Консепсияи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Муқаддима
Саноат дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа нақши муайянкунандаро мебозад ва дараҷаи пешравии он инъикосгари сатҳи камолоти системаи иҷтимоию иқтисодии дар кишвар ташаккулёфта мебошад. Аз нигоҳи иқтисодӣ кишвари бе саноат ё дорои сатҳи пасти рушди саноат манбаи ашёи хоми кишварҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикарда хоҳад буд. Аз нигоҳи иҷтимоӣ бошад кишвари бе саноат ё дорои сатҳи пасти рушди саноат кишварест, ки дар он камбизоатӣ дар байни аҳолӣ, сатҳи пасти инкишофи шахсият, ақибмондагии тамоми соҳаҳои бахши иҷтимоӣ - маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хоҷагии манзилӣ, дермонӣ ва ғайра бештар ҷой дорад. Чунин ҳолат аз он дарак медиҳад, ки саноат дар ташаккули даромадҳои буҷети давлатӣ нақши муайянкунанда дорад.
Айни замон дар Тоҷикистон як қатор ҳолатҳои объективие ба миён омадаанд, ки ба сатҳ, суръат, самаранокӣ ва сохтори рушди саноат таъсири ҳалкунанда мерасонанд. Ба ин холатҳо инҳо мансубанд: шароити нави сиёсӣ, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба миён омадааст, даст кашидан аз механизми идоракунии нақшавӣ, рушди шаклҳои мухталифи моликият, бад шудани шароити тарифии нақлиёт дар муносибатҳои мутақобила бо дигар кишварҳо. Ба майлони рушди саноат дар Тоҷикистон чунин омилҳо, ба монанди дар мавқеи ҷуғрофии сарбаста ҷойгир будани кишвар, дар он зиёд будани манотиқи кӯҳистон, ки барои рушди инфрасохтори истеҳсолӣ монеаи ҷиддӣ мебошад ва бо силсилакӯҳҳо аз ҳам ҷудо будани се қисмати мамлакат таъсир мерасонанд.
Татбиқи силсилаи чорабиниҳо оид ба ташаккули симои хоси саноати Тоҷикистон зарур аст, зеро он то давраи гузаштаи начандон дур ҳамчун кисми таркибии комплекси ягонаи иқтисодиёти Иттиҳоди Шуравӣ рушд менамуд ва акнун бояд ба саноати миллии давлати мустақил бо тамоми хусусиятҳои ба мақоми нави он хос табдил ёбад. Ин маънои ногузирии амалӣ намудани ҷустуҷуйҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи қатъие, ки самаранокии баланди фаъолияти саноатро дар доираи мақоми нави худ таъмин мекунад, дорад. Президенти мамлакат мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов дар оғози соли 2002 дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дода буд, ки "Дар шароити Тоҷикистон бе мавҷудияти саноати тараққиёфта, таъмин намудани дараҷаи баланди зисти аҳолӣ, мустақилияти иқтисодӣ, амният ва ҳалли бомуваффақияти проблемаҳои иҷтимоӣ аз имкон берун аст", ин суханон ҷавҳари аслии сиёсати давлатамонро дар соҳаи саноат баръало нишон медиҳанд.
Татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти иқтисодӣ барои ҳамгироии саноати кишвар ба сохтори саноати ҷаҳонӣ, суръатбахшии силсилаи навовариҳои технологӣ, пайдо ва устувор намудани мавқеи саноати Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Барои ноил гаштан ба ин ҳадаф ба амал баровардани тадбирҳои илман асоснокшуда зарур дониста мешавад, ки барои самаранок амалӣ сохтани сиёсати саноат дар мамлакат, зина ба зина баланд намудани дараҷаи коркарди маҳсулот ва аз ашё то ба маҳсулоти тайёр бурда расонидани онхо равона карда шуда бошанд.
II. Мақсади Консепсия
Консепсияи рушди саноат маҷмӯи мантиқан асоснокгардидаи афкор оид ба тараққиёти саноат дар шароити хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таҳияи Стратегия ва Барномаҳои мухталифи рушди саноат дар ояндаи миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат нақши раҳнаморо хоҳад бозид. Асоснокии консептуалии рушди саноат, пеш аз ҳама, ҳангоми амалӣ сохтани тағйироти куллӣ дар давраи гузариш дар шароити нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, навгониҳои (иноватсионӣ) истеҳсолот ва татбиқи стратегияи нави миллии рушди саноат зарур дониста мешавад.
III. Вазъи кунунии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазъи имрӯза дар саноат аз бисёр ҷиҳат натиҷаи ивазшавии куллии мақоми ҷамъиятию ҳуқуқии ин соҳа мебошад. Бо пошхӯрии системаи банақшагирии дастурӣ фаъолияти миқдори зиёди корхонаҳое, ки аз рӯи нақшаи тақсимоти умумииттифоқии меҳнат кор мекарданд, қатъ гардид. Дар Тоҷикистон чунин зуҳуроти манфӣ ба корхонаҳои саноатие, ки ба вазоратҳои иттифоқӣ ва иттифоқию ҷумҳуриявӣ тобеъ буданд, таъсир расонд. Чунин корхонаҳо роҳҳои умумииттифоқии фурӯши маҳсулоти тайёр, инчунин харидорони маҳсулоти нимтайёрро аз даст доданд. Ба истиснои баъзе навъҳои маҳсулоти саноатӣ (алюминийи хом, қувваи барқ, нахи пахта ...) ҳаҷми аксари маҳсулоти дар корхонаҳои чунин тобеиятдошта чандин маротиба кам шуд. Ин пеш аз ҳама, ба корхонаҳои собиқ Комплекси ҳарбӣ - саноатӣ, мошинсозӣ, электротехникӣ, истихроҷи маъдан ва кимиё дахл дорад.
Ҳоло ҳиссаи бахши ғайридавлатӣ дар шумори умумии корхонаҳо 63.5%, дар ҳаҷми умумии истеҳсолот - 21.0%, дар миқдори умумии кормандон15,9%-ро ташкил медиҳад. Мутобиқан, вазни қиёсии ҷамъиятҳои саҳомӣ 16,7. 11.0 ва 40,2%-ро ташкил медиҳад. Вале рушди босуръати шаклҳои ғайридавлатии корхонаҳо ҳанӯз ба майлони самаранокӣ тағйирот ворид накардааст. Гарчанде дар кишвар фазои мусоид барои бахши хусусӣ фароҳам оварда шуда бошад ҳам, вале баъзе монеаҳои ҷиддии зерин дар роҳи рушди ин бахш дар корхонаҳои бузург вуҷуд доранд: захираҳои нокифояи молиявии соҳибкории миллӣ, набудани ҳавасмандии зарурии хориҷиён ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ба қадри кофӣ набудани талабот ба маҳсулоти корхонаҳои калон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, хароҷоти бузурги эҳтимолӣ барои тағйир додани самти истеҳсолии онҳо ва ғайра.
Шубҳае нест, ки чунин корхонаҳои саноатӣ қудрати ба шароити пешинаи фаъолият баргаштанро надоранд. Ояндаи онҳо, асосан, аз қобилияти ҷойи худро пайдо карда тавонистан дар сохтори саноати миллӣ, ки дар асоси принсипҳои комилан дигар фаъолият менамоянд, вобастагӣ дорад. Ба чунин корхонаҳо лозим меояд, ки аз марҳалаи мураккаби таҷдид ва тағйирдиҳии соҳаи истеҳсолот, мутобиқгардонӣ ба истеъмолгари маҳсулот ва бозорҳои фурӯш гузаранд. Дар ин миён ҳодисаҳои барҳамдиҳии корхонаҳои алоҳида, бинобар қодир набудан ба мутобиқшавӣ дар шароити нави иқтисодӣ, амалан метавонанд рух диҳанд.
