Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 октябри соли 1997 №452
тасдиқ шудааст
Оинномаи интизомии воҳидҳои полиси андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистан
1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Оинномаи мазкур нисбат ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи полиси андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо рутбаҳои махсус дода мешавад, татбиқ мегардад.
Интизоми хизматӣ дар воҳидҳои полиси андоз - ин аз ҷониби ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ва татбиқи салоҳияташон риоя кардани тартиб ва қоидаҳое мебошад, ки қонунҳо ва дигар асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Савганд, оинномаҳо, фармонҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳои сардорони воҳидҳои полиси андоз муайян кардаанд.
Интизом дар воҳидҳои полиси андоз ба шуурнокӣ ва дарки баланди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, аз ҷониби онҳо амиқан фаҳмидани қарзи хизматиашон ва масъулияти шахсиашон барои вазифаи супоридашуда асос меёбад.
2. ҲУҚУҚҲОИ КОРМАНДОНИ ПОЛИСИ АНДОЗ
Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи полиси андоз ҳуқуқ доранд:
а) бо ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳоро оид ба вазифаи штатии ишғолнамудаашон муайян мекунад, меъёри баҳодиҳии сифати кор ва шарти пешрафт дар хизмат, инчунин ба Шароити ташкилию техникӣ, ки барои аз ҷониби онҳо иҷро намудани вазифаҳои функционалиашон зарӯр аст, шинос шаванд;
б) тибки тартиби муайяншуда иттилоот ва маводеро, ки барои иҷрои вазифаҳои функционалӣ заруранд, дастрас намоянд;
в) мутобиқи вазифаҳои функционалиашон қарор қабул кунанд ва дар таҳияи пешниҳод оид ба беҳбудии фаъолияти полиси андоз иштирок намоянд;
г) бо ташаббуси худ дар озмунҳои ишғол намудани вазифаҳои холӣ дар вохидҳои полиси андоз иштирок намоянд;
д) дар хизмат пеш раванд, ба зиёд шудани таъминоти пулиашон бо дарназардошти натиҷаҳо, собиқаи (стажи) хизматӣ, дараҷаи ихтисос ноил гарданд;
е) аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор донишашонро такмил ё ихтисосашонро тағьир диҳанд;
ж) барои собиқаи хизматӣ иловапулиҳои фоизӣ гиранд;
з) ҷиҳати рад намудани маълумоте, ки обрӯю эътиборашонро паст мезанад, гузаронидани санҷиши хизматиро талаб намоянд;
и) тибқи ҳолат ва тартиби пешбининамудаи қонунҳо "Дар бораи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи силоҳ" қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро истифода баранд;
к) аз дигар ҳуқуқҳои дар қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешбинишуда истифода баранд.
3. ВАЗИФАҲОИ КОРМАНДОНИ ПОЛИСИ АНДОЗ
Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи полиси андоз вазифадоранд:
а) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва асноди зерқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, дар ҳар ҳолат қонуниятро риоя кунанд, нисбат ба шахсият меҳрубонӣ зоҳир намоянд, принципҳои башардӯстӣ, адолати иҷтимоӣ, демократизм ва интернационализмро ба роҳбарӣ гиранд;
б) софдилона қарзи хизматии худ ва ӯҳдадории ба зиммаашон гузошташударо адо кунанд, ба таври муттасил тахассуси худро такмил диҳанд, маданияти хизматро баланд бардоранд;
в) ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлатро аз тааррузи ҷиноятӣ ва дигар тааррузи ғайриқонунӣ ҳифз намоянд;
г) талаботи Савганд, оинномаҳо ва амру фармонҳои сардоронро иҷро кунанд;
д) сирри давлатӣ ва дигар сирри қонунан ҳифзшавандаро ниҳон доранд ва ифшо накунанд;
е) силох, амвол ва техникаи бовар кардашударо эҳтиёт намоянд;
ж) ба сардорон дар таҳкими интизоми хизматӣ ва таъмини тартиби оинномавӣ мусоидат намоянд, ба сардорон, ба онҳое, ки дар мансаб ва рутба болотар қарор доранд, меҳрубонӣ зоҳир намоянд, хушмуомила бошанд, қоидаҳои додани саломи низомӣ ва пӯшидани либоси расмиро риоя кунанд.
