Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июли соли 1999 № 1248
тасдиқ шудааст
Низомномаи агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон
1. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Презвденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (мимбаъд , Агенти) тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 1999 № 1218 ҷиҳати иҷрои Конвенсияи Ягонаи СММ дар бораи воситаҳои нашъадор соли 1961 ва Протоколи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати (маводи наошъаовар ва пешгирии ҷиноят, ки 27 апрели соли 1999 дар шаҳри Вена имзо шудааст, таъсис гардидааст. Агентӣ мақоми идораи давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ва мубориза алайҳи муамилоти ғайриқонунии онҳо анҷом дода, инчунин фурӯши онро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.
Агентӣ дар фаъолияти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
2. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
3. Агентӣ дар доираи салоҳияти худ ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, вазорату идораҳоро дар соҳаи муоимилоти қонунии воситаҳои нашъадор ва мубариза алайҳи муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирӣ ва муолиҷаи нашъашамандиро анҷом дода, (мустақиман дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи поихотропӣ ва прекурсорҳои онҳо иштирок менамояд.
4. Агентӣ тибқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи баймалмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мӯамилоти қонунии воситаҳои нашъадор, маводӣ психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ва мубариза алайҳи муомилоти ғайриқонунии онҳо манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намдуда, дар Кумитаи байналхалқии СММ оид ба назорати воситаҳои нашъадор ва дар дигар ташмилотҳои байналхалқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
5. Агентӣ ҳар сол сметаи хароҷотро барои таъминоти он таҳия менамояд, ки ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
6. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои суратҳисоб, дигар ҳисобномаҳо (аз ҷумла асъорӣ), мӯҳр ба айси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи хеш бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ мебошад..
7. Вазифаҳои асосии агентӣ аз таъмини ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории байни вазорату идораҳоро оид ба масъалаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, пешгирӣ ва муолиҷаи нашъамандон иборат аст.
8. Мақсади Агентӣ аз инҳо иборатанд:
а) ошкор намудан, пешгирӣ кардан, бартараф сохтан ва кушодани ҷиноятҳои вобаста бо маводи нашъаовар, инчунин ошкор ва муайян намудани ашхосе, ки ҷиноятро ташкил мекунанд, содир менамоянд ё содир кардаанд ва бо мақсади иҷрои он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун фаъолияти оперативию ҷустуҷӯиро анҷом дода, таҳқиқ ва тафтиши пешакиро мегузаронад;
б) якҷоя бо дигар Вазорату идораҳо таҳия намудани Низомнома ва дастуруламалҳо дар бораи тартиби истеҳсол, баҳисобтирӣ, ҳифз, фурӯш (додан), тақсим, несту нобуд кардан ва дигар муомилоти воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соҳаи салоҳияти хеш анҷом додани назорати иҷрои онҳо;
в) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани литсензияҳо дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ва якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор анҷом додани назорати тартиби воридот, содирот, баҳисобгирӣ, ҳифз, фурӯш (додан), истеҳсол ва тақсимӣ онҳо;
г) бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани шартномаҳои байналхалқии ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқии ғайриҳукуматӣ вобаста ба мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;
д) мунтазам гузаронидани санҷиши маҷмӯии ҳолати мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар ҳудуди кишвар;
е) бо мувофиқаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани эҳтиёҷот ба воситаҳои нашъаовар ва маводи психотропӣ ва вобаста ба онҳо пешниҳод намудани маълумот ба Кумитаи байналхалқии СММ оид ба назорати маводи нашъаовар ҷиҳати гирифтани квотаҳои дахлдор;
ж) мутобиқи Конвенсияи ягонаи СММ дар бораи воситаҳои нашъадор соли 1961, Конвенсияи СММ дар бораи маводи психотропӣ соли 1971, Конвенсияи СММ дар бораи мубориза алайҳи (муамилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва маводи психотропӣ соли 1988 Рӯйхати миллии маводеро, ки ба воситаҳои нашъаовар ва маводи психотропӣ тааллуқ доранд, таҳия намуда, онро ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мекунад;
з) ҳамоҳангсозӣ ва назорати ташкили корҳо оид ба таълим, баланд бардоштани тахассус ва мубодилаи таҷрибаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳалли масъалаҳои нашъаманди иртибот доранд;
и) ташкил, доир намудан вз иштирок дар семинарҳои миллӣ ва байналхалқӣ вобаста ба масъалаҳои нашъамандӣ, инчунин мубодилаи таҷриба оид ба назорати муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ва мубориза алайҳи қонуншиканиҳо дар ин соҳа;
к) анҷом додани корҳои пешгирикунанда, маърифатӣ ва тавзеҳоти дар байни аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои мубариза алайҳи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;
л) анҷом додани дигар ваколатҳое, ки қонунҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Чумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур пешбинӣ намудаанд.