Дар шароити ба таври қатъӣ тағйир ёфтани муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мушкилоти зиёде вуҷуд доранд, ки барои рушди саноати кишвар монеа эҷод мекунанд. Аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддитарин инҳо мебошанд:
- сатҳи баланди фарсудагии ҷисмӣ ва маънавии таҷҳизот;
- сатҳи пасти рақобатпазирии маҳсулоти тавлидшаванда;
- истифода нагардидани қисми зиёди таҷҳизоту иқтидорҳо бинобар сабаби набудани талабот ба навъҳои гуногуни маҳсулот;
- хеле паст будани сатҳи таъминот бо фондҳои гардон;
- камбуди шадиди захираҳои кредитӣ;
- паст будани хавасмандии сармоягузорӣ ба иктисоди миллӣ ва нокифоягии сармоягузориҳои берунӣ;
- мушкилоти вобаста ба номукаммалии муносибатҳои иқтисодии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осию (ИИАО), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ТҲИ), ки Тоҷикистон ба онҳо шомил аст;
- ночиз будани маблағҳои буҷети давлатӣ барои рушди саноат;
- рушди нокифояи инфрасохтори бозорӣ;
- нокифоя будани мутахассисони баландсавия дар соҳа;
- рушди нокифояи талаботи дохилӣ, тангии бозори дохилӣ, дур будани бозорҳои минтақавӣ;
- сатҳи пасти музди меҳнат ва нокифоя будани ҳавасмандӣ барои кори пурмаҳсул;
- нокифоя будани кадрҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ба дастовардҳои муосири илм, техника ва технологияи ҷаҳонӣ суст нигаронида шудани пажӯҳишгохҳои илмӣ тадқиқотӣ.
Дар шароити ташаккули саноати миллӣ як қатор бартариятҳо, ки дар шароити Комплекси ягонаи хоҷагии халқ вуҷуд доштанд, аз байн мераванд ва ин аз нигоҳи самаранокӣ мушкилоти навро ба миён меорад. Масалан, нотамомии силсилаи истеҳсолот дар бисёр корхонахо ва соҳаҳо, ки қаблан онро ҳамкории истеҳсолӣ тақозо менамуд, дар шароити нав ба омилҳое табдил ёфта истодаанд, ки ба самаранокии сохтори саноат таҳдид мекунанд ва ислоҳи ин вазъ сармоягузории бузургро барои баланд бардоштани сатҳи силсилаи истеҳсолии анҷомёфта талаб менамояд. Биноан, зарур дониста мешавад, ки омилҳои ба рушди саноат мусоидаткунанда мавриди истифодаи мақсаднок қарор дода шаванд.
IV. Омилҳои ба рушди саноат мусоид
Кишвар дорои захираҳои бузурги биологию иқлимӣ, энергетикӣ, ашёи хоми маъданӣ ва захираҳои меҳнатӣ барои таъсиси саноати мутараққӣ мебошад. Захираҳои бойи олами наботот ва ҳайвонот, мавҷудияти захираҳои нисбатан калони замин ҳам дар водиҳо ва ҳам дар қисмати доманакӯҳи кишвар, иқлими мусоид шароити беҳтаринро барои дар ҳаҷми зиёд истеҳсол намудани ашёи хоми кишоварзии мухталиф барои рушди саноати сабук ва озуқа муҳайё месозад. Дар солҳои наздик имконият дорад, ки истеҳсоли пахта ба 860 ҳаз. тонна, пилла - то 4,5 ҳаз. тонна, мева - то 316 ҳаз. тонна, ғаллаи озуқа ва хӯроки чорво - то 1,2 млн. тонна расонида шавад. Мавҷудияти захираҳои бойи об имконият медиҳад, ки барои рушди устувор ва вусъатбахшии истеҳсоли ашёи хоми кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги сӯзишворию энергетикӣ мебошад. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон беҳамто буда, 527 млрд. кВт соат ташкил медиҳанд, ки аз худ намудани 50% ва ё 260 млрд. кВт соати он аз нигоҳи техникӣ мумкин ва аз нигоҳи иқтисодӣ мақсаднок дониста мешавад. Вале системаи энергетикии ҷумҳурӣ танҳо 16-18 млрд. кВт соат барқ истеҳсол мекунаду халос. Бояд тазаккур дод, ки омилҳои гидроэнергетикии рушди саноат дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ вуҷуд доранд.
Захираҳои сӯзишворӣ аз ангишт, нафт ва газ иборатанд. Захираҳои саноатӣ ва имконпазири нафту газ, сатҳи пасти коркарди онҳо ба рушди саноат мусоидат намекунанд. Дар бобати ангишт бошад, кишвар дорои захираҳои бузургест, ки барои қисман иваз намудани нафту газ ва рафъи таҳдид ба истиқлолияти энергетикӣ кифоя мебошанд. Ин кор тадқиқоти пайвастаи илмӣ ва озмоишҳои таҷрибавии саноатиро оид ба тавлиди сӯзишвории моеъ барои дегхонаҳо, нерӯгоҳҳои барқии истеҳсоли гармӣ, истеҳсолоти гармиталаб (корхонаҳои хишт, гаҷ, семент ва ғайра), сӯзишвории муҳаррикӣ ва газмонанд талаб мекунад. Захираҳои маъданию ашёи хом аз конҳои металлҳои рангаю нодир (сурб, руҳ, мис, никел, сурма, симоб, қалъагӣ, висмут, стронсий, ашёи хоми алюминий), металлҳои асил (тилло ва нуқра), ашёи хоми маъданӣ ва кимиёвӣ (бор, шпати плавик, реги шиша, фахфури кӯҳӣ (пиезокристал) ва ашёи хом барои саноати кимиё (оҳаксанг, доломитҳо, намаксанг) иборат мебошанд.
Дар ҷумҳурӣ захираҳои бузурги ашёи хоми сангҳои қиматбаҳо (зинатӣ) ёқути сурх (рубин), ёқути кабуд (сапфир), шпинели асил, корунд, скаполит, кордиерит, фирӯза, аметист, одуляр, гранит, турмалин, амазонит, лоҷувард ва ғайра мавҷуданд. Захираҳои бузурги сангҳои ороишӣ (мармар, хоро, гранодиерит, оҳаксанги ковок ва ғайра) вуҷуд доранд. Дар кишвар зиёда аз 400 кон кашф шудааст, ки 17 навъ ашёи хомро барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ (оҳангсанг. гаҷ, рангҳои маъданӣ, ашёи хоми семент) дар бар мегиранд. Тоҷикистон дорои чашмаҳои сершумор ва захираҳои бузурги обҳои маъданӣ мебошад, ки онҳо хусусиятҳои гуногуни табобатӣ ва имконияти бузурги ҷалби бозорро дар дохил ва хориҷи кишвар доранд.
Ба рушди босуръати саноат дар Тоҷикистон инфрасохтори истеҳсолии нисбатан тараққикарда - роҳҳои автомобилӣ ва оҳан, хатҳои ҳавоӣ, хатҳои интиқоли барқ, истгоҳҳои роҳи оҳан, терминалҳо ва фурудгоҳҳои боркашонӣ, анборҳо ва ғайра мусоидат менамоянд. Зиёда аз 30 ҳаз. км роҳҳои автомобилӣ, бештар аз 600 км роҳҳои оҳан аксарияти мутлақи маҳалҳои истиқоматиро ба ҳам мепайванданд. Сохтмони роҳи Кӯлоб-Дарвоз, Хоруғ-Кӯлма, гузаргоҳҳо тавассути Лангар (Вахон), Панҷи Поён ба пайвастани шоҳроҳҳои автомобилӣ бо Ҷумҳурии Халқии Чин ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ мусоидат намуда, иқтидори рушди саноатиро дар Тоҷикистон хеле афзун мегардонад.
Барои расидан ба ин мақсадҳо ҳамчунин пайваст намудани тамоми минтақаҳои кишвар ба шабакаи ҷаҳонии иттилоотӣ мусоидат мекунад. Ин самаранокии фаъолияти бозаргониро хеле баланд бардошта, ба сохторҳои саноатӣ имкон медиҳад, ки ба манбаъҳои самараноктари ашёи хом ва харидорони имконпазири маҳсулоти худ дар хориҷи кишвар роҳ ёбанд.
Ба рушди саноат дар кишвар босаводии умумӣ ва сатҳи нисбатан баланди маърифати аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар кишвар системаи маълумоти касбию техникӣ фаъолият менамояд, ки барои саноат низ кадрҳои коргарӣ тайёр мекунад.