Барои вазъи интизоми хизматӣ дар байни ҳайати шахсӣ сардори воҳиди полиси андоз масъул мебошад. ӯ бояд доимо ба дигарон намунаи риояи талаботи муайяннамудаи Савганд, оинномаҳо, ва амру фармонҳо бошад. Сардор бояд ба омӯзиши сифатҳои инфиродии зердастонаш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд.
Сардори воҳиди полиси андоз вазифадор аст:
- аз ҷониби зердастон дарк кардани қарзи хизматӣ, шаъну шараф ва эътиборашонро дастгирӣ намояд;
- зердастонро дар рӯҳияи муносибати бошуурона ва эҷодкорона ба хизмат, сифатҳои баланди ахлоқию корӣ тарбия намуда, ташаббус ва ҷидду ҷаҳди ҷамъиятии ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаро дастгирӣ кунад, ба иштироки онҳо дар ошкор ва истифодаи захираҳо ва рафъи норасоиҳо мусоидат намояд;
- ба зердастон возеҳона амру фармон диҳад, иҷрои дақиқ ва саривақтии онро тафтиш кунад;
- ҷиҳати тақвияти тартиб ва интизоми хизматӣ, муносибатҳои мутақобилаи оинномавӣ дар воҳиди тақти роҳбарии ӯ буда тадбирҳои зарурӣ андешад, риояи талаботи қонунҳо, Савганд, Оинномаи мазкур ва фармонҳоро таъмин намояд;
- баробари серталаб будан, ба зердастон ғамхорӣ изҳор намояд, ба одамон, эҳтиёҷу хостаҳои онҳо мушфиқона ва бо илтифот муносибат кунад, кормандонеро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва қарзи хизматӣ корнамоӣ нишон додаанд, ҳавасманд гардонад, нисбати вайронкунандагони интизоми хизматӣ муҷозот андешад, дар айни замон аз нерӯи таъсири ҷамъиятии коллектив ҳамаҷониба истифода барад.
Ҳангоми вайрон кардани интизоми хизматӣ аз ҷониби зердастон сардор вазифадор аст ба ӯ оид ба ӯҳдадориҳои хизматиаш ёдовар шавад ва аз нораво будани ин амал огоҳ созад ва дар сурати зарурат, вобаста ба вазнинии вайрон кардани интизоми хизматӣ ва дараҷаи гуноҳ нисбати гунаҳкор ҷазои интизомӣ истифода барад ё маводро ҷиҳати баррасӣ ба суди рафиқона диҳад.
Сардоре, ки тадбирҳои таъсиррасониро ҷиҳати барқарор намудани тартиби оинномавӣ ва интизоми хизматӣ наандешидааст ё вайронкуниро пинҳон доштааст, тибқи ҳамин Оиннома ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Ҳавасмандгардонӣ ва муҷозоти интизомӣ танҳо аз ҷониби сардорони мустақиме, ки Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, сурат мегирад, ки ба онҳо ашхоси хайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ҳангоми хизмат тобеанд.
Сардори мустақиме, ки ба зердаст наздиктар аст - сардори бевосита мебошад.
Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи полиси андоз, ки дар хизмат нисбат ба ҳамдигар тобеият надоранд, метавонанд калон ё хурд бошанд. Калон будан тибқи рутбаи махсус муайян мегардад. Онҳое, ки дар рутба баландтаранд дар ҳама ҳолат вазифадоранд аз онҳое, ки рутбаи хурд доранд риоя намудани интизоми хизматӣ, қоидаҳои додани саломи низомӣ ва пӯшидани либоси расмиро талаб намоянд.
Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи полиси андоз тибқи тартиб ва қоидаҳои муқаррарнамудаи оинномаҳо ҳангоми вохӯрӣ бо ҳамдигар, бо хизматчиёни ҳарбӣ ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи асноди меъёрӣ саломи низомӣ медиҳанд.
