Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2004 № 512
тасдиқ шудааст
Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯрави ва ба даст овардани истиқлолият ҳамчун субъекти ҷомеаи ҷаҳони эътироф гардид ва асоси тараққиёти муносибатҳои ҷамъиятии онро иқтисодиёти бозоргони ташкил дод. Тарбияи ҷисмони ва варзиш низ дар радифи сиёсати иқтисоди, иҷтимои, фарҳанги ва амсоли он дар давлатдории муосири тоҷик ба сифати як қисми таркибии сиёсати давлат эътироф гардид.
Ҳадафи асосии сиёсати давлати дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш самаранок истифода бурдани имкониятҳои варзиш дар беҳдошту тандурустии миллат, нигоҳ доштани қобилияти баланди кории шаҳрвандон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, иштироки бомуваффақияти варзишгарон дар мусобиқаҳои минтақави, байналмилали ва Бозиҳои Олимпи мебошад.
1. Вазъи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Тоҷикистон
Воқеаҳое, ки солҳои 1992-1993 pyх доданд ба соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш то андозае таъсири манфи расониданд. Вазъи номӯътадил дар ҳаёти ҷамъияти боиси он гардид, ки бисёр мураббиён, устодон, мутахассисони варзидаи соҳа ва варзишгароне, ки соҳиби унвонҳои мухталиф буданд, Тоҷикистонро тарк намоянд. Зеро дар натиҷаи даргириҳои дохили иншооти варзишии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои табеи марказ, водии Рашт, донишгоҳу донишкадаҳо, мактабҳои миёнаи махсус ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагони хароб ва фаъолияти муассиса ва созмонҳои варзиши қатъ гардиданд. Дар корхонаҳо, хоҷагиҳо, муассисаҳои варзиши фаъолияти маҳфилҳои варзиши боз дошта шуданд.
Мақомоти идораи давлати дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш дар давоми солҳои охир панҷ маротиба табдил дода шуд, ки ба идора ва танзими самаранокии фаъолияти соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш бетаъсир намонд. Аз ин рӯ, фаъолияти мақомоти идораи давлати дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш заиф гардида, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури чорабиниҳои варзиши ниҳоят кам доир мегарданд. Корхонаҳою хоҷагиҳо ва мактабҳо барои барқарор кардани заминаи таълими ва машқгоҳҳо маблағи зарури надоранд, то ки таҷҳизот ва лавозимоти варзиширо харидори намоянд.
Вазъи душвори иқтисодии ҷумҳури барои устувории заминаи моддии муассисаҳои варзишии ҷумҳури мусоидат карда наметавонад.
Вазъи саломатии аҳоли низ дар маҷмӯъ коҳиш ёфта, шумораи нашъамандону майзадагон ва бекорон рӯз то рӯз меафзояд. Сабабҳои асосии хеле суст фаро гирифта шудани аҳоли бо тарбияи ҷисмони ва варзиш сатҳи пасти зиндагии мардум, набудани шароити таҳсил, меҳнату истироҳат мебошад. Аз ин рӯ, шумораи аҳолие, ки мунтазам ба варзиш шуғл меварзад, ниҳоят маҳдуд гардидааст.
Мушкилоти муҳимтарини варзиш дар ҷумҳури ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудани он дар байни наврасону ҷавонон аст. Вазъи феъли дар муассисаҳои томактаби, мактабҳои таҳсилоти ҳамагони, дигар муассисаҳои таълими ва мактабҳои оли ба талаботи замон ҷавобгу нест. Шумораи хонандагону донишҷӯёни дардманду мариз, ки дар қайди гурӯҳҳои махсуси тибби қарор доранд сол то сол меафзояд. Пӯшида нест, ки давоми 10-15 соли охир дар ҷумҳури тақрибан иншооти варзиши сохта нашудаанд. Дар шароити нави муносибатҳои бозори тақрибан дар аксарияти соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти доир ба рушду пешравии соҳаи тарбияи ҷисмони чандон аҳамият зоҳир карда намешавад. Бо баҳонаи аз нигоҳи иқтисоди манфиатнок набудан, роҳбарони корхонаю муассисаҳо аз нигоҳ доштани марказҳои варзиши худдори карда, онҳоро барои дигар максадҳо истифода мебаранд.
Имрӯз дар кишвар барои тайёр намудани дастаҳои яккачин аз рӯи намудҳои варзиши, ки иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилали зарур аст заминаи таълимии варзиши вуҷуд надорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", ки моҳи майи соли 1997 қабул шудааст, бинобар мушкилоти иқтисоди имкони пурраи амали гардиданро надорад. Маблағи ҷудошуда барби баланд бардоштани варзиши касби ва оммави кофи нест ва дар ин замина шумораи васеи аҳоли бо варзиш фаро гирифта намешавад. Роҳбарони аксарияти идораю созмонҳои варзишии ҷумҳурияви то ҳол аз роҳҳои дарёфти сарчашмаҳо ва истифодаи маблағ огоҳии комил надоранд, барои ҷалби сармояҳои дохилию хориҷи тақрибан аз ҷониби онҳо чораҳои зарури андешида намешавад.