V. Омилҳои ба рушди саноат номусоид
Пастравӣ дар саноати Тоҷикистон на танҳо натиҷаи қатъгардии робитаҳои иқтисодӣ бо дигар кишварҳо - собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ буд, балки ҳамчунин оқибати якбора камшавии фармоишҳо аз он кишварҳо мебошад. Чунин вазъият ба соҳаҳои тахассуси умумииттифоқӣ, ки аслан аз корхонаҳои бузург иборат буданд, инчунин ба корхонаҳои саноати сабук ва озуқа зарбаи сахт зад.
Либерализатсияи савдо ва тавсиаи воридоти молҳои хориҷӣ низ ба рушди саноат таъсири манфӣ расонид. Бардоштани маҳдудиятҳо аз вуруди молҳои истеъмолии воридотӣ боиси бозистодани иқтидорҳои бисёр корхонаҳои саноатие гардид, ки пештар маснуоти шабеҳ истеҳсол менамуданд. Молҳои истеҳсоли ватанӣ ба рақобати маснуоти хориҷии арзонтари дорои намуди беҳтари молӣ ва бастабандии зебо тоб оварда натавонистанд ва аз бозори дохилӣ берун монданд. Ҳоло дар бозори дохилии кишвар молҳои истеҳсоли хориҷӣ бартарият доранд. Маснуоти саноатии ватанӣ аз 3 то 7%-и ҳаҷми молҳои таъиноти истеъмолиро, ки аз маҳсулоти ширии нигоҳдории кӯтоҳмуддат, баъзе намудҳои маҳсулоти консервшуда ва молҳои хоҷагии истифодаи рӯзғор иборат мебошанд, ташкил медиҳанд.
Тибқи муқоисаҳои байналмилалӣ, сатҳи андозҳои гумрукӣ дар ҷумҳурӣ яке аз пасттаринҳо дар ҷаҳон мебошад, бозори дохилии кишвар бошад, яке аз озодтаринҳо ба шумор меравад. Чунин арзёбӣ аз ҷониби намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо (ТУС) низ тасдиқ гардидааст. Яъне истеҳсолкунандагони ватанӣ ба дараҷаи кофӣ ҳимоя нашудаанд. Дар айни замон молҳои аз Тоҷикистон содиршаванда дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба монеаҳои сершумори молӣ ва ғайримолӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Ҳамаи ин ба рушди саноат таъсири манфӣ расонида, сатҳи самаранокии онро паст менамояд.
Яке аз омилҳои манфитарини рушди саноат бартарӣ доштани рафтори ба рента нигаронидашуда дар кишвар мебошад. Бинобар сабабҳои маълум он қисми аҳолӣ, ки захираҳои муайяни молиявӣ дорад, маблағҳои худро ба таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ равона намесозад, балки кӯшиш менамояд онҳоро барои харидани амволи ғайриманқул, ки метавонад ҳамчун манбаи дарёфти даромади иҷоравӣ истифода гардад, истифода барад. Ба рушди саноат хамчунин тағйирёбии нархи молҳое, ки манбаи асосии содиротии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ буданд, монеъ мегардад. Ин, пеш аз ҳама, ба алюминийи хом, нахи пахта, барги ферментатсияшудаи тамоку дахл дорад. Пастшавии, баъзан, якбораи нархҳо дар биржаҳои ҷаҳонӣ боиси хеле кам шудани ҳаҷми даромади пулӣ ва маблағҳои барои ҷуброни хароҷоти молиявии корхонаҳо, инчунин барои андӯхт зарурбуда, гардид.
Дар шароити кунунӣ ҷиддитарин монеа дар роҳи рушди саноат нокифоя будани сармоягузории хориҷӣ мебошад, зеро ҳавасмандӣ ба сармоягузории кишвар дар сатҳи хеле паст қарор дорад, гарчанде қонунҳои кишвар ба ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат менамоянд. Афзоиши шумораи корхонаҳои муштарак кам ба мушоҳида мерасад.
Заифтарин бахш дар амри рушди саноат ақибмондагӣ аз навгониҳои соҳа ба шумор меравад. Бештари Бюроҳои махсуси конструкторию техникӣ ва Бюроҳои конструкторӣ, инчунин воҳидҳои тадқиқотӣ, ки пештар дар назди вазоратҳои саноатӣ фаъолият доштанд, бо сабабҳои молиявӣ, кадрӣ ва ташкилӣ барҳам дода шуданд. Танҳо Заводи алюминийи Тоҷикистон тавонист, лабораторияҳои тадқиқотӣ, ҳайати илмии онҳоро нигоҳ дорад ва натанҳо тадқиқотҳои дохилиистеҳсолиро маблағгузорӣ кунад, балки ба қадри имкон ба тадқиқотҳои бунёдӣ дар соҳаи металургияи ранга, таъсиси технологияҳои усулан нав ва маводи дорои хусусияти қаблан муқарраршуда кӯмаки молиявӣ расонад.
Ҳоло илми академӣ ва мактаби олӣ, бинобар якбора ихтисор гардидани маблағгузории кофӣ ва аз кор рафтани ҳайати илмӣ, қодир нест, ки ба саноат дар ҳалли ҷиддитарин проблемаҳои рушди соҳа, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, гузариш ба технологияҳои сарфакунанда кӯмак расонад.
Проблемаи таъмини саноат бо кадрҳои ихтисосманд ба таваҷҷӯҳи хоса зарурат дорад. Ин проблема дар миёни омилҳои номусоид аз ҳама бӯҳронӣ мебошад. Суръати рушди кунунии саноат наметавонад ба талаботи рӯз ҷавоб диҳад, агар ҳоло барои баланд бардоштани сатҳи таъминоти тамоми соҳаҳо бо кадрҳои ихтисосманд чораҳои қатъӣ андешида нашаванд.
Пастшавии нишондиҳандаҳои сифатии системаи маориф ба самаранокӣ ва сатҳи навгониҳои техникии саноат таъсири манфӣ мерасонад. Тағйирдиҳии симои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, таҷдид ва ҷиҳозонии техникии истеҳсолот метавонанд танҳо дар сурате барои комёб шудан ба мақсадҳои гузошташуда мусоидат намоянд, ки муносибати оқилона нисбати кор, дониши хуб ва омӯзиши технологияҳои нав таъмин гардад. Ин дастовард танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки сатҳи маълумоти умумӣ ва касбии кормандон ба он мутобиқат намояд.
VI. Принсипҳои бозории тағйири сохтори саноат
Ҳоло шубҳае нест, ки сохтори мавҷудаи саноат ба талаботи иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ нест, ки сабабҳояш аз инҳо иборатанд:
- инъикос нагардидани талаботи воқеӣ ба навъҳои дахлдори маҳсулот дар дохили кишвар ва дар ҳудуди ИДМ;
- қодир набудани таҷҳизоти аксари корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат;
- корхонаҳое, ки ба системаи умумииттифоқии таовуни истеҳсолӣ шомил буданд, ҳатто дар сурати мавҷуд будани мошинҳои коршоям қодир нестанд бо сабабҳои карахтӣ, муфлисӣ, барҳам дода шудани қисми корхонаҳо-истеъмолгарон, инчунин аҳамияти худро гум кардани навъҳои муайяни маҳсулот дар шароити нав ва бинобар ба истеҳсоли маҳсулоти нав гузаштани қисми зиёди онҳо ё тағйир додани соҳаи истеҳсолот, дар таҳвилоти таовунӣ иштирок намоянд.
Андозаҳои корхонаҳои саноатӣ, сатҳи зичии истеҳсолот дар як қатор соҳаҳо (ба истиснои гидроэнергетика, металлургияи ранга, саноати истихроҷи маъдан, саноати семент) ба талаботи иқтисоди бозорӣ, меъёрҳои самаранокӣ ҷавобгӯ намебошанд.
