Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005, № 501

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2005 № 501

тасдиқ шудааст

Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаддима

Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асоси ва афзалиятноки рушди фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоию фарҳангиро дар бар мегирад.

Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории соҳаи фарҳанг, маориф да санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, инчунин асарҳои илми - таҳқиқоти ва монографияҳои ходимони илму фарҳанг, санъатшиносон, адабиётшиносон, фолклоршиносон, эҷодиёти мардуми, таҳқиқот оид ба эҷодиёти классикони адабиёт ва фарҳанги тоҷик, устодони санъат, адибон, ҳунармандони гузашта ва имрӯза, таҳлили маводи амали-таҷрибави иттилооти таҷрибави ва дигар сарчашмаҳои илмию иттилоти, ҳамчунин равандҳои умумиҷаҳони ва ватании фарҳанг, дастовардҳои фанни ва технологи дар соҳаҳои фаъолияти иҷтимои -фарҳанги, иртиботот ва иттилоот, махсусиятҳои тамаддуни башари дар поёни қарни ХХ - ибтидои қарни ХХI ва пешомадҳои соҳаҳои гуногуни фарҳанг, ки тавассути барнома ва лоиҳаҳои марбутаи рущди фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, мураттаб гардидааст.

Соли понздаҳум аст, ки Тоҷикистон дар шароити соҳибихтиёри ва истиқлолият моҳият, шакл ва мазмуни сохторҳои давлати, сиёси, иқтисоди ва иҷтимоии ҷомеаро ба шароитҳои нави муносибатҳои иқтисоди бозори мутобиқ месозад ва дар ҷомеаи ҷаҳони ҳамчун субъекти комилан баробарҳуқуқ мақоми худро ишғол кардааст.

Тоҷикистон баъди эъломи истиқлолият дар асоси ҳуқуқҳои байналмилали соҳибихтиёрии давлати ва сиёсии худро таъмин намуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони расман эътироф гардидааст. Давлати ҷавони тоҷикон кулли нерӯ ва имкониятҳои худро баҳри татбиқи ислоҳот ва навсозии сохторҳои ҳукумати, соҳаҳои ҳаёти иҷтимои, баҳри таъмини соҳибихтиёрии сиёси ва иқтисоди, демократисозии воқеи ва сохтмони ҷомеаи шаҳрванди равона мекунад. Дар ин муддат, ҳарчанд дар татбиқи нақшаҳои стратегии давлати оид ба азнавсозии иқтисоди, иҷтимои ва ба шароитҳои нави иқтисоди бозори мутобиқ сохтани сохторҳои давлати ва иҷтимои, маориф ва тандурусти корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда бошад ҳам, мутаасифона ба соҳаи фарҳанг ва иттилоот камтар эътибор дода мешуд.

Бо вуҷуди ин солҳои охир вазъияти фарҳанги дар кишвар то андозае беҳтар гардидааст, ки ин пеш аз ҳама натиҷаи ислоҳоти соҳаи фарҳанг ва татбиқи барномаҳои мухталиф дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт мебошад. Озодии воқеии демократи ва кафолатҳои ҳуқуқии дахлнопазири, меъёрҳои нави арзишҳо ва пешомадҳо дар шуури аҳли ҷомёа тағйироти ҷиддиро ба амал оварда, ҷаҳонбини, ақидаҳо, тасаввурот, ғояҳо ва муносибатҳои гуногунро ташкил додаанд, тафаккур ва дарки ҷомеаро дигаргун сохтанд. Тадриҷан, раҳои аз буҳрони иқтисоди, устуворгардии ҳаёти иҷтимои-сиёси ва ҳамкории васеи ҷумҳури бо кишварҳои хориҷи сабаби густариши дигаргунсозиҳо дар ҳаёти иҷтимои, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг низ гардиданд. Ҳамаи ин барои рушди фарҳанги муосири Тоҷикистон, беҳтар намудани фаъолияти иҷтимои-фарҳанги ва фароғатии аҳоли шароити мусоидро фароҳам меоварад.

Имрӯз дар кишвар 2485 муассисаи фарҳанги, аз ҷумла китобхонаҳои оммави, клубҳо, осорхонаҳо, боғҳои фарҳанги ва фароғати, театрҳои халқи, дастаҳои тарона ва рақс, театрҳои касби, Филармонияи давлати, Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консерти, Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо", Маркази эҷодии "Илҳом", ансамбли давлатии "Лола", ансамбли тарона ва рақси "Сомониён", Сирки давлатии Тоҷикистон амал мекунанд.

I. Мақсад ва вазифаҳои Консепсия

Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси объективона, ҳамаҷониба, мақсадноки имкониятҳои воқеи ва нерӯи мавҷудаи ҷомеаи муосир, манфиатҳои иҷтимои - фарҳанги ва ниёзҳои кулли табақоти аҳоли, равобити мантиқии байниҳамдигарии назария ва амалия, таъсир ва вобастагии байниҳамдигарии равияҳо, намудҳо ва шаклҳои фаъолияти фарҳанги бо кулли соҳаҳои иҷтимои - иқтисодии замони муосир мебошад.

Ҳамзамон Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи номгӯи шаклҳо, усулҳо ва равияҳои дар амал татбиқшавандаи барнома ва лоиҳаҳои рушди фарҳанг, фаъолияти амалии соҳа, тарзи танзими чорабиниҳои мавриди назар, инчунин сохторҳои иҷтимои - фарҳанги ва иҷтимои мебошад, ки фаъолияти онҳо аҳамияти умумимилли дорад.

Таъмини воқеии соҳибихтиёрии милли-фарҳанги, эҳё ва рушди фаъолияти тамоми равияҳо, шаклҳо ва намудҳои соҳаи фарҳанги Тоҷикистон танҳо дар сурати бевосита муроҷиат намудан ба сарчашмаҳои милли ва умумибашари, ба бунёд ва анъанаҳои фарҳанги, ки аз озмоишҳои таърих, таҳаввули тамаддунҳо, фарҳанг ва анъанаҳои дигари мардум, эътиқоди мазҳаби ва сохторҳои давлати, воқеа ва ҳаводиси тақдирсози таърихи гузаштаанд, инчунин дар сурати бо дарки амиқ ва ҳамаҷонибаи илми-амали аз худ кардани мероси фарҳангии мардум, тарғиби нақшу аҳамияти фарҳанг ва анъанаҳои милли, тафаккури имрӯзаи илми имконпазир мегардад.

Омӯзиши вазъият ва эҳёи суннатҳо, одатҳо, эҷодиёти бадеи ва касбу ҳунарҳои мардуми низ зарур мебошад, зеро маҳз тавассути он арзишҳои миллиро аз насл ба насл интиқол додан мумкин аст.

II. Заминаи ҳуқуқии соҳаи фарҳанг

Заминаи ҳуқуқии соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаҳои ҷудогонаи фарҳанг ва фаъолияти иҷтимои-фарҳанги ташаккул ёфтааст.

Имрӯз дар соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои асосии амалкунанда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" мебошад. Дар ин Қонун ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи фарҳанг, роҳҳои истифодаи арзишҳои фарҳанги, имкониятҳои таъсиси муассисаҳои нави фарҳанги ва ҳунари, шаклҳо ва намудҳои фаъолияти онҳо, ҳуқуқҳои ташкилотҳои ғайридавлати ва ашхоси ҷудогона муайян карда шудаанд.

6 августи соли 2001 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ" қабул гардид. Он имконият дод, ки пеши роҳи ғайриқонуни аз кишвар баровардани асарҳои санъат, ҳунарманди ва ҳунарҳои бадеи, дигар арзишҳои фарҳанги, ки сарвати милли мебошанд, боздошта шавад. Ҳуҷҷати мазкур дар айни замон принсипҳои асосии ташкили намоиши асарҳои санъати тоҷикро дар хориҷи кишвар, меъёри муваққатан бо кишварҳои хориҷи иваз намудани арзишҳои фарҳанги ва монанди онҳоро низ муайян сохтааст.

Соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи театр ва фаъолияти театри", соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти косибию ҳунармандӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" қабул карда шуданд, ки онҳо асосҳои эҳё ва инкишофи навъҳои гуногуни театр ва равияҳои амалии эҷодиёти мардум, фаъолияти соҳаи китобдориро ба низоми муайян даровардаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо" 24 декабри соли 2003 қабул шудааст. Дар Қонун оид ба фонди осорхонаҳо, аз ҷумла омадааст: ҳамон асарҳо нигораҳои боарзиши осорхонаҳо номида мешаванд, ки агар дар давоми рушди мутамаддини худ аҳамияти таърихи ва арзишҳои иҷтимоию фарҳанги дошта бошанд. Дар ташкили маҷмӯи осорхонаҳо ба эътибор гирифтани меъёрҳо ва низоми умумиҷаҳони зарур мебошад, то ин ки шарҳ ва дарки рушди тамаддун ва фарҳанги мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то кунун комилан таъмин карда шавад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1873 ёдгориҳои таърихию фарҳанги, аз ҷумла 324 ёдгориҳои таърихи, 1264 ёдгориҳои бостони ва 285 ёдгориҳои меъмори ба қайд гирифта шудаанд. Зарур аст, ки кулли ин ёдгориҳои таърихи - фарҳанги аз назари арзишҳои таърихи таҷдиди назар гардад, фонди осорхонаҳо ва таҳқиқи илмии маводҳои мавҷуда дар асоси меъёрҳои муосири методологи ва тадқиқоти комил карда шуда, аз рӯи онҳо асарҳои нави илми ва оммави ба табъ расанд.

Ҷомеаи тозабунёд талаб мёкунад, ки ба ташаккул ва инкишофи ҳамаҷониба ва мутаносиби илми асоснок шудани ҳунарҳои бадеии мардуми, косиби, театрҳо ва дастаҳои ҳунарии мардуми, фолклори-этнографии минтақаҳои кишвар, дар асоси ниёзҳои имрӯза ва дархостҳои маънавии мардум такмил додани фаъолияти боғҳои фарҳангу фароғат ва истироҳат аҳамияти махсус дода шавад.

Дар татбиқи ин чорабиниҳо, дар баробари маблағҳо ва захираҳои давлати ҷалб намудани имкониятҳои моддию молии дӯстдорон ва донишмандони таъриху фарҳанг, сармоягузорони дохилию хориҷи ва шахсони алоҳида ба мақсад мувофиқ мебошад.

Фаъолият, ҳуқуқҳо ва вазифаҳои васоити ахбори оммаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма", "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табъу нашр", "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" ва ғ. танзим мёкунад.

III. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ва чорабиниҳо оид ба татбиқи самтҳои асосии рушди фарҳанг

Сиёсати давлати дар соҳаи фарҳанг ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" ва дигар санадҳои меъёри-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилали асос ёфтааст.

Мафҳуми "сиёсати давлати дар соҳаи фарҳанг" маҷмӯи консепсияҳо, усулҳо ва мақсадҳо, танзими инкишофи фарҳанг дар сатҳи милли ва минтақавиро дар бар мегирад.