Бо сабаби номунтазам будани фаъолияти воситаҳои ахбори умум дар самти таблиғи тарзи ҳаёти солим ва ташвиқи арзишҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш дар дар ҷумҳури шумораи нафароне, ки ба варзиш машғуланд, маҳдуд мегардад.
Таҷрибаи давлатҳои хориҷи аз он шаҳодат медиҳад, ки таблиғи мунтазами варзиш тавассути васоити ахбори умум барои ҳифз ва устувории саломатии одамон, мубориза алайҳи нашъаманди, майзадаги, тамокукаши ва қонунвайронкуни, хусусан байни ҷавонон, аҳамияти фавқулодда дорад.
Аҳамияти тарбияи ҷисмони ва варзиш дар пешгирии бемори, ҳифзи саломати, беҳтаршавии қобилияти меҳнатии мардум, тарбияи ватанпарасти дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш" ба таври муфассал зикр гардидааст. Аммо ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ намудани ин талаботи Қонун аз ҷониби мақомоти маҳалли ва созмонҳои ҷамъиятии варзиши корҳои назаррас анҷом дода намешаванд. Дар аксарияти шаҳру навоҳии ҷумҳури, роҳбарони корхонаҳо ва хоҷагиҳо масъалаҳои тарбияи ҷисмони ва варзишро сарфи назар намуда, барои инкишофи он шароити мусоид муҳайё намесозанд.
Консепсияи мазкур барои ба танзим даровардани маҷмӯи чорабиниҳо оид ба инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлати, мақомоти худидораи маҳалли, иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳаи варзиш заминаи мусоид фароҳам меорад.
2. Ҳадаф ва вазифаҳои Консепсия
Ҳадафи ин Консепсия ташкили пойгоҳҳои зарурии таълими - машқи, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш ва дар ин замина таъмини дастаҳои яккачин бо мураббиёни соҳибихтисос, мунтазам баланд бардоштани дониши мураббиён бо дастовардҳои илмии варзиши, фароҳам овардани шароити мусоид барои ноил шудани варзишгарон ба натиҷаҳои беҳтарин дар мусобиқаҳои милли ва байналмилали ва оммави кунонидани варзиш мебошад.
Вазифаҳои аввалиндараҷа дар рушду такмили фаъолияти кумитаю шӯъбаҳо ва ҷамъиятҳои варзиши дар ҷумҳури аз инҳо иборатанд:
- барои тамоми сокинони ҷумҳури додани имконияти баробари шуғл варзидан бо тарбияи ҷисмони ва варзиш сарфи назар аз сатҳи фарҳанг, маълумот, вазъи иҷтимои, мансубияти дини, нажод ва ақидаи сиёсии онҳо; ба чорабиниҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш бештар фаро гирифтани ҷавонон, махсусан ҷавонондухтарони ҷумҳури;
- бедор намудани шавқу ҳаваси шаҳрвандони Тоҷикистон ба иҷрои машқҳои доимии варзиши, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш, тарзи ҳаёти солим хусусан миёни кӯдакон, наврасон ва ҷавонзанони ҷумҳури;
- баланд бардоштани сифати кори кумитаю шӯъбаҳо ва созмонҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури оид ба тарбияи ҷисмони ва маърифати варзишии шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан байни ҷавонон ва духтарон дар деҳот;
- таҳияи шумораи зарурии дастуруламалҳо, тавсияҳои таълимию методи ва илми, ки мураббиёни ҷумҳуриро барои тайёр кардани варзишгарон бо дониши зарури таъмин менамояд. Ин амал метавонад ба иштироки бомуваффақияти варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилали мусоидат намояд;
- таъмини ҳаракати варзишии ҷумҳури бо базаи зарурии моддию техники, таваҷҷӯҳи махсус додан ба коллективҳои тарбияи ҷисмони ва варзише, ки дар доираи хизмати ҷамъияти деҳотии варзишии "Ҳосилот", ҷамъиятҳои варзишии "Захираҳои меҳнати", "Тоҷикистон", "Динамо", "Локоматив" ва ғ. фаъолият мебаранд;
- таҳия ва иҷрои барномаҳои мақсаднок ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи, ки барои инкишофи ҳаматарафаи тарбияи ҷисмони ва варзиш, инчунин тайёр намудани варзишгароне, ки шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя мекунанд, шароит фароҳам меоварад.