Барқарорсозии иқтидори чунин корхонаҳо дар ҳаҷмҳои пештара бе тағйири соҳаи асосӣ ва номгӯйи маҳсулот метавонад боиси он гардад, ки иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ барои анбор кор хоҳанд кард. Бинобар ин вобаста ба мавҷудияти захираҳо, самаранокии онҳо ва устувории талабот ба ин ё он навъи маҳсулоти корхонаҳои нисбатан бузург роҳҳои зерини рушди минбаъдаро метавон интихоб намуд:
- тағйири соҳаи истеҳсолот бо дарназардошти пурра иваз намудани номгӯйи маҳсулот ва нигоҳдории ҳаҷмҳои пештара;
- тағйири соҳаи истесҳсолот бо дарназардошти қисман иваз намудани номгӯйи маҳсулот ва барқарорсозии ҳаҷмҳои пештара;
- диверсификатсияи истеҳсолот бо дарназардошти додани қисми зиёдатии майдонҳои истеҳсолӣ ба дигар сохторҳои хоҷагӣ;
- қисман барҳам додани майдонҳо ва иқтидорҳои истеҳсолӣ;
- пурра барҳам додани корхона, агар дар дохил ва хориҷи кишвар ба маҳсулоти он талабот вуҷуд надошта бошад;
- пурра барҳам додани корхона, агар натинаҳои ниҳоии он ба меъёрҳои самаранокӣ мутобиқат накунанд;
- пурра тағйир додани соҳаи истеҳсолоти корхона, агар имконияти истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат вуҷуд надошта бошад;
- ба кор андохтани иқтидорҳои нав бо дарназардошти заминаи ашёи хом ва бозори фурӯши маҳсулот.
Тағйири соҳаи истеҳсолот ва диверсификатсия бо дарназардошти ҳаҷмҳои ниҳоии он мутобиқи талаботи миқдории бозори дохилӣ (инчунин шартҳои ҳамроҳшавӣ ба ТУС) анҷом дода мешавад.
Ин тағйирот дар аксарияти мутлақи корхонаҳое, ки маҷбуранд истеҳсолоти худро ба талаботи дохилии кишвар мутобиқ созанд, боиси кам кардани ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба имконоти иқтидорҳои қаблан дар ихтиёр доштаашон мегардад.
Сохтори нави соҳавии саноатро омилҳои зерин муайян менамоянд:
- истифодаи самараноки иқтидори биологию иқлимии кишвар, бо мушаххас намудани он қисмҳои иқтидори номбурда, ки истифодаи онҳоро_имкониятҳои пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонӣ тақозо менамоянд;
- истифодаи самараноки захираҳои ашёи хоми маъданӣ ва пеш аз ҳама, ашёи хоми маъданҳои кӯҳӣ бо дарназардошти таъмини устувории муҳити табиат;
- вусъатбахшии ҷалби захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ба гардиши хоҷагӣ ва алалхусус истифодаи васеи захираҳои гидроэнергетикӣ, ангишт, манбаъҳои алтернативии энергия ҳамчун самтҳои афзалиятдор;
- баланд бардоштани сатҳи самаранокии истифодаи захираҳои меҳнатии зудафзун. Чунин омилҳои иқтидори меҳнатӣ, аз қабили донишҳои умумӣ ва махсус, малака, таҷрибаи истеҳсолӣ, анъанаҳо, одат, муносибат ба меҳнат ва бозор, шакли психология бешубҳа ба хусусияти сохтори саноати миллӣ таъсир мерасонанд;
- зарурати баланд бардоштани сатҳи шуғл дар бахши воқеии иктисод, то сатҳи муқаррарӣ паст кардани сатҳи бекорӣ бо дарназардошти сохтори гендерӣ ва синнусолии аҳолӣ, инчунин арзонии нисбии қувваи корӣ, ки ҳамчун яке аз фишангҳои таъмини рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад;
- истифодаи пурратари шаклҳои ғайрианъанавии шуғл дар ташкили истеҳсолот (кор дар хона, рӯзи кории нопурра, кор дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ва ғайра);
- тамоюл ба иҷрои саривақтии фармоишҳои давлатӣ, ки аз функсияҳои иҷтимоӣ ва дигар функсияҳои давлат бармеоянд;
- зарурати қонеъгардонии эҳтиёҷоти ноҳиявӣ ва маҳаллӣ (ҷамоавӣ, мунитсипалӣ ва ғайра). Сухан дар бораи чунин корхонаҳо, ба монанди мумбарорӣ, бетон, коркарди санг, хонасозӣ, дегхонаҳо ва ғайра меравад;
- зарурати таъмини қонеъгардонии афзалиятноки эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ва рушди он;
- тамоюл ба сӯи мавқеи устувор ишғол кардан дар бозори ҷаҳонӣ. яъне ба роҳ мондани истеҳсоли навъҳои маҳсулоти дорои хусусиятҳои асил ва нотакрор.
Барои татбиқи мусбати ин ғояҳо амалисозии чунин Барномаи таҷдид ва тағйири самти ин соҳа зарур аст:
- муайян ва асоснок намудани номгӯйи корхонаҳои саноатие, ки ба барқарорсозии ҳаҷми истеҳсолот бе тағйири соҳаи асосӣ эҳтиёҷ доранд. Минбаъд, дар ин гурӯх корхонаҳо бояд бо роҳи экспертӣ ҳаҷмҳои ивазкунии таҷҳизоти технологӣ, навсозӣ, таҷдид ва таъмири пурраи сармояи асосӣ муайян карда шавад;
- номгӯйи корхонаҳои заминавии истеҳсолкунандаи ашёи хом (ки аз онҳо фаъолияти корхонаҳои саноатии ба тағйири самти истеҳсолот эҳтиёҷнадошта вобаста аст) асоснок карда шавад;
- таҳия намудани рӯйхати корхонаҳои саноатие, ки ба тағйири самти истеҳсолот бо диверсификатсияи ҳамзамони истеҳсолот зарурат доранд;
- муайян намудани номгӯйи корхонаҳои саноатие, ки ба тағйири самти истеҳсолот бе анҷом додани чорабиниҳо оид ба диверсификатсияи истеҳсолот зарурат доранд;
- асоснок намудани номгӯйи корхонаҳое, ки ба тағйири самти истеҳсолот бо таҷдиди ҳамзамон зарурат доранд;
- муайян намудани номгӯйи корхонаҳои саноатие, ки ба тағйири самти истеҳсолот бе анҷом додани чорабиниҳо оид ба таҷдид зарурат доранд;
- омода намудани рӯйхати корхонаҳое, ки ба кам кардани ҳаҷми истеҳсолот бе тағйири соҳаи асосӣ зарурат доранд;
- муайян намудани рӯйхати корхонаҳое, ки ба кам кардани ҳаҷм зарурат доранд ва дар айни замон тағйири соҳаи истеҳсолоти асосӣ талаб карда мешавад;
- амалӣ намудани баҳисобгирии ҷойҳои кории мавҷуда, муайян кардани эҳтиёҷот ба кадрҳои коргарӣ бо назардошти вазифаҳои ҷорӣ ва ояндаи рушди саноат.
Минбаъд тибқи ҳамаи ин рӯйхатҳо муайян намудани ҳаҷми хориҷшавии фондҳои асосӣ, навсозии дастгоҳи истеҳсолӣ, ки барои фаъолияти мӯътадил заруранд, ҳаҷми сармояи гардон ва ҳаҷми умумии сармоягузориҳо, нишон додани бозорҳои имконпазири фурӯши маҳсулот лозим аст. Чунин мавод барои нав кардани Стратегияи рушди саноати кишвар заруранд.
