ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба низомномаи идтиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1993 № 313 тасдиқ шудааст, тағйиротҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Низомнома ибораҳои "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои намояндагони халқ" таносубан ба ибораҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо)" иваз карда шаванд.
2. Банди 1.2. бо таҳрири зерин баён карда шавад:
"1.2. Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИИХҶ "Тоҷикҷангал") мустақиман ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат дошта ва дар фаъолияташ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Низомномаи мазкурро бо роҳбари мегирад".
3. Банди 4.2. бо таҳрири зерин баён карда шавад:
"4.2. Директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони Директори генералиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор таъин ва аз кор озод мекунад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 сентябри соли 1997 № 401
ш. Душанбе