Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2002, № 779

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Фармони Президенти ҶТ аз 17.03.2014 № 181 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 феврали соли 2002 № 779

тасдиқ шудааст

Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Ин Низомнома мақоми ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд Дастгоҳи Президент), ки мутобиқи банди 10 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, муайян мекунад.

2. Дастгоҳи Президент мақоми давлати буда, фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ӯ сарвари мекунад, таъмин менамояд.

3. Дастгоҳи Президент дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои якҷояи онҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Регламенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

4. Дастгоҳи Президент шахси ҳуқуқи буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, ҳисобҳои ҷори ва махсуси бонки мебошад.

II. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШАККУЛИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ

5. Сохтор ва шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи Президент тибқи пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

6. Дастгоҳи Президент аз Роҳбари Дастгоҳи Президент, гурӯҳи мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳо, шӯъбаҳо ва дигар воҳидҳои сохтори иборат мебошад.

7. Ба Дастгоҳи Президент Роҳбари Дастгоҳи Президент сарвари менамояд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Роҳбари Дастгоҳи Президент муовинҳо, аз ҷумла як муовини аввал дорад.

8. Муовинони Роҳбари Дастгоҳи Президент, мушовирони давлати, мудири Котиботи Президент, роҳбари Хадамоти протоколии Президент, Котиби матбуотии Президент, ёварони Президент бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Мушовирони калон ва мушовирони Президент, мудири Котиботи Сарвазир, роҳбарони идораҳо, хадамот, шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории ба онҳо баробаркардашудаи Дастгоҳи Президент, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои тобеи Дастгоҳи Президент бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент, ки мутобиқан бо мушовирони давлатии Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда метаванд.

Дигар кормандони ҳайати воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент бо мувофиқаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳодоти сардорони идораҳо ва мудирони шӯъбаҳо аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Кормандони масъули шахсони ҳуқуқие, ки дар ҳайат ва дар назди Дастгоҳи Президент таъсис дода шудаанд, бо мувофиқаи Роҳбари Дастгоҳи Президент аз ҷониби роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

9. Шартҳои пардохти музди меҳнат, суғуртаи давлат таъминоти моддию техники, тибби, иҷтимоию маиши, нафақа ва таъминоти дигари кормандони Дастгоҳи Президент тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори муайян карда мешаванд.

III. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ

10. Вазифаҳои асосии Дастгоҳи Президент аз инҳо иборатанд:

- таъмини шароит барои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудани вазифаҳои худ ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти милли, ягонаги ва тамомияти арзи, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлати ва ҳамкории онҳо, риояи қарорҳои байналмилалии Тоҷикистон;

- таъмини шароит барои татбиқи ваколатҳои дар Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯ сарвари мекунад;

- таъминоти ташкили, ҳуқуқи, иттилоотию таҳлили ва моддию техникии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иҷрои дигар вазифаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Дастгоҳи Президент гузоштаанд.

11. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Дастгоҳи Президент гузошташуда, он функсияҳои зеринро анҷом медиҳад:

- ташкили таҳияи лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби ташаббуси қонунгузори ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо;

- таҳияи лоиҳаҳои пайёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои барномави барои пешниҳоди минбаъда ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳия ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати он, таъмини доиргардии онҳо мутобиқи Регламенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барасмиятдарории фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи қонунтузори ва меъёрҳои коргузори, сари вақт ба маълумоти иҷрокунандагон расонидани санадҳои номбаршуда;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани нашри фармону амрҳои Президент, қарору фармоишҳои Ҳукумат, шартномаҳои байналмилали ва созишномаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикос ва шарҳи сиёсати дохили ва хориҷие, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд;

- бо дарназардошти пешниҳодоти вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод кардани нақшаҳои фаъолияти Ҳукумат, ташкили корҳо оид ба татбиқи онҳо, назорати иҷрои саривақти ва босифати масъалаҳои ба нақшаҳо воридгардида;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда ба роҳ мондани ҳамоҳангсози ва назорати фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлати, дигар мақомоти идораи давлатие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад, кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ҷиҳати аз ҷониби онҳо иҷро гардидани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Оли, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли ва қарорҳои якҷояи онҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи Президент ва муовинони ӯ, таҳияи маърӯзаҳои дахлдор барои роҳбарият ва омодасозии пешниҳодот оид ба таҳкими интизоми иҷроия;