Дар мавриди корхонаҳои нав нақши танзимкунандаи давлат бояд аз ҳавасмандгардонӣ ва ташвиқи он ширкатҳое иборат бошад, ки кӯшиш менамоянд ҷойҳои холӣ ва нимхолиро дар бозорҳои дохилӣ, минтақавӣ (Осиёи Марказӣ, ИДМ) ва ҷаҳонӣ пур кунанд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ чунин вазифа метавонад дар заминаи бозори хуб фаъолияткунанда ҳалли худро ёбад. Барои ин таъмини воридшавии бевоситаи бозори фондии миллӣ ба бозори ҷаҳонии коғазҳои арзишнок зарур аст. Маҳз ташаккули бозори фондии миллӣ, ҳамчун қисми таркибии бозори ҷаҳонии коғазҳои арзишнок, имкон медиҳад, ки аҳамияти иқтисодии ҳар як корхонаи аз замони шӯравӣ ба мерос монда ё навтаъсис, муайян карда шавад. Танҳо баҳогузории коғазҳои арзишнок дар бозори дохилӣ қодир аст аз ҷойҳо (холӣ, нимхолӣ, қисман холӣ) ва ҳолати устувории онҳо дар сатҳҳои мухталиф тасаввурот диҳад, рейтинги воқеии сохторҳои саноатиро ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар маҷмӯъ муайян намояд. Бидуни ташаккули бозори фондии хуб фаъолияткунанда ташаккули сохтори самараноки соҳавии саноат ғайриимкон аст. Сониян, давлат бояд дар татбиқи тамоми чорабиниҳое, ки ба таҳкими мавқеи истеҳсолоти воридотиваз ва содиротсамт дар сохтори саноати миллӣ нигаронида шудаанд, кӯмаки фаъолона расонад. Онҳо бояд тавассути роҳҳои мухталиф - додани субсидияҳои давлатӣ, маблағгузории имтиёзноки бонкӣ, низоми махсуси гумрукӣ ва ғайра дастгирӣ карда шаванд. Аз ин ҷиҳат таҳияи Барномаи рушди истеҳсолоти воридотиваз ва содиротсамт, ки ба таркиби онҳо тадбирҳо оид ба дастгирии давлатии ин соҳаҳо дохил карда шудаанд, зарур дониста мешавад.
Кӯмакҳои молиявии давлатӣ метавонанд ба корхонаҳое, ки молҳои таъиноти кӯдакона, инчунин молҳои махсуси барои маъюбон, пиронсолон ва хизматчиёни ҳарбӣ таъингардида истеҳсол мекунанд, пешниҳод карда шаванд. Дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ метавонад дар воридоти бебоҷи таҷҳизоти технологӣ, мошинҳои кишоварзӣ, сохтмонӣ ва боркаш, дар боҷҳои гумрукии пасти ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёри воридотӣ ва дар боҷҳои баланди ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёри содиротӣ инъикос гардад.
Он истеҳсолоте, ки дар марҳалаи ибтидоӣ ба истеҳсолоти воридотиваз марбутанд ва ба дастгирии давлатӣ эҳтиёҷ доранд, баъдан ба қадри рушди худ хислати содиротсамтро пайдо мекунанд.
Тақрибан чунин дигаргуниҳо бояд дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин корхонаҳои саноати сабук амалӣ гарданд. Ин равандхо метавонанд идорашаванда бошанд, хусусан дар шароите, ки қонунгузории иқтисодӣ тибқи талаботи ТУС таҳти тасҳеҳ қарор мегирад. Вусъатёбии доираи рақобат байни молҳои истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ дар бозори дохилӣ, ки маҳсулоти истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ба он нигаронида мешавад, шароити шадидро ба вуҷуд меорад ва ба баромадани бисёр молҳои истеҳсоли ватанӣ ба бозори ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Дар мавриди истеҳсолоти танҳо ба бозори хориҷӣ нигаронидашуда бошад, такя намудан ба корхонаҳои муштарак ва ба он корхонаҳое, ки метавонанд сад дар сад моликияти сармояи хориҷӣ бошанд, зарур аст. Стратегияи рушди чунин истеҳсолот бояд бо дарназардошти ҷалби он ширкатҳои хориҷие пешбинӣ гардад, ки бо сатҳи баланди рақобатпазирӣ, рейтинги хуби истеҳсолию тиҷоратӣ ва мавқеи мустаҳками маҳсулот ва хизматрасониҳои худ дар бозорҳои ҷаҳонӣ фарқ мекунанд ва дилпурона тактикаи ишғоли бозорҳоро истифода мебаранд.
Ҳалли проблемаҳои тағйири самти истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, хусусан корхонаҳои бузург, бояд бо барномаҳои рушди истеҳсолоти воридотиваз ва содиротсамт пайвастагӣ дошта бошад. Зимнан, бартарият бояд ба гурӯҳи аввали истеҳсолот, ки ба қадри азхудкунии навъҳои нави маҳсулот тадриҷан ба гурӯҳи дуюм табдил меёбад, дода шавад. Сухан, пеш аз ҳама, дар бораи корхонаҳои саноати мошинсозӣ, коркарди метал, электротехникӣ, коркарди чӯб меравад. Дар шароити афзудани тағйирёбандагии сохтори истеъмолот дар бозорҳо зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои нозуке, ки аз нигоҳи молиявӣ маблағталаб ва аз нигоҳи техникӣ мошинталаб мебошанд, пеш меояд.
Давлат дар фаъолияти танзимкунандаи худ ба рушди он соҳаҳо ва истеҳсолоти саноат, ки барои фосилаи нақшашудаи вақт хислати афзалиятнок доранд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳад намуд. Ба ин соҳаҳо ва истеҳсолот инҳо мансубанд:
а) истеҳсолоте, ки рушди онҳо ба баланд бардоштани сатҳи коркарди пахта ва пилла, инчунин дигар маҳсулоти аз пахта ҳосилшаванда мусоидат менамояд;
б) истеҳсолоте, ки рушди онҳо ба тавлидоти маҳсулоти тайёр аз тамоми намудҳои ашёи хоми кишоварзӣ ва гиёҳҳои доругии барои парвариши онҳо дар Тоҷикистон шароити беҳтарини биологию иқлимӣ мавҷудбуда, асос ёфтааст. Сухан дар бораи корхонаҳои коркарди сабзавот, мева, зироатҳои лубиёгӣ, картошка, лаблабуи қанд, гиёҳҳои доругӣ ва аниқ муайян намудани истеҳсоли оммавии маҳсулоти тайёр дар асоси онҳо ҳам барои истеъмоли дохилӣ ва ҳам барои содирот меравад;
в) истеҳсол ва коркарди алюминийи хом бо дурнамои тавлиди маҳсулоти тайёр (конструксияҳои сохтмонӣ, асбобҳои рӯзғор, маснуоти электротехникӣ, қисмҳои мухталиф барои таҷҳизоти технологӣ, воситаҳои нақлиёт ва ғайра);
г) истеҳсолоте, ки таъсиси онҳо ба баланд бардоштани сатҳи коркарди маъдан, пеш аз ҳама маъданҳои дорои металлҳои ранга ва нодир то ҳадди ҳосил намудани металлҳои холис (сурб, сурма, руҳ, симоб ва ғайра) мусоидат мекунад. Ин ҳамчунин ба металлҳои асил, ки манбаи ғанигардонии захираи асъории ҷумҳурӣ мебошанд, дахл дорад;
д) истеҳсолоте, ки барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи онҳо ба афзун намудани ҳаҷмҳои нуриҳои маъданӣ, васоити кимиёии рӯзғор, чунин намудҳои маҳсулоти муҳим, ба монанди аммиак, содаи каустикӣ ва карбонати натрий, маҳсулоти мухталифи хлор, кислотаи хлориди интетикӣ, қубурҳои поливинилхлоридӣ, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ бозори доимӣ доранд, мусоидат менамояд;
е) саноати масолеҳи сохтмон, ки бе баркарорсози ва диверсификатсияи он баландшавии суръати рушди бахши вокеии иқтисод, таъсиси инфрасохтори муосири нақлиётӣ, татбиқи тадбирхо оид ба таъмини рушди устувори иқтисод имконпазир намебошад. Ин, пеш аз ҳама, ба истеҳсолоти семент дахл дорад;
ж) истеҳсоли маводи бастабандии замонавӣ, инчунин зарфхои синтетикӣ, аз алюминий ва шишагӣ, ки бе онҳо вусъати ҳаҷмхои махсулот дар саноати сабук ва озука, амалӣ намудани стратегияи банд ва ишғол кардани бозор, аз ҷумла афзоиши ҳаҷмҳо ва диверсификатсияи содироти маҳсулоти саноатй ғайриимкон аст.
Татбиқи мақсадноки афзалиятҳои дар боло номбурда ба пешравӣ дар рушди саноат, пеш аз хама, суръати рушд, болоравии сатҳи самаранокӣ, вусъати бозори дохилӣ, баромадан ба бозорҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи рақобатнокии маҳсулот мусоидат хоҳад кард.