Барои иҷрои вазифаҳои бамиёнгузошта шароитҳои зеринро муҳайё намудан зарур аст;
- фароҳам овардани шароити ташкилию идоракуни, меъёрию ҳуқуқи, моддию техники, иҷтимоию тарбияви ва тиббию биологи бо мақсади фарогирии оммавии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи иҷтимоии аҳолии ҷумҳури дар бобати шуғл варзидан бо тарбияи ҷисмонию варзиш ва тайёр кардани варзишгарони дараҷаи оли;
- дар самти ташкили истироҳати шаҳрвандон; ба масъалаҳои беҳтар кардани шароити меҳнату фароғати аҳоли муносибати давлати ва бисёрзинаги аҳамияти ҷидди додан, зеро тарбияи ҷисмони ва варзиш яке аз омилҳои асосие мебошад, ки барои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳоли мусоидат мекунад;
- ташкили низоми доимоамалкунандаи иттилоотии тарғиботи ва таълимию маърифати барои дар аҳоли ташаккул додани тарзи ҳаёти солим ва завқу хоҳиши пайваста шуғл варзидан бо тарбияи ҷисмони ва варзиш, аз синни томактаби то синни нафақа;
- барои гурӯҳҳои камбизоати аҳоли ва маҷрӯҳон фароҳам овардани шароите, ки дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш хизматрасонии ҳадди ақали кафолатнокро таъмин мекунад.
3. Тартиби дар амал татбиқ намудани Консепсия
Барои дар ҳаёт татбиқ намудани ин Консепсия ба асос гирифтани қоидаҳои зерин зарур аст:
- тақвияти фаъолияти муштараки мақомоти мухталифи ҳокимияти давлати, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, корхонаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шаҳрвандон, ки ба таҳия ва татбиқи маҷмӯи барномаҳои инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш равона гардидаанд;
- ташкили тарбияи ҷисмони ва таълими гурӯҳҳои мухталифи аҳоли, ки бояд дар ҳамаи марҳилаҳои ҳаёту фаъолияти онҳо доими бошад; фаъолияти тарбияи ҷисмони бояд барои худшиноси ва рушди шахсият мусоидат намояд. Тарбияи ҷисмони дар ин ҳолат омили муҳими тарбияи маънавию фарҳангии инсон гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи он нақши муҳим мебозад.
Омилҳои зерин барои ба назар гирифтани хусусиятҳои таъсири тарбияи ҷисмони ва варзиш ба ҳаёти инсон ва ҷомеа бояд муҳим бошанд:
- дар меҳнат - мутобиқшавии инсон тавассути системаи тарбияи ҷисмони ва варзиш ба шароитҳои мухталиф, ки барои кушодани нерӯи маънавию ҷисмонии инсон имконият медиҳад;
- дар фароғат - истифодаи воситаҳои истироҳат, ҳифз ва барқарор кардани нерӯи инсон бо назардошти ташаккули минбаъдаи он;
- муносибати махсус ба ташкили чорабиниҳо оид ба инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш бо назардошти хусусиятҳо ва вазифаҳои мақсаднок барои рушди тарбияи ҷисмонии оммави (варзиш барои ҳама), варзиши дастовардҳои оли (варзиши олимпи), варзиши касби (варзиши намоишию тиҷорати);
- ҳангоми таҳия ва иҷрои барномаҳои рушди тарбияи ҷисмони ва варзиш ба назар гирифтани хулосаҳои тадқиқоти илмие, ки барои бартараф намудани монеъаҳои рушди мунтазами тарбияи ҷисмони дар байни аҳолии ҷумҳури ва шаҳру ноҳияҳо мусоидат менамоянд;
- таъмини бемамониати истифодаи иншоотҳои варзиши, намудҳои варзиш ва машқ, туризми варзишию солимгардони дар ҷараёни тарбияи ҷисмони ва маърифати шаҳрвандон ҳангоми омода намудани варзишгарони дараҷаи оли;
- истифодаи самарабахши таҷрибаи байналмилалии ҳамкори барои танзими муносибатҳои илми дар самти ҳалли масъалаҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш, таҳкими саломатии шаҳрвандон, пешгирии нашъамандию қонунвайронкуни, беҳтар ба роҳ мондани корҳои варзишию тарбияви ва солимгардони дар маҳалли зист, истироҳат ва кори одамон, инчунин ҳангоми тайёр кардани варзишгарони дараҷаи оли;
Андешидани тадбирҳои амалие, ки барои маҳдуд кардани сабабҳои монеъшави дар мавриди фарогирии сафи бештари одамон бо машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмони ва варзиш ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, барои ба комёбиҳои баланди варзиши ноил шудани намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои олимпи ва бозиҳои Осиёи мусоидат менамоянд, хеле муҳим аст.
