бо Фармони Президенти ҶТ аз 26.02.2025 № 969 беэътибор дониста шуд
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 апрели соли 2001 № 548
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.1. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, амният, гумрук, андоз, агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, дар мубориза бар зидди ҷинояткори, бо роҳи бо ҳамдигар ҳамоҳанг сохтани корашон ва дар ҳамбастаги барои сари вақт ошкоркуниву кушодан, пешгирию бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии ҷиноятҳо мусоидат мекунанд, тадбирҳои лозима меандешанд ва онро дар амал татбиқ менамоянд.
1.2. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолияташонро дар мубориза бар зидди ҷинояткори мувофиқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои ҷори ва Низомномаи мазкур, бо ҳам ҳамоҳанг карда, онро дар амал татбиқ менамоянд.
1.3. Мувофиқи моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он фаъолияти мақомоти корҳои дохили, амният, гумрук, андоз ва дигар мақомоти ҳифзи ҳудудро, ки бар зидди ҷинояткори мубориза мебаранд, ҳамоҳанг менамоянд.
1.4. Ба ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокурор (Раиси Шӯро) ва роҳбарони мақомоти дахлдори ҳифзи хуқуқ ё иҷрокунандагони вазифаи онҳо (аъзои Шӯро) дохил мешаванд.
Дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсози шахсони мансабдори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлати дар маҳалҳо, идоракунии ҳарби, ташкилотҳои ҷамъияти, кормандони илмию омӯзгори, намояндагони васоити ахбори умум метавонанд иштирок варзанд.
Барои тайёр намудани масъалаҳои дар Шӯрои ҳамоҳангсози баррасишаванда ва иштирок дар он метавонанд намояндагони мақомоти назораткунанда ва дигар мақомотҳои давлати ҷалб карда шаванд.
II. ҲАМОАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТ
2.1. Ба ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷинояткори тааллуқ доранд:
- фаъолияти фаврию ҷустуҷӯи;
- таҳқиқу тафтиши пешакии парвандаҳои ҷинояти;
- назорати мурофиави оиди иҷроиши қонунҳо дар рафти ошкор намудану тафтиш кардан ва андешидани тадбирҳо баҳри пешгири намудани ҷинояткори;
- таъмин намудани иҷроиши чораҳои эҳтиёти, ҷазоҳои дигар қарорҳои суди бо парвандаҳои ҷинояти;
- ҳолати қонуният ва ҷинояткори дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
III. МАҚСАДИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ
3.1. Мақсадҳои ҳамоҳангсози аз инҳо иборатанд:
- ба ҳамдигар мутобиқ ва мувофиқ намудани чораву шакл ва воситаҳои муборизаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бар зидди ҷинояткори ва дар амал татбиқ намудани тадбирҳои дар ин самт андешидашуда;
- ёрии мутақобила бо мақсади таъмин намудани бехатарии худи ин мақомот;
- баланд бардоштани савияи кордонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- риояи қонуният;
- баробарҳуқуқии ҳамаи аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсози дар рафти масъалагузори, таклиф намудани пешниҳодҳо, тавсияҳову чорабиниҳо;
- мустақилияти ҳар як мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди ваколатҳои ба он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори дода шуд ҳангоми иҷрои қарорҳо. тавсияҳо ва гузаронидани чорабиниҳои якҷоя;
- ошкорбаёни ба қадре, ки он ба талаботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодии шахсу шаҳрванд, дар бораи сирру асрор ва дигар сирре, ки аз тарафи қушуншаванда мухолиф нест;
- ҷавобгарии роҳбарони ҳар як мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои иҷроиши қарорҳои дар мувофиқа қабул кардаашон.
IV. САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ
4.1. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самтҳои зерин фаъолияташонро ҳамоҳанг месозанд:
- ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муборнза бар зидди ҷинояткори, вайрон кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқи дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон;
- таҳлили якҷояи вазъи ҷинояткори, сохт ва ҷараёни инкишофи он, алалхусус, ҷиноятҳои аз тарафи гурӯҳҳои муташаккил содиршаванда, пешгӯии тамоили болоравии ҷиноятҳо, омӯзиши таҷрибаи ошкор кардан, тафтиш намудан, кушодан, пешгири ва рафъи ҷиноятҳо;
- тайёр намудани таклифҳо ва иҷрои чорабиниҳои давлати зидди ҷинояткори;
- дар ҳолатҳои зарури, ба Президент, Маҷлиси милли, намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудану фиристодани аҳборотҳо оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткори;
- ҷамъбасти таҷрибаи истифодаи қонунҳо оид ба мубориза зидди ҷинояткори ва тайёр намудани таклифҳо барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- тайёр намудани таклифҳо барои такмил додани батанзимдарории ҳуқуқии фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷинояткори;
- дар якҷояги бо дигар мақомоти давлати, инчунин муассисаҳо илми тайёр намудани таклифу пешниҳодҳо барои пешгири намудани ҷинояткори;
- ҷамъбасти таҷрибаи иҷроиши шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳо бо давлатҳои хориҷиву ташкилотҳои байналмилали, оид ба масъалаҳои ҳамкори дар мубориза бар зидди ҷинояткори ва таҳияи таклифҳои дахлдор.
V. ВАЗИФАҲОИ ШӯРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ
5.1. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда Шӯрои ҳамоҳангсози:
- шакли ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар мубориза бар зидди ҷинояткори, мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқи муайян намуда, тадбирҳои амалиеро қабул мекунад, ки барои баланд бардоштани самаранокии ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудаанд;
- ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мегузаронад;
- мубодилаи ахборотро оид ба мубориза бар зидди ҷинояткори мегузаронад;
- сафарҳои якҷояро ба маҳалҳо бо мақсади гузаронидани амалиётҳои мувофиқа кардашуда, санҷишҳо ва расонидани ёри ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷииояткори дар маҳалҳо, омӯхтан ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадамро таъмин менамояд;
- гурӯҳҳои тафтишотию-фавриро барои тафтиш намудани ҷиноятҳои мушаххас таъсис медиҳад;
- чорабиниҳои мақсаднокро оид ба ошкор намудан ва рафъ кардани ҷиноятҳо, инчунин бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии ҷиноятҳо мусоидат кардаанд, мегузаронад;
- аз имониятҳои мавҷудаи тарафайн, барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, истифода мекунад ва дар ин замина семинару конференсияҳо мегузаронад;
- дар мубориза бар зидди ҷинояткори, бехатарии якдигарро таъмин намудан ва дар ин замина ба ҳамдигар расонидани ёрии амали;
- дар якҷояги тайёр намудани фармонҳо, супоришҳо, мактубҳои ахбороти ва дигар санадҳо;
- тайёр намудан, ба нашр расонидану паҳн кардани маҷмӯа ва дигар ҳуҷҷатҳо;
- кор карда баромадану тасдиқ намудани нақшаи ба ҳам мутобиқкардашудаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозиро кор карда мебарояд ва тасдиқ менамояд;
- мутобиқи тартиби муайяншуда лоиҳаи ҳуҷҷатҳои дахлдорро таҳия ва ба баррасии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод мекунад;
- гурӯҳҳои кориро ташкил медиҳад.
Интихоби шаклҳои номбаршуда ва дигари ҳамкори аз тарафи иштирокчиёни Шӯро бо назардошти ҳолатҳои амиқ ба роҳ монда мешавад.
Таъминоти моддию-техникии фаъолияти Шӯро аз тарафи иштирокчиёни он таъмин карда мешавад.
VI. РАИСИ ШӯРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ
- Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро роҳбари мекунад;
- нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозиро тасдиқ менамояд;
- дар ҳолатҳои зарури вале на камтар аз як маротиба дар ҳар се моҳ бевосита ё бо ташаббуси яке аз аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсози, ҷаласаи онро даъват менамояд;
- маълумотҳои лозимаро барои ташкил намудани фаъолияти ҳамоҳангсози заруриро талаб менамояд;
- ба нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсози тағйиротҳо дохил менамояд;
- аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барои бевосита иҷро намудану бурдани назорат аз болои қарорҳои қабул кардашуда гурӯҳҳои кориро таъсис медиҳад;
- аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура котиби масъули Шӯрои ҳамоҳангсозиро, ки ба Котиботи Шӯрои хамоҳангсози роҳбари мекунад, таъин мекунад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси милли, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти ҳокимияти давлати дар маҳалҳо ахборотро оид ба масъалаҳои вазъи ҷинояткори ва таклифҳоро барои андешидани чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткори ва такмил додани батанзимдарории масъалаҳои ҳуқуқи пешниҳод менамояд;
- дар бораи вазъи ҷинояткори ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт бо истифода аз васоити ахбори умум ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонад.
VII. АЪЗОИ ШӯРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ
- таклифҳояшонро оид ба тартиб додани нақшаи кории ҳамоҳангсози, инчунин доир бо масъалаҳои ба фаъолияти ҳамҳангсози дахлдошта бо асоснокгардонии зарурати барраси ва роҳу усулҳои ҳалли онҳо пешкаш менамоянд;
- лоиҳаи санадҳо ва дигар маводҳоеро, ки муҳокима ва қабули қарорро талаб мекунанд ба тариқи мувофиқагардони пешниҳод мекунанд;
- дар рафти муҳокима ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои ба муҳокима баровардашуда, иштирок менамоянд;
- аъзоёни гурӯҳҳои кориро муайян менамоянд;
- оид ба самаранокии қарорҳои якҷоя қабулшуда ва чораҳо доир ба амали гардонидани онҳо таклифҳо пешниҳод менамоянд.
VIII. ТАШКИЛИ КОРИ ШӯРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ
8.1. Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти машварати буда, иҷрои қарорҳояш ҳатмист. Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози дар вақти муҳокимаи масъалаҳо ҳуқуқи баробар доранд.
8.2. Шӯрои ҳамодангсози дар ҷаласаҳояш масъалаҳои нисбатан муҳими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро доир ба таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқи ва мушкилиҳои дар ин ҷода ҷойдошта муҳокима намуда, ҳисоботи аъзои Шӯро, роҳбарони воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мешунаванд.
Дар ҳолати мавриди барраси қарор гирифтани масъалаҳои нисбатан муҳим, ки ба мубориза бар зидди ҷинояткори дахл доранд, гузаронидани ҷаласаҳои сайёри Шӯрои ҳамоҳангсози мумкин аст.
8.3. Ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсози мутобиқи нақша ё ин ки бо супориши Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози, ки таърихи ҷаласаро муайян менамояд, гузаронида мешаванд.
8.4. Қарори Шӯрои ҳамоҳангсози дар шакли хатти тартиб дода мешавад ва он вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки он қарорро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки иҷроишаш ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, маъқул шуморанд. Роҳбарони мақомотҳои ҳифзи хуқуқ барои амали гардонидани қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсози, фармон, дастур, амр ва дигар санадҳои ташкили-маъмури қабул менамоянд. Агар иҷрои қарори қабулшуда ба зиммаи якчанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошта шуда бошад, масъулияти ташкилии иҷроишаш ба зиммаи мақомоте, ки дар аввали қарор зикр шудааст, гузошта мешавад.
Қарор ва протоколи ҷаласаи Шӯрои ҳамҳангсозиро раис ва котиби масъули Шӯрои ҳамоҳангсози имзо мекунанд.
Роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсози, иҷрои қарорҳои қабулшударо дар доирае, ки ба ваколати онҳо дохил мешавад, таъмин менамоянд.
IХ. КОТИБОТИ ШӯРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ
9.1. Котиботи Шӯрои ҳамоҳангсози аз ҳисоби намояндагони ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода мешавад.
Котиботи Шӯрои ҳамоҳангсози:
- корҳои ҷории ташкилиро амали менамояд;
- ҳуҷҷатгузории Шӯрои ҳамоҳангсозиро бо риоя намудани талаботи коргузории маҳфи ба амал мебарорад;
- аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози ва даъватшудагонро дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо пешниҳоди лоиҳаи ҳуҷҷатҳое, ки бояд муҳокима шаванд ва дигар маводҳо огоҳ менамояд;
- лоиҳаи нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозиро таҳия ва ба баррасии роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод менамояд;
- таҳия ва ба нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсози дохил намудани таклифҳои мақомоти ҳифзи хуқуқро ташкил менамояд;
- рафти иҷроиши қарорҳои Шӯроро таҳлил мекунад ва зери назорат мегирад, аз натиҷааш ба раиси Шӯро маълумот медиҳад;
- дигар супоришҳои Раиси Шӯрои ҳамҳангсозиро иҷро менамояд.
Бо мақсади тайёр намудани маводҳо ва лоиҳаи санадҳо доир ба масъалаҳои мушаххаси барои баррасии Шӯрои ҳамохангсози пешниҳодшуда, ҷамъ овардану фиристонидани маълумоти зарури ба сохторҳои гуногуни давлати ва ҳамкори намудан бо воситаҳои ахбори умум гурӯҳҳои кори таъсис медиҳад.
Лоиҳаи ҳуҷҷатҳоро оид ба масъалаи дар Шӯрои ҳамоҳангсози баррасишаванда мақомоти ҳифзи ҳуқуқе, ки онро ба тариқи ташаббус барои барраси пешниҳод намудааст, ё гурӯҳи кории бо ин мақсад аз намояндагони мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ созмондодашуда, тайёр менамояд.
Х. ҲАМКОРӢ БО СУДҲО ВА МАҚОМОТИ АДЛИЯ
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкори бо судҳо ва мақомоти адлия ба роҳ монда мешавад:
Ҳамкори бо судҳо ва мақомоти адлия дар шакли зерин ба роҳ монда мешавад:
- мубодилаи тарафайни ахборот дар бораи вазъи ҷинояткори ва маҳкумшудагон;
- истифодаи маълумотҳои омории суди ва маводҳои таҷрибаи суди ҳангоми тайёр намудани тадбирҳо оид ба мубориза бар зидди ҷинояткори;
- дар якҷояги тайёр кардани лоиҳаи қонунҳо оид ба мубориза бар зидди ҷинояткори;
- дар якҷояги гузаронидани семинару конференсияҳо, иштироки мутахассисони дахлдор дар кори бо мақсади баланд бардоштани ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- фиристодани мактубҳои ахбороти, маълумотномаҳо ва ҷамъбастиҳои якҷоя;
- иштирок кардан дар рафти тайёр кардани қарорҳои Пленуми Суди Оли ва Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раисони судҳо, роҳбарони мақомоти адлия ва Шӯрои адлия метавонанд дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намояид.
Ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткори бо риоя намудани принсипҳои мустақилияти ҳокимияти суди, мустақилияти судяҳо ва танҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат кардани онҳо ба амал бароварда мешавад.