9. Агентӣ вобаста ба назорати маводи нашъаовар ҳуқуқ дорад:
а) пешбурди таҳқиқ ва дар ҳаҷми пурра анҷом додани тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷинояҳое, ки ба нашъамандӣ марбутанд ва мувофиқи Қонунҳои ҷиноятию мурофиавӣ таҳти салоҳияти Агентӣ қарор доранд. Тибқи қарори асосноки муфаттиши Агентӣ ва бо мувофиқаи Пракуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистои ва мақомоти маҳаллии он метавонад пешбурди парвандаҳои ҷиноятиро вобаста ба маводи нашъаовар, ки дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ оғоз намудаанд ва таҳти салоҳияти Агентӣ қарор доранд, қабул намояд;
б) чораҳои оперативию ҷустуҷӯиро тибқи ҳаҷм ва тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ" анҷом диҳад;
в) баҳисобгирии ашхос, ашё ва ҳодисаҳоеро, ки ба муомилоти ғайриқонии маводи нашъаовар алоқаманданд, анҷом диҳад;
г) суратгирӣ, сабти овоз, навори кино ва видео, дактилоскопия ва бақайдгирии ашхосеро, ки тибқи гумонбарии асоснок дастгир шудаанд, ё дар содир шудани ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар гунаҳгор дониста мешаванд, анҷом диҳад;
д) амният ва алоҳида нигоҳ доштани ашхосе, ки дар содир намудани ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар чун гумонбар дастгир шудаанд, таъмин намояд;
е) дастрас будант қитъаҳои алоҳидаи маҳал ё иншоотро бо мақсади таъмини гузаронидани чораҳои махсус ҷиҳати дастгир кардани шаҳрвандон, вобаста ба маводи нашъаовар ҷиноят содир намудаанд, ё ҷиноят содир карда истодаанд, барои шаҳрвандон муваққатан маҳдуд ё манъ намоад;
ж) мутобиқи қонунгузорӣ борҳои дастӣ ва бағоҷи мусофирони ҳавопаймоҳои мулки, нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилиро тафтиш мекунад, инчунин бо мақсади ошкор намудани ҳодисаҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар мусофиронро шахсан аз назар гузаронад;
з) якҷоя бо Кумитам ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои назорати наздисарҳадӣ ва гумрукӣ вазифаи хешро анҷом диҳад;
и) барои роҳ надодан ба қонунигардонии даромади (тасфири маблағ) бо роҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастомада тадбирҳои дахлдор андешад;
к) ҷиҳати анҷом додани чораҳои тафтишотию оперативӣ экопертизаи криминалистӣ ва химиявии воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои мусодирашуда, инчунин дигар таҳқиқи криминалистиро гузаронад;
л) тибқи тартиби муқарраршуда нигоҳдории маводи оперативӣ, тафтишотӣ ва дигар маводеро, ки ба фаъолияти Агентӣ тааллуқ доранд, анҷом дода, системаи иттилоотию таҳлилӣ таъсис медиҳад, то ин ки онро дар фаъолияти оперативию ҷустуҷӯйӣ истифода намояд;
м) аз вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти омориеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва дигар маълумотеро, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо ва ҳамкори дар соҳаи муомилоти қонунни воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии онҳо заруранд, талаб карда гирад;
н) дар асоси шартнома масъалаи маълумот, хадамоти кинологӣ, ҷиҳати нигаҳдошти ашхоси барои содир намудани ҷииояти вобаста ба маводи нашъаовар гумонбаршуда ва ба ҳабс гирифта шуда, биноҳо, заминаҳои интишорӣ, таъминоти тиббӣ ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода мебарад;
о) литсензияи субъектҳои фаъолияти соҳибкориеро, ки тартиби баҳисобгирӣ, воридот, содирот, нигоҳдорӣ, фурӯш (додан), истеҳсол ва тақсими воситаҳои нашъадор, маддаҳи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро вайрон кардаанд, боздорад ё кашида гирад;
п) дар асоси шартнома ва созашномаҳое, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудааст, бо хадамоти махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, бо онҳо дар асоси мутақобила мубодилаи иттилооти оперативиро анҷом медиҳад;
р) ҷиҳати таъмини амнияти худи тадбирҳо андешад.