Барои ин зарур аст:
- истифодаи воситаҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш ва таъмини ҳаҷми зарурии меъёри ҳаракат дар тамоми марҳилаҳои ҳаёту фаъолияти инсон;
- баланд бардоштани сифати машқҳои тарбияи ҷисмони, беҳтар намудан ва аҳамияти аввалиндараҷа додан ба таъминоти ташкилию методии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиши;
- дар барномаи таълимии талабагон зиёд намудани машғулиятҳои ғайрисинфи бо мақсади ҷалби теъдоди бештари хонандагон барои машқҳои доимии тарбияи ҷисмони ва варзиш;
- муҳайё намудани шароит барои ҳамаи онҳое, ки ба тарбияи ҷисмони ва варзиш шавқу ҳавас доранд, онҳое, ки муташаккилона, мустақилона, бо аъзои оила, дӯстону ҳамкорон ва ё ҳамсабақон машқ мекунанд;
- дар ҷойи истиқомат, корхонаву ташкилотҳо ва ҷойҳои истироҳати оммавии аҳоли бо мақсади рафъи хасташави, бемориҳои касби, ходисаҳои нохуш ва садамаҳо ташкил кардани машқҳои тарбияи ҷисмони;
- бо мақсади пешгирии қонуншикани, нашъаманди ва дигар одатҳои зараровар, хусусан байни кӯдакону ҷавонон, истифода бурдан аз имконияти тарбияи ҷисмони ва варзиш;
- беҳтар намудани сифати тайёри ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш;
- ташкили мактабҳои варзиши ва такмили онҳо, таъмини ин мактабҳо бо таҷҳизоти замонавии варзиши;
- барои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии аҳоли ба вуҷуд овардани низоми маърифати варзиши;
- дарёфти истеъдодҳо, интихоби захираҳои варзиши ва шароити мусоид фароҳам овардан дар мактабҳои варзиши барои онҳо;
- дар маҳалли зист ташкил кардани клубҳои варзишии кӯдакон ва майдонҳои варзиши;
- дар соҳаи илми варзиш анҷом додани корҳои тадқиқоти ва густариш додани масъалаҳои назарияви, амалии тарбияи ҷисмони, варзиши оммави ва варзиши дараҷаи оли.
4. Самтҳои асосии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
Ҳадафи асосии дигаргунсози дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш беҳбудии саломатии аҳолии ҷумҳури, истифодаи ҳаматарафаи воситаҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш барои решгирии бемориҳо, нигоҳ доштани қобилияти кории одамон, тайёр намудани онҳо ба ҳимояи Ватан, пешгири кардани нашъаманди ва дигар рафторҳои номатлуб мебошад.
Сиёсати соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш бояд бо назардошти таъсир расонидан ба манфиатҳои шахси ва рафтори одамон дар самтҳои зерин татбиқ гардад:
- ҳосил кардани боварии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарурияти доимо шуғл варзидан ба тарбияи ҷисмони ва варзиш, нигоҳдории саломатии худ, дар худ тарбия намудани қобилият ва малакаҳои тарзи ҳаёти солим;
- ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои рушди тарбияи ҷисмони ва варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим.
Барои татбиқи ин сиёсат, таъмини заминаи ҳуқуқие зарур аст, ки ба инкишофи варзиш мусоидат кунад ва бояд дар сиёсати давлат ва самти қонунгузори мақоми шоистаро пайдо намояд.
Ҳаракати тарбияи ҷисмонии ҷумҳури ба чунин соҳаҳо аз қабили нигоҳдории тандурусти, ҳифзи муҳити зист ва маориф бояд пайвастагии бештар дошта бошад. Натиҷаи чунин ҳамкориҳо бояд ба таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии муштарак боис гардад.
Вазифаи мукаммал гардонидани заминаҳои ҳуқуқи ва меъёрии инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш на фақат дар қабул ва такмили қонунҳо дар самтҳои гуногуни кори тарбияи ҷисмони вa вapзиш балки иштироки фаъолона дар фаъолияти қонунгузори, тавассути пешниҳод кардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳое мебошад, ки барои пешрафти тарбияи ҷисмони ва варзиш то як андоза мусоидат мекунанд. Инчунин дар асоси қонунҳои мавҷуда бояд заминаҳои ҳуқуқие таҳия шаванд, ки барои кори амали ҷиҳати татбиқи тарбияи ҷисмони ва варзиш дар ҳаёти ҳамарӯзаи шаҳрвандони ҷумҳури шароит муҳайё намоянд.
Фаъолияти самарабахши тарбияи ҷисмони ва варзишии ҷумҳури қабули қарорҳоро дар бораи дигаргуниҳои сохтори ва ташкили дар соҳаи идоракунии тарбияи ҷисмони ва варзиш тақозо менамояд.
Дақиқ муайян намудани нақши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлати дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш, салоҳияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш, аз он ҷумла Кумитаи миллии олимпи, федератсияҳои ҷумҳури оид ба намудҳои гуногуни варзиш, созмонҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш ва ғайраҳо, зарур аст.
Ҳамкори байни мақомоти иҷроияи ҳокимият дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзиши бояд дар асоси шартномаҳо амали шаванд.