- таъмини татбиқи сиёсати давлати дар соҳаи тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбари ва фаъолияти самараноки хадамоти давлати;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати оид ба татбиқи сиёсати давлати дар соҳаи таъмини ҳуқуқи инсон, мусоидат ба таҳкими системаи суди;

- барои фаъолияти воситаҳои ахбори умум фароҳам овардани шароити зарурие, ки тибқи қонунгузори пешбини гардидааст;

- ташкили қабули шаҳрвандон, бақайдгири, таҳлил ва баррасии муроҷиатҳои онҳо, назорат ва тафтиши ҳолати ин корҳо дар мақомоти ҳокимияти давлати, таҳияи пешниҳодот вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон барои гузориш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷамъовари, коркард ва таҳлили иттилоот, оид ба равандҳои иҷтимоию иқтисоди, сиёси ва ҳуқуқи дар кишвар ва хориҷи он, таҳлили пешниҳодоти идтиҳодияҳои ҷамъияти, мақомоти худидораи маҳалли, таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани гузоришҳои дахлдор;

- ташкили омодасози ва гузаронидан, ҳамоҳангсозии чорабиниҳои протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини тартиби ягонаи таҳия ва баррасии ҳуҷҷатҳо, пешбурди коргузори, риояи низоми махфият ва сирри хизмати;

- иҷрои дигар вазифаҳои Дастгоҳи Президент вобаста ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯ сарвари мекунад.

12. Дастгоҳи Президент дар ҷараёни татбиқи функсияҳои худ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда мувофиқи тартиби муқарраргардида:

- бо Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли, Суди Констититутсиони, Суди Оли, Суди олии иқтисоди, судҳои вилояти, шаҳри ва ноҳияви, мақомоти прокуратура, вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти намояндаги ва иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидораи маҳалли, иттиҳодияҳо ва ташкитлотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақомоти давлатии кишварҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали ҳамкори менамояд;

- аз мақомоти ҳокимияти давлати, ташкилоту муассиса ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти заруриро дархост менамояд ва мегирад;

- корҳои илмию тадқиқотиро, аз ҷумла бо ҷалби ташкилотҳои илми, олимон ва коршиносон дар асоси шартнома, ташкил менамояд;

- шахсони аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озодшаванда, бо мувофиқаи онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озодшаванда, инчунин шахсонеро, ки дар мақомоти ҳокимияти давлати вазифаҳои роҳбариро ишғол менамоянд, ба ҳисоб мегирад;

- супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд ва иҷрои супоришҳои онҳоро назорат мекунад;

- роҳбарии муассисаҳо, ташкилот ва корхонаҳои тобеъро анҷом медиҳад.

IV. РОҲБАРИЯТИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ

13. Роҳбари Дасттоҳи Президент:

- роҳбарии умумиро анҷом медиҳад ва кори Дастгоҳи Президентро ташкил намуда, масъалаҳои банақшагири, банизомдарори ва назорати онро таъмин мекунад, оид ба масъалаҳои фаъолияти Дастгоҳи Президент фармоишу фармонҳо мебарорад;

- тартиби кори воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президентро муайян ва масъалаҳои таҳти салоҳияташ қарордоштаро тасдиқ менамояд, ҳамкории воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президентро дар ҳалли масъалаҳои пешбининамудаи ин Низомнома ҳамоҳанг месозад, тартиби кориро дар Дастгоҳи Президент тасдиқ менамояд;

- ба мушовирони давлати, роҳбарони воҳидҳои сохтори, кормандони масъули Дастгоҳи Президент, роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлати ва дигар мақомоти давлати, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли таҳияи маводи оид ба масъалаҳои дар ихтиёри Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ва дар доираи салоҳияти Дастгоҳи Президент бударо месупорад;

- бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали штатиро тасдиқ менамояд ва ҳангоми зарурат дар доираи шумораи муқарраргардида ба он тағйирот ворид менамояд;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ лоиҳаҳои низомномаҳои шахсони ҳуқуқии дар ҳайат ва дар назди Дастгоҳи Президент таъсисшаванда, корхонаю ташкилотҳои тобеи Дастгоҳи Президент, инчунин оид ба шумораи ниҳоии штатии кормандони онҳо пешниҳодот манзур медорад;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани шахсоне, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурин Тоҷикистон таъин мегарданд, пешниҳодот манзур медорад;