Дар давраи нақшашуда истифодаи пурратари фишангҳои бавоситаи танзими давлатии сохтори саноат тақозо мегардад, дар ҳолате ки усулҳои бевоситаи идора танҳо дар доираи таъсиси корхонаҳои давлатӣ ва идораи бахши давлатии саноат маҳдуд карда мешаванд.
VII. Омилҳои институтсионалии рушди саноат
Ба мисли тамоми иқтисод дар саноат низ раванди плюрализатсия ҷараён дорад. Ин раванд дар тӯли давраи нақшашуда ба анҷом намерасад. Рушди шаклҳои хусусӣ ва саҳомии моликият ҳанӯз дар муқоиса бо дигар соҳаҳои саноат оҳиста ҷараён дорад. То 1 январи соли 2002 шумораи корхонаҳои бахши хусусӣ дар саноат танҳо 3,8%-и шумораи умумии корхонаҳои хусусии кишварро ташкил медод. Дар шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ ҳиссаи бахши хусусӣ 20,4% буд. Дар саноат ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар омори ғарбӣ ба бахши хусусӣ мансуб дониста мешаванд, 13,5%-и шумораи умумии дар кишвар будаи онҳоро ташкил медиҳанд. Ҳиссаи онҳо дар шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 34,8%-ро ташкил медиҳад.
Дар саноат дар байни корхонаҳои хусусӣ корхонаҳои хурд бартарият доранд - 93,9%. Ҳиссаи корхонаҳои миёна ба 5,3%, бузург - ба 0,7% баробар аст. Ин рақамҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ташаккули бахши хусусӣ дар саноат акнун оғоз мешавад. Дар муқоиса бо дигар соҳаҳо таъсиси корхонаҳои миёна ва бузург дар саноат маблағҳои зиёди молиявиро талаб мекунад. Дар дохили кишвар шахсони воқеӣ барои таъсиси корхонаҳои ҳаҷман бузургу миёнаи аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз ва дорои технологияи дараҷаи олӣ, аслан маблағ надоранд. Ҳама гуна вариантҳо дар ин маврид метавонанд танҳо бо кӯмаки сармоягузориҳои хориҷӣ амалӣ гарданд.
Маълум аст, ки ғайридавлатӣ ва хусусигардонӣ омилҳои суръатбахшии инкишоф ва аз таназзули давраи гузариш раҳо додани иқтисод ба шумор мераванд. Вале суръат ва доираи хусусигардонӣ дар саноат ҳанӯз ба ҷой ва аҳамияти ин соҳа дар иқтисоди миллӣ ҷавобгӯ намебошанд. Соли 2002 аз шумораи умумии корхонаҳои хусусишуда танҳо 9,8 фоизашон саноатӣ буданд. Дар саноат бинобар сабаби нокифоягии маблағ ҳарчанд, ки талабот ҳаст суръати хусусигардонии корхонаҳои бузург ва миёна оҳиста ҷараён дорад. Вале на танҳо норасоии андӯхти дохилӣ ба ин сабаб мебошад. Нақши муҳимро ҳамчунин он мебозад, ки бештар аз 90%-и фондҳои асосӣ ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ фарсуда шудааст. Гарчи нархҳои хусусигардонӣ нисбатан баланд нестанд, дар назди ҳар молики нав проблемаи навсозии техникии истеҳсолот, модернизатсияи таҷҳизот, таҷдиди технологии истеҳсолот ба миён меояд. Дар бисёр корхонаҳо ин тадбирҳо бояд дар заминаи тағйирдиҳии самти истеҳсолот, таҷдид ва диверсификатсияи истеҳсолот, ки хароҷоти барқарорсозии обектҳои дахлдорро хеле зиёд менамоянд, анҷом дода шаванд. Илова бар ин, бинобар камбуди захираҳои молиявии давлат, дар Тоҷикистон системаи дастгирии баъди хусусигардонӣ вуҷуд надорад.
Ҳолатҳои дар боло шарҳдодашуда ба он ҳидоят мекунанд, ки самтҳои асосии хусусигардонӣ дар саноат бидуни таъхир тағйир дода шаванд. Пеш аз ҳама, тағйиротҳо дар муносибат ба хусусигардонӣ заруранд. Ин тағйиротҳо бояд чунин ифода гарданд:
а) бори дигар баргаштан ба фарқгузории дақиқтар байни шаклҳои моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
б) танҳо он корхонаҳои саноатӣ хусусӣ гардонида шаванд, ки тибқи арзёбии коршиносон баъди татбиқи тадбирҳо оид ба тағйири самти истеҳсолот, диверсификатсия ё таҷдид, қодиранд мавқеи устуворро дар бозорҳо ишғол намоянд;
в) то оғози хусусигардонӣ бояд нисбати ҳар як корхона ҳисобҳои техникию иқтисодӣ роҷеъ ба самаранокии тамоми тадбирҳо оид ба барқарорсозии корхона пешниҳод карда шаванд, лоиҳаҳои шартномаҳо, ки дар онҳо тадбирҳои зикршуда ҳамчун шарт ва тафриқагузории дақиқи байни ӯҳдадориҳои тарафҳо дарҷ ёфтаанд, таҳия карда шаванд;
г) корхонаҳои бартариятдошта он корхонаҳое дониста шаванд, ки бо дарназардошти татбиқи тамоми тадбирҳои зарурӣ метавонанд бо хароҷоти камтарин барқарор гарданд ва қобилияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди самаранокро пайдо кунанд. Сухан, пеш аз ҳама, дар бораи корхонаҳое меравад, ки ба таҷдид, диверсификатсия ё тағйири самти истеҳсолӣ эҳтиёҷ доранд;
д) ба гурӯҳи корхонаҳои бартариятдошта ҳамчунин он корхонаҳое шомил карда шаванд, ки метавонанд барои таъсиси корхонаҳои муштарак бо иштироки сармояи хориҷӣ замина бошанд. Татбиқи тадриҷии ин бархӯрдҳо бояд на танҳо самаранокии хусусигардониро афзун намояд ва аҳли ҷомеаи кишварро бовар кунонад, ки роҳи интихобнамудаи бозории рушди иқтисод дуруст мебошад, балки ҳамчунин ба ғайрисаноатишавии иқтисод монеаи ҷиддӣ гардад.
Фароҳам овардани фазои ошкорбаёнӣ ва комилан шаффоф дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ хеле муҳим мебошад. Чунин фазо, хусусан дар шароити кунунӣ, ки дар асари ҳодисаҳои маълум дар муносибатҳои байни маъмурияти корхонаҳо ва коллективҳои меҳнатӣ, бахусус дар масъалаҳои риояи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон, муқаррар намудани сатҳи музди кор ва ғайра дигаргуниҳои манфи рӯй доданд, хеле муҳим мебошад. Сарфи назар аз шакли моликият, бояд тамоми кормандон дар бораи натиҷаҳои истеҳсолӣ ва молиявии фаъолияти корхона, бахши тиҷоратии ин фаъолият ва оид ба тақсими даромадҳо иттилоот дошта бошанд.