Дар ташкил ва идоракунии тарбияи ҷисмони ва варзиш, хусусан, варзиши оммави, тарбияи ҷисмонии кӯдакон ва ҷавонон, корҳои тарбиявисолимгардони дар маҳалли истиқомат, ташкили клубҳои варзиши ва муҳайё сохтани базаи моддию техники, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии Маҳалли бояд нақши муҳим бозанд. Инчунин сиёсати молияви дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш таъмини қонунгузориеро тақозо менамояд, ки ба ташаккулёбии тарзи ҳаёти солим ва ҷисман фаъол шудани шаҳрвандони ҷумҳури мусоидат намояд.
Дар шароити муносибатҳои бозоргони қонунгузори дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш бояд маблағгузориро ба тадриҷ зиёд намояд, хусусан барои ба даст овардани комёбиҳои варзиши оли, ба вуҷуд овардани асоси ҳуқуқи ба хотири ҷалб кардани сарчашмаҳои ғайридавлати.
Қонунгузори бояд ба ташкили шароити мусоид дар самти инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш равона шуда бошад, хусусан:
маблағгузорҳо ва сармоягузороне, ки маблағи худро барои тайёр кардани захираҳои варзиши ва дастаҳои яккачини ҷумҳури барои иштирок дар бозиҳои олимпи, Осиё ва мусобиқаҳои ҷаҳони ва ғайра равона мекунанд;
- иҷрои барномаҳое, ки ба инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш байни кӯдакон, маъюбон, бепарасторон, инчунин тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунанд;
- маблағгузори барои иҷрои барномаҳое, ки ба инкишофи тарбияи ҷисмонии хонандаюну донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти ҳамагони, миёна ва олии касби мусоидат менамоянд.
Назорати иҷрои ҳамаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти тарбияи ҷисмони ва варзишро дар ҷумҳури танзим мекунанд (пеш аз ҳама тайёрии ҷисмони ва инкишофи кӯдакон ва мактабиён), бояд тақвият дода шавад.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш лозим аст, ки қувваи худро ба ҳалли масъалаҳои зерин равона созанд:
- маблағгузории клубҳои варзишии кӯдакон дар маҳали зист, ташкили мусобиқаҳои оммавии кӯдакон, инчунин чорабиниҳо оид ба назорати тайёрии ҷисмони ва инкишофи ҷисмонии кӯдакон ва мактабиён;
- мустаҳкам намудани базаҳои молияви ва меъёрии ҳамаи намуд ва навъҳои мактабҳои варзиши, инчунин ҳавасмандгардонии моддии мураббиён, омӯзгорон ва мутахассисоне, ки дар онҳо кор мекунанд;
- тайёр намудани мутахассисон оид ба масъалаҳои тарғиби тарбияи ҷисмони ва варзиши ва тарзи ҳаёти солим;
- ташкили литсензиядиҳи дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш, такмили системаи суғурта дар варзиш.
Ҷиҳати инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш ва дар шаҳрвандон бедор намудани шавқу ҳавас барои машғул шудан ба тарбияи ҷисмони ва варзиш, ноил гардидани варзишгарони ҷумҳури ба натиҷаҳои шоиста дар мусобиқаҳои ҷаҳони ва Осиёи, бо сифати баланд тайёр намудани мутахассисон ва инкишофи илми варзиш дар ҷумҳури аҳамияти калон дорад;
Барои калли ин вазифаҳо зарур аст:
- тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисосе, ки дар бобати фарогирии оммаи васеи аҳоли дар самти шуғл варзидан бо тарбияи ҷисмони, тарбияи варзишгарони варзида аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти варзиши ва тайёр кардани варзишгарони дараҷаи оли дорои қобилият мебошанд;
- дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ҷумҳури таъсиси факултаҳо дар соҳаи тайёр кардани мутахассисон барои корҳои ҷисмонию солимгардони дар муассисаҳои томактаби, барои кӯдаконе, ки ба гурӯҳҳои махсуси тибби тааллуқ доранд, инчунин барои шахсони дардманд, маъюбон, нафақахӯрон ва тайёр намудани мураббиён оид ба намудҳои асосии варзиши олимпи;
дар нақшаҳои таълимии тайёр намудани мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонии дорои маълумоти миёнаи махсус ва оли, пешбини кардани тахассусҳои нав, ки аз чунин самтҳои тарбияи ҷисмони: адабтиви, осоиши (рекретатсия) ва саёҳатии варзишию солимгардони, фароғат ва фаъолияти фароғати, барқароркунии ҳаракат (физиотерапия) ва ғайраҳо бармеоянд;
- ҷори намудани сохтори сертификатсияи кормандони соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш, ки баланд бардоштани дониши онҳоро аз рӯйи ихтисос таъмин мекунад;
- расонидани кӯмаки доими ба ташкилотчиёни ҷамъияти, мураббиёни тарбияи ҷисмонию варзиш, таъмин кардани тайёри ва ҳавасмандии фаъолияти онҳо.