- муовинони сардорони идораҳо, муовинони мудирони шӯъбаҳо, ёварони Сарвазир, ёварони муовинони Сарвазир, роҳбарони бахшҳо ва дигар кормандони Дастгоҳи Президентро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- гузаронидани аттестатсияи кормандони Дастгоҳи Президент, ташкили таҳсили касби ва мақсадноки онҳоро таъмин менамояд;

- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори нисбат ба кормандони Дастгоҳи Президент, ки аз ҷониби он ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, чораҳои ҷазои интизоми меандешад, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои ҷазои интизоми нисбат ба кормандони Дастгоҳи Президент, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, пешниҳодот манзур медорад;

- дар доираи сметаи хароҷоти Дастгоҳи Президент маблағҳоро ихтиёрдори менамояд, масъалаҳои мукофотдиҳи, муқаррар намудани иловапули ба маош ва дигар пардохтҳои пулии кормандони Дастгоҳи Президентро ҳал менамояд;

- Дастгоҳи Президентро дар муносибат бо мақомоти ҳокимияти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии кишварҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали намояндаги мекунад;

- кори воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президентро оид ба назорати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Оли, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли ва қарорҳои якҷояи онҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ташкил менамояд, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро дар ин самт ҳамоҳанг месозад;

- оид ба рафъи камбудиҳо дар таъмини татбиқи фармонҳо, амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрояшон ҳатми мебошад, ба мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти давлати пешниҳодҳо ирсол менамояд, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки вазорату идораҳо бе риояи тартиби муқарраргардида барои барраси пешниҳод намудаанд, ба онҳо бармегардонад;

- омодасозии маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад ва бо Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз, вақт ва рӯзномаи маҷлисҳои Ҳукумат ва маҷлисҳои Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқа менамояд;

- дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;

- лоиҳаҳои фармону амрҳои Президентро барои имзо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қабулнамудаи Ҳукуматро барои имзо ба Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- масъалаҳои дар воситаҳои ахбори умум нашр намудани фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал менамояд;

- мӯҳрҳои дорои тасвири Нишони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро низ иҷро мекунад.

14. Муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи Президент вазифаҳои Роҳбари Дастгоҳи Президентро дар давраи ғайриҳозирии ӯ иҷро мекунад, бо супориши Роҳбари Дастгоҳ Президент маблағҳоро мутобиқи смета ихтиёрдори менамояд.

15. Муовини аввал ва муовинони Роҳбари Дастгоҳи Президент мутобиқи тақсимоти вазифаҳои байни онҳо, ки Роҳбари Дастгоҳи Президент тасдиқ намудааст:

- роҳбарии фаврии воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент, ҳамоҳангсозии нақшаҳо ва фаъолияти онҳоро анҷом медиҳанд;

- мутобиқи супоришҳои алоҳидаи Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муносибатҳои мутақобила бо мақомоти ҳокимияти давлати, ташкилотҳо ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи Президентро намояндаги мекунанд;

- бо супориши Роҳбари Дастгоҳи Президент татбиқи функсияи алоҳидаи Дастгоҳи Президентро ташкил менамоянд.

V. МУШОВИРОНИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16. Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдМушовири давлати) шахси мансабдори Дастгоҳи Президент буда, таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар тобеияти функсионалии Роҳбари Дастгоҳи Президент қарор дорад.

17. Мушовири давлати дар тобеияти худ мушовирони калон ва мушовирон дорад, ки бо мувофиқаи ӯ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи ин Низомнома, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

18. Мушовирони давлати шахсан ё ба воситаи шахсони мансабдори таҳти тобеияташон:

- вазифаҳои дар назди Дастгоҳи Президент гузошташударо дар қисмате, ки ба татбиқи ваколатҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст, иҷро менамоянд;

- ҳамкории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти суди, прокуратура, ҳизбҳои сиёси ва иттиҳодияҳои дигари ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президентҳо, парламентҳо ва ҳукуматҳо, мақомоти давлати, ходимони сиёсии кишварҳои хориҷи ва созмонҳои байналмилали таъмин мекунанд;

- дар омодасозии вохӯриҳои расми, боздидҳо, сӯҳбатҳо, гуфтушунидҳо, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳои ӯ бо шаҳрвандон ва намояндагони ҳизбҳои сиёси ва иттиҳодияҳои ҷамъияти, воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд;

- барои нақшаҳои дурнамо ва ҷории чорабиниҳое, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, пешниҳодот манзур менамоянд;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кориро ҷиҳати омодасозии чорабиниҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи маводи таҳлили сарвари менунанд;

- лоиҳаи қонунҳо, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, барраси намуда, оид ба онҳо пешниҳодҳо манзур менамоянд;

- ҷамъовари, барраси ва таҳлили иттилоотро дар бораи равандҳои иҷтимоию иқтисоди ва сиёсие, ки дар кишвар ва хориҷ аз он рух медиҳанд, таъмин сохта, дурнамои ҷараёни воқеаҳои сиёсии дохили ва хориҷиро пешбини мекунанд, гузоришҳо ва пешниҳодоти заруриро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамоянд;

- дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд;

- дигар вазифаву масъалаҳои таҳти салоҳияташон қарордошта ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иҷро мерасонанд.

19. Мушовирони давлати бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мақомоти дахлдори давлати, ҷамъияти ва мақомоти дигар, созмонҳои байналмилали намояндаги мекунанд.

VI. КОТИБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

20. Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ташкили, таҳлили, иттилооти, иҷроия, назорат ва дигар вазифаҳоеро анҷом медиҳад, ки ба татбиқи ваколатҳои конститутсиони ва дигар самтҳои фаъолияти ҳаррӯзае, ки Президент муайян менамояд, мусоидат мекунанд.

21. Мудири Котиботи Президент ва ёварони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати Котибот дохил мешаванд:

- таҳияи маводи маърӯза ва муроҷиатномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд;

- маълумотномаҳо ва гузоришҳои таҳлилиро таҳия намуда, корҳои иттилоотию машваратиро анҷом медиҳанд;

- супоришҳои алоҳидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамоянд;

- бо мақомоти машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкори намуда, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозанд.

VII. ХАДАМОТИ ПРОТОКОЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22. Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини протоколии чорабиниҳои бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршавандаро ба амал мебарорад, аз ҷумла:

- сафарҳои хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар;

- мулоқотҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вохӯри, сӯҳбатҳо, гуфтушунидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони давлатҳои хориҷи;

- чорабиниҳои дигар, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд.

23. Хадамоти протоколи вазифаҳои худро дар ҳамкори бо Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷи ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

VIII. ХАДАМОТИ МАТБУОТИИ ПРЕЗИДЕНТ

24. Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории Дастгоҳи Президент буда, таъминоти иттилоотии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳи сиёсати дохили ва хориҷии давлатро дар воситаҳои ахбори омма ташкил менамояд.

25. Вазифаҳои асосии Хадамоти матбуотии Президент инҳоянд:

- ташкили кор оид ба шарҳу эзоҳ ва инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои қабулнамудаи онҳо дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳури ва хориҷи;

- иҷрои супоришҳои фаврии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба инъикоси масъалаҳои сиёсати дохили ва хориҷи дар матбуот;

- баргузор намудани конференсияҳои матбуоти, брифингҳо, таҳия ва паҳн намудани фишурдаи матбуоти ва ахбори иттилооти;

- таъмини сабти телевизиони ва таҳияи маводи видео дар бораи вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари роҳбарияти ҷумҳури ба давлатҳои дигар;

- ташкили фаъолияти якҷоя бо намояндагони аккредитатсияшудаи матбуоти кишварҳои хориҷи;

- ҳамкори бо хадамоти матбуотии мақомоти дигари давлати доир ба масъалаҳои инъикоси сиёсати дохили ва хориҷии давлат.

IХ. КОТИБОТИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26. Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории Дастгоҳи Президент буда, таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвазирн Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад ва дар тобеияти функсионалии Роҳбари Дастгоҳи Президент қарор дорад.

Ба ҳайати Котиботи Сарвазир ёварони Сарвазир ва ёварони муовинони ӯ дохил мешаванд. Вазифаҳои асосии Котиботи Сарвазир аз инҳо иборатанд:

- таъмини ташкили ва иттилоотию таҳлилии фаъолияти Сарвазир;

- таъмини ҳамкории Сарвазир бо воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент, мақомоти давлати, идтиҳодияҳои ҷамъияти дар доираи салоҳиятҳои он;

- ташкили коргузори, ҳамоҳангсози ва назорати иҷрои супоришҳои Сарвазир аз ҷониби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти ёварони Сарвазир ва ёварони муовинони ӯ;

- омодасозии маҷлисҳо, машваратҳо ва чорабиниҳои дигаре, ки Сарвазир мегузаронад;

- бо супориши Сарвазир таҳлил ва барраси намудани пешниҳодот ва муроҷиатномаҳое, ки ба унвони ӯ ворид шудаанд.

Х. ШӯЪБАҲОИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ

27. Шӯъбаҳои Дастгоҳи Президент таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар тобеияти Роҳбари Дастгоҳи Президент қарор доранд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ба фаъолияти шӯъбаҳои Дастгоҳи Президент, ки татбиқи ваколатҳои ҳукуматро дар самтҳои дахлдори сиёсати дохили ва хориҷи таъмии мекунанд, сарпарасти менамоянд.

28. Ба шӯъбаҳои Дастгоҳи Президент мудирон роҳбари мекунанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи ин Низомнома ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

29. Дар ҳайати шӯъбаҳои Дастгоҳи Президент шахсони мансабдоре дохил мешаванд, ки рӯйхати онҳо дар ҷадвали штатии аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент тасдиқшаванда муқаррар мегардад.

30. Вазифаҳои асосии шӯъбаҳои Дастгоҳи Президент аз инҳо иборатанд:

- таҳлили мунтазами ҳолати соҳаҳо ва минтақаҳои дахлдори ҷумҳури, муайян намудани роҳҳои самарабахши рушди онҳо, ҳалли масъалаҳои асосии иҷтимоию иқтисоди, масъалаҳои муҳимтарини байнисоҳави, байниминтақавию ҷумҳури ва дар ин асос таҳия намудани пешниҳодҳои дахлдор;

- таъмини ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳо, муассисаҳо ва ташкилот, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар соҳаҳои иқтисод, иҷтимои, мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқи ва дар минтақаҳои таҳти тобеият;

- анҷом додани назорати мунтазами иҷрои фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлати ва дигар мақомоти идораи давлати, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, таҳияи гузоришҳо оид ба ин масъалаҳо;

- ташкили иҷрои нақшаҳои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи Президент ва муовинони ӯ;

- таҳияи маводи зарурии таҳлили, пешниҳодҳо доир ба масъалаҳое, ки бояд аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати он, инчунин дар машваратҳои назди роҳбарияти Дастгоҳи Президент барраси гарданд;

- ташхис, мувофиқасози ва такмилсозии лоиҳаҳои санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, билоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳури барои барраси пешниҳод карда шудаанд;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи Президент таҳия намудани лоиҳаҳои санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти фаври доранд;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида барраси намудани муросилоти хизмати, мактуб ва муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон, ки ба Дастгоҳи Президент ворид шудаанд;

- таъмини пешбурди коргузори мувофиқи Дастуруламали коргузори дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

31. Шӯъбаҳои Дастгоҳи Президент дар рафти иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдаи онҳо гузошташуда ҳаминро ба инобат мегиранд, ки вазоратҳо ва кумитаҳои давлати дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлати дар соҳаҳои дахлдор марказҳои асоси мебошанд. Вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо аз ҳуқуқҳои ба онҳо додашуда ҷиҳати иҷрои масъалаҳои ба зиммаашон гузошташуда доир ба таъмини рушди соҳаҳо ва минтақаҳо бояд пурра истифода баранд ва онҳо барои ин тамоми масъулиятро ба дӯш доранд.

32. Шӯъбаҳои Дастгоҳи Президент фаъолияти худро дар робитаи зичи кори бо дигар воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент анҷом дода, оид ба масъалаҳои доираи салоҳияташон бо ҳамдигар машварат мекунанд, ҳуҷҷатҳо ва маводи таҳияшавандаро дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартибе, ки Регламенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастуруламали коргузори дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст, ба мувофиқа мерасонанд.

33. Мудири шӯъбаи Дастгоҳи Президент:

- татбиқи вазифаҳои ба зиммаи шӯъба вогузоршударо ташкил намуда, барои иҷрои самарабахши онҳо масъулияти шахси дорад;

- вазифаҳоро байни кормандони тобеъ тақсим намуда, интизоми дурусти меҳнати, аз ҷониби онҳо риоя гардидани талаботи Дастуруламали коргузори дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд, барои ташкили кор оид ба назорат ва тафтиши иҷрои он дар шӯъба масъул мебошад;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти давлати ва ташкилотҳо барои таҳияи масъалаҳои аз тарафи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Дастгоҳи Президент баррасишаванда, маводи заруриро дархост менамояд, ҳангоми зарурат кормандони мақомоти давлати, муассиса ва ташкилотҳоро бо розигии роҳбаронашон, барои омодасозии масъалаҳои доираи салоҳияти шӯъба, ҷалб мекунад;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида доир ба ҳуҷҷатҳои дар шӯъба таҳиягардида ба роҳбарияти Дастгоҳи Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ гузориш медиҳад;

- ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва Роҳбари Дастгоҳи Президент дар хусуси ба вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо баргардонидани лоиҳаҳои санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе риояи талаботи Регламенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастуруламали коргузори дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаанд, пешниҳод манзур менамояд;

- дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар маҷлисҳои ҳайатҳои мушовара, маҷлисҳо ва машваратҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияи ҷумҳурияви ва маҳалли, муассисаҳо ва идтиҳодияҳои ҷамъияти оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияташон қарордошта, иштирок менамояд.

34. Кормандони масъули Дастгоҳи Президент:

- мутобиқи тақсимоти вазифаҳо вазифа ва функсияҳои мушаххаси ба зиммаи онҳо гузошташударо иҷро мекунанд, барои дар сатҳи зарури иҷро гардидани онҳо масъул мебошанд;

- ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои марбут ба доираи ӯҳдадориҳои вазифавиашон, дар маҷлисҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи Президент ва муовинони ӯ, ҷаласаҳои ҳайатҳои мушовара, маҷлисҳо, машваратҳое, ки вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо мегузаронанд, иштирок мекунанд;

- дар доираи салоҳияти худ бо маводи дахлдори вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо, корхонаҳои давлати, муассисаю ташкилот ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо шинос мешаванд;

- дар чорабиниҳое, ки мутобиқи нақшаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи Президент доир мегарданд, иштирок менамоянд.

ХI. ҲИСОБДОРИИ МАРКАЗӢ

35. Ҳисобдории маркази воҳиди сохтории Дастгоҳи Президент буда, бо ҳуқуқи идора фаъолият менамояд.

Ҳисобдории маркази ташкил, пешбурди саривақти ва босифати баҳисобгирии муҳосибавиро таъмин менамояд, ҷамъовари, таҳлил, ҷамъбаст ва ба Роҳбари Дастгоҳи Президент пешниҳод намудани маълумот оид ба мавҷудият ва ҳаракати амвол, истифодаи захираҳои моддию молиявиро дар Дастгоҳи Президент анҷом медиҳад, иҷрои дақиқ ва саривақтии ӯҳдадориҳои молияви, назорати аз ҷониби корхона, ташкилотҳои тобеи Дастгоҳи Президент риоя гардидани тартиботи муқаррарнамудаи фаъолияти молияви ва хоҷаги, баҳисобгирии муҳосибавиро анҷом медиҳад, дигар вазифа ва функсияҳои пешбининамудаи қонунгузориро иҷро мекунад.

ХII. ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ДАР ҲАЙАТИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ

36. Барои иҷрои вазифа ва функсияҳои махсус мутобиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайат ва дар назди Дастгоҳи Президент шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи Президент, ки ҷадвали алоҳидаи штати ва ҳисобҳои бонки, бо номи худ бланкаю мӯҳрҳо доранд, таъсис дода мешаванд.

Низомномаҳои шахсони ҳуқуқи, ки дар ҳайат ё дар назди Дастгоҳи Президент таъсис дода мешаванд ва шумораи ниҳоии кормандони онҳо бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

ХIII. КОРХОНАҲО, МУАССИСАҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ ТОБЕИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ

37. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи Дастгоҳи Президент, субъектҳои мустақили хоҷагидори буда, дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи байни онҳо ва Дастгоҳи Президент фаъолият менамоянд.

Низомномаи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи Дасттоҳи Президент бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.