Сиёсати давлати ба барномаҳо, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои мукаммал, ки воқеиятро инъикос менамоянд, такя мёкунад. Моҳият, шакл ва усулҳои татбиқи чорабинихо дар асоси маҷмӯи нақшаҳои соҳави ва равиявии фарҳанг муайян карда мешавад. Инкишофи фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамоҳанги ва ягонагии ду самти фаъолият амали мегардад:

1. Мероси бисёрасраи фарҳанги милли, илми-ғояви, фикри, бадеи, руҳи, ахлоқи-маънави, мазҳаби, расму оин, ҷашни, маиши ва таҷрибаи амали, ки аҳамияти умумимилли ва умумибашари доранд;

2. Шаклҳо, усулҳо, ва тарзи фаъолияту зисти мардум то касби истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва баъди он бо назардошти равандҳои иҷтимои-сиёси, иҷтимои-иқтисоди, илми-амали, назарияхо, ақидаҳо, тамоюлҳои ҷунбишҳои фарҳанги барои ояндаи наздик ва дур, ақидаҳо, натиҷагириҳо, хулосаву пешниҳодҳои олимон ва экспертҳои ватани, хориҷи, иттиҳодияҳои эҷоди ва ходимони алоҳидаи фарҳанг оид ба тамоми равияҳо ва соҳаҳои фарҳанг;

Сиёсати давлати дар соҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар назар дорад, ки бе маблағгузории иловагии давлати низ шароити инкишофи мустақилонаи фарҳанги муосир аз ҷониби субъектҳои давлати, ғайриҳукумати ва ҷудогона дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба вуҷуд оварда шавад.

Тибқи сиёсати давлати дар соҳаи фарҳанг мақомоти назоратии давлати, хазинаҳои мухталиф, дигар сохторҳои ғайридавлати ва ҷамъияти метавонанд субъектҳои ташаббускор, татбиқкунанда ва назоратчии ҷамъиятии татбиқи барнома ва лоиҳаҳо шуда бошанд.

Барномаҳои давлати ва маҳаллии фарҳанги-фароғати, ки аз тарафи идораҳои давлати ва муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъияти, гурӯҳҳои ташаббускор, шаҳрвандони алоҳида таҳия мегарданд, дар асоси озмун интихоб карда мешаванд.

Дарки моҳияти фарҳанг ва вазифаи давлат нисбат ба он имконият медиҳад, ки принсипҳои зерини сиёсати фарҳанги муайян карда шаванд:

1. Ҳадафмандии сиёсати фарҳанги ҷиҳати ҳалли проблемаҳои милли ва минтақави. Ин усул мутобиқи масъалаҳои баҳсталаби иҷтимои-фарҳанги дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба мардум фаҳмо ва дастрас ҷори карда мешавад. Ҳалли масъалаҳои мушаххаси фарҳангии гурӯҳҳои гуногуни аҳоли низ дар ҳамин замина сурат мегирад.

2. Мустақилияти фаъолияти иҷтимои-фарҳанги. Мутобиқи ин принсип ташаббусҳои иҷтимои-фарҳангии шаҳрвандон бояд бидуни фишори сиёси ва ғояви дар асоси талаботи арзишҳои пураҳамияти умумимилли ва умумиинсони сураб гирад.

Худташкилёбии ҳаёти иҷтимои-фарҳанги - маънои нисбатан аз идораи ягонаи маркази ҷудо намудан ва бунёди модели нави ташкили-иқтисодии ба ҳаёти воқеии имрӯза мувофиқ, бударо дорад, дар ҳаёти фарҳангии кишвар, инчунин сохторҳо, шаклҳо, меъёрҳо ва маҳакҳои мутобиқсозии манфиатҳои кулли иштирокчиёни ҳаёти-фарҳанги тадриҷан ташаккул меёбанд.

3. Таъмини гуногунранги, бисёрманзарии ҳаёти иҷтимои-фарҳанги, ки фаъолияти бисёрсубъектии иҷтимои-фарҳанги ва фароғати, барномаҳо, консепсияҳо ва ғояҳои алтернативиро дар назар дорад.

4. Гуфтугӯи равандҳои фарҳанги ҳамчун яке аз шартҳои асосии худинкишофёбии фарҳанг ва инъикоси моҳияти он.

Гуфтугӯи мазкурро аз ду ҷиҳат метавон барраси кард:

а) гуфтугӯи пурмазмун ва инкишофёбандаи арзишҳои фарҳанги ва маънави, ҷаҳонбини, оинҳо, тарзҳои зист, ки танҳо дар сурати баробарҳуқуқии фарҳанги имконпазир аст;

б) фарҳанг ҳамчун низоми худинкишофёбанда аз ягонагии куллии унсурҳои ба ҳамдигар вобаста ва алоқаманд, ки дар онҳо ҷараёнҳои расми ва ғайрирасми амал мекунанд, миёни онҳо гуфтугӯи мунтазами бадеи ва ахлоқию маънави ҷараён дорад.

5. Фардисозии ҳаёти фарҳанги, барқарор намудани равобити равандҳои фарҳанги бо шахсияти эҷодкор.

6. Аз насл ба насл интиқол додан ва ҳифз намудани таҷрибаи бои фарҳанги.

Сиёсати давлатии фарҳанг дар соҳаи инфраструктура инҳоро дар бар мегирад:

а) такмил додан ва ба сиёсати имрӯзаи фарҳангию фароғати ва муносибатҳои ташаккулёбандаи иҷтимоию иқтисоди мутобиқ сохтани фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғати;

б) таъсиси муассисаҳои нави фарҳангию фароғати ва дигар сохторхо, ки ба ҳалли вазифаҳои рушди фарҳанг дар минтақаҳои кишвар мутобиқ ба эҳтиёҷоти иҷтимоии аҳоли мусоидат менамоянд.

Ислоҳоти кулли дар таҳсилоти фарҳанг ва санъат, дар кулли сатҳҳои сиёсати фарҳанги муҳайё сохтани шароитҳое, ки ба фаъолияти иҷтимоию фарҳангии фард, гурӯҳҳои гуногуни аҳоли, сохторҳои давлати ва ғайридавлати, ҳамчунин байналмилали ба ташкили фароғат ва ҳалли проблемаҳои умумидавлати ва минтақави, фарогирии кулли қишрҳои демографии аҳолии кишвар мусоидат мекунад, аз вазифаҳои асоси ба ҳисоб меравад. Дар ин сурат натиҷаи сиёсати фарҳангии давлат дар фаъолияти сермаҳсул ва босифати фарҳанги ва саҳми фарҳанг дар ҳалли проблемаҳои мушаххаси гурӯҳҳои иҷтимои зоҳир мегардад. Инкишофи инфраструктураи муосир бошад, ҳамчун воситаи такмили ҳаёти фарҳанги ва фароғати ба ҳама дастрас мегардад. Тибқи сиёсати давлатии имрӯза Консепсияи рушди иҷтимоию фарҳангии минтақаҳо аз рӯи тархи зерин сохта мешавад:

1. Тасвири муфассали минтақа ва тавсифи сокинони он (гурӯҳҳои иҷтимои).

2. Асоснок намудани самтҳои афзалиятноки инкишофи иҷтимои, фарҳанги ва фароғати.

3. Вазифаҳои сиёсати фарҳанги (доир ба ҳар як самти афзалиятнок).

4. Татбиқи амалии барнома ва лоиҳаҳои пурмӯҳтаво ва таъсирбахш.

IV. Муассисаҳои иҷтимоӣ - фарҳангӣ ва фароғатӣ

Фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғати тибқи тағйироти ҳаёти иҷтимои - сиёсии ҷомеа таҷдиди назар мехоҳад. Умуман, дар давраи гузариш дар ҳаёти фарҳангии кишвар татбиқи вазифаҳои зёрин зарур мебошад:

- дар асоси суннатҳои миллии фарҳанги-маърифати ва махсусиятҳои он бо назардошти меъёрҳои арзишҳои ахлоқи, зебоишиноси, инсонгарои ва меъёрҳои умумибашарии имрӯза давра ба давра, комилан замонави сохтани фаъолияти муассисаҳо ва объектҳои системаи иҷтимои-фарҳанги ва фароғати;

- дар кулли манотиқи ҷумҳури сохтани маҷмааҳои бадеи-намоиши ва марказҳои намоиши, фондҳо, ба роҳ мондани шаклҳо ва усулҳои нави ташкили кор, бо таҷҳизоти замонави муҷаҳҳаз сохтани объектҳо, ҷори намудани реҷаи кор тибқи ниёзҳои давр ва фарҳанги хизматрасони, ба роҳ мондани фаъолияти устохонаҳо ва истеҳсоли анъанавии маҳсулоти косибии ҳунарманди ва дигар навъу намудҳои ҳунари амалии мардуми, ки аз қадим дар манотиқи ҷумҳури рушд ёфта буданд; паст намудани арзиши аслии маҳсулоти ҳунарҳои халқи барои дастрас намудан ба мардум.

- сохтмони биноҳои нав, барқарор намудани иморатҳо ва иншооти китобхонаҳо, толорҳои қироати, намоишгоҳҳо, осорхонаҳои бадеи, иморатҳои намоишгоҳҳои тиҷорати барои тарғиби дастовардҳои ҳунарҳои суннати, бадеи ва эҷодиёти амалии мардуми, муҷаҳҳаз намудани онҳо бо техника ва технологияи ҳозиразамон, истифодаи тарҳрезии муосир ва ҷобаҷогузории таҷҳизоти зарурии кори, намоиши, мебели истеҳсоли ва намоиши-тиҷорати, лавҳаҳои намоиши бо назардошти таъиноти мақсадноки онҳо, такмили захираҳои чопи, осори бадеи ва арзишҳои классики ва ҳунарҳои муосир; бо мутахассисон, кадрҳои баландихтисос ва дигар кормандони зарури таъмин намудани муассисаҳои иҷтимои-фарҳангии ҳамаи навъу равияҳо; таъмин намудани фаъолияти пурмаҳсул ва маданияти хидматрасонии онҳо; қонеъ гардонидани манфиатҳо, талабот ва майли кулли табақоти иҷтимои-демографии ҷомеа;

- дар кишвар ба вуҷуд овардани марказҳои истеҳсоли маҳсулоти аудио, видео, ки дар байни қишрҳои иҷтимои-демографии аҳоли талаботи зиёд доранд; бунёд сохтани "шаҳраки мусиқи" барои намоиш додани ҳунари дастаҳои худфаъолияти мусиқи-иҷрокунандагии навъу равияҳо ва услубҳои гуногун, ҳамчунин шоу ва дискоклубҳо, сохторҳои имрӯзаи мусиқи тибқи майлу хоҳиши ҷавонон, ки ҳадафҳои фароғати ва истироҳатиро касб кардаанд;

- такмили усулҳои ташкил ва татбиқл амалии фестивалҳо, озмунҳо ва дигар чорабиниҳои эҷодии маҳалли, минтақави, милли ва байналмилали, ки баҳри пайдо намудани истеъдодҳо равона карда шудаанд; баланд бардоштани талабот ва меъёрҳои баҳогузории ҳайати ҳакамот; қадр кардани ғолибони озмунҳо бо мукофотҳо ва маблағҳо тавассути шаклҳои гуногуни ҳавасмандкунии иштирокчиёни мусобикаҳои эҷоди;

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки инкишоф ва боло бурдани маҳорати касбии иҷрокунандаги, таваҷҷуҳи махсус додан ба фаъолияти дастаҳои эҷоди, кулли намудҳои санъати саҳнави ва чорабиниҳои оммавии ҳамаи минтақаҳо, пеш аз ҳама пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе;

- эҳё ва густариши соҳаҳои дахлдори фаъолияти иҷтимои-фарҳанги ва эҷодиёти худфаъолияти дар сохторҳои анъанавии таълими-тарбиявии иҷтимои, аз ҷумла дар чойхонаҳо, клубҳо, маконҳои мулоқот ва баргузории фароғати гурӯҳҳои мухталифи иҷтимои-демографии аҳоли дар ҷои истиқомат ва кор бо назардошти манфиатҳои умумии онҳо, пеш аз ҳама дар деҳот ва маҳали сукунат;

