Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 № 353 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №5, мод. 342; соли 2007, №7, мод.691) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 6 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Маблағи пардохти истифодаи объектҳои олами наботот, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба фондҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ дохил мегардад, дар навбати аввал барои муҳофизат ва барқарор намудани объектҳои олами набототе, ки ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд, ба роҳ мондани кадастри давлатӣ ва мониторинги олами наботот харҷ карда мешавад.".

2. Дар қисми дуюми моддаи 17 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

3. Ба қисми якуми моддаи 23 сархатҳои ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- риоя накардани қоидаҳои намудҳои истифодаи олами наботот;

- риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои муҳофизати растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва доруҳои дигар, ки ба олами наботот зарар мерасонанд;

- риоя накардани қоидаҳои аз як ҷо ба ҷои дигар бурдан ва ба хориҷ фиристодани коллексияҳои ботаникӣ;

- амалиёте, ки боиси нобуд ва кам шудани намудҳои набототе, ки ба онҳо хатари нобуд шудан таҳдид мекунад, гардидааст ё худ мегардад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране и использовании растительного мира"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "Об охране и использовании растительного мира" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004г., №5, ст. 342; 2007г., №7, ст. 691) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 6 дополнить частью пятой следующего содержания:

"Плата за пользование объектами растительного мира, входящая в соответствии с установленным порядком в республиканские и местные фонды, в первую очередь используется для охраны и восстановления объектов растительного мира, занесенных в Красную книгу, ведения Государственного кадастра и мониторинга растительного мира.".

2. В части второй статьи 17 слова "органы местной власти" заменить словами "местные органы государственной власти".

3. Часть первую статьи 23 дополнить абзацами восьмым, девятым, десятым и одиннадцатым следующего содержания:

"- несоблюдения правил видов пользования объектами растительного мира;

- несоблюдения правил пользования средствами защиты растений, стимулятором роста растений, минеральными удобрениями и другими препаратами, наносящими вред растительному миру;

- несоблюдения правил пересадки и вывоза ботанических коллекций заграницу;

- действий, которые стали или могут стать поводом уничтожения и уменьшения видов растений, которым грозит риск исчезновения.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                               Э. Рахмонов

Президент

Республики Таджикистан                                               Э. Рахмонов

...