ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, №7, моддаи 105; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №22, моддаи 268; соли 2002, №11, моддаи 702) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
2. Қисми дуюми моддаи 4 хориҷ карда шавад.
3. Ба қисми ҳафтуми моддаи 5 ҷумлаи зерин илова карда шавад:
"Тартиби интихоби раёсат ва ваколатҳои он мувофиқи оинномаи ҷамъияти матлубот ва иттифоқи он ба амал бароварда мешавад.".
4. Дар моддаи 6:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон ва ваколатҳои он";
- ба модда қисми 3 дар таҳрири зерин илова карда шавад:
"Иттифоқи Тоҷикматлубот ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
- манфиатҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлуботро дар суд ва дигар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ ва ҳимоя мекунад;
- стратегия ва барномаи рушди кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ, роҳҳои татбиқи қарорҳои қабулнамудаи анҷуманро таҳия ва амалӣ менамояд;
- бо максади татбиқи барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии соҳа фаъолияти маблағгузориро дар ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот амалӣ месозад;
- иҷрои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои қабулкардаи худро аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои кооператсияи матлубот - аъзои Иттифоқи Тоҷикматлубот ташкил ва назорат менамояд;
- бо ташкилотҳои кооператсияи матлуботи дигар давлатҳо, инчунин ташкилотҳои байналмилалии кооператсияи матлубот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон робита барқарор месозад;
- дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти кооператсияи матлубот дахл доранд, иштирок менамояд;
- барои ташкилотҳои кооператсияи матлубот - аъзои Иттифоқи Тоҷикматлубот оиди сохтори ташкилӣ, меъёрӣ, пардохти музди меҳнат, таъсис ва истифодаи фондҳо, ки хоси соҳаи кооператсияи матлубот мебошанд, дастуру тавсияҳо ба нашр мерасонад;
- назорати иқтисодӣ ва молиявиро амалӣ месозад, фаъолияти шахсони ҳуқуқиро дар доираи кооператсияи матлубот назорат карда, ба онҳо кӯмакҳои техникӣ, иқтисодӣ ва кӯмакҳои дигар мерасонад;
- дар дигар давлатҳо намояндагиҳои тиҷоратӣ таъсис медиҳад, ки онҳо манфиатҳои кооператсияи матлуботи Тоҷикистонро вобаста ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳимоя менамоянд;
- омӯзиши тамоюлҳои рушди бозори дохилӣ ва хориҷиро ташкил намуда, тавсияҳо медиҳад;
- омӯзиш ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии ҳайати кормандони кооператсияи матлуботро ташкил ва ҳамоҳанг месозад.
5. Дар моддаи 7:
- сархати якуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"-барои иҷрои мақсад ва вазифаҳояшон корхонаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидориро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд.";
- сархати панҷуми қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"бо масъулияти молумулкии худ фаъолияти соҳибкорӣ ва миёнаравии тиҷоратиро инкишоф диҳанд.";
- ба қисми 2 сархати шашум дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
- дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таъсис додани бозорҳо, фурӯшгоҳҳо ва иншоотҳои дигари савдо ва хӯроки умумӣ савдои наздисарҳадиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд.";
- ба қисми 5 баъди калимаҳои "дигар кормандонро мутобиқи" калимаҳои "Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" илова карда шаванд.
6. Дар моддаи 9:
- дар номи модда калимаи "Ҳуқуқи" ба калимаҳои "Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои" иваз карда шавад;
- сархати якуми қисми якум хориҷ карда шавад;
- сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ҳуқуқ ва манфиатҳои корхонаҳои кооператсияи матлубот ва коркунони ин соҳаро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, суд ва дигар ташкилоту муассисаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ ва ҳифз намояд;";
- ба сархати чоруми модда ҷумлаи нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"Воситаҳои ахбори омма таъсис диҳанд ва фаъолияти табъу нашрро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.";
- ба модда сархатҳои панҷум ва шашум дар таҳрири зайл илова карда шаванд:
"аз рӯи масъалаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ ташаббус нишон диҳанд, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешниҳодҳо намоянд, ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои фаъолияти кооператсияи матлубот пешбинӣ кардаанд, татбиқ намоянд;
- ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда маълумотеро, ки ба фаъолияти оинномавӣ алоқаманд мебошад, пешниҳод намоянд.".
7. Ба моддаи 12:
- қисми якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Реҷаи кории корхонаҳои кооператсияи матлубот, ки савдо ва дигар намудҳои хизматрасониро ба аҳолӣ амалӣ месозанд, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.";
- қисмҳои 1, 2, 3, 4 мутаносибан қисмҳои 2, 3, 4, 5 хонда шаванд;
- ба қисми чорум ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои мавсимиро ташкил намуда, барои таъминоти аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон нигаҳдорӣ менамоянд.".
8. Дар моддаи 14:
- дар қисми 1 калимаҳои "кооперативҳо, шаҳрвандон" ва калимаҳои "гирифтани молҳо аз манбаъҳои марказонидашудаи давлатӣ" ба калимаҳои "дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" ва калимаҳои "инчунин ворид намудан берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ" иваз карда шаванд.";
- дар қисми 2 калимаҳои "дар асоси тиҷоратӣ биржаҳои худро барпо месозанд," хориҷ карда шаванд.
9. Дар қисми 1 моддаи 15 калимаҳои "ва аз ҳисоби фурӯши қоғазҳои киматнок" хориҷ карда шаванд.
10. Дар моддаи 16:

"Моддаи 16. Фаъолияти амонатгузорӣ ва суғурта";
- дар қисми 3 калимаҳои "аксияҳо, вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматнок баровардан мумкин аст. Тартиби баровардану ба даст овардан ва паҳн намудани қоғазҳои қиматнокро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунанд" ба калимаҳои "метавонанд қабули иловагии аъзоҳаққиро дар ҳаҷми номаҳдуд дар асоси созишномаҳо бо саҳмдорон ташкил намоянд" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 17:
- қисми 2 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"Ба манфиати аъзо ва кормандон дар системаи кооператсияи матлубот муассисаҳои таълимоти кооперативӣ, оид ба тайёр намудани мутахассисони таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани кормандони касбҳои оммавӣ амал мекунанд.
Сохтори омӯзиши кадрҳо, навъҳои касбу ихтисос, хаҷми омӯзиш дар муассисаҳои таълимиро иттифоқи Тоҷикматлубот муайян мекунад.".
- дар банди дуюми қисми 2 калимаҳои "ва қоидаҳои қабул" хориҷ карда шаванд.
12. Дар моддаи 18:
- дар номи модда калимаи "байналхалқии" ба калимаи "байналмилалии" иваз карда шавад;
- дар матни модда калимаҳои "Иттифоқи байналхалқии кооператсия" ба калимаҳои "Ассотсиатсияи Лигаи ташкилотҳои миллии (ҷумҳуриявии) кооператсияи матлуботи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
5 январи соли 2008 № 348
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Миҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
17 октябри соли 2007 № 766
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
19 декабри соли 2007 № 425