- қадр кардан ва ҳавасманд гардонидани ходимони фарҳанг ва санъат, аз ҷумла шоирон, оҳангсозон, нависандагон, рассомон, муҷассамасозон, устоҳои мардуми, меъморон, хофизон, ҳунарпешагон, дизайнерон, моделерон ва дигар шахсони эҷодкор; ҷалб намудани онҳо ба такмилу ташаккули сатҳи иҷтимоию фарҳанги, эхёи шаклҳои эътироф гардидаи арзишҳои иҷтимои ва муносибатҳои байни ҳамаи табақаҳои иҷтимоию демографии аҳоли, дар деҳот ташаккул додани тарзи нави зиндаги ва фарҳанг, меъёрҳои арзишии истифодаи имкониятҳо ва хадамоти инфраструктураи иҷтимои-фарҳангии шаҳри, сохторҳои иҷтимои ва фарҳангию эҷодии шаҳри; риояи меъёрҳо ва низомҳои экологи, коммунали-хоҷаги, маиши, хонаводаги, фароғати ва монанди инҳо;

- ноил шудан ба дараҷаи баланди фаъолияти иҷтимои - фарҳанги ва сохторҳои фароғати-истироҳати, ки ба талаботи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳони, меъёрҳои ахлоқи, зебоиписанди, иҷтимоию фарҳанги, дигар меъёрҳо, қоидаҳо ва намунаҳои умумибашари мувофиқ бошад; таъмин намудани фаъолияти пурмаҳсули онҳо; қонеъ гардонидани манфиатҳои фарҳанги-фароғати ва ниёзҳои маънавии мунтазам такмилёбанда;

- дарк ва истифодаи анъанаҳои милли дар иртибот бо шароитҳо ва имкониятҳои имрӯза, мутобиқ сохтани меъёрҳои анъанавии арзишҳои фарҳанги ва маънави ба арзишҳои замони муосир, ки ҳоло ҳарчи бештар хусусиёти умумибашари, инсонгароиро пайдо кардааст;

- такмили шаклҳо, усулҳо ва технологияи хадамоти фарҳанги, пурра ва фоиданок истифода намудани таҷрибаҳои пешин, муттаҳид сохтани фаъолияти муассисаҳои фароғати-истироҳати, сохторҳои иҷтимои-фарҳанги ва инфраструктураи хадамоти ҳозиразамон, мақсаднок ва самарабахш истифода бурдани маблағҳои аз тарафи давлат ва идораҳою ташкилотҳои ҳавасманд ҷудокардашуда; фаъолона ҷалб намудан ва мақсаднок сарф намудани маблағ баҳри навсози, такомул, аз нав ташкилнамои ва рушди соҳаҳои фарҳанг, санъат ва фароғат; мақсаднок истифода кардани саҳмгузориҳои модди аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлати, ёрии модди ва молии сармоягузорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузори;

- дар кулли минтақаҳо ва маҳалҳои ҷумҳури таъсис додани муассисаҳои таълими, ташкили курсҳои таълими, омӯзиши суннатҳо, махсусиятҳо ва воситаҳои инкишофи ҳунарҳои бадеии мардум, ҳунарманди ва махсули эҷоди инфироди, баланд бардоштани маҳорат ва такмили малакаи косибону устоҳои мардуми, инчунин тайёр кардан ва бозомӯзии тахассуси ва азхудкунии шаклҳо ва усулҳои фаъолияти роҳбарони сохторҳои иҷтимоию фарҳанги ва фароғатию истироҳати, мутахассисони самтҳои гуногун, соҳа ва навъҳои фарҳанг ва санъат, омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсоли;

- дар ҳама ҷо ба ҳукми анъана даровардани ташкил ва гузаронидани чораҷӯиҳои анъанавии мардуми, тантанаҳои тақвими-ҷашни ва озмунҳо, намоишҳои маҳсули эҷодиёти бадеи, меъмори, устоҳои мардуми, дастаҳои худфаъолияти ва иҷрокунандаги, аз ҷумла дастаҳои сурудҳои хори, театрҳои мардуми, суруд ва раксҳои мардуми, классики, муосир ва дигар равияҳои эҷодиёти мардуми;

- таъмини ҳамкории судманди корхонаҳои давлати ва фондҳои китоб, маҷмӯи дигар нашрияҳои чопии ташкилотҳои ғайридавлати бо муассисаҳо ва ташкилотҳои ғайрисоҳа, такмили мунтазами фондҳои китобҳои бадеи, нашрияҳои илми-техники, илми-оммави, технологи ва дигар нашрияҳо бо таҷҳизоти идора ва ташкили кор;

- дар буҷети давлати, пешбини намудани маблағ барои дастёби ба маҳсулоти чопи;

- ташкили фаъолият, пурра кардан ва навсозии экспозитсияҳои осорхонаҳои кишваршиноси, бадеи ва дигар толорҳои доимамалкунанда ва намоишгоҳҳо мутобиқи талаботи махсуси онҳо, технологияи ҳозиразамони нигаҳдори ва азнавбарқарорнамоии экспонатҳо бо назардошти манфиатҳои илм ва талаботи тамошобинон;

- сохтан, муҷаҳҳаз ва бо экспозитсияҳои зарури таъмин намудани осорхонаҳо ва намоишгоҳҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар, ки он ҷо ҳафриётҳои бостоншиносии санъати миллии амалии мардуми, равияҳои ҳунарманди ва дигар шаклҳои эҷодиёти мардум вуҷуд доранд, ки фаровардаҳои он талабгорони худро доранд, мақсаднок ва судманд истифода мешаванд.

- таъмир, таҷдид ё сохтмони объектҳои нави ҳозиразамони фарҳанги - фароғати, эҳёи захираҳои мавҷуда ва тоза воридшаванда, сохтани иншооти нав дар маҳалҳое, ки марказҳои иҷтимои-фарҳанги ва фароғати-истироҳати, клубҳо, китобхонаҳо, толорҳои мусиқи, суруд ва рақс, интернет-толорҳо ва ғ. надоранд;

- ба роҳ мондани фаъолияти сохторҳои иҷтимои-фарҳанги ва фароғати-истироҳатии давлати ва ғайридавлати, соҳави ва ғайра;

- таъмин намудани роҳбарии судманд ба фаъолияти муассисаҳои иҷтимои - фарҳанги, фароғати- истироҳати, татбиқи барномаҳо, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои рангин, инчунин дастгири ва кӯмаки воқеи ва самарабахши давлати ва ғайридавлати ба ходимони илм, фарҳанг ва санъат, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи омӯзиш, таъминоти иҷтимои ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли;

- дар ҳама ҷо васеъ намудан ва такмил додани шаклҳо ва усулҳои истифодаи бепули системаҳои ҳозиразамони технологи, шабакаҳои иртиботи, бонкҳои иттилоотии соҳаҳои мухталифи фаъолият ва равияҳои мавзӯи дар сохторҳои иттилооти-таълимии амалкунанда, дар муассисаҳои клуби ва дигар муассисаҳои иҷтимои-фарҳанги барои табақаҳои камбизоати аҳоли, инчунин барои олимон, мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат, омӯзиш, таъминоту ҳифзи иҷтимои, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умуми, миёна ва олии касби;

- қави намудан, густариш ва такмили равандҳои зарурии ҳуқуқи, қонуншиноси, ахлоқи, тарбияи хулқу рафтори нек; пурзӯр кардан ва баланд бардоштани маҳсули корҳо оид ба омӯзиши шаклҳо ва тарзҳои ҳаёти солими аҳоли дар фаъолияти иҷтимои - фарҳангии муассисаҳо;

- баланд бардоштани нақши радио ва телевизион дар тарғиби навъҳои суннати ва муосири санъат, ташкили намоиши идҳои мардуми, чорабиниҳои гуногуни фарҳанги, намоишномаҳои театри ва консертҳои устодони санъат, таъмини намоиши барномаҳои доими, гузоришҳо дар бораи анъанаҳо, вазъи имрӯзаи навъҳои фарҳанг ва санъати классики, навъҳо ва равияҳои тозаи он, аз ҷумла санъати касбии мусиқи ва иҷрокунандаги, намоишномаҳо ва ғайра.

V. Эҷодиёти бадеии мардум

Эҷодиёти бадеии мардум ва санъати тасвирии Тоҷикистон решаҳои амиқи таърихи доранд. Дар онҳо ҳаёти ҳамарӯзаи мардум, урфу одат ва анъанаҳо инъикос ёфтааст. Онҳо махсусияти ҳувият, хислат, ҷаҳонбини, арзишҳои маънави - ахлоқи ва фарҳанги - эстетики тоҷиконро таҷассум менамоянд.

Имрӯз зарурати тарбия ва ба воя расонидани устоҳо ва ҳунармандони мардуми, ки он санъати волои мардумиро аз нав эҳё карда метавонанд, тайёр кардани олимон, муҳаққиқон, мутахассисон ва таҷрибакорон, ки ҳамзамон бо таҳқиқи проблемаҳои санъати бадеии мардум ва амалию ороиши машғул шуда, натиҷаҳои фаъолияти илмии хешро дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ мекарда бошанд, ба миён омадааст.

Дар татбиқи ин масъала бояд:

- чорабиниҳои фарҳанги - оммавии ҷумҳурияви ва байналмилали, ки ба эҷодиёти бадеии мардум ва фаъолияти амалию ороишии мардуми вобастаанд, аз он ҷумла семинарҳои илми - амали, озмунҳои ҳунармандон ва устоҳои моҳир гузаронида шаванд;

- дастгирии давлат, сармоягузорон, ҳавасмандкунии инфироди ва гурӯҳии ҳунармандон ба роҳ монда шавад;

- оид ба эҳёи санъати ороишию амалии мардуми барномаҳо ва лоиҳаҳо, ки ба талаботи имрӯзаи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ бошанд, тартиб дода шаванд;

- воситаҳои таълими ва усули тадриси фанҳои "Эҷодиёти бадеии халқ", "Фарҳанги бадеи", "Касбу корҳои бадеии мардум", "Мардумшиноси" ва ғайра дар муассисаҳои таълимии махсус таҷдиди назар карда шаванд;

- лоиҳаи бунёди биноҳои фарҳангию фароғати омода карда шуда, ҳунармандон, косибон, устоҳои касбу корҳои мардуми ва санъати амали бо ашё ва маводи зарури таъмин карда шаванд; маҷмааҳои устохонаҳои санъати мардуми ва касбу корҳои бадеи, толорҳои намоиши, дуконҳо, студияҳои шогирдон ва дигар объектҳои Маркази миллии истеҳсолоти маҳсулоти мардуми-бадеи сохта шуда, анъанаи аз насл ба насл интиқол додани ҳунарҳои мардуми ва такмили ҳунари мардум бо унвони шартии "Шаҳри ҳунармандон" ба роҳ монда шавад.

VI. Санъати театрӣ ва мусиқӣ

Такмил ва инкишофи санъати театрии кишвар аз бисёр ҷиҳат бо ташкили мунтазами сафарҳои гурӯҳҳои театри ба дохили кишвар ва берун аз он, маблағгузори ба такмили ихтисоси ҳунарпешагон дар театрҳои давлатҳои хориҷи ва таҳсили ҷавонони соҳибистеъдоди тоҷик дар мактабҳои олии театрии кишвар ва хориҷ вобаста аст. Дар ин кор густариши таҷрибаи мақсадноки давлати дар соҳаи таълифи асарҳои драмави ва намоишномаҳои театри, аз ҷумла барои кӯдакон, бунёди Фондҳои дастгирии лоиҳаҳои театри аз рӯи ҳамаи шаклҳо ва жанрхо аз ҳисоби маблағгузории давлати ва ғайридавлати низ ба мақсад мувофиқ аст.