Барои инкишофи ҳаракати тарбияи ҷисмони дар ҷумҳури таъсис додани лабораторияи тадқиқотию илми дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш зарур аст, ки бояд кори худро бо муассисаҳои тадқиқотии ҷумҳури якҷоя ташкил кунад. Дар нақшаи фаъолияти лаборатория коркарду баррасии масъалаҳои мубрами тарбияи ҷисмони ва варзишии ҷумҳури, ҷори намудани натиҷаҳои тадқиқотҳои илми дар корҳои амалии муассисаҳои тарбияи ҷисмонию варзишии кишвар бояд дохил карда шавад.
Самтҳои асосии инкишофи илмии варзиши ҷумҳури инҳо мебошанд:
- танзими асосҳои назариявию методии ташаккули тарбияи ҷисмонии инсон ва тарзи ҳаёти солим;
- таъминоти ташкили, ҳуқуқи, захирави ва иттилоотии тарбияи ҷисмони, варзиш ва саёҳати варзиши (туризм);
- асосноккунии илмию методи, таъмин намудани омодагии варзишгарони дараҷаи оли ва захираҳои варзиши;
- асосҳои назарияви, методии инкишоф ва ташаккули системаи тайёр намудан ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш.
Яке аз самтҳои асосии кор дар инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш ин таъмини базаи моддию техникии он мебошад. Дар шароити муносибатҳои бозоргони азнавсози ва сохтмони иншооти варзиши бояд нафақат аз ҳисоби буҷаи давлат, балки бо кӯмаки сармоягузорон низ амали карда шавад.
Иншооти мавҷудаи варзиши новобаста ба мансубияти идори ва шакли моликият бояд самаранок истифода бурда шавад. Тадбирҳои ҳавасмандии хизматрасони дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш, истеҳсоли таҷҳизот ва молҳои варзиши ба амал бароварда шаванд.
Иштироки давлат дар инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш аз тариқи маблағгузории мақсаднок аз буҷаҳои гуногун бояд бо шаклҳои зерин амали карда шавад;
- ҷалби сармояи шахси барои маблағгузори ба инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш;
- бастани қарордодҳо барои коркарди маҳсулоти саноати варзиши ва тайёр намудани варзишгарони дараҷаи оли;
- ташкили сохторҳои воқеан бозоргони дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш.
Бо назардошти он ки ҷалби одамон барои пайваста шуғл варзидан бо тарбияи ҷисмони ва варзиш аз бисёр ҷиҳат ба муносибати онҳо ба арзишҳои тарбияи ҷисмони вобаста аст, бо истифодаи таҷрибаҳои ҷаҳони ҷалби сарчашмаҳои ғайрибуҷавиро барои маблағгузори ба тарбияи ҷисмони ва варзиш фаъол намуда, аз ҳисоби фоидаи лотерея, бозиҳои пулаки, ҳуқуқи намоиши телевизиони ва ғайра бояд истифода намуд. Ин Консепсия аз маҷмӯи чорабиниҳое мебошад, ки ба инкишофи тарбияи ҷисмони дар байни аҳоли равона шуда, ба сифати яке аз самтҳои асосии фаъолият таблиғи мақсадноки тарбияи ҷисмони ва ташаккули тарзи ҳаёти солимро пешбини менамояд. Ҳадафи аввалиндараҷаи он бояд аз он иборат бошад, ки ба шаҳрвандон нақши бузург ва ҳаматарафаи тарбияи ҷисмони ва варзишро ба таври густурда фаҳмонида диҳад. Ҳадаф ташкили кори оммавии иттилоотию таблиғоти аст, ки бо мақсади дар шаҳрвандони ҷумҳури ба вуҷуд овардани шаъну эътибори тарзи ҳаёти варзиши ва эҳтироми арзишҳои саломатии шаҳрвандон анҷом дода мешавад.
Дуруст ба роҳ мондани кори таблиғоти оид ба тарбияи ҷисмони ва варзиш, фаъолияти самараноки маърифати ва таълиму тарбияви, низоми беҳтари идораи соҳа мутобиқ ба базаи ҳуқуқи ва моддию техникии он метавонад иштироки бештари инсонро дар машғулиятҳои варзиши ва тарзи ҳаёти солим таъмин намуда, боиси кам гардидани бемори ва нашъаманди, истеъмоли машруботи спиртдор ва дигар одатҳои зараровар, паст кардани сатҳи қонунвайронкуни бошад, ҳамзамон дар тарбияи ҷавонон ёрии зарури расонида боиси баланд бардоштани қобилияти кории инсон ва иҷрои ӯҳдадории вай дар мавриди ҳифзи Ватан гардад.
Дар ҳалли ин вазифаҳо бояд нақши муҳимро воситаҳои ахбори омма бозанд.
