкили | | |рушди иктисод ва |
| |истехсоли гилхои ватани| | |савдои Чумхурии |
| | | | |Точикистон, Академияи|
| | | | |илмхои Чумхурии |
| | | | |Точикистон,Саридораи |
| | | | |геологияи назди |
| | | | |Хукумати Чумхурии |

|12|Тайёр намудани кадрхои | фаъолияти |2007- |Вазорати маорифи |
| |баландихтисоси сохаи | амали |2015 |Чумхурии Точикистон, |
| |коркарди алюминийи | | |Вазорати энергетика |
| |аввалия | | |ва саноати Чумхурии |
| | | | |Точикистон, |
| | | | |Донишгохи Техникии |