ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №5, мод. 342; соли 2007, №7, мод.691) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 6 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Маблағи пардохти истифодаи объектҳои олами наботот, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба фондҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ дохил мегардад, дар навбати аввал барои муҳофизат ва барқарор намудани объектҳои олами набототе, ки ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд, ба роҳ мондани кадастри давлатӣ ва мониторинги олами наботот харҷ карда мешавад.".
2. Дар қисми дуюми моддаи 17 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
3. Ба қисми якуми моддаи 23 сархатҳои ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- риоя накардани қоидаҳои намудҳои истифодаи олами наботот;
- риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои муҳофизати растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва доруҳои дигар, ки ба олами наботот зарар мерасонанд;
- риоя накардани қоидаҳои аз як ҷо ба ҷои дигар бурдан ва ба хориҷ фиристодани коллексияҳои ботаникӣ;
- амалиёте, ки боиси нобуд ва кам шудани намудҳои набототе, ки ба онҳо хатари нобуд шудан таҳдид мекунад, гардидааст ё худ мегардад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
5 январи соли 2008 № 353
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қокуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
17 октябри соли 2007 № 764
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
19 декабри соли 2007 № 432