ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ба низом даровардани маъракаи омодагӣ ва гузаронидани Ҳаҷ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад:
- барои ташкил ва гузаронидани ҳаҷ ҳар сол бо дарназардошти мӯҳлати муайяншуда гурӯҳҳои кориро бо мақсади бастани шартнома ва муҳайё сохтани шароити зисти ҳоҷиён ба мамлакати Арабистони Саудӣ фиристонанд;
- барои сафари муташаккилонаи шаҳрвандон ҳангоми ба ҷо овардани ҳаҷи фарзӣ ва умра (бо пурра гардидани гурӯҳҳо), корҳои тадорукотиро ба анҷом расонад, хизмати тиббӣ ва амнияти сафари онҳоро ба инобат гирад
- қаблан шумораи ҳаҷравандагонро мутобиқи миқдори аҳолии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва квотаи Арабистони Саудӣ муайян намуда, ба маълумоти раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо расонад ва мувофқи ҳамин миқдор ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат пешниҳод намояд;
- якҷоя бо Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази исломии ҷумҳурӣ шароити иҷрои маносики ҳаҷ тарзи анҷоми онҳоро бо истифодаи ахбори умум фаҳмонда диҳад;
- масъалаи хизматрасонии ҳоҷиёнро дар фурудгоҳҳо бо Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намуда, оид ба мусофирати ҳаҷравандагон бо он қарордод бандад. Барои имзо шудани қарордод оид ба алоқаи роҳи ҳавоӣ бо мақомоти марбута, аз ҷумла бо ширкати мазкур ва Арабистони Саудӣ мусоидат намояд;
- якуним моҳ қабл аз оғози маросими ҳаҷ қабули ҳуҷҷатҳоро қатъ намуда, дар вақташ барои гирифтани шиноснома, вазифаҳои дохили асноди заруриро ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- таҳияи ҳуҷҷатҳои заруриро бо пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муташаккилона гузаронидани ҳаҷ анҷом дода, ба фиристодани гурӯҳҳои корӣ ба мамлакати Арабистони Сауди ёрии амалӣ расонад.
3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои сафарии ҳаҷравандагонро ҳамчун мусофирати хусусӣ дар навбати аввал мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад;
- тартиботи ҷамъиятиро дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд ва ҷойҳои дигар ҳангоми сафари ҳаҷравандагон ва бозгашти онҳо аз мамлакати Арабистони Саудӣ таъмин намояд;
сархати сеюми банди 3 хориҷ карда шуд
4.Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ иҷрои қарори мазкурро таъмин намояд (
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 9 октябри соли 1997 № 437
ш. Душанбе