VIII. Саноати Тоҷикистон дар системаи глобализатсияи иқтисодӣ
Раванди ба ҷузъи таркибии иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфтани саноати Тоҷикистон ногузир дониста мешавад. Ин табдилёбӣ дар раванди глобализатсияи иқтисодӣ рух медиҳад. Дар ин раванд барқарорсозии пурраи аксари корхонаҳо бо сабабҳои зерин ғайриимкон мебошад:
а) манбаъҳои дохилии такрористеҳсоли оддӣ, аъне воситаҳои фонди истеҳлок (амортизатсия) барои ивази пурраи таҷҳизоти технологӣ, ба тарзе ки далели фарсудагии маънавӣ рафъ карда шавад ва таҷаддуд дар заминаи таҷҳизоти навтарин, яъне мошин ва механизмҳои насли нав анҷом дода шавад, комилан нокифояанд;
б) сармоягузориҳои хориҷӣ ҷиҳати барқарорсозии дастгоҳи истеҳсолии аксари корхонаҳои саноатӣ на аз сабаби рейтинги пасти инвеститсионии кишвар, балки бинобар проблемавӣ будани далелҳои техникию иқтисодии самаранокии чунин истеҳсолот ва фурӯши маҳсулоти онҳо ворид нахоҳад шуд. Бо бисёр намудҳои маҳсулоте, ки пештар дар ҳаҷми зиёд истеҳсол мегардиданд (либоси мардона ва занона, машрубот, шарбату консервҳо, яхдону таҷҳизоти ошхона, трансформаторҳо ва таҷҳизоти бофандагӣ) ишғол намудани мавқеи устувор на танҳо дар бозори ҷаҳонӣ, балки дар бозори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё кишварҳои Ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ низ хеле мушкил аст. Ҳатто дар сурати истеҳсоли маҳсулот дар навтарин таҷҳизоти технологӣ;
в) дар тӯли як даҳсолаи пурра он мавқеъҳои ночизе, ки дар бозори ҷаҳонӣ аз маҳсулоти корхонаҳои Тоҷикистон пур ҳисобида мешуданд, бо сабаби қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳо, ишғол карда шуданд. Танҳо нахи пахта, алюминийи хом, металлҳои қиматбаҳо ва як қатор маҳсулоти дигар мисли пештара қадру қимат доранд;
г) ҳоло кӯшишҳои барқарорсозии он корхонаҳое, ки барои бозори ҷаҳонӣ ё барои бозори ИДМ кор мекарданд, бинобар камбуди коргарон ва кадрҳои ихтисосманд бо сабаби муҳоҷирати оммавии қувваи корӣ метавонанд самара надиҳанд.
Ин гувоҳи он мебошад, ки воридсозии иқтидори саноатии кунунӣ ба равандҳои глобализатсияи иқтисодӣ наметавонад натиҷаи дилхоҳ диҳад, зеро ин кор рафъ намудани проблемаҳои сершуморро талаб мекунад.
Бояд роҳҳои мушаххаси воридшавии саноат ба равандҳои глобализатсия тавре таҳия карда шаванд, ки он ба меъёр ва қоидаҳои дар бозори ҷаҳонӣ аз ҷониби умум қабулгардида асос ёфта бошад ва тавонад ба сӯйи баланд бардоштани сатҳи техникию иқтисодӣ то сатҳи марбутаи кишварҳои мутараққӣ, бо дарназардошти хусусият ва эҳтиёҷоти кишвар, ҳаракат намояд. Аз ин ҷиҳат истифодаи баманфиати имкониятҳои ҳамроҳшавӣ ба ТУС ва дар марҳалаи баргузории музокироти дуҷониба ва бисёрҷониба матраҳ сохтани масъалаҳои ҳалталаб, ки дар роҳи воридшавии саноати Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ хеле зиёданд, мувофиқи матлаб дониста мешавад. Аз он ҷойе ки хамроҳшавӣ ба ТУС пурра рад кардани монеаҳои ҳимоявиро дар назар надорад, дар марҳалаи аввал барои мустаҳкам намудани мавқеи саноат дар бозори дохилӣ тадбирҳо андёшидан мумкин аст. Ин на танҳо бо роҳи фароҳам овардани бартариятҳои муайян барои молҳои истеҳсоли ватанӣ, ки ба онҳо истифодаи монеаҳои муайяни тарифӣ барои воридоти молҳои рақобаткунандаи истеҳсоли хориҷӣ марбут аст, балки аз тариқи пурра барҳам додани ҳамагуна монеаҳои тарифӣ, ки дар дохили кишвар ба миён меоянд, имконпазир мебошад. Ҳамчунин барои паст намудани сатҳи гаронии андоз нисбати корхонаҳое, ки бомуваффақият маҳсулоти худро дар бозори дохилӣ ба фурӯш мерасонанд ва бо молистеҳсолкунандагони хориҷӣ рақобат мекунанд, тадбирҳо андешидан зарур аст.
Амалӣ намудани мақсади истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат низ яке аз нишонаҳои глобализатсияи иқтисодӣ мебошад, зеро он мафҳуми ба ҳисоб гирифтани талаботи бозори ҷаҳонӣ нисбати истеҳсол ва фурӯши маҳсулотро ифода менамояд. Дар заминаи ба ҳисоб гирифтани ду талаботи муҳимтарин - нарх ва хусусиятҳои истеъмолӣ, ки рақобатпазирии молҳоро муайян менамоянд, дар кишвар амалӣ намудани як қатор тадбирҳо мумкин аст, то ки муҳити рақобати самараноки бозорӣ нисбати молҳои истеҳсоли хориҷӣ фароҳам оварда шавад.
Нисбат ба нарх, чун ба омили рақобатпазирӣ, андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:
- вусъатбахшии фаъолияти зиддидемпингӣ нисбати фирмаҳои марбутаи хориҷӣ ва агентҳои (намояндаҳои) онҳо;
- вусъатбахшии фаъолияти сохторҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳимояи манфиатҳои истеъмолгарон (Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, гурӯҳҳои ташаббускори шаҳрвандон);
- андешидани чораҳо нисбати зуҳуроти мухталифи паст кардани арзиши андозбандишавандаи молҳои воридотӣ;
- ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ бо роҳи баланд бардоштани тарифҳои гумрукии молҳои воридшавандаи мушобеҳ.
Дар мавриди мусоидат ҷиҳати беҳтар намудани хусусиятҳои истеъмолии молҳо бояд гуфт, ки он асосан ба маҳсулоти озуқа ва молҳои дар саноати сабук тавлидшаванда марбут аст. Бинобар ин амалӣ сохтани тадбирҳои зерин зарур дониста мешавад:
- пешниҳод намудани далелҳои дақиқ доир ба он, ки маҳсулоти озуқа ва баъзе дигар намудҳои маҳсулоти дар кишвар истеҳсолшаванда нисбат ба маҳсулоти воридшавандаи мушобеҳ беҳтар мебошанд;
- пешниҳод намудани далелҳо доир ба он, ки маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзии барои фурӯш пешниҳодшавандаи ватанӣ дар таркиби худ ҷисмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда надоранд ва ин ё он зироатҳои кишоварзӣ таҳти амалҳои биотехнология қарор дода нашудаанд (мисли ШМА ва Хитой бо нахи пахта);
- истифодаи дурусти ташвиқ намудани хосияти истеъмолии молҳои истеҳсоли ватанӣ;
- истифодаи дурусти воситаҳои ахбори омма барои тағйир додани афкори умум дар кишвар нисбати ӯҳдадориҳои ҳар як шаҳрванд оид ба ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ бо роҳи ташаккули рафтори мақсадноки истеъмолӣ;
- ба амал баровардани назорати пайгирона ва содиқона аз сифати молҳои воридотии таъиноти истеъмолӣ ва огоҳонидани саривақтии ҷомеа аз натиҷаҳои назорат.
Татбиқи самараноки чунин сиёсат имкон медиҳад, ки дараҷаи рақобатпазирии молҳои саноатӣ дар бозорҳои минтақавӣ - Осиёи Марказӣ, ИДМ, Ташкилотҳои ҳамкории иқтисодӣ тадриҷан баланд бардошта шавад. Зимнан, нисбати пешравии маҳсулоти саноатии кишвар дар бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бояд як қатор тадбирҳое, ки ба принсипҳои фаъолияти ТУС мутобиқ мебошанд, андешида шаванд.
Дар вазъияти кунунӣ бо рушди бахшҳои давлатӣ ва хусусии иқтисод проблемаи технологияҳоро барои саноат метавон асосан тавассути амалиёти лизингӣ ҳал намуд. Бо иштироки фаъоли давлат метавон соҳибкории хусусиро барои лизинги таҷҳизоти мухталиф, аз ҷумла таҷҳизоти "дасти дуюм" ҷалб намуд. Таҷҳизоти "дасти дуюм" хусусан, барои ҷиҳозонидани корхонаҳои саноати кимиё, мошинсозӣ, коркарди метал, чӯб, бофандагию дӯзандагӣ ва саноати масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра муҳим мебошад.