Ҳангоми мувофиқи фармони эълоншуда муваққатан иҷро намудани вазифа, сардор аз ҳуқуқи вазифаи муваққатан иҷрошаванда истифода мебарад.
Фармон ва дастурро корманди полиси андоз, чун қоида, аз сардори бевоситаи худ мегирад. Дар сурати гирифтани фармон ё дастур аз сардори болоӣ, ӯ бояд онро иҷро намояд ва дар ин бора сардори бевоситаи худро огоҳ созад.
Фармони сардор бояд бидуни чуну чаро, дақиқ ва дар мӯҳлати муайяншуда иҷро гардад.
4.ТАДБИРҲОИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИЕ, КИ НИСБАТ БА ҲАЙАТИ ҚАТОРӢ ВА РОҲБАРИКУНАНДАИ ПОЛИСИ АНДОЗ ИСТИФОДА МЕШАВАНД.
Нисбат ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи полиси андоз чунин тадбирхои ҳавасмандгардонӣ истифода мешавад:
а) эълони сипос (раҳматнома);
б) беэътибор гардонидани ҷазои интизомии қаблӣ;
в) додани мукофоти пулӣ;
г) мукофотонидан бо туҳфаи пурқимат;
д) сарфароз гардондан бо Ифтихорнома;
е) навиштани ном дар Лавҳаи ифтихор, дар Дафтари ифтихор;
ж) пеш аз мӯҳлат додани рутбаи махсуси навбатӣ ;
з) додани рутбаи махсуси навбатии як зина болотар аз рутбаи мувофиқи мансаби ишғолкардаи штатӣ пешбинишуда.
Ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандае, ки вазифаҳои хизматии худро бо муваффақият ва софдилона ба ҷо меоранд, дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоию фарҳангӣ ва манзилию маишӣ, инчунин дар пешрафт дар хизмат имтиёзот фароҳам оварда мешавад.
Барои хизматҳои махсус баҳри ҷомеа ва давлат, комьёбиҳои беназир дар хизмат ва нишон додани мардонагию ҷасорат ҳангоми иҷрои қарзи хизматӣ ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда тибқи тартиби муқарраршуда ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданашон мумкин аст.
5. МУҶОЗОТИ ИНТИЗОМИЕ, КИ НИСБАТ БА АШХОСИ ҲАЙАТИ ҚАТОРӢ ВА РОҲБАРИКУНАНДАИ ПОЛИСИ АНДОЗ ИСТИФОДА МЕШАВАД.
Нисбат ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарии полиси андоз муҷозоти зайл истифода шуданаш мумкин аст:
а) сарзаниш
б) танбеҳ
в) танбеҳи ҷиддӣ
г) як зина паст кардани рутбаи махсус
д) аз вазифаи ишғолнамуда озод кардан
е) аз полиси андоз озод кардан (банди 8, 9 боби 7 ҳамин Оиннома)
6. ҲУҚУҚИ САРДОРОН ОИД БА ИСТИФОДАИ ТАДБИРҲОИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ВА МУҶОЗОТИ ИНТИЗОМӢ
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад тамоми тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозоти интизомии пешбининамудаи ҳамин Оинномаро истифода барад, ба истиснои:
а) ҷонишинҳои худро аз полиси андоз озод кардан ва дар вазифа паст кардан;
б) нисбати ҷонишинҳои худ бе розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар муҷозоти интизомӣ истифода бурдан;
в) як зина паст кардани рутбаи махсус ва аз полиси андоз бо маҳрум кардан аз рутбаи махсус озод кардани ходимоне, ки ба онҳо рутбаи махсус аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;
г) бе розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз полиси андоз озод кардан ва дар вазифа паст кардани аъзои коллегияи Кумитаи андоз.
Ҳуқуқи сардорони воҳидҳои полиси андоз оид ба истифодаи тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозоти интизомӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи андози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Агар ба ақидаи сардори сатҳи поин нисбат ба шахси ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунандаи полиси андоз истифодаи тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ ё муҷозоте зарур бошад, ки аз доираи салоҳияти ӯ берунанд, ӯ дар ин бора ба сардори бевоситаи болоӣ илтимоснома (дархост) медиҳад.