5. Механизми амали гардонидани Консепсияи Миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
Муносибати хуби одамонро ба тарбияи ҷисмони аз синни хурди кӯдаки оғоз намуда, маҳз ба ҳамин давраи инкишофи одам аҳамияти махсус бояд дод. Аз ин рӯ, дар қатори вазифаҳои аввалиндараҷаи системаи давлатии тарбияи ҷисмони масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти роҳбарон ва волидайн барои саломатии кӯдакон, баланд бардоштани мақоми тарбияи ҷисмони дар муассисаҳои томактаби, тайёр кардани мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмони, ташкили молҳои саноати барои шуғл варзидан бо тарбияи ҷисмони дар муассисаҳои томактаби гузошта мешаванд.
Механизми амали кардани тарбияи ҷисмони бояд ба таври зер татбиқ шавад:
- гузаронидани машғулиятҳои дарси аз рӯйи фанни тарбияи ҷисмони;
- шуғл варзидан бо варзише, ки ба тарбияи ҷисмонии хонандагони ҷисман носолим нигаронида шудааст;
- чорабиниҳои ҷисмони ва солимгардони мувофиқи тартиби рӯз;
- шаклҳои ғайрисинфи, ғайриакадемикии машғулиятҳо (сексияҳои варзиши, машғулиятҳо дар мактабҳои варзиши, машғулиятҳои мустақилона);
- чорабиниҳои тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзишии оммави.
Дар самти кор бо ҷавонон ба ташкили чорабиниҳои гуногуни варзиши дар ҷойи истиқомат аҳамияти калон бояд дод. Маълум аст, ки тарбияи ҷисмони ва варзиш воситаи пешгирии таъсиррасони ба ахлоқи ношоиста мебошад аз ин лиҳоз он метавонад дар кори ислоҳи ҷавононе, ки ба қонунвайронкуни роҳ додаанд, истифода бурда шавад, барои ин ҳабсхонаҳоро бо иншоотҳо, асбобу таҷҳизоти одии варзиши таъмин кардан зарур аст.
Ба инкишофи варзиш байни ҷавонони деҳот ва занони ҷумҳури диққати махсус бояд дод. Бо роҳи ташкили сохторҳои мақсаднок инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзишро миёни заҳматкашон ва нафақахӯрон амали бояд кард. Ин пеш аз ҳама ташкили хизматрасонии инфраструктураи ҷисмонию солимгардони ва варзиши, ташкили саноати молҳои варзиши мебошад.
Дар баробари ташкили хизматрасонии гуногун ба тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиши, таъмин намудани бозор бо молҳои варзиши, таҷҳизот, асбобу анҷом зарур аст, ки тарбияи ҷисмони ва варзишии ҳар як фардро ҷолиб намояд ва дар ӯ муносибати маданиро ба тарбияи бадан бедор гардонад. Ин шаҳодати он аст, ки мазмуни тарбияи ҷисмони бояд бо роҳи инфироди ва бо назардошти ҳавасмандии ҳар як одам амали шавад.
Барои ҷалби маъюбон ба фаъолияти тарбияи ҷисмони ва варзиш бояд аҳамияти ҷидди дода шавад. Барои ин бо иштироки иттиҳодияҳои тарбияи ҷисмонию солимгардони ва корхонаю муассисаҳои манфиатдор зарур аст, ки маҷмӯи чорабиниҳои кафолатноки офиятии иҷтимоию рӯҳи ва офиятии ҷисмони гузаронида, тайёрии варзиши ва бозгашти маъюбон ба фаъолияти меҳнати ташкил карда шаванд.
Кумита ва сохторҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури, ташкилоту ҷамъиятҳои варзиши таваҷҷӯҳи афзалиятнокро ба инкишофи тарбияи ҷисмонии оммави, "варзиш барои ҳама" ва саёҳат равона созанд.
Асоси ҳаракати тарбияи ҷисмони ва варзиш дар ҷумҳури бояд клубҳои тарбияи ҷисмонию солимгардони, варзиши ва сайёҳи (туристи) гарданд. Клубҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш дар шароити андозбандии имтиёздоре фаъолият кунанд, ки он барои беҳтар намудани кор ва ҷалби доираи васеи аҳолии ҷумҳури ба машғулиятҳои варзишию солимгардони имкони бештар диҳад.
Дар баробари клубҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш имкон дода шавад, ки марказҳои тиҷоратии варзиши низ инкишоф ёбанд, то ки хизматрасонии онҳо аз рӯйи намудҳои гуногун шароити беҳтарро барои машқ муҳайё карда тавонад, дар ин марказҳо барои машқ кардани одамоне, ки имконияти молияви доранд шароит фароҳам оварда шавад.
