ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ
Моддаи 1. Қабули Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ
Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ қабул карда шавад.
Моддаи 2. Мавриди амал карор додани Кодекси мазкур
Кодекси мазкур аз 1 апрели соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.
Моддаи 3. Аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунҳои зерин аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995. № 23-24, мод.371;с. 1997, №9, мод. 117; №23-24, мод. 333; с. 1998. №22. мод. 313; с. 2003, № 8, мод. 460);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 4 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №23-24, мод. 372).
Моддаи 4. Муқаррароти хотимавӣ
1. Парвандаҳое, ки то мавриди амал қарор додани Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ оғоз ёфтаанд ва баррасӣ нагардидаанд, аз 1 апрели соли 2008, мутобиқи Кодекси мазкур баррасӣ ва ҳал мегарданд.
2. Эътирози бо тартиби назоратӣ овардаи шахсони мансабдори дар моддаҳои 181 ва 185 Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршудае, ки то мавриди амал қарор додани Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ баррасӣ нагардидааст, дар мӯҳлат ва бо тартиби пешбининамудаи боби 22 Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад, вале на дертар аз 1 июли соли 2008.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
5 январи соли 2008 № 340
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ" дар қироати дуюм Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олин Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ" дар қироати дуюм қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Хайруллоев
ш. Душанбе
14 ноябри соли 2007 № 787
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе
19 декабри соли 2007 № 416