Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара"
Мутобиқи моддаи 55 ва 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номи расмии Муассисаи давлатии "Осорхонаи марказии ноҳияи Данғара" ба Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара" иваз карда шавад.
2. Ёдгориҳои меъмории мақбараҳои Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, Шаҳид, Шайх Шақиқи Балхӣ, Хоҷаи Заррин ба Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара" бо ҳуқуқи идоракунии фаврӣ вобаста карда шавад.
3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қабулшавии ҳамин қарор ба феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихиву фарҳангӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
4. Шумораи ниҳоии кормандони Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара" 46 воҳиди корӣ муқаррар карда шавад.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ, ҳар сол дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти босамари муассисаи мазкур маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намояд.
6. Дар номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст сархати "Муассисаи давлатии "Осорхонаи марказии ноҳияи Данғара" ба сархати "Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Э.Раҳмонов
аз 30 ноябри соли 2007 № 569
ш. Душанбе