Имрӯз бояд тайёрии варзишгароне, ки шарафи варзиши кишварро дар бозиҳои олимпи ва Осиё ҳимоя мекунанд, барои ноил гардидан ба ду ҳадафи бо ҳам алоқаманд равона карда шавад:
- тарбияи варзишгароне, ки дар шароитҳои мушкили мусобиқави метавонанд барои баланд бардоштани шарафи варзиши кишвар фидокорона мубориза баранд;
- тарбияи маънавию ахлоқии варзишгарон, ки ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ бошад.
Дар тайёр намудани варзишгарони дараҷаи оли истифодаи усулҳои муосири машқҳои варзиши, такмил ва инкишофи доимии он омили асоси мебошад.
Тамоюли пешбаранда дар инкишофи он инҳо мебошанд:
- васеъ намудани таҷрибаи мусобиқави дар ҳаҷми умумии тайёри;
- мувозинати сарбори ва истироҳати, машқҳои мусобиқави, хӯроки махсус ва воситаҳои инкишофи қобилияти кори;
- баланд бардоштани нақши тайёрии инфироди.
Барои ҳалли ин вазифаҳо зарур аст:
- маркази илми оид ба тайёр кардани варзишгарони дараҷаи оли ва мутобиқати фаъолияти он бо муассисаҳои илмии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва дигар мамлакатҳои хориҷи таъсис дода шавад;
- барои маблағгузории фаъолияти марказ баробари дигар сарчашмаҳои маблағгузори ташкил додани хазинаи ғайрибуҷави;
- дар маркази вилоятҳои ҷумҳури филиали маркази илмиро ташкил карда, кори онҳоро бо таъминоти илмию методии захираҳои варзиши ва ҳалли мушкилоти тарбияи ҷисмони ва варзиши вилоятҳо ҷалб намудан;
- таҳия намудани барномаҳои илми ва ташаккул додани онҳо ҳамчунин фармоишгари дарозмуддати давлати;
- барои тайёр кардани варзишгарони дараҷаи оли ва захираҳои варзиши ташкил кардани маҷмӯи гурӯҳҳои илми оид ба намудҳои варзиш;
- дар ҷумҳури ташкил кардани корхонаҳо оид ба тайёр намудани воситаҳои гуногун барои эҳтиёҷоти тарбияи ҷисмони ва варзиши маҳорати оли;
- фаъолияти доими дар самти такмили таснифоти (классификатсия) ягонаи ҷумҳуриявии варзиши ва нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои варзиши ва солимгардони;
- ба вуҷуд овардани системаи самарабахши ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳои варзиши, аз ҷумла маҷмӯи бозиҳои ҷумҳуриявии хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагони, донишҷӯёни мактабҳои оли, спартакиадаҳои заҳматкашони хоҷагии қишлоқ ва занони ҷумҳури;
- такмили шакл ва услубҳои тайёр намудани мутахассисон барои тарбияи варзишгарони дараҷаи оли.
Барномаҳои ҷумҳурияви ё соҳави метавонанд сарчашмаи муҳими маблағгузории инкишофи тарбияи ҷисмони, варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим бошанд:
- нигоҳдории саломатии коргарон ва аъзои оилаи онҳо;
- инкишофи тарбияи ҷисмони, варзиш, саёҳат ва истироҳат;
- тарбия ва таълими кӯдакон ва ҷавонон.
Барои истифоди воситаҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш дар мубориза бо нашъаманди, майнӯши ва дигар одатҳои зараровар, ғайр аз сарчашмаҳои иловагии номбурдашудаи маблағгузории тарбияи ҷисмони ва варзиш, истифода бурдани қисми маблағе, ки аз фурӯши лотереяҳои варзиши ва бозиҳои пулаки, ҳуқуқи намоиш додани мусобиқаҳои варзиши ва ғайраҳо ба даст омадаанд, мувофиқи мақсад мебошад.
Маълум аст, ки харҷи маблағ барои амали намудани барномаи ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ҷиҳати фаъолона шуғл варзидан бо тарбияи ҷисмони ва варзиш дар муқоиса бо сарфи он барои кӯмак ва такмили ёрии тибби ва таъмини дорувори, барои нигоҳ доштани ҷинояткорони ҷавон дар муассисаҳои махсус, барои муҳайё намудани шароитҳои махсус ба нашъамандон, майзадагон, барои дастгирии иҷтимоии шахсоне, ки қобилияти меҳнатиашонро гум кардаанд, маҷрӯҳон ва ғайраҳо якчанд маротиба камтар аст. Натиҷаи иҷрои консепсия:
- шумораи шахсони ба тарбияи ҷисмони ва варзиш машғулшаванда дар мамлакат чанд маротиба меафзояд;
- барои иштироки бомуваффақияти варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои Олимпи, Осиёи ва мусобиқаҳои байналмилали шароит муҳайё мегардад;
- барои инкишофи минбаъдаи тарбияи ҷисмони ва варзиш дар ҷумҳури заминаҳои ҳуқуқи, моддию техники, илмию методи ва педагоги фароҳам оварда ешаванд.