Сардоре, ки аз ҳуқуқи интизомии ба ӯ додашуда суиистеъмол намуда, муҷозотро раво дидааст, тибқи масъулияти пешбининамудаи ҳамин Оиннома ҷавобгар аст ва муҷозоти истифодашуда аз ҷониби худи ӯ ё сардори мустақими болоӣ бекор карда мешавад. Сардори мустақими болоӣ муҷозоти интизомии истифода кардаи сардори сатҳи поинро метавонад бекор кунад.
Ҷазои интизомӣ дар шакли аз вазифаи ишғолнамуда озод кардан ё аз полиси андоз озод кардан аз ҷониби сардоре анҷом дода мешавад, ки ҳуқуқи ба вазифа таъин карданро дорад.
7. ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ ТАДБИРҲОИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ВА МУҶОЗОТИ ИНТИЗОМӢ
Тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ ва мучозоти интизомӣ бо фармон эълон карда мешавад. Дар мавриди истифодаи тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ ё муҷозоти интизомӣ ба шахси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда дар назди сафи ҳайати шахсӣ ё дар маҷлис ва шахсан ба худи ӯ эълон карда мешавад ва ӯ дар зери фармон имзо мегузорад.
Ҷазои интизомӣ бояд ба вазнинии кирдор ва андозаи гуноҳ мувофиқ бошад. Ҳангоми татбиқи муҷозоти интизомӣ вазнинии кирдор, ҳолати содиршавии он, рафтори собиқаи гунаҳкор, муносибати ӯ ба хизмат, мӯҳлати хизмати ӯ дар полиси андоз ба эътибор гирифта мешаванд.
Қабл аз истифодаи муҷозоти интизомӣ аз гунаҳкор бояд баёноти хаттӣ талаб карда шавад ва дар сурати зарурат тафтиши хизматӣ анҷом дода мешавад. Аз додани баёнот саркашӣ кардани гунаҳкори вайронкунии интизоми хизматӣ ба татбиқи муҷозот монеъ шуда наметавонад.
Ҳангоми истифодаи ҷазои интизомӣ ё ёдовар шудани ӯҳдадории зердаст сардор набояд шаъну эътибори шахсии ӯро паст занад ва ба дуруштӣ роҳ диҳад.
Барои як кирдор танҳо як ҷазои интизомӣ дода мешавад. Ҳангоми аз ҷониби якчанд шахс якҷоя вайрон кардани интизоми хизматӣ ҷазои интизомӣ нисбат ба ҳар як гунаҳкор дар алоҳидагӣ дода мешавад.
Дар сурати шикоят кардан татбиқи ҷазои интизомӣ боздошта намешавад.
Муҷозоти интизомӣ дар шакли озод кардан аз мансаби ишғолнамуда ё паст кардани рутбаи махсус танҳо дар сурате истифода мегардад, ки агар дигар тадбирҳои муҷозоти интизомӣ ба вайронкунандаи интизоми хизматӣ таъсири зарурӣ нарасонида бошанд.
Аз полиси андоз озод кардани ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи полиси андоз тадбири ниҳоии муҷозоти интизомӣ буда, дар чунин мавридҳо истифода мешавад:
- бидуни сабабҳои узрнок вазифаҳои хизматии ба зиммаи ӯ гузошташударо мунтазам иҷро накардани корманд, агар ба ӯ пештар чораҳои муҷозоти интизомӣ дода шуда бошад;
- прогул (аз ҷумла дар давоми рӯзи корӣ зиёда аз се соат набудан дар хизмат) бидуни сабабҳои узрнок;
- дар ҳолати мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва токсикӣ ҳозир шудан ба хизмат;
- дуздидани амволи воҳиди полиси андоз, ки онро ҳукми қувваи қонунӣ пайдокардаи суд ё қарори мақоме, ки додани ҷазои маъмурӣ ба салоҳияти он дохил мешавад, муқаррар намудааст;
- вайронкунии дағалонаи яккаратаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои мустақили полиси андоз ва муовинони онҳо
- аз ҷониби корманде, ки бо арзишҳои пулию молӣ бевосита сару кор дорад, содир намудани амали гунаҳкоронае, ки барои нисбат ба вай гум шудани боварии роҳбар асос медиҳад.
