Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2000, № 199 "Дар бораи қисман тағйир додани сохтор ва теъдоди кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"Дар бораи қисман тағйир додани сохтор ва теъдоди кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Дар асоси моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади такмили минбаъдаи фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими равобит бо Маҷлиси Олипарламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои "Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо парламент ва масъалаҳои ҳуқуқӣ" бо калимаҳои "Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқи-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 295 воҳид (бе дарназардошти шумораи кормандони Идораи молиявию хоҷаги) муқаррар карда шавад.

3. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати штатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шумораи умумии кормандон тибқи ҳамин Фармон муқарраргардида тағйироту иловаҳо ворид намояд.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои маблағгузории фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи ҳамин Фармон барраси ва ҳал намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

 аз 29 марти соли 2000 № 199а ш. Душанбе

УКАЗ

ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ЧАСТИЧНОМ ИЗМЕНЕНИИ СТРУКТУРЫ И ЧИСЛЕННОСТИ ИСПОЛНИТЕЛЬНОГО АППАРАТА ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

На основании статьи 69 Конституции Республики Таджикистан, в целях дальнейшего совершенствования деятельности исполнительного Аппарата Президента Республики Таджикистан и укрепления связей с Маджлиси Оли - парламентом Республики Таджикистан постановляю:

1. В структуре Исполнительного аппарата Президента Респблики Таджиикстан слова "Государственный советник Президента Республики Таджикистан по связям с парламентом и правовым вопросам" заменить словами "Государственный советник Президента Республики Таджикистан по правовым вопросам-полномочный представитель Презилента Республики Таджикистан в Маджлиси милли и Маджлиси намоямдагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан".

2. Установить предельную численность работников Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан в количестве 295 единиц (без учета работников Финансово-хозяйственного управления)

3. Руководителю Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан внести в штатное расписание Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан дополнения и изменения в пределах установленной настоящим Указом общей численности работников.

4. Правительству Республики Таджикистан рассмотреть и решить вытекающие из настоящего Указа вопросы финансирования деятельности Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

Президент

Республики Таджикистан                 Э. Рахмонов

г. Душанбе

29 марта 2000 года № 199 а