10. Кормандони Агентӣ ҳолати ва тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нигаҳдошт, гирифта гаштан ва истифодаи силоҳи оташфишон ва воситаҳои махсус, ҳуқуқ доранд.
11. Сохтори ташкилию ҳуқуқии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Ленинобод ва Хатлон ташкил медиҳанд.
12. Роҳбарии Агентиро Директор анҷом медиҳад, ва аз ҷониби Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
13. Директори Агентӣ:
- Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналхалқӣ оид ба назорати маводи нашъаовар намояндагӣ намуда, мутобиқи Конвенсияҳои СММ ба онҳо санад ва ҳисобот пешниҳод мекунад;
- бо супориши Презаденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалиро оид ба масъалаҳои муомилоти қонунии маводи нашъаовар ва мубориза алайҳи чунин қонуншиканиҳо ба амзо мерасонад;
- оид ба масъалаҳои фаъолияти Агентӣ ба Президенти Ҷумҳурии ТОҷИКИСТОН ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур медорад;
- ташкили умумӣ ва роҳбарии фаъолияти Агентиро анҷом дода, барои натиҷаҳои кори он масъулияти шахсӣ дорад;
- кормандонро ба вазифа таъин вз аз вазифа озод менамояд;
- мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонӣ ва муҷозоти меҳнатии кормандонро анҷом медиҳад;
- штатҳоро тасдиқ (мекунад ва ӯҳдадориҳои вазифавии кормандони Агентиро тақсим ва ба руйихати штатии идораҳо ва шӯъбаҳо тағйирот ворид менамояд;
- корҳоро ташкил намуда, мустақиман дар таҳияи барномаи миллӣ ва нақшааҳои дурнамои фаъолияти Агентӣ оид ба масъалаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо роҳбарӣ менамояд.
14. Директор ду муовин дорад, ки тибқи пешниҳоди Директори Агентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
15. Дар Агентӣ дар ҳайати Директор, ду муовини ӯ, сардорони идораҳои Агентӣ коллегия таъсис дода мешавад. Ҳайати шахсии коллегия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (карда мешавад.
16. Шумораи штатии Агентӣ мутобиқи Протоколи байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи СММ ба назорати маводи нашшьаовар ва пешгирии ҷиноят дар ҳайати 350 воҳид муқаррар карда шудааст.
Ҳайати шахсии Агентӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун ва қарордод ташкил дода мешавад.
Ба кормандони Агентӣ шаҳодатномаи хизматии шахсӣ ва нишонаи махсус дода мешавад, ки наслуяаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
17. Ҳангми қабул ба хизмат кормандони Агентӣ савганд ёд мекунанд, ки матни онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
18. Масъалалои адои хизмати кормандони Агентӣ тибқи Низомномаи тартиби адои хизмат аз чрщбк ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, талкил карда мешавад.
Бо Фармони Президнти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июли соли 1999 № 1248
тасдиқ шудааст
Сохтори агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон
1. Директор
2. Муовини аввал
3. Муовин
4. Раёсати оперативию ҷустуҷӯӣ:
- гурӯҳи экспертию криминалистӣ;
- гурӯҳи парвариши сагҳои хизматию ҷустуҷӯӣ.
5. Ситод:
- маркази таҳлил;
- қисми навбатдорӣ
- тавқифгоҳи нигаҳдошти муваққатӣ;
- гурӯҳи ҳамкорӣ бо СММ, ташкилотҳол ҷамъиятӣ ва тарҷума;
- гурӯҳи робита.
6. Шӯъбаи хизмати оперативӣ:
- гурӯҳи истифодаи воситаҳои тахассуси техникӣ.
7. Воҳиди таъиноти махсус.
8. Шӯъбаи тафтишот
9. Умури амнияти худӣ
10. Шӯъбаи назорати (муомилоти қонунии маводи нашъаовар ва ҳамоҳангсозии кӯмакҳои наркологӣ):
- қисми тиббӣ.
11. Котибот
12. Гурӯҳи кадр
33. Гурӯҳи молиявӣ
14. Қисми маъмурӣ
- ронандагон;
- кормандони хурди техникӣ.
15. Раёсати ВМКБ
16. Раёсати вилояти Ленинобод
17. Раёсати вилояти Хатлон.