Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 октябри соли 1998 № 411
тасдиқ шудааст
Консепсияи сиёсати муҳоҷирати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Муқаррароти умумӣ
Давлати муосири демократии Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад.
Ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон, муноқишаҳои дигари низомии дохилӣ, гузариш ба сохти нави сиёсиву иқтисодӣ, коҳиш ёфтани ҳолати иҷтимоии аҳолӣ ба интенсификатсияи раванди муҳоҷират оварда расонид.
Миқёси муҳоҷират ва мухталифии равандҳои муҳоҷират водор месозанд, ки бояд роҳҳои нави ҳалли проблемаҳои рушди демографии кишварро кор карда, идораи ин равандро то сатҳи давлатӣ баланд бардошта, сиёсати давлатии муҳоҷират таҳия карда шавад.
Консепсияи мазкур ҳамчун асоси идораи раванди муҳоҷират, ҳимояи ҳуқуқи қонунӣ ва манфиатҳои муҳоҷирон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ба ҳисоб меравад.
II. Шартҳои принсипҳои сиёсати муҳоҷирати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сиёсати муҳоҷирати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зайл такя менамояд:
ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон, сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, динӣ, этикӣ, шаҳрвандӣ, баромади иҷтимоӣ, ақоиди сиёсӣ, забон, ҷинс ва синну сол;
ҳифзи манфиатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар бо роҳи ба танзим овардани равандҳои муҳоҷират;
идораи равандҳои муҳоҷират мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфташуда;
ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои демографӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва соири манфиатҳои кишвар ҳангоми муҳоҷират;
роҳ надодан ба шаклҳои иҷбории бозгашти гурезаҳо ва ашхоси паноҳанда ба ҷойҳои зисти доимиашон;
истифодаи раванди муҳоҷират бо мақсади беҳтар намудани ҳолати демографии кишвар;
мусоидат ба рушди фарҳанг, таҳкими дӯстӣ миёни миллатҳо ва халқиятҳо дар ҷойҳои сукунати муҳоҷирин, эҳтиром ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, анъана ва урфу одати халқҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда;
бо тартиби муайян таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳоҷират;
мусоидат ва таҳкими муносибати байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамватанони дар муҳоҷират қарордоштаи онҳо;
ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи идораи раванди муҳоҷират, аз ҷумла пуштибонии созмонҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ, ки дар соҳаи муҳоҷират фаъолият менамоянд.
III. Ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати муҳоҷирати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати муҳоҷират иборатанд аз:
ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шартномаҳои байналхалқӣ дар соҳаи муҳоҷират;
иҷрои ӯҳдадориҳои байналхалқӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқии пазируфташудаи байналхалқӣ, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
такмил ва рушди заминаи қонунгузорие, ки раванди муҳоҷиратро танзим менамояд;
такмили сохтори давлатии идораи раванди муҳоҷират ва тарбияи мутахассисони марбута;
пешгӯии раванди муҳоҷират, таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии марбута ва дигар барномаҳо дар ин соҳа;
пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
имзои шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи муҳоҷират;
ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимиятҳои иҷроия оид ба идораи равандҳои муҳоҷират;
ташкили сохтори назорати муҳоҷират, ки ба талаботи байналхалқии муҳоҷират ва ба як шакл даровардани асоси маълумотҳо ҷавобгӯ мебошад;
пуштибони аз туризм ва муҳоҷирати транзитӣ;
таҳким ва инкишофи ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи муҳоҷират;
фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои бозгашти муҳоҷирони муваққатӣ бо роҳи татбиқи барномаҳои махсус барои таъмини онҳо бо кор;
таъмини шароити сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ барои бозгашти ихтиёрӣ ва бехатарии ашхоси дар дохили кишвар муҳоҷиршуда ба ҷойҳои зисти доимиашон;
танзими масъалаҳои муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ бо роҳи ба имзо расонидани шартномаҳо;
мусоидат ба муҳоҷирони экологӣ ҳангоми ҳиҷрат то давраи одаткунӣ (адаптатсия);
ҳамкорӣ бо муҳоҷирон, муҳоҷирони муваққатӣ, ҷамъиятҳои тоҷикон, диаспора ва соири ҷамъиятҳо оид ба ҳифзи мустақилияти онҳо;
мусоидат ба ҳамгироии маишию иқтисодӣ ва фарҳангии муҳоҷирон;
муайян намудани мақоми гурӯҳҳои муҳоҷирони гуногун;
паҳн намудани ахбор дар хориҷи кишвар оид ба асноди қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати муҳоҷират;
таъмини муҳофизати инфраструктураҳо, пуштибонии рушди демографӣ ва бозори меҳнатии муҳоҷиронро қабул менамоянд;
таъмини ҳамкории якҷояи мақомоти хадамоти муҳоҷират бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, идораҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои маҳаллии ғайридавлатӣ, минтақавӣ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ;
таъсис ва ҷорӣ намудани фаъолияти системаи ягонаи иттилоотии идораи раванди муҳоҷират ҷиҳати ҷамъ, таҳия ва пахши маълумотҳо.
IV. Афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират
Афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират ба тариқи зайл аст:
1. Ашхосе, ки дар дохили мамалакат ба ҷои дигар кӯчидаанд;
такмил ва таъмини риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ, ки вазъияти ашхоси кӯчбастаи дохилиро танзим мекунанд;
таъмини амният ва ҳимояи ҳуқуқҳои ашхосе, ки дар дохили давлат ба ҷои дигар кӯчидаанд;
таҳияи барномаҳои мушаххас оид ба реабилитатсия ва реинтегратсияи ашхосе, ки дар дохили давлат ба ҷои дигар кӯчидаанд;
таъсиси марказҳои муваққатӣ барои истиқомати ашхосе, ки паноҳгоҳ меҷӯянд;
2. Муносибат бо хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз қисмҳои ҳарбӣ, қувваҳои худмуҳофизатӣ, дастаи муҳофизони шахсӣ ва гурӯҳҳои назоратнашаванда ҷавоб шудаанд;
таъмини амният ва ҳимояи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбии аз хизмат ҷавобшуда;
таҳияи барномаҳои мушаххас оид ба реабилитатсия ва реинтегратсияи хизматчиёни ҳарбие, ки ба ҳаёти осоишта баргаштаанд;
таъмини иштироки ташкилотҳои байналхалқӣ дар таҳия ва амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас, ки ба реинтегратсияи хизматчиёни ҳарбии ҷавобшуда равона карда шудаанд;
3. Дар соҳаи муҳоҷирати экологӣ:
таҳияи сиёсати давлатӣ ва заминаи ҳуқуқие, ки масъалаҳои бо муҳоҷирони экологӣ алоқамандро танзим менамоянд;
пешбинии муҳоҷирати аҳолӣ аз минтақаҳои муҳити зисташон барои ҳаёт хатарнок, барпо намудани фонди эҳтиётии замин бо мақсади кӯчонидан ва ҷо ба ҷо кардани аҳолии ин минтақаҳо бо дарназардошти манфиатҳои давлат ва минтақаҳои он;
таҳия ва татбиқи барномаҳои мушаххас оид ба реабилитатсия ва одаткунии (адаптатсияи) муҳоҷирон бо мақсади беҳтар намудани вазъи зиндагонии аҳолие, ки дучори офатҳои табии гаштаанд;
васеъ намудани ҳамкории минтақавӣ дар масъалаҳои бо муҳоҷирати экологӣ алоқаманд.
4. Дар соҳаи муҳоҷирати хориҷӣ:
бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирин, бастани шартномаҳои байналхалқӣ бо давлатҳое, ки муҳоҷиронро аз Тоҷикистон қабул мекунанд;
таҳия намудани заминаи қонунгузорие, ки ба меъёрҳои хуқуқии байналхалқӣ бо мақсади идора намудани муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ муносиб мебошанд;
таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба муҳоҷирати қувваи корӣ;
барпо намудани системаи ҳимояи иҷтимоии муҳоҷирон.
5. Дар соҳаи муҳоҷирати дохилӣ:
такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷирати дохилӣ;
барпо намудани системаи назорати автоматии компютерӣ дар хусуси равандҳои муҳоҷират;
ҷалб намудани ташкилотҳои байналхалқӣ барои ободонии нуқтаҳои қабули гурезаҳо, инчунин барои пардохти кӯмаки молиявӣ ва техникӣ;
таъсиси полиси муҳоҷиратӣ;
хабардорсозии муҳоҷирони эҳтимолӣ бо шартҳои ба онҳо додани паноҳгоҳ дар кишварҳои ҳамҳудуд (минтақа) бо мақсади пешгирӣ намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
таъмини системаи давлатии идораи раванди муҳоҷират бо таҷҳизоти навтарин ва тарбия намудани кадрҳои ихтисоснок.
Иҷрои консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи хусусиятҳои хоси халқи тоҷик, амнияти миллӣ, инчунин рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мусоидат хоҳад кард.
КОНЦЕПЦИЯ
государственной миграционной политики Республики Таджикистан
I. Общие положения
Современное демократическое государство находится в Таджикистане на стадии формирования.
Гражданская война в Таджикистане, другие внутренние вооруженные конфликты, переход к новой политической и экономической системе, ухудшение социального положения населения привело к интенсификации миграционных процессов.
Масштабы миграции и разнообразие миграционных процессов обязывают подойти по новому к проблеме демографического развития страны, поднять управление этим процессом на государственный уровень, выработать государственную миграционную политику.
Настоящая концепция рассматривается как основа для управления миграционными процессами и защиты законов прав и интересов мигрантов в Таджикистане за его пределами.
II. Принципы государственной миграционной политики Республики Таджикистан
Государственная миграционная политика Республики Таджикистан базируется на следующих принципах:
защита прав и интересов мигрантов независимо от расовой, религиозной и этнической принадлежности, гражданства, социального происхождения, политических убеждений, языка, пола и возраста;
защита внутренних и внешних интересов страны путем регулирования миграционных процессов;
управление миграционными процессами в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан;
учет демографических, социально-экономических и других интересов страны при иммиграции;
исключение принудительных форм возвращения беженцев и ищущих убежище людей в их родные места;
регулирование миграционных процессов для улучшения демографического состояния страны;
содействие развитию культуры, укреплению дружбы между нациями и народностями в местах поселения мигрантов, уважения к законам Республики Таджикистан, традициям и обычаям народов проживающих в Таджикистане;
обеспечение в установленном порядке прав граждан Республики Таджикистан в эмиграции;
содействии укреплению связей между гражданами Таджикистана и их соотечественниками, находящимся в эмиграции;
международное сотрудничество в области управления миграционными процессами, в том числе поддержка международных организаций и местных неправительственных организаций, работающих в этой сфере.
