Қоидаҳои пур кардани дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2001, № 542

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 марти соли 2001 № 542

Қоидаҳои пур кардани дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ин Қоидаҳо ба амалиёти мақомоти санҷиши, ҳангоми гузародани тамоми намудҳои санҷиши (санҷиш, ревизия, санҷиши мутақобила, санҷиши назорати ва ғайра) фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла ҳангоми санҷиши молиявию хоҷагидори, бонки, чораҳои зидди сӯхтор, санитарию эпидемологи, ветеринари, умури назорати энергетики, ҳифзи табиат, карантин ва ҳифзи растани, риояи қоидаҳои савдои мол ва дигар санҷишҳо паҳн мешаванд.

2. Дафтари бакайгирии санҷиширо субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорони инфироди) новобаста аз шакли моликияташон, пеш мебаранд. Субъектҳои хоҷагидор (соҳибкори инфироди) Дафтари бақайдгирии санҷишро бо салоҳдиди худ ва то пур шудани он пеш бурда, мувофиқи тартиби муқарраргардида нигоҳ медоранд.

То оғози санҷиш роҳбари субъекти хоҷагидор (соҳибкори иифироди) барои пур кардани сутунҳои дахлдор Дафтари бақайдгирии санҷишро ба мансабдори мақоми санҷиш пешниҳод менамояд.

3. Дар сутуни якум рақами тартибии қайди санҷишу назорат нишон дода мешавад.

4. Дар сутуни дуюми насаби шахсони.ваколатдори барои санҷиш ташрифоварда рақами шаҳодатнома (аз ҷумла, шаҳодатномаи махсус), номи мақоме ки шаҳодатномаро додааст, мӯҳлати эътибори шаҳодатнома нишон дода шуда, бо имзои номбурда тасдиқ карда мешавад.

5. Дар сутуни сеюм дар сурати мавҷуд будани мутахассис ва аудитор (ширкати аудитори)-и даъватшуда, ному насаби онҳо, рақами шаҳодатномаи шахси, рақами литсензия, номи мақоме, ки литсензияро додааст ва мӯҳлати эътибори литсензия нишон дода мешавад.

6. Дар сутуни чорум асоси назорату санҷиши субъекти хоҷагидор (соҳибкорони инфироди) ва санаи оғози назорату санҷиш нишон дода мешавад.

7. Дар сутуни панҷум намуд ва мақсади санҷиш нишон дода мешавад.

8. Дар сутуни шашум ба охир расидани санҷиш нишон дода мешавад.

9. Дар сутуни ҳафтум чораҳое, ки шахси мансабдори мақомоти санҷиши ё ҳифзи ҳуқуқ тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда нисбати субъекти хоҷагидор андешида аст, нишон дода мешаванд.

10. Дар сутуни ҳаштум андешаи роҳбари субъектҳои хоҷагидор (соҳибкори инфироди) дар шаклҳои "Розиам", "Рози нестам", "Бо қайду эродҳо розиам" нишон дода мешавад. Дар сурати гузоштани визаи "Рози нестам" ва "Бо қайду эродҳо розиам" роҳбари субъекти хоҷагидор (соҳибкори инфироди) ваҷҳ ва эродҳои худро нишон медиҳад.

11. Шахсони ваколатдори мақомоти санҷиши, ки барои гузаронидани санҷиш, ба субъектҳои хоҷагидор (соҳибкори инфироди) ташриф намудаанд, вазифадоранд, ки сутунҳои аз 2 то 5 ва роҳбари субъекти хоҷагидор сутунҳои аз 6 то 8-ро пур намоянд.

12. Саҳифаҳои Дафтари бақайдгирии санҷиш бояд рақамгузори ва дӯхта шуда, бо мӯҳри субъекти хоҷагидор (соҳибкори инфироди) бо нишон додани шумораи саҳифаҳо тасдиқ шуда бошад.

Тоза кардан ва ифлос намудани навиштаҷоти Дафтари гузаронидани санҷиш манъ аст. Ислоҳ бояд бо роҳи хат задани навиштаҷоти ғалат, ба болои онҳо чоп кардан ё даст навиштани маълумоти дахлдор ба ҷо оварда шавад. Ҳар як чунин ислоҳ бо имзоҳои шахсони ваколатдори санҷиш ва роҳбари субъекти хоҷагидор (соҳибкори инфироди) тасдиқ карда мешавад.