Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 595 "Дар бораи таъсиси Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии "Мубориза бар зидди малах"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии "Мубориза бар зидди малах"

Мувофиқи моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии "Мубориза бар зидди малах" таъсис дода шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили фонди оинномавии Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии "Мубориза бар зидди малах" маблағҳои зарурӣ муайян намоянд.

3. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ Оинномаи Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии "Мубориза бар зидди малах"-ро таҳия ва тасдиқ намуда, ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии Корхона ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд ва роҳбари Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии "Мубориза бар зидди малах"-ро таъин намояд.

4. Ба номгӯи ташкилотҳои тиҷоратии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 591 "Дар бораи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии "Мубориза бар зидди малах".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 30 ноябри соли 2007 № 595

ш. Душанбе