III. Цели и задачи государственной миграционной политики Республики Таджикистан
Целями и задачами миграционной политики являются:
присоединение Республики Таджикистан к международным договорам в сфере миграции;
выполнение Республикой Таджикистан международных обязательств по вопросам миграции;
обеспечение защиты прав и интересов мигрантов в соответствии с международными признанными правовыми нормами, Конституцией и законами Республики Таджикистан;
совершенствование и развитие законодательной базы, регулирующей миграционные процессы;
совершенствование государственной системы управления миграционными процессами и подготовка соответствующих кадров;
прогнозирование миграционных процессов, разработка и реализация соответствующих государственных и иных программ в этой области;
предотвращение незаконной миграции;
заключение двухсторонних, многосторонних договоров в области миграции;
координация деятельности органов исполнительной власти по управлению миграционными процессами;
создание системы миграционного контроля, отвечающей международным требованиям и унифицированной базы данных;
оказание поддержки туризму и транзитной миграции;
укрепление и развитие международного сотрудничества в области миграции;
создание благоприятных условий возвращению временных мигрантов путем осуществления специальных программ для обеспечения их занятости;
обеспечение политических, правовых и социально-экономических условий для добровольного и безопасного возвращения лиц, перемещенных внутри страны, в места их постоянного проживания;
регулирование вопросов внешней трудовой миграции путем заключения договоров;
содействие экологическим мигрантам при переселении и в период адаптации;
взаимодействие с эмигрантами, временными мигрантами, таджикскими общинами, таджикской диаспорой и другими ассоциациями для сохранения их самобытности;
содействие социально-экономической и культурной интеграции иммигрантов;
определение в установленном порядке статуса различных категорий мигрантов;
распространение за рубежом информации о действующих законодательных и нормативно-правовых актах Республики Таджикистан в сфере миграции;
обеспечение сохранности инфраструктуры, поддержка демографического развития и рынка труда регионов, принимающих мигрантов;
обеспечение взаимодействия органов миграционной службы с другими органами государственной власти, предприятиями, учреждениями, организациями, неправительственными организациями на местах, региональными и международными организациями;
создание и обеспечение функционирования единой государственной информационной системы управления миграционными процессами для сбора, обработки и распространения информации,
IV. Основные приоритеты государственной миграционной политики Республики Таджикистан
Основными приоритетами государственной миграционной политики Республики Таджикистан являются:
1. В отношении лиц перемещенных внутри страны:
совершенствование и обеспечение соблюдения законов Республики Таджикистан и других нормативно-правовых актов, регулирующих положения лиц перемещенных внутри страны;
обеспечение безопасности и защиты прав лиц перемещенных внутри страны;
разработка конкретных программ реабилитации и реинтеграции лиц перемещенных внутри страны;
создание центров временного размещения лиц, ищущих убежище.
2. В отношении военнослужащих, демобилизованных из воинских подразделений, сил самообороны, личной охраны и неконтролируемых группировок:
обеспечение безопасности и защиты прав демобилизованных военнослужащих;
разработка конкретных программ по реабилитации и реинтеграции демобилизованных военнослужащих в мирную жизнь;
обеспечение участия международных организаций в разработке и осуществлении конкретных программ, в том числе направленных на реинтеграцию демобилизованных военнослужащих.
3. сфере экологической миграции:
разработка государственной политики и законодательной базы регулирующей вопросы, связанные с экологическими мигрантами;
прогнозирование миграции населения из зон экологического риска, создание резервного земельного фонда для их переселения и расселения в соответствии с интересами страны и её регионов;
разработка и осуществление конкретных программ реабилитации и адаптации с целью улучшения положения населения, ставшего жертвой экологических катастроф;
расширение регионального сотрудничества в вопросах, связанных с экологической миграцией.
4. В сфере эмиграции:
заключение международных договоров со странами, принимающими эмигрантов из Таджикистана с целью защиты их законных прав;
разработка законодательной базы, соответствующей международным правовым нормам с целью управления внешней трудовой миграцией;
разработка и осуществление программы по миграции рабочей силы;
создание системы социальной защиты мигрантов.
5. В сфере иммиграции:
совершенствование законодательства в области иммиграции;
создание компьютерных автоматизированных систем контроля за иммиграционными процессами;
привлечение международных организаций к процессу обустройства пунктов приема беженцев, а также предоставлению финансовой и технической помощи;
создание иммиграционной полиции;
информирование потенциальных мигрантов об условиях предоставления им убежища в странах субрегиона с целью предотвращения незаконной миграции;
обеспечение государственной системы управления миграционным процессом новейшим оборудованием и подготовка квалифицированных кадров.
Выполнение Концепции государственной миграционной политики Республики Таджикистан будет способствовать сохранению самобытности таджикского народа, защите национальной безопасности, а также социально-экономическому и культурному развитию страны.