Барои такмил ва инкишофи санъати театрии тоҷик корҳои зеринро анҷом додан зарур аст:

- аз тарафи давлат дастгири намудани фазои ягонаи театри;

- тарғиби мақсаднок, гуногунранг ва инкишофи кулли навъҳои санъат ва комёбиҳои эҷодии театрҳо, опера, рақси милли, классики ва муосир;

- ҳифзи иҷтимоии ходимони театр, кӯмак ба такомули эҷоди ва тахассусии кормандони соҳа;

- ҷалби сарчашмаҳои алтернативи (ғайридавлати) ва ташкили маблағгузории бисёрсоҳаи фаъолияти театри;

- боло бурдани обрӯю эътибор ва нақши иҷтимоии кулли навъҳои санъати саҳнави - театрҳои драмави, опера, балет, оперетта ва ғайра;

- ташаккули системаи иҷтимои-давлатии дастгирии соҳаҳои театр ва мусиқи;

- омӯхтани таҷрибаи театрии мардуми тоҷик.

Ташаккули замина барои инкишофи мустақилонаи ҳаёти театри, васеъ гардонидани доираи тамошобинон, муҳайё сохтани шароит барои худифодаёби ва эътирофи истеъдодҳои саҳнави, бо маводҳои зарури таъмин намудани раванди театри бояд аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини рушди ҳаёти театри дар замони ҳозира эътироф карда шавад;

Ташкили ҳаёти театри ҳамчун раванди иҷтимои-фарҳанги бояд ба усули баҳисобгирии манфиатҳои кулли иштирокчиён - давлат, ҷомеа (гурӯҳҳои гуногуни иҷтимои ва сохторҳо), театр ҳамчун сохтори иҷтимои-фарҳанги ба мардум такя дошта бошад.

Вобаста ба ғояҳои бунёдии мақсаднокии фаъолият, механизми ташкили иқтисод театр метавонад нисбат ба манфиати гурӯҳҳои иҷтимои муносибати хос дошта бошад. Ҳамин хусусият талаб мекунад, ки дар фарҳанги ҷумҳури, дар соҳаҳои инкишофи бадеи-эҷоди ва иҷтимои - фарҳанги системаи худинкишофёбии фарҳанг ташаккул дода шавад.

Устувори ва боэътимодии низоми мазкур ва инкишофи онро бо роҳҳои гуногун таъмин кардан мумкин аст. Таҷрибаи ҷаҳони мавҷудияти се роҳи асосии ташкили ҳаёти театриро нишон медиҳад, ки он бояд имрӯз дар инкишофи санъати театрии тоҷик ба эътибор гирифта шавад:

1. Худташкилёбӣ

2. Созмондиҳӣ ва идораи давлатӣ

3. Моделҳои синкретики, ки ҷиҳатҳои мусбати ду тарзҳои аввалро бо ҳам муттаҳид месозад.

Усули худташкилёби ба ташаббуси иҷтимои ва кордонии шахси такя дорад. Такондиҳандаи иҷтимоии ташаббуси ҷудогона (шахсони алоҳида) талаботи дарккардашудаи ҷомеа ба ин ё он навъи фаъолияти фарҳанги мебошад. Эътирофи иҷтимоии истеъдод низ аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар сурате ба он ноил гардидан мумкин аст, ки агар фаъолияти санъаткор дар муҳити умумии фарҳанги, муҳите, ки ҷустуҷӯҳои эҷодиро эътироф мекунад, мепазирад ва дарк мекунад, ҷараён дошта бошад. Дар ин ҳолат, ташаккул ва инкишофи ниёзҳои зебоиписандии аҳоли шарти асосии рӯҳи тоза пайдо кардани санъати театри ва умуман фарҳанг мегардад.

Омили муҳимтарини дастгирии давлати - иҷтимои, ҳифз ва инкишоф додани санъат лоиҳаҳое мебошанд, ки ба боло бурдани эътибори театр ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони эҷоди, интихоби роҳҳои танзими равобити театри, ташкили муҳити мусоид, татбиқи пешниҳодоти судманди мухталиф, ки бо таъминоти моли ва моддии театрҳо бастаги доранд, равона шуда бошанд.

Вазифаҳоеро ки дар ояндаи наздик дар фаъолияти инкишофи санъати театри мавҷуданд, метавон чунин матраҳ кард:

- дастгирии шаклҳои нави фаъолияти театри;

- бунёди фонди дастгирии лоиҳаҳои театри, ки аз ҷониби муассисаҳои ғайридавлати, агентиҳо, идораҳои продюсери, марказҳои театри барои Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд;

- таҳияи барномаҳои дастгирии театрҳои ғайридавлати, ташкили коркарди чунин барномаҳо дар манотиқ;

- ҳавасмандкунии пешниҳодҳо дар соҳаи театр барои кӯдакон ва наврасон;

- мунтазам баргузор намудани фестивалҳои театри, азназаргузарони, озмунҳо баҳри қонеъ гардонидани ниёзҳои фарҳангии табақоти мухталифи иҷтимои-демографии аҳоли;

- таҳияи шароитҳои махсус барои дархостҳои эҷоди ба песаҳо ва намоишҳо барои кӯдакон ва наврасон, инчунин барои табақоти аз ҷиҳати иҷтимои ноқис;

- ҷамъбаст ва паҳннамоии таҷрибаи ҳавасмандкуни дар рушди Ташаббусҳо дар соҳаи театр;

- тавассути дастгирии иттиҳодияҳо ва коргоҳҳо, ҳидоят намудан ба рушди драматургияи муосир ва дигар навъҳои санъати муосир таъмин намудани гурӯҳҳои эҷоди бо дархостҳо, нашри песаҳо, партитураҳо, либретто ва дигар маводи чопи;

- ба роҳ мондани фаъолияти таъминоти методи ва мунтазам баргузор намудани семинарҳо оид ба маркетинг барои театрҳо;

- таҳия, нашри маводи методи ва густариши таҷрибаи шаклҳои нави кор бо тамошобинон ва фурӯши билетҳо, системаҳои абонентии силсиладор ва ғайра;

- баргузор намудани сабқатҳо бо мақсади гирдоварии маблағ барои дастгирии рушди театр (лотереяҳо, силсилаи консертҳои хайрия ё идҳои мардуми, фурӯши нишонаҳои рамзи ва ғайра);

- таҳияи услубҳои нави фаъолияти театри, театри телевизиони, театри видеои, театр дар майдони кушод ва ғайра;

- таҳияи усули таблиғи санъати саҳнави тавассути радио ва телевизион, ҳамчунин аз тариқи васоити ахбори умум;

- ташкил ва ба воситаи радио ва шабакаҳои телевизиони мунтазам пахш намудан ва нишон додани опера, балет ва оперетта, асарҳои театри мардуми, рақси классики;

- дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он ташкил кардани ҳунарнамоии гурӯҳҳои эҷоди;

- ташкили фестивалҳои байналмилалии театрҳо ҳамчун яке аз воситаҳои рушди равобити фарҳанги ва ҳамкори бо анҷуманҳои театрии ҷаҳон;

- ҳидоят намудан ба фаъолияти метсенатҳо ва сармоягузорони санъати саҳнави;

- таҳияи тавсияҳои методи оид ба истифодаи ҳама гуна имтиёзҳои иқтисоди барои сармоягузорон (муҳайё сохтани шароити фаъолияти афзалиятнок барои соҳибкорон: қарз, дархост, ба иҷора супоридан, сертификат гирифтан ва ғайра);

- лоиҳакаши, сохтмон, ба истифода додан ва истифодаи иншооти ҳозиразамони аз назари техники муҷаҳҳаз, ҳамчунин бунёди биноҳои нави театр дар маҳалҳои аҳолинишин;

- бунёди театрҳои бачагона, наврасон, лӯхтак, дар марказҳои вилоят ва шаҳрҳои калон;

- дар назди мактабҳои махсуси мусиқи, литсейҳо ва коллеҷҳои санъати ҷумҳури ташаккул додани марказҳои тарбияи зебоиписанди, ки бо кулли таҷҳизоти таҳсилу тарбия, воситаҳои аёни, дастурҳои таълими ва ғайра таъмин шуда бошанд;

- дар кулли марказҳои вилоятии кишвар ҳамчунин дар мактабу донишгоҳҳо ташкил намудани дастаҳои драмави, этнографи, мусиқи ва сарояндагии консерти, ансамблҳои рақсу сурудҳои мардуми, классики, ҳозиразамон ва таъмин намудани фаъолияти самараноки онҳо;

- ҳамасола дар шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани фестивали асарҳои беҳтарини саҳнави, аз ҷумла балети классики, опера, оперетта, хорсарои, мусиқии симфони ва камерави, инчунин асарҳои муаллифони маъруфи ҷаҳони;

VII. Санъати мусиқӣ

Дар нимаи дуввуми қарни ХХ мусиқии касбии тоҷикон, хусусан ҳунари оҳангсози бо суръат инкишоф ёфт. Асарҳои композиторони тоҷик дар собиқ кишвари Шӯрави ва берун аз ҳудуди он дар фестивалҳои гуногун иҷро карда мешуданд.

Имрӯз дар кишвар вазъи оркестри симфони ва ягона арғунун дар ҷумҳури беҳбуди мехоҳад. Камбудии асоси - ин нарасидани оҳангсозону навозандагон, мусиқишиносон, нарасидани созҳои мусиқи, таҷҳизоти консерти ва маоши ночизи аҳли ҳунар мебошад ва баъзан меъёри сифатии фарҳанги мусиқи гардидааст.

Дар марҳилаи имрӯза дар кишвар дар шароити истиқлолият имкониятҳои эҳё ва рушду нумӯ ёфтани соҳаи санъат вуҷуд дорад ва барои ин зарур аст, ки:

- муносибат нисбат ба мусиқии касби ба кулли дигар карда шуда, қадри он тавассути афзудани моҳонаи оҳангсозону навозандагон, ҳофизон, хорсароён ва солистони опера ва артистони оркестр, ҳамчунин омӯзгорону кормандони ёрирасони таълими, Консерваторияи милли, Донишкадаи давлатии санъат, коллеҷҳо ва мактабҳои мусиқи зина ба зина баланд бардошта шавад;

- пояи моддии кулли таълимгоҳҳои мусиқи, аз ҷумла мактабҳои оли ва миёнаи мусиқи қави гардонида шуда, раванди таълим дар онҳо бо созҳои муосири мусиқи, китобхонаҳои онҳо бо асарҳои классикаи ҷаҳони ва оҳангсозони тоҷик таъмин карда шавад;

- мактабҳои ибтидоии мусиқи ва санъат, ки худ яке аз бахшҳои маориф мебошанд, комилан ба ихтиёри Вазорати фарҳанг гузаронида шаванд;

- маблағгузории ҳамасола аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри маҷмӯаҳо, китобҳои дарсии нота, воситаҳои таълим ва ҳавасмандгардонии муаллифон;

- барои аз кишварҳои дигар дар асоси шартнома даъват намудани мутахассисони пуртаҷриба ва бо мақсади коромӯзи ба хориҷа равон кардани мутахассисони ватани аз ҳисоби буҷаи давлати маблағҳои зарури ҷудо намуда, баҳри иҷрои ин мақсад аз ҷумла имкониятҳои ташкилотҳои ғайридавлати, сармоягузорон ва метсенатҳо васеъ истифода шавад;

- барои рушди ҳамаҷонибаи жанрҳои мусиқии муосир Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба композиторони тоҷик мунтазам таълифи-асарҳои симфони, опера, балет, опереттаҳо ва дигар жанрҳои санъати саҳнавиро супорида, иҷрои саҳнавии онҳоро таъмин намояд.

VIII. Санъати тасвирӣ

Санъати тасвири, муҷассамасози, наққоши, ороиши - ҷузъи муҳими фарҳанг мебошанд ва хусусиятҳои маънави, рӯҳи, модди ва андешаҳои иҷтимоиро таҷассум месозанд. Онҳо дар ташаккули худшиноси, маънавият, ҷаҳонбини, бунёди ҷомеаи демократи нақши муҳим мебозанд.

Махсусиятҳои аслии намудҳои мухталифи санъати тасвири дар он зоҳир мегардад, ки устоҳои касбии ин навъҳои санъат ниҳоят ба теъдоди кам боқи мондаанд; дар толорҳои намоиши асарҳои санъати тасвири тамошобин дида намешавад, асарҳои санъати тасвири бозори худро надорад, рассомон, муҷассамасозон ва ороишгарон дар ҳолати камбизоати умр ба сар мебаранд. Инвеститсия дар навъҳои номбурдаи санъат қариб мушоҳида намегардад, ташкилотҳои арт-менеҷменти ва бозорёби, ки қудрат доранд ба инкишофи санъат ва арзиши моли он таъсир расонанд, дар кишвар аслан ривоҷ наёфтаанд.

Дар Тоҷикистон як иттиҳодияи касби - "Иттифоқи рассомон (1933)", Иттиҳодияи ғайридавлатии "Камони Рустам" (аз соли 2002 ҳамчун гурӯҳи "Ҳафтранг", соли 2004 ба қайд гирифта шудааст), "Маркази санъати муосир ва хонаи эҷоди" дар Қайрокум амал мекунад. Дар Тоҷикистони имрӯза ба сабаби мавҷуд набудани имкониятҳои моли ва муколама бо давлатҳои дигар, паст будани суръати инноватсиони, дастрас набудани воситаҳои видео ва аудио санъати амали мақоми сазовор надорад. Ин бошад, имконият намедиҳад, ки мутахассисони тоҷик дар хориҷи кишвар фаъолона кор кунанд.

Умуман, санъати тасвири то имрӯз дар шакли пешинаи марказонидашуда боқи мондааст: гуногунандеши, самти алтернативи ва ҳамоҳангсозии фаолияти эҷодии рассомону муҷассамасозон ва ороишгарон дар сатҳи зарури ба ҷо монда нашудааст. Дар айни замон бояд таъкид намуд, ки худи рассомон, муҷассамасозон ва ороишгарон низ дар ин ҷода чандон фаъол нестанд, зеро онҳо низ метавонанд , инвесторонеро, ки бо фарҳанг сару кор доранд, ҷустуҷӯ намоянд. Умуман, системаи муносибатҳои байниҳамдигарии дархостҳои давлати, ҷомеа ва иҷрокунандаи эҷоди заиф гардидааст.

Барои рушду нумӯи санъати тасвири зарур аст:

- ба бозори ҷаҳони баровардани асарҳои рассомони тоҷик ва намунаҳои санъати амали (кулолгари, наққоши, кашидадӯзи, кандакори, гаҷкори ва ғ.)

- ба роҳ мондан ва ҳамоҳангсозии муколама ва мубодилаи афкори эҷоди бо доираҳои фарҳангии кишварҳои хориҷи;

- таъмини истифодаи технологияи иттилоотии муосир (аз ҷумла тасвирсозии компютери) барои рассомон ва ороишгарон;

- дастгирии анҷуманҳо, иттиҳодияҳои эҷоди ва дигар ташкилотҳои марбут ба санъати тасвири ва ороиши дар баробари сохторҳои давлати;

- ташкил ва дастгирии сохторҳои патронажи ва арт-менеҷменти;

- мусоидат намудан ба муайян намудани талабот, дастёби ва ҳавасмандгардонии аҳоли нисбат ба асарҳои рассоми, муҷассамасози ва ороиши бо гузаронидани тадқиқоти омории умуми ва мунтахаб (пурсишномаҳо, саволномаҳо) дар байни аҳоли;

- пайваста афзун ва мукаммал намудани экспозитсияҳо, ташаккул додани фондҳои Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи асарҳои санъати тасвири;

- таҳия намудани барномаҳои мақсаднок оид ба эҳёи кулли инфраструктура ва индустрияи санъат, ороиш ва дигар навъу шаклҳои эҷоди бадеи;

- таъсиси маҷаллаи ранга бахшида ба проблемаҳои фарҳанг ва санъати Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фаъолияти хоҷагидори.

IХ. Нашри китоб, фаъолияти китобдорӣ - иттилоотӣ

Нашри китоб дар такомул ва рушду нумӯи тамаддуни башар, фарҳанги милли ва мардуми яке аз мавқеъҳои муҳимро ишғол менамояд. Китобхонаҳо тарғибгари асосии афкори илми, бадеи ва хазинаи ҳамагуна шаклҳо, навъҳо ва жанрҳои иттилооти ба шумор мераванд. Ин соҳаи фаъолияти фарҳангии халқи тоҷик дар тули қарнҳо такомул ва инкишоф ёфтааст ва тимсолу таҷрибаи бои таърихи дорад. Мутаассифона, ин соҳаи муҳими фаъолияти инсон, яъне кор бо китоб дар марҳилаи кунуни дучори душвориҳои зиёд гардидааст.

Барои густариши фаъолияти китобхонаҳо зарур аст, ки:

- фаъолияти азнавсози, таҷдиди фанни ва ба кор андохтани технологияи муосири полиграфи афзуда шавад;

- афзалияти чопи китобҳои дарси ва адабиёти таълими, маълумотномаҳо, фарҳангҳо, луғатҳо бо назардошти инъикоси афкори илмии 10-15 соли охир таъмин карда шавад;

- нашри беҳтарин намунаҳои адабиёти бадеии ҷаҳон аз қадим то имрӯз ба забонҳои тоҷики, руси ва англиси таъмин карда шавад;

- захираи касбии адабиёти тарҷумави, хусусан дар соҳаҳои илм ва ташкили таълиму тарбия, усулҳои таълим дар вобастаги бо муносибатҳои нави иқтисоди бозори ташаккул дода шавад;

- кори тарғиби китоб дар кулли манотиқ ва ноҳияҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шавад;

- захираҳои миллии электронии ҳамаи шаклҳо, навъҳо ва жанрҳои адабиёт дар кулли соҳаҳои илм ташкил дода шавад; интиқоли матни китобҳо ба дискҳои СД ва истеҳсоли нашри китобҳои электрони зина ба зина таъмин карда шавад;

- китобхонаҳои бузург дар кулли манотиқи ҷумҳури бо таҷҳизоти технологияи муосир ва мутахассисони соҳаи барқароркунии дастнависҳо, таъмир ва барқарорнамоии фондҳои харобгаштаи китоб, ҳамчунин интиқол додани онҳо ба дискҳои СД таъмин карда шаванд;

- шакл ва усулҳои идораи кори китобдори ва таъмини фонди китобхонаҳо тавассути коллекторҳои маркази такмил дода шавад;

- ҳуқуқи афзалиятноки китобхонаҳо барои дарёфти аснод, китобҳои аз рӯи барномаҳои давлати нашршуда ва дар навбати аввал ба даст овардани санадҳои китобхонаҳои барҳамхӯрда дар амал татбиқ карда шавад;

- камбуди фонди китобии китобхонаҳои ҷумҳури аз ҳисоби чопи китобҳо ба забони давлати пурра карда шавад;

- адабиёти кӯҳнашуда аз ҳисоби фондҳои китобхонаҳо бароварда шавад;

- кори ба микрофилмҳо сабт намудани дастнависҳои кӯҳнашуда, вале пурарзиш ва китобҳои нодир дар кулли шаклҳои моликият ба роҳ монда шавад.

Х. Таҳсилот дар соҳаи фарҳанг ва тарбияи кадрҳо

Таълим дар соҳаи фарҳанг минбаъд дар радифи аввали рушди иҷтимои-иқтисодии ҷомеа бошад, то тавассути он ҷомеа ба дарки ғояҳо ва муносибатҳои нави иҷтимои омода гардад.

Системаи омӯзиш дар соҳаи фарҳанг дар 36 мактабҳои мусиқи, 36 мактабҳои санъат, 7 мактабҳои рассоми, 2 мактаб - интернати миёнаи махсуси мусиқи: Мактаб - интернати ҷумҳуриявии санъати ба номи М. Собирова, Мактаб - интернати ҷумҳуриявии мусиқи ба номи 3. Шаҳиди, инчунин Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг ба номи П. Буйдоқов, Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз, Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи К. Қурбонов, Коллеҷи санъати ш. Душанбе ба номи А. Бобоқулов, Коллеҷи хореографи, чанд муассисаҳои таълимии махсус ва мактабҳои оли: Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологи (факултаи тарроҳи-бадеи), Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров /факултаи санъат/ амал мекунад. Дар маҷмӯъ, дар системаи таълимии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилот аз рӯи 44 ихтисос мутахассисони санъат, фарҳанг ва эҷодиёти мардуми сурат мегирад.

Дар марҳилаи кунуни, пояи модди, коргоҳҳо, бюҷет, сатҳи дониши омӯзгорони аксари муассисаҳои омӯзишии соҳаи фарҳанг ба талаботи стандарти давлатии маълумот пурра ҷавобгӯ намебошанд. Дар барномаҳои таълими мавзӯъҳои имрӯзаи омӯзиш дар соҳаи фарҳанг ва санъат, тамоюлҳои тоза дар ҳунар, технологияи ҷадид, фанҳои арт-менеҷмент дохил карда нашудаанд. Солҳои охир робитаи Вазорати фарҳанг ва мактабҳои олии Федератсия Россия дар кори тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанг пурзӯр мегардад, аммо ин иқдом миқдоран хеле кам буда, талаботи соҳаи эҷоди ва иҷтимоии фарҳангии ҷумҳуриро ба мутахассисон қонеъ гардонида наметавонад. Барои такмили ин самт минбаъд бояд имкониятҳои васеи модди фароҳам оварда шавад.

Барои ҳалли проблемаҳои таҳсилоти соҳаи фарҳанг зарур аст:

- омода кардани кадрҳои фарҳанг ва санъат, ки тавонанд инсонҳоро ба ҷомеаи нави иҷтимои, дарки фарҳанги ватани ва ҷаҳони мутобиқ созанд;

- тайёр намудани мутахассисоне, ки дар сатҳи минтақа ё гурӯҳҳои мушаххас тавонанд сиёсати фарҳангии давлат, барномаҳои мақсадноки фарҳанги-фароғати ва лоиҳаҳоро таҳия намуда нерӯи тарбиявии соҳаи фароғатро татбиқ намоянд;

- барои он ки осорхонаҳо, намоишгоҳҳои бадеи, толорҳо тибқи дархостҳои замон ва стандартҳо фаъолияти худро ба роҳ монанд, дар барномаҳои таҳсилотии таълимгоҳҳои марбута фанҳои махсуси баҳисобгири ва ҳифзи экспонатҳо, азнавбарқароркуни ва тадқиқи илмии онҳо ворид карда шаванд;

- раванди азнавсозии кулли соҳаҳои ҳаёти кишвар, ивазшавии баҳои арзишҳо ва равияҳо, тамоюлоти нави иҷтимои барои рушди маънави -эстетикии мардум талаботи навро пеш мегузорад ва ин вазъият водор месозад, ки дар кишвар Барномаи давлатии тарбияи эстетики таҳия гардида, татбиқ карда шавад. Ва ин барнома моҳиятан бояд иборат бошад аз:

- фарогирии соҳаи кор, таълим, маишат ва фароғат;

- фарогирии шаклҳои гуногуни маърифати эстетики;

- кулли гурӯҳҳои аҳоли тадриҷан бо фаъолияти бадеии эҷоди ва дигар навъу намудҳои фаъолияти эстетики, ки тафаккур, биниш ва эътиқодҳои зебоиписандии мардум, маҳорат, малака, усулҳои рафтори онҳоро дигар карда тавонад, фаро гирифта шаванд;

Барои татбиқи чунин барнома қаблан зарур аст, ки оид ба назария ва услуби ташаккули муҳити зебоиписанди дар шароити гузаштан ба муносибатҳои иқтисоди бозори меъёрҳои нав омода карда шаванд.

Омӯзиш дар соҳаи фарҳанг ва санъат бояд ба принсипҳои муттасили ва аз насл ба наслгузари такя дошта бошад.

Пайдарпайи, андоза ва сатҳи таълим, азхудкунии дониш ва малака дар соҳаи фарҳанг ба тариқи зер хохад буд:

Зинаи аввал - таълими эстетикии томактаби ва мактаби. Дар сатҳи давлати маҳз ҳамин равия то соли 2010 бояд равияи афзалиятнок бошад, ба ин мақсад масъалаҳои зерин бояд амали гарданд;

- дар марказ ва дар ноҳияҳо мактабҳои бачагонаи мусиқи, расоми ва санъат бо тамоми моликият нигоҳ дошта шавад;

- масъулини таълимгоҳҳо барои ҳифз намудан ва афзудани теъдоди хонандагон, пурзӯр намудани интихоби касб дар синфҳои болои ба истифодаи шаклҳои гуногуни ташвиқоти эҷодиёти кӯдакон ва наврасон ҳавасманд гардонида шаванд;

- ҳайати кормандони педагогии мактабҳо, хусусан аз ҷумлаи ашхоси ботаҷриба дар вазифаҳои худ нигоҳ дошта шаванд, онҳо тибқи хоҳиш ва зарурати истеҳсоли дар давраҳои муайяншуда такмили ихтисосро гузаранд, барои дарёфти тахассуси дуввум ва ивазнамоии ҳамдигар омода шаванд;

- имконияти тарбияи бадеии кӯдакону наврасон ва таълими онҳо тавассути ба ин раванд ҳамроҳ намудани муассисаҳои навъи такягоҳитеатрҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо, ташкилотҳои консерти, иттифокҳои эҷоди - васеъ карда шавад;

- дар зинаи ибтидоии таълим ба корҳои таълими ходимони мардумии санъат - ҳофизони жанрҳои ҳамоса, устодони касбу корҳои бадеи, қолинбофон, бофандагон, кулолгарон, харротон, челонгарон, кандакорон ва дигар ҳунармандони санъати ороиши - амалан ҷалб карда шаванд;

- дар омода намудани кадрҳои соҳаи фарҳанг ва ҳунар робитаи мактабҳои бачагонаи мусиқи, мактабҳои бадеи ва мактабҳои санъат бо муассисаҳои томактаби ва мактабҳои таҳсилоти умуми мустаҳкам карда шавад, таълиму тарбияи насли ҷавон дар ҳарду навъҳои таълимгоҳҳо аз рӯи як мақсад ва вазифаҳои умуми ба роҳ монда шавад;

- заминаи амалии тадқиқоти илми дар соҳаи таълим ва тарбияи бадеи тавассути санъат густариш дода шавад;

- дар соҳаи санъат ба таълими хусуси, рушди гуногунандеши дар усулҳои тарбия; ба рақобат байни муассисаҳои хусуси ва муассисаҳои таълимии давлати мусоидат карда шавад;

- омӯхтани ҳолати ташаккулёби ва қонеъ гардонидани ниёзҳои фарҳангии аҳоли дар таълимгоҳҳои давлати ва хусуси;

- ташкили системаи боэътимоди омодасози ва бозомӯзии кадрҳо барои муассисаҳои таълимии фарҳанг ва ҳунар, ки аз рӯи кулли ихтисосҳои педагоги пояи устувор дошта бошанд.

- ташаккули ҳавасмандии устувори мардум нисбат ба фарҳанг ва ҳунар бо истифодаи усулҳои мушаххаси ҳозиразамон, барномаҳои таълими, фанҳои ҷудогона, ки омилҳои синнусоли, таълими ва тарбияи бадеиро ба инобат мегирад.

Зинаи дуюм: таълимгоҳҳои типи нав - литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо ва интернатҳои фарҳанг ва санъат.

Мазмуни равияҳои афзалиятноки инкишофи таълимгоҳҳои миёнаи махсус дар соҳаи фарҳанг ва санъат бояд аз инҳо иборат бошад:

- ҳифзи модди-иҷтимоии ҳайати кадри ва дастгирии моддии муассисаҳои таълимии миёнаи санъати ҷумҳури; талаботи асосноккардашудаи минтақаҳои кишвар ба кадрҳои дахлдори соҳаи санъат;

- муайян намудани тимсоли намунавии мутахассис, ки барои кор дар шароитҳои маҳаллии ҷумҳури пешбини шудааст ва моҳиятан ба талаботи стандарти маълумот пурра ҷавобгӯ бошад;

- аттестатсияи муассисаҳои таҳсилотии миёнаи махсус ва олии системаи Вазорати фарҳанг, ки дар натиҷаи он сатҳи тайёр кардани кадрҳо, зарурияти муҷаддадан таъсисдиҳи ва тағйир додани самти кори онҳо ба таври мушаххас ва холисона муайян карда мешавад;

- таъмин намудани муттасилии таҳсил дар зинаҳои ибтидои, миёна ва олии омӯзиш дар соҳаи фарҳанг ва санъат;

- васеъ намудани номгӯи фанҳои махсус бо ворид сохтани онҳо ба рӯйхати тахассусҳои касби;

- такмили ихтисоси мутахассисони дорои маълумоти миёнаи махсус бо роҳи аз рӯи ихтисос бо таълими оли фаро гирифтани онҳо дар мактабҳои олии кишвар ва хориҷи;

- дар нақшаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умуми ба сифати фанни асоси дохил кардани таълими фанҳои фарҳангшиноси ва анвои санъат (мусиқи, театр, тасвири ва ғ).

Зинаи сеюм - маълумоти оли:

Фаъолияти Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба поми М. Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологи (факултаи тарроҳи-бадеи), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (шӯъбаи мусиқи-омӯзгори), Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров (факултаи санъат) ва ғайра бояд дар асоси талаботи нави замон ба роҳ монда, таваҷҷӯҳи асоси ба чунин равияҳо бошад:

- тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи санъати мусиқи, театр ва кино, фарҳангшиноси барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти (миёна ва оли), ташкилотҳои консерти ва театри, муассисаҳои фарҳанг;

- тарбияи кадрҳои илмии педагогии тахассуси оли, коромӯзи, бозомӯзи ва такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилотии мусиқи, театри ва бадеи; мусиқачиён - мутахассисон, санъатшиносон ва ходимони театрҳо, ки дар ташкилотҳои консерти ва театри кор мекунанд, арт-менеҷерон;

- тарбияи кадрҳои илми-педагоги оид ба ҳамаи намудҳои санъат, роҳбарони бадеии муассисаҳои иҷтимои-фарҳангии кишвар, дастаҳои ҳаваскорони мактабҳои таҳсилоти умуми ва тарбиявии томактаби;

- дар алоқаманди бо раванди таҳсил ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии дорои асоси бунёди - амали, фаъолияти методи, ки ба ҳалли проблемаҳои мусиқи, театр, санъати рассоми, ороиши, мардуми-бадеи, омӯзиш, тарбияи эстетики ва фарҳангшиноси равона карда шудаанд;

- ташкили кори маърифати-мусиқи дар байни аҳоли бо мақсади боло бурдани сатҳи дониш ва маърифати мардум;

- татбиқи равобити байналмилали дар соҳаи фаъолияти таълими-методи, илми-тадқиқоти ва менеҷменти.

- мувофиқати байни вазифа, омӯзиш ва номгӯи ихтисосҳое, ки маълумоти миёнаи касби ва ё олии касбиро талаб мекунад, муқаррар карда шавад;

- номгӯи тахассусҳои муассисаҳои таҳсилотии соҳаи фарҳанг ва санъат тибқи талаботи иқтисоди бозори муайян карда шавад. Номгӯи мазкур бояд ба муассисаҳои таҳсилоти барои тайёр кардани кадрҳо ҳамчун дархост пешниҳод карда шавад.

Зинаи чаҳорум-омӯзиши баъдидонишгоҳи, баъдидипломи. Таъиноти асосии он-такомули маънави ва касби.

Дар мактабҳои олии соҳаи фарҳанг ва ҳунар тавассути аспирантура, докторантура, ба вазифаи ходимони илм гузаронидан, унвонҷӯи ва ба мактабҳои оли (аз он ҷумла ба мактабҳои олии мамлакатҳои хориҷи) вобаста намудани кормандон ва ба сафарҳои илми таъмин намудани онҳо (барои ба охир расондани рисолаи номзади ва доктори) бояд кадрҳои илми-педагоги ва илми тарбия карда шаванд.

Бозомӯзии кадрҳо бояд тавассути ташкил намудани Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг ва санъат ба роҳ монда шавад. Системаи бозомӯзии кадрҳои соҳаи фарҳанг ва санъат бояд мутобиқшаванда буда, ба талаботи иқтисоди бозори ва шароиту равандҳи соҳа зуд ҷавоб гардонида тавонад;

Аз насл ба насл интиқол додани фаъолияти мувофиқашуда, робитаи таркибии байни зинаҳои омӯзиш, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо имконият медиҳад, ки миқдори мувофиқ ва зарури кадрҳои соҳаи фарҳангу санъат омода карда шавад.

Асоси сиёсати кадриро дар соҳаи фарҳанг ва санъат дастгири ва рушди низоми омӯзиш, ба шароити замони нав мутобиқсозии он ва такмили ихтисос, бозомӯзии мутахассисон, баланд бардоштани мақоми касбии кормандони соҳаи фарҳанг ташкил медиҳад.

ХI. Тадқиқоти илми дар соҳаи фарҳанг

Тадқиқоти илми ва илми - методии соҳаи фарҳанг ва санъат имрӯз асосан дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, марказҳои илми - методии идораҳои фарҳанги вилоятҳо, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Тоҷикистону Русия (Славяни) ба роҳ монда шудааст. Дар тадқиқи проблемаҳои фарҳанг ва санъати тоҷик сохторҳои дахлдори Академияи илмҳои Тоҷикистон низ саҳми калон доранд. Фаъолияти илми дар соҳаи фарҳанг ва санъат асосан ба таҳқиқи проблемаҳои зерин равона карда шудааст:

- таҳияи тавсияҳо оид ба истифодаи натиҷаҳои тадқиқоти илми дар соҳаи фаъолияти иҷтимои-фарҳанги;

- омӯхтан ва ҷамъбаст намудани комёбиҳои илми ҷаҳони оид ба соҳаи фарҳанг ва санъат, ҳидоят кардан ба истифодаи пурмаҳсули онҳо дар ҷараёни - фаъолияти иҷтимои-фарҳанги;

- тайёр кардани барномаҳо ва лоиҳаҳои баландбардории сатҳи фарҳанги ва тарбияи маънавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳия ва муайян намудани пешомадҳо оид ба инкишофи ҳамаи равияҳои фарҳанг, санъат ва воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкили симпозиумҳо, семинарҳо, конференсияҳо, баҳсҳо ва дигар чорабиниҳо оид ба проблемаҳои фарҳангшиноси ва санъатшиноси, инчунин воситаҳои иттилооти оммаи ҳозиразамон, технологияи иттилооти;

- тайёр кардани кадрҳои илми ва такмили ихтисоси кормандони фарҳанг ва санъат;

- ба нашр омода сохтани натиҷаҳои тадқиқот аз рӯи мавзӯъҳо ва проблемаҳои фарҳанг ва санъат;

- тарғиби донишҳои илми дар соҳаи фарҳангшиноси ва санъатшиноси, таҳлил ва тайёр намудани ҳисобот оид ба фаъолияти муассисаҳои фарҳанг дар маҳалҳо;

- таҳияи тавсияҳои методи барои кормандони муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар асоси тартиботи муқарраршуда таъмин намудани татбиқи фаъолияти муштарак бо дигар муассисаҳои илми ва фарҳангии кишварҳои хориҷи;

- гузаронидани тадқиқоти сотсиологи ва маркетинги оид ба проблемаҳои фарҳангшиноси ва санъатшиноси, инчунин ҳолат ва пешомадҳои воситаҳои иттилооти оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нашри маҷмӯаҳои даврии илми - тадқиқоти ва воситаҳои таълим, ки ба талаботи давлати ва иҷтимоии дигарсозии ҷомеа ҷавобгӯ бошанд;

- эҳёи беҳтарин намунаҳои фарҳанги бисёрасраи мардуми тоҷик ва мутобиқнамоии он ба шароити имрӯза;

- саҳмгузори дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлати дар соҳаи фарҳанг, ки ба мутобиқсозии табақаҳои гуногуни аҳоли ба талаботҳои нави ҳаёти иҷтимои-фарҳанги равона карда шудааст.

Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишвар фарҳангшиносон, санъатшиносон, муаррихони фарҳанг ва санъат, файласуфон, шарқшиносон, китобшиносон, педагогҳо, ҷомеашиносон, инчунин публитсистон, рӯзноманигорон, мутахассисони соҳаи иҷтимоию фарҳанги ва кормандони техники фаъолият доранд. Бо вуҷуди ин дар инкишофи илми фарҳанг проблемаҳои зиёди ҳалнашуда, ки аз таҳқиқоти илми вобастаанд, ҳанӯз зиёданд. Масалан, фарҳангшиноси ҳамчун илм дар оғози ташаккулёбист. Барои баланд бардоштани сатҳи фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқоти дар соҳаи фарҳанг, анъана ва одатҳои бисёрасраи милли ва дигар миллатҳою мардумҳои ҷумҳури, паҳн намудани натиҷаи корҳои илмии татбиқшаванда ва тадқиқотҳо имрӯз дар навбати аввал зарур аст, ки:

- нерӯи кадрҳои илми-тадқиқоти аз ҳисоби ба кор ҷалб намудани олимон ва мутахассисони хориҷи, тайёр намудани кадрҳои маҳалли дар кишвар ва хориҷи он мустаҳкам карда шавад;

- дар кишвар барои инвесторони ватанию хориҷи, созмонҳои ғайриҳукумати, спонсорон дар фаъолияти онҳо оид ба маблағгузори ба инкишофи тадқиқоти илми шароити мусоид фароҳам оварда шавад;

- бо қувваҳои худ ё дар доираи ҳамкори бо дигар ташкилотҳои илми оид ба соҳаҳои мухталифи фарҳанг ва санъат семинарҳо ва нишастҳои илмии мақсаднок гузаронида шаванд;

- ба анҷоми-тадқиқотҳои сотсиологи дар бораи ниёзҳои фарҳангии кӯдакон, наврасон, ҷавонон, сокинони деҳот ва дигар гурӯҳҳои иҷтимои-демографии мардуми тоҷик аз ҳисоби маблағгузории давлати, ҷалб намудани инвесторон, маблағҳои ташкилотҳо ва фондҳои байналмилали ҳамаҷониба мусоидат карда шавад;

- ба нашр ва паҳн намудани асарҳои илмию тадқиқотии ватани дар соҳаи фарҳанг ва фаъолияти иҷтимои-фарҳанги мусоидат карда шавад;

- дар кишвар системаи ягонаи гирдоварии маводи зарури оид ба фаъолияти муассисаҳои фарҳанги ҷори карда шавад.

ХII. Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Ҳамкории байналмилали дар соҳаи фарҳанг ва санъат, равобити фарҳанги ва доду гирифти байниҳамдигари бо кишварҳои хориҷи қисми таркибии муносибатҳои байниҳамдигарии давлатҳо, миллатҳо ва мардумон, таъмини ҳуқуқҳои инсон дар соҳаи фарҳанг мебошад. Ташкил ва татбиқи ин ҳамкори ба принсипҳои сиёсати хориҷи ва дохилии давлат такя дорад. Имрӯз, дар давраи глобализатсия баъзе олимон ва ҷомеашиносон, сиёсатмадорон, фархангшиносон, санъатшиносон ва дигар мутахассисон дар соҳаи фарҳанг ва санъат тадриҷан заиф гардидани хусусиятҳои хоси милли ва нотакрори анъанаҳо, арзишҳои ахлоқи ва маънави-эстетикии мардумро пешгӯи мекунанд. Сарфи назар аз ин, болоравии ҳамкории фарҳанги ва доду гирифти байналмилали, васеъ гардидани майдони табодули бисёрҷонибаи фарҳанги, эҳёи фаъолона ва гуногунсоҳаи анъанаҳои фарҳанги, афзудани ҳавасмандии мардуми ҷаҳон ба махсусиятҳои фарҳанги худ ва дарки ҳамаҷонибаи он мушоҳида карда мешавад.

Раванди босуръати дигаргунсозиҳои ҷаҳон, ташаккули фазои умумиҷаҳонии иттилооти ва фарҳанги-омӯзиши муносибатҳои нави ҳамкори ва доду гирифти байниҳамдигариро талаб мекунад. Барои ин зарур аст, ки:

- қонун ва қоидаҳои воридот ва содироти арзишҳои фарҳанги такмил дода, ба талаботи байналмилали мутобиқ гардонида шаванд;

- ташкили пайвастаи фестивалҳо, азназаргузарониҳо, рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар кишварҳои хориҷии дур ва наздик ба роҳ монда шавад;

- иштироки фаъолонаи дастаҳои эҷодии касби ва худфаъолияти, устоҳои ҳунарҳои мардуми-бадеи дар чорабиниҳои байналмилали таъмин карда шавад;

- дар як қатор кишварҳои хориҷи, аз ҷумла дар давлатҳои ҳамҷавори ИДМ марказҳои миллии фарҳанг ва санъати тоҷик ташкил карда шавад;

- қоидаҳои ташкил ва татбиқи сафарҳои ҳунари, экспозитсияи анъанаҳо ва дастовардҳои имрӯзаи фарҳанг ва санъати милли дар хориҷи кишвар то ҳадди имкон содда карда шаванд;

- доду гирифти ғайрирасмии фарҳанги бо давлатҳои хориҷи дар доираи ҳамкори бо онҳо, таҳияи барномаҳои табодули фарҳанги ва гуфтугӯи фарҳангҳо васеъ ба роҳ монда шавад;

- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки Интернет веб - сайти "Фарҳанг ва санъати Тоҷикистон"-ро густариш диҳад, то дар он ҷой додани маводи матни, визуали, видео ва аудио оид ба анъанаҳо, фарҳанг ва санъати муосир, маводи илми - оммави ва таълими-маърифати имконпазир гардад;

- тавассути ташвиқ ва тарғиби арзишҳои фарҳанги, вижагиҳои санъати суннати, фарҳанги маишат, хоҷагидори ва меҳнатии миллатҳо ва мардумони кишварҳои хориҷи дар байни кулли табақаҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба тарзи зист, ҷаҳонбини ва дунёфаҳми, эҷодиёти бадеи ва илми, эътиқоди мазҳаби, фарҳанги модди ва маънавии мардуми ҷаҳон муносибати боэҳтиромона ташаккул дода шавад.

ХIII. Заминаи иқтисодӣ ва моддӣ-техникӣ

Ҳадафи ниҳоиии таъмини молияви ва модди-техникии соҳаи фарҳанг ва санъат, муассисаҳои иҷтимои-фарҳанги ва дигар ҷабҳаҳо бояд ба мустаҳкам гардидани сохторҳои давлатии фарҳанг ва санъат бошад равона карда шавад. Вазифаи мазкур ҳалли якчанд масъалаҳоро талаб мекунад: системаи нави арт-менеҷмент ва маркетинг таъсис дода шавад, хадамоти фарҳанги - фароғати густурда, гуногунранг ва барои кулли гурӯҳҳои иҷтимоии аҳоли дастрас, шаффоф гардонида шавад. Дар ташкили хадамоти фарҳанги - фароғати ба инкишофи шаклҳои моликияти ғайридавлатии муассисаҳои фарҳанг ва санъат диққати махсус дода шавад, системаи андозгузори мувофиқи қонуни андоз ва усулҳои ҳавасмандкунии инвесторон, спонсорон, метсенатҳо, шахсони ҷудогона, созмонҳои ғайриҳукуматии ватани ва фондҳои байналмилали такмил дода шаванд.

Аксари биноҳои муассисаҳои фарҳангии кишвар дар солҳои 30-50 асри ХХ бунёд гардида ва имрӯз ба таъмири бунёди ва тармим эҳтиёҷ доранд. Онҳо кунун аз ҷиҳати техники низ ба талаботи замон ҷавобгӯ намебошанд ва зарурати бо техникаи нави замонави таҷҳизониданашон ба миён омадааст.

Мустаҳкам намудани базаи модди - техникии муассисаҳои фарҳанг ва санъат, инкишофи равандҳои фарҳанги пеш аз ҳама дастгириро аз ҷониби давлат талаб мекунад.

Сарчашмаҳои ғайрианъанавии маблағгузори, ба монанди спонсори, метсенати, ҳавасмандкунии модди ба инкишофи хадамоти пулаки ҳамчун сарчашмаи ташаккули маблағгузории фарҳанг аз ҳисоби хадамот ба сайёҳон ва экскурсияҳо, осорхонаҳо ва тамошои дигар объектҳои таърихи ва меъмори ҳамаҷониба истифода шаванд.

Ташаббуси шаҳрвавдони ҷудогона, иштироки онҳо дар сохтмон, азнавсозии объектҳои фарҳанг ва санъат, маблағгузории онҳо ба фондҳои рушди фарҳанг бояд тавассути матбуоти даври, радио ва телевизион, ҳамчунин фаъолияти онҳо ва корхонаҳо дар тарғиби мероси фарҳанги, тарбияи эстетикии кормандон, махсусан кӯдакон ва наврасон, дар мустаҳкам намудани пояи модди-техникии муассисаҳои давлатии фарҳанг ва санъат ҳамаҷониба бояд дастгири ёбад.

Васеъ ҷалб намудани маблағҳои иловагии шахсони алоҳида, спонсорҳо, ва грантҳо дастгири карда шуда, ба иҷрои фаъолияти зерини фарҳанг ва санъат равона карда шаванд:

- хидмати муассисаҳои фарҳанг ва санъат (театри-тамошогоҳи ва фарҳанги-маърифати);

- тавассути корхонаҳои иртиботи ба китобхонаҳо ва осорхонаҳо ирсол намудани китобҳо ва экспонатҳо;

- маҳсулоти чопии нашриётҳои китоб, ки барои китобхонаҳои давлати дода мешавад;

- фаъолияти корхонаҳои ҳамаи навъҳои моликият дар истеҳсоли молҳои таъиноти фарҳанги, асбобу анҷом ва таҷҳизот барои муассисаҳои фарҳанг ва санъат ҳамаҷониба дастгири ва ҳавасманд гардонида шавад.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолияташро бояд аз рӯи принсипи шабакави (бисёршабака) гузаронидани чорабиниҳои якҷоя ва муҳимтарини ҷумҳурияви, вилояти ва ноҳияви, доду гирифти фарҳангии байналмилали, аз ҷумла тавассути саҳмгузори ва спонсорон ва метсенатҳо маблағгузори намояд;

- дар кишвар дар заминаи саҳмҳои идораҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои фарҳанг, санъат ва ғ., инчунин маблағҳое, ки дар доираи доду гирифти фарҳанги ҳосил мешаванд, Фонди марказонидашудаи инкишофи робитаҳои фарҳангии байналмилали ташкил карда шуда, аз ҳисоби он бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ё роҳбарони муассисаҳои фарҳанг ва санъат, идораҳои вилояти, шаҳри ва ноҳиявии фарҳанг барнома ва лоиҳаҳои муҳимтарин маблағгузори карда шаванд.

Таъмини молии барнома ва лоиҳаҳоро дар заминаи даромадҳои аз чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳосилшаванда аз рӯи навъҳои зерини фаъолият татбиқ кардан мумкин аст:

- ташкили лоиҳаҳои калони байналмилалии дарозмуддат, ки дар асосҳои тиҷорати татбиқ мешаванд: озмунҳо, фестивалҳо, намоишҳо;

- ҷустуҷӯ ва ҷалб намудани метсенатҳо, сармоягузорон барои маблағгузории барномаҳо дар соҳаи фарҳанг, чорабиниҳои алоҳида; барои иштирок кардан дар озмунҳо, фестивалҳо ва форумҳои байналмилали фиристодани гурӯҳҳои бадеи.

Чорабиниҳои барномавии қисми мазкур ҳалли масъалаҳоро аз рӯи равияҳои зерин талаб мекунад:

- муҳайё сохтани шароити зарури барои шиносоии шаҳрвавдони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намунаҳои беҳтарини фарҳанг ва санъати ҷаҳон;

- тарғиби санъати классикии халқи тоҷик дар хориҷи кишвар;

- ҳамгиро сохтани санъати муосири тоҷик бо раванди имрӯзаи фарҳанги-бадеии ҷаҳон;

- дастгирии фаъолияти фарҳангии ҳамватанон дар хориҷи кишвар;

- рушду нумӯ бахшидан ба ҳамкории фарҳанги бо мамлакатҳои ИДМ ва ҷомеаи ҷаҳони.

Дар маблағгузории Консепсияи фарҳанг ҷалб намудани сарчашмаҳои буҷети ва ғайрибуҷети дар назар дошта шудааст, то ин ки системаи ҳақиқатан бисёрҷабҳавии дастгири ва инкишофи фарҳанг ташаккул дода шуда, ислоҳоти маблағгузории соҳаи фарҳанг ва санъат татбиқ гардад.

Асоси консепсияро инҳо ташкил медиҳанд:

- ҷори намудани механизмҳои фоидабахши хароҷот барои фарҳанг аз ҳисоби буҷети давлати ва татбиқи қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба вуҷуд овардани шароитҳои ҳуқуқи барои ҳарчи бештар ҷалб намудани маблағҳои инвесторони ҷумҳурияви ва хориҷи, пули бонкҳо, даромадҳо аз шаклҳои фаъолияти пулии фарҳанги ва хизматрасонии пули;

- дар сатҳи ҷумҳури ташкил намудани фондҳои ҷамъиятии дастгирии санъат, нигоҳдории мероси фарҳанги, илми ва-таълими;

- татбиқи усулҳои ҳамкории иҷтимои - фарҳанги ва маблағгузории барномаҳои фарҳангии минтақави ва маҳалли;

- инкишофи тартиби мақсадноки дастгирии кормандони санъат, илм ва таълим, ба замми маблағгузории давлатии муассисаҳои фарҳанги;

- Фондҳои дастгирии санъат, мероси фарҳанги, илм ва омӯзиш;

- таҳияи механизмҳои дастгирии бевоситаи давлатии шаҳрвандони камбизоат ва аз ҷиҳати иҷтимои беҳимоя - истифодабарандагони хадамоти фарҳанги;

- дар сохтори муассисаҳои асосии фарҳанг ва санъат ташкил кардани хадамоти маркетинги, дар сатҳи ҷумҳури-хидмати мониторингҳои доимоамалкунанда - дар доираи воҳидҳо, фонди музди меҳнати амалкунанда ва худмаблағгузори.

ХIV. Фароҳамсозии ҳифзи кулли объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва сарватҳои фарҳангӣ

Мафҳуми "мероси таърихию фарҳанги" - мероси зиндаи фарҳанг ва тамаддуни умумибашари мебошад. Ин мерос дар худ шаклҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои модди (муҷассамаҳо, манзараҳо, объектҳои фарҳанги-таърихи) ва ёдгориҳои ғайримодди (забон, анъанаҳои эҷодиёти халқи-бадеи, ҳамаи шаклу навъҳои санъат, кашфиётҳо ва ихтироъкориҳо)-ро таҷассум менамояд. Омӯхтан, аз худ кардан ва тарғиби мероси таърихию фарҳанги имрӯз дар тамоми давлатҳои ҷаҳон васеъ ба роҳ монда шудааст.

Ҳифзи мероси таърихию фарҳанги ва зарурати ба табақаҳои иҷтимои-демографии аҳоли фаҳмонидани ташкил ва ба роҳ мондани кори иттилооти-тарғиботи, усулҳо, шаклҳо ва воситаҳои тарғибу ташвиқи маводи гирдоваришуда имрӯз моҳияти махсусан муҳим пайдо кардааст. Ин бо раванди глобализатсия, ҳамгироии иқтисоди бо кишварҳои хориҷи ва васеъ гардидани доираи иттилооти - фарҳангии ҷомеаи ҷаҳон робитаи ногусастани дорад. Бесабаб нест, ки имрӯз дар санадҳои ҳуқуқии ва давлатии ҳар як кишвар ӯҳдадории ҳифзу ҳимоят, омӯзиш ва ташвиқу тарғиби мероси таърихию фарҳангии халқҳо ва тамаддуни ҳамаи давраҳои ҳаёти инсони сабт гарлидааст.

Аз замони соҳибихтиёр ва мустақил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият аз ҳисоби буҷети давлати, маблағҳои ташкилотҳои байналмилали ва ватани, спонсорон ва монанди инҳо хеле қави гардидааст. Бо вуҷуди ин воқеияти кишвар талаб мекунад, ки ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳанги ва эҳёи анъанаҳои милли таваҷҷуҳи бештар зохир карда шавад. Дар ин соҳа пеш аз ҳама зарур аст:

- барномаи мукаммали давлати оид ба масоили ҳифзу истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳанги дар даҳсолаи наздик таҳия гардад;

- сиёсати давлати дар муайян намудани вазифа ва таъиноти мероси таърихию фарҳанги ва мақоми он дар ҳаёти иҷтимои ва фарҳанги-фароғати такмил дода шавад;

- ҳифзи мероси таърихию фарҳанги ба барномаҳо ва лоиҳаҳои ба нақшагирии умумидавлатии рушди ҷомеа дохил карда шавад;

- фаъолияти назорати ҳифз, барқароркунии ёдгориҳои таърихи ва фарҳанги, экспертизаи бадеи ҳамчун мақоми махсуси давлати, ки барои ҳифзи мероси таърихию фарҳанги шароитҳо ва воситаҳои заруриро таъмин намуда, низом ва вазифаҳои назоратро дар доираи такмилсозии қонунҳои амалкунанда васеъ мегардонад, ба роҳ монда шавад;

- барои ҷустуҷӯи шаклҳои гуногуни имкониятҳо ва воситаҳои баргардонидани ёдгориҳои таърихию фарҳангии милли ва дигар сарватҳои фарҳангие, ки дар давраҳои гуногун бо роҳу тарзҳои мухталиф аз кишвар берун бароварда шуда буданд, шароитҳои қонуни муҳайё карда шавад;

- фаъолият дар соҳаи корҳои тадқиқоти, лоиҳакаши, барқароркуни, таъмиру тармим, ободонии объектҳои мероси таърихию фарҳанги ва ҳуқуқҳои онҳо такмил дода шавад;

- таҳия ва ҳавасмандгардонии фаъолият дар танзими нақшаҳои сайёҳии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои илми-тадқиқоти дар соҳаи бостоншиноси, мардумшиноси, фарҳанг бо шароитҳои зарурию воситаҳои истифодаи шаклҳои имрӯза, методҳо, усулҳо, техника ва технология таъмин карда шавад;

- феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои шаклҳои мухталифи моликият (давлати, маҳалли, ҷамъияти, хусуси) таҳия ва тасдиқ карда шавад;

- назорати ба амал татбиқнамоии пешгӯиҳо, барномаҳо, лоиҳаҳои эҳё, азнавсози ва минбаъд эҳтиёткорона ва самаранок истифода бурдани маводҳо ва объектҳои фарҳанги-таърихи ба низоми муайян дароварда шавад;

- ба эҳё намудан ва татбиқи фаъолияти ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳанги маблағгузории ватани ва хориҷи, маблағҳои метсенатҳо, дастгири ва кӯмаки ташкилотҳо ва шахсиятҳои алоҳидаи ҳавасманд, сармоягузорон ва хайрияҳои мухталиф ҷалб карда шавад;

- ҳаҷми таҳияи филмҳои илми-оммави, фаровардаҳои чопи, телевизиони, радиои, видео ва аудио дар бораи ташвиқу тарғиб ва воситаи ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳанги, ҷалб намудани сарчашмаҳои маблағгузории давлати, ғайриҳукумати, спонсори ва шахсони алоҳида беҳтар ва афзун гардонида шавад.

ХV. Хулоса

Воқеияти объективии имрӯзаи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки кулли мушкилиҳои соҳаи фарҳанг ва санъат (камбудии кадрҳо, набудани сохторҳои арт-менеҷмент ва маркетинг, захираҳои модди-техники, инфраструктураи инноватсиони, душвории имконияти истифодаи технологияи нав, нобаробари дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва фаъолияти муассисаҳои иҷтимои-фарҳанги ва ғайра) тадриҷан ҳалли худро хоҳанд ёфт. Вале барои ин имрӯз зарур аст, ки дастгирии ташаббусҳои шахси дар асоси системаи қонунии давлати ҳавасманд ва фаъол гардонида шавад. Ба ғайр аз ин, то кунун дар кишвар таҷрибаи ҷустуҷӯи ҳамкорон чи дар дохил ва чи дар хориҷи он, имконияти ба вуҷуд овардани фондҳои мухталиф, инкишофи системаи спонсори, метсенати дар сатҳи зарури ҷори нагардидааст. Дар ҳалли проблемаҳои зиёди фарҳанг ва санъат коркард ва ба амал татбиқ намудани системаи идораи барномаи мақсадноки соҳаи фарҳанг аҳамияти калон хоҳад дошт. Барномаҳои мақсаднок дар татбиқи сиёсати давлати дар соҳаи фарҳанг дар шароитҳои нави иҷтимои-иқтисоди нақши бузург мебозанд ва ба ташаккули некбинонаи ҷаҳонбинии иҷтимои ва инфиродии мардум ҳидоят хоҳанд кард.

Муҳимаш ин аст, ки кишвари тоҷикон дар кулли соҳаҳои фарҳанг ва санъат устодони ҳунарманди эҷодкори мардуми - бадеии худро дорад ва онҳо ҳуқуқ ва имконият доранд, ки роҳи вижаи эҷодии худро дошта бошанд. Аз ҷониби онҳо дарк намудани аҳамият ва нақши эҷодии хеш дар шароитҳои нави муносибатҳои иқтисоди бозори ва рушди Тоҷикистон, майлҳои инкишофи демократия ва озоди барои рушду нумӯи фарҳанг пешомадҳои навро фароҳам хоҳад овард.