Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тибби ва фарматсевти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2004, № 423

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008с. № 512 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 ноябри соли 2004 № 423

тасдиқ шудааст

Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тибби ва фарматсевти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаддима

Дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз нав таҳия ва тасдиқ шудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", "Дар бораи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, васеъ гардидани ҳамкориҳои байналмилали дар соҳаи таҳсилот ва нигаҳдории тандурусти мутобиқи тавсияҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурусти (ТУТ), эҳтиёҷот ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурусти ва фарматсевти таҳия ва тасдиқи Консепсияи нави ислоҳоти таҳсилоти тибби ва фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд Консепсия) тақозо мекунанд.

Самтҳои асосии ислоҳоти таҳсилоти тибби ва фарматсевти инҳо мебошанд:

- гузариш аз стратегияи экстенсиви ба стратегияи интенсивии тайёр намудани кадрҳо;

- бо кадр таъмин намудани фаъолияти бисёрсоҳаи системаи нигаҳдории тандурусти (системаи тандурустии давлати, ғайридавлати) дар шароити нави иқтисоди;

- таъмини стандартҳои сифати ёрии тиббию санитари ба аҳоли;

- тайёр намудани кадрҳои соҳаи тибби ва фарматсевти тибқи стандартҳои давлати;

- такмили системаи бозомӯзи ва такмили ихтисоси мутахассисон. Амали намудани дигаргунсозиҳои сиёсати кадрҳо танҳо дар ҳолати мавҷудияти Консепсияи аз ҷиҳати илми асосноки тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббию фарматсевти имконпазир мебошад.

Дар ислоҳоти таҳсилоти тибби ва фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати шарикони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

I. Мақсад ва вазифаҳои Консепсия

Мақсади Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тибби ва фарматсевти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯи стандартҳои давлати;

- имконияти тавсеаи ҳамкориҳои байналмилали дар соҳаи тайёр намудан, бозомӯзии кадрҳо;

- баланд бардоштани сифати ёрии тиббию санитари ба аҳоли. Вазифаҳои асосии Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тибби ва фарматсевти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- тайёр намудани мутахассисони дорои тафаккури нав бо роҳи татбиқи минбаъдаи гуманизатсияи таҳсилоти тибби ва фарматсевти;

- мутобиқи усулҳои нав ташкил намудани таълим барои тайёр кардани духтурон, фарматсевтҳо ва кадрҳои сатҳи миёнаи тибби;

- такмили стандартҳои давлатии таҳсилоти тибби ва фарматсевти;

- таҳияи нақша ва барномаҳои нави таълимии муассисаҳои таълимии соҳа дар асоси стандартҳои нави таҳсилоти тибби ва фарматсевти;

- ноил шудан ба сифат ва таносуби мувофиқ дар тайёр намудани духтурон, фарматсевтҳо ва кадрҳои сатҳи миёнаи тибби;

- татбиқи стратегия оид ба таъмини таносуби мувофиқи тайёр намудани кадрҳои дорои таҳсилоти оли ва миёнаи тиббию фарматсевти;

- ташаккули иқтидори кадрҳои баландихтисоси илми ва илмию педагогии соҳаи тандурусти.

II. Тайёр намудани кадрҳои дорои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ

Мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбии тибби ва фарматсевти дар омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳои тибби тайёр карда мешаванд.

Самтҳои асосии таъмини сифати тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбии тибби ва фарматсевти инҳо мебошанд:

- тайёр кардан, такмили ихтисоси ҳайати омӯзгорон;

- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълими;

- ноил гардидан ба таносуби муносиби омӯзгорону хонандагон дар курси якуми омӯзишгоҳҳои тибби 1:15, дар курси дуюм 1:12, дар курси сеюм 1:10 (дар курси чорум 1:10) ва таносуби омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷҳои тибби дар курсҳои якум-дуюм 1:10 дар курсҳои сеюм - чорум 1:8;

- интихоби воқеии довталабон ба муассисаҳои таълимии соҳа;

- тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни тиб ва идоракуни (менеҷмент);

- баланд бардоштани мақоми мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи тибби ва фарматсевти дар расонидани ёрии тибби ва фарматсевти ба аҳоли (хизматрасонии тибби);

- таъмини ҳифзи иҷтимоии омӯзгорони соҳа, ноилшави ҷиҳати баробар намудани маоши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тибби ва фарматсевти бо маоши омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии сохаи маориф, рушди ҳавасмандгардони барои мутахассисони ҷавони касбии тибби ва фарматсевти.

Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе муассисаи таълимии заминави мебошад.

Ба омӯзишгоҳҳои тибби шахсони дорои таҳсилоти умумии асоси ба мӯҳлати таҳсили чорсола ва шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умуми ба мӯҳлати таҳсили сесола дар асоси озмун қабул карда мешаванд.

Дар омӯзишгоҳҳои тибби ҳамшираҳои тибби, лаборантҳо, техникҳои дандон, ёрдамчиёни духтурони санитарию эпидемиологҳо, ёрдамчиёни фарматсевтҳо тайёр карда мешаванд (замимаи № 1).

Ба коллеҷҳои тибби шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умуми (баъд аз ҳатми зинаи сеюми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умуми) дар асоси озмун қабул карда мешаванд.

Шахсоне, ки мактаби таҳсилоти умумии асосиро бо баҳои аъло ва мактаби миёнаи умумиро бо медалҳои тилло ва нуқра хатм намудаанд, ҳамчунин ғолибони озмунҳои ҷумҳурияви ва байналмилали ба омӯзишгоҳу коллеҷҳои тибби тариқи сӯҳбат қабул карда мешаванд.

Дар заминаи коллеҷҳои тибби омӯзишгоҳҳои тибби ташкил карда мешаванд, ки нисбати дигар омӯзишгоҳҳои мустақили тибби дар қатори дигар ихтисосҳо техникҳои тиббиро тайёр карда метавонанд.

Коллеҷҳои тибби барои соҳаҳои гуногуни тиб кадрҳои баландихтисос тайёр мекунанд. Тайёр намудани мутахассисон тибқи барномаҳои таълимии ба Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ амали мегардад.

Ба хатмкунандагони коллеҷи тибби дипломҳои намунаи муқарраргардида аз рӯи ихтисосҳои "Ҳамшираи (бародари) тиббии оилави", "Ҳамшираи (бародари) тиббии амалияи умуми", "Момодоя", дода мешаванд (замимаи № 1)

Аз курс ба курс гузаронидан аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи ҷамъбасти (имтиҳонот) амали мегардад.

Шахсоне, ки омӯзишгоҳ ва колеҷҳои тиббиро хатм намудаанд, бо тавсияи комиссияи аттестатсионии муассисаи таҳсилоти оли тариқи сӯҳбат ба курси дуюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино қабул карда мешаванд.

III. Тайёр намудани кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ

Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти олии касбии тибби ва фарматсевти бо самтҳои зайл асос меёбад:

1. Шакли ҳатмии таҳсилоти олии касбии тибби ва фарматсевтии донишгоҳи.

2. Баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон дар шароити нави иқтисоди бо роҳи:

- беҳтар намудани қабули донишҷуён ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино; дар курсҳои якум ва дуюм ноил шудан ба таносуби омӯзгорону донишҷуён ба 1:8, дар курсҳои сеюм ва чорум 1:6 ва дар курсҳои панҷум ва шашум ба таносуби 1:4.

- такмили ихтисоси ҳайати профессорон ва омӯзгорон;

- пайваста такмил додани барномаҳои таълими бо дарназардошти дастовардҳои нави илмию таълими;

- ҳамкориҳои байналмилали дар соҳаи таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббию фарматсевти;

- омӯзиши таҷрибаи судманди давлатҳои гуногуни дунё доир ба ҷори намудани технологияи муосири таълими дар муассисаҳои таълимии соҳа;

- таҳия ва нашри адабиёти муосири таълими барои донишҷӯён;

- таҷҳизонидани лабораторияҳои таълимию илмии муассисаҳои таълимии соҳа бо техникаи компютери барои вусъатбахшии дастраси ба шабакаҳои гуногуни иттилооти бо мақсади истифодаи таҷрибаи пешқадами илми, таълими ва касби.

3. Мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино.

4. Тайёр намудани категорияҳои нави духтурон: духтури оилави (духтури амалияи умуми), дар соҳаи тандурустии ҷамъияти ва мутахассисон барои соҳаҳои гуногуни тиб.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино факултаҳои муолиҷави, педиатри, стоматологи, фарматсевти ва нигаҳдории тандурустии ҷамъияти таъсис дода мешаванд.

Тайёр кардани мутахассисон дар факултаҳои номбурда аз рӯи дараҷа ва зинаҳои зерин амали мегарданд:

- таҳсилоти олии тибби ва фарматсевтии дараҷаи "бакалавр" дар асоси таҳсилоти панҷсола дар факултаҳои муолиҷави, педиатри ва нигаҳдории тандурустии ҷамъияти, таҳсилоти чорсола дар факултаҳои стоматологи (бакалавр-стоматолог), фарматсевти (бакалавр-фарматсевт) ба шахсоне, ки бомуваффақият аз аттестатсияи ҷамъбасти мегузаранд, дода мешавад;

- таҳсилоти олии тибби ва фарматсевтии дараҷаи "мутахассис" дар асоси таҳсилоти шашсола барои ихтисоси терапевт, педиатр, мутахасиси нигаҳдории тандурустии ҷамъияти дар асоси таҳсилоти панҷсола барои ихтисосҳои стоматолог, фарматсевт ба шахсоне, ки бомуваффақият аз аттестатсияи ҷамъбасти гузаштаанд, дода мешавад;

- таҳсилоти олии тибби ва фарматсевтии дараҷаи "магистр" вобаста ба ихтисоси интихобшуда бо мӯҳлати таҳсили 2-3 сола, ба шахсоне дода мешавад, ки бомуваффақият аз аттестатсияи ҷамъбасти гузаштаанд (замимаи № 2). Ба хатмкунандагони ҳар як зинаи таҳсил дипломи намунаи давлати дода мешавад.

Ба шахсоне, ки таҳсилро аз рӯи барномаҳои асосии таҳсилоти олии касбии тибби ва фарматсевти ба итмом нарасонидаанд, мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои академи дода мешаванд.

Шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро оид ба таҳсилоти олии касбии тибби ва фарматсевтии зинаи муайян гирифтаанд, мутобиқи ихтисосашон аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии тибби ва фарматсевтии зинаи баъдина ҳуқуқи давом додани таҳсилро доранд.

Тайёр намудани кадрҳо бо тахассуси "мутахассис" ва "магистр" аз рӯи фармоиши иҷтимоии аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккулёфта аз ҳисоби Буҷети давлати амали мегардад.

Онҳое, ки тахассуси "мутахассис" ва "магистр"-ро гирифтаанд ва бо фармоиши иҷтимоии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудаанд, ӯҳдадоранд дар асоси шартнома ба ҷое, ки мувофиқи роҳхати Вазорати тандурусти фиристода мешаванд, на камтар аз се сол кор кунанд.

IV. Тахассусгири ва такмили ихтисоси кадрҳои дорои таҳсилоти миёна, олии тибби ва фарматсевти (такмил)

Мутахассисоне, ки аз рӯи касбашон хоҳиши омӯхтани ихтисоси боз ҳам маҳдудтареро доранд, метавонанд таҳсилро дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳо ва мӯҳлатҳои дар замимаи №3 зикргардида идома диҳанд.

Кадрҳои тиббию фарматсевтии дорои таҳсилоти оли ва миёна бояд ҳар 5 сол дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон ихтисосашонро такмил диҳанд ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия гузаранд.

"Мутахассис", "магистр" метавонанд ихтисоси худро мувофиқи тартиби муқарраргардида танҳо пас аз 3 соли кор тибқи ихтисоси қаблан гирифтаашон ба ихтисоси дигар иваз кунанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон таносуби теъдоди омӯзгорон ва шунавандагони дорои маълумоти оли 1:4, фарматсевтҳо 1:6, миёнаи тиббию фарматсевти 1:6 ва 1:8 вобаста ба ихтисос муқаррар карда мешаванд.

Эзоҳ:

Номгӯи ихтисосҳои иловагии зарурии мутахассисони дорои таҳсилоти касбии миёна, олии тибби ва фарматсевти, мӯҳлати тайёр кардани онҳо аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талабот ба онҳо бо дарназардошти таъминоти моддию техники ва захираи кадрии ҳар як муассисаи таълимии сохтори тандурусти муайян карда мешаванд.