Ҷазои интизомӣ дар шакли аз полиси андоз озод кардан барои вайрон кардани интизоми хизматӣ дар мавридҳои зерин низ истифода мешавад:
- барои ба андозсупорандагон дар вайрон кардани қонуни андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрӣ расондан ;
- барои ифшо кардани маълумоте, ки сирри давлатӣ ё сирри хизматиро ташкил мекунад, инчунин барои гум кардани ҳуҷҷатҳое, ки чунин маълумотро доранд, агар барои чунин амалиёт ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ нашуда бошад ;
- барои гум кардан, барқасдона хароб кардани ҳуҷҷатҳо, силоҳи оташфишони табелӣ, лавозимоти ҷанг, воситаҳои махсус, тамғаҳои рақамдори шахсӣ, мӯҳрҳо, инчунин молу ашьё ва маблағҳои пулии аз тарафи воҳидҳои полиси андоз мусодира кардашуда ё дар натиҷаи ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба даст омада ;
- барои бо тартиби муайяншуда ба расмият надароварда мусодира кардан ё барои нигоҳдорӣ гирифтани молу ашьё, маблағҳои пулӣ, ки бо мақсадҳои тамаъкорона ё манфиати дигар иҷро карда шудааст :
- барои тамаъҷӯӣ ё гирифтани тӯҳфа ба муносибати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, агар барои ин амалиёт ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ нашуда бошад.
Муҷозоти интизомӣ бевосита баъди содири кирдори корманд, аммо на дертар аз як моҳи содири он, ба ғайр аз вақти беморӣ ё дар рухсатӣ будани ӯ татбиқ мегардад.
Муҷозот баъди шаш моҳи содири кирдори корманд ва аз руи натиҷаҳои тафтиш ё санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ бошад, на дертар аз ду соли баъди содири чунин кирдор татбиқ шуда наметавонад. Ба мӯҳлатҳои зикршуда вақти тафтиши парвандаи ҷиноӣ дохил намешавад.
Ҷазои интизомие, ки нисбати ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда тибқи фармон дода шудааст, агар дар давоми як соли аз рӯзи додани ҷазо нисбати ӯ ҷазои дигари интизомӣ андешида нашавад, беэътибор дониста мешавад. Ҳамчун тадбири ҳавасмандгардонӣ ҷазо то гузаштани мӯҳлати як сол низ беэътибор дониста шуданаш мумкин аст.
Барои пеш аз мӯҳлат беэътибор гардонидани ҷазои интизомие, ки сардори болоӣ андешидааст, сардори бевосита ба мақоми болоӣ дархости дахлдор пешниҳод мекунад.
Дар сурати истифодаи ҷазои интизомӣ дар шакли паст кардани рутбаи махсус, агар шахси ҷазогирифта ислоҳ шудани худро бо хизмати намунавӣ ва ахлоқи пок исбот карда бошад, новобаста аз вазифаи штатии ишғолкардааш, дар рутбаи собиқа барқарор карда шуданаш мумкин аст, вале на пештар аз як соли баъд аз паст кардани рутбаи махсус.
8.ТАРТИБИ ОИД БА МУҶОЗОТИ ИНТИЗОМӢ АРЗ КАРДАН.
Корманди полиси андоз ҳақ дорад оид ба ҷазои ба ӯ додашуда ба сардори болоӣ ва дар ҳолати аз натиҷаи дидабаромадани шикояти ӯ аз тарафи сардори болоӣ қаноатманд нагардиданаш, ба суд муроҷиат намояд.
Сардори болоӣ ҳангоми баррасии шикоят ҳақ дорад ҷазоро бекор ё нарм кунад. Вазнин кардани ҷазо чун қоида, ба истиснои ҳолатҳои ошкоро номувофиқ будани он ба хусусият ва вазнинии кирдори содиршуда, иҷозат дода намешавад.
Арзу шикоят тибқи мӯҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.