Чунин таҷҳизотро метавон барои барқарорсозӣ ва рушди, ба истилоҳ, истеҳсолоти ноҳияхизмат - корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, заводҳои конструксия ва маҳсулоти оҳану бетонӣ комбинатҳои хонасозӣ, заводҳои асфалт ва ғайра истифода бурд. Номгӯйи васеи мошинҳоеро, ки аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисман чандон фарсуда нашудаанд, метавон пайдо кард, ки онҳо бинобар муфлисии ширкатҳо, ё баста шудани корхонаҳо бо сабабҳои гуногун ҳамчун таҷҳизоти "дасти дуюм" фурӯхта мешаванд. Ба онҳо таҷҳизоти шахтавии истихроҷи маъдан ва коркарди метал, навъҳои гуногуни дастгоҳҳои махсус, ки метавонанд дар шароити мо истифода гарданд, дохил мешаванд. Зимнан, ба таҷҳизоте, ки бинобар меҳнатталабии зиёди истеҳсолот аз ҷиҳати маънавӣ фарсуда шудааст, аҳамият додан зурур аст. Чунин таҷҳизотро метавон дар шароити изофа будани захираҳои меҳнатӣ самаранок истифода бурд ва маҳсулоти комилан барои содирот рақобатпазирро истеҳсол намуд.
Бинобар ин истифодаи муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ барои тарбияи кадрҳои ихтисосманд муҳим мебошад. Ҳукумати кишвар дар заминаи аҳду паймон бо дигар кишварҳо метавонад кисми муҳоҷиронро барои кор дар хориҷа дар он корхонаҳое, ки мушобеҳи онҳо дар Тоҷикистон бо сабаби камбуди захираҳои молиявӣ ва кадрҳои ихтисосманд кор намекунанд, истифода барад.
IX. Омилҳои инвеститсионӣ ва навгониҳои (иноватсионии) рушди саноат
Дар марҳалаи кунунии рушди саноати Тоҷикистон ҳама манбаъҳои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ бахусус хориҷӣ аҳамият дорад. Аҳамияти сармоягузории дохилӣ метавонад ботадриҷ ва ҳамзамон бо афзудани ҳаҷмҳои сармоягузориҳои хориҷӣ бештар гардад.
Омилҳои асосии зиёд намудани хаҷмҳои сармоягузориҳо дар саноати кишвар инҳо маҳсуб дониста мешаванд: корхонаҳои муштарак бо сармояи хориҷӣ, қарзҳои хориҷии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, грантҳои хориҷӣ, сармоягузориҳои бевоситаи хориҷӣ, таъсиси филиалҳои ширкатҳои хориҷӣ, вусъатёбии дарозмуддати кредитӣ.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки таъсиси корхонаҳои муштарак роҳи муҳимтарини воридшавии сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар мебошад. Фароҳам овардани муҳити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва психологӣ дар кишвар барои рушди корхонаҳои муштарак на танҳо баҳри зиёд намудани шумораи онҳо, балки инчунин барои суръатбахшии такрористеҳсоли сармояи муштарак, баланд бардоштани рейтинги инвеститсионии кишвар низ муҳим мебошад. Афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ аз ин роҳ барои таҳкими иқтидори иқтисодии соҳибкории хусусӣ дар саноат, ҷалби фаъолтари қарзҳои хориҷӣ барои рушди истеҳсолот, таъсиси корхонаҳои нав, ҷорӣ сохтани технологияҳои пешқадам, ба бозорҳои хориҷӣ ворид гаштани ширкатҳои миллӣ ва дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо намудани онҳо, андӯхтани таҷрибаи муосири пешқадами идораи истеҳсолот, сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ, истифодаи технологияи пешқадам, пешниҳод намудани молҳои нав, пайдо намудани таҷрибаи муосир ва усулҳои рақобат дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, зиёд намудани ҳаҷми воридот ба буҷети давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.
Сиёсати мақсадноки қарзгирии хориҷӣ низ метавонад ба рушди босуръати саноат мусоидат намояд. Зимнан, на танҳо қарзҳое, ки давлат аз хориҷа мегирад, балки қарзҳое, ки соҳибкорони хусусӣ низ мегиранд, дар назар дошта мешавад. Дар оянда қарзҳои давлатӣ асосан ба рушди бахши воқеии иқтисод ва пеш аз ҳама, ба рушди саноат равона карда мешаванд. Ҳамчунин таъиноти қарзҳои хориҷӣ дақиқтар мегардад. Қарзҳои хориҷие, ки давлат барои саноат мегирад, ба рушди бахши давлатии иқтисод - корхонаҳои истихроҷи маъдан, металлургия, кимиё, масолеҳи сохтмонӣ ва соҳаҳои саноати коркарди маҳсулот истифода хоҳанд шуд. Зарур дониста мешавад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ кафолатҳоро оид ба татбиқи лоиҳаҳои саноатӣ барқарор намояд.
Баробари баланд шудани сатҳи ҳамгироии иқтисоди кишвар ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва тавсиаи фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳои саноатӣ ҳиссаи ширкатҳои саноатӣ (ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ) дар қарзгирии хориҷии кишвар зиёд мегардад.
Минбаъд низ дар рушди саноати Тоҷикистон нақши бузургро чунин сохторҳои байналмилалии молиявӣ, ба монанди Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд, Бонки рушди Осиё хоҳанд бозид. Истифодаи самараноки кредитҳое, ки онҳо барои рушди саноат пешниҳод мекунанд, имкон медиҳад, ки эътимоди бонкҳои хориҷӣ ва сохторҳои ғайрибонкии молиявӣ нисбати бонкҳо ва ширкатҳои саноатии кишвар бештар гардад ва ба зиёд гардидани ҳаҷмҳои сармоягузориҳои хориҷӣ мусоидат намояд.
Таҷрибаи истифодаи маблағҳои қарзи хориҷӣ, ки барои рушди саноат пешбинӣ гардидаанд, бо дарназардошти афзалиятҳои асоснокнамудаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи мақсад дониста мешавад. Механизми тақсим, истифода ва мониторинги қарзҳои хориҷӣ дар саноат бояд воқеияти иқтисоди бозориро ба ҳисоб гирад. Илова бар он, ки истифодаи қарзҳо бояд хислати мушаххас (адресӣ) дошта бошад ва ба лоиҳаҳои аз ҷониби экспертиза мутобиқшуда ва тасдиқгардида такя намояд, ин лоиҳаҳо ба афзалиятҳои муайян низ асос хоҳанд ёфт.
Меъёрҳои дигари муайян намудани афзалиятнокии лоиҳаҳо ҳангоми истифодаи қарзи хориҷӣ инҳоянд:
а) ҳалли вазифаҳои умумимиллӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои дорои хислати стратегӣ гузошта шудаанд (паст кардани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши шуғли аҳолии қобили меҳнат, кам кардани ҳаҷми бекорӣ ва ғайра);
б) ҳалли проблемаҳои рафъи ақибмондагии иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои алоҳида;
в) баланд бардоштани ҳавасмандӣ дар байни самоягузорони хориҷӣ тавассути нархгузории воқеии қоғазҳои арзишнок, ки аз ҷониби ширкатҳои саноатии дахлдор бароварда шуда, дар фондҳои биржавӣ ҷойгир карда мешаванд, имконпазир мебошад.
г) ба вусъатёбии манбаъҳои сармоягузории иқтисод ҳамчунин таъсиси ширкатҳое, ки дар онҳо тамоми моликият сармояи хориҷӣ мебошад, мусоидат хоҳад кард;
д) фароҳам овардани фазои мусоид барои зиёд намудани ҳаҷмҳои андӯхти дохилӣ. Такмили усулҳои танзими давлатии иқтисод, қонунигардонии "бизнеси ниҳонӣ" бояд ба ин мусоидат намояд;
е) ҳамчун манбаи ояндаи андӯхтҳо истифода бурдани қисми муайяни маблағҳои муҳоҷирони корӣ дар хориҷи кишвар.
Ба қадри зиёдшавии чунин воридот қисми афзоишёбандаи он метавонад барои таъсиси корхонаҳои хурди саноатӣ истифода бурда шавад.
Барои сармоягузорони ватанӣ фароҳам намудани чунин имтиёзҳое, ки ба сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, муҳим аст.
Сиёсати навгониҳо (иноватсионӣ) бо дарназардошти эҳтиёҷоти воқеӣ барқарорсозии марҳала ба марҳалаи соҳаҳои илм ва корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ (КИТТК), амалӣ намудани чораҳо оид ба барқарорсозии заминаи моддию техникии соