Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, № 653 "Дар бораи Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Файзободи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Файзободи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

Мутобиқи моддаҳои 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Файзободи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ба Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Файзобод табдил дода шуда, аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналии ноҳияи Файзобод гузаронида шавад.

2. Аз рӯйхати иншооти ба таркиби Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" шомилгардида, ки корхонаи мазкур дар он ҳамчун "Корхонаи байниноҳиявии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Файзобод" ворид гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2001 № 357 "Дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" тасдиқ шудааст, фасли IX хориҷ карда шавад.

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Э.Раҳмонов

аз 30 декабри соли 2007 № 653

ш.Душанбе