Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таъмини волоияти Қонун дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо ва мутобиқи моддаҳои 64 ва 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар мӯҳлати се моҳ барномаи омӯзиш ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намояд;

то якуми сентябри соли 1997 таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунандаи ҳокимияти давлатӣ,ҳокимияти маҳаллӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адлия ва маъмурини шӯъбаҳои ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро таъмин намояд;

масъалаи дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси нашриёти "Қонуният" ва интишори маҷаллаи "Ҳаёт ва Қонун"-ро барраси намуда, онро ҳаллу фасл намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. Раҳмонов

аз 9 апрели соли 1997 № 691

ш. Душанбе