Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, № 649 "Дар бораи тасдиқи Тартиби таҳияи дурнамоҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2019 № 279 аз эътибор соқит дониста шуд 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Тартиби таҳияи дурнамоҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаҳои 3 ва 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 34 Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби замимагардидаи таҳияи дурнамоҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- хар сол, на дертар аз 10 январ пешниҳодро доир ба ташкил ва мӯҳлати таҳия намудани нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иқтисодиёти миллӣ барои давраи пешистода барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд:

- ба вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми таҳияи дурнамоҳои соҳавӣ ва минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ёрии методӣ расонад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 30 декабри соли 2007 № 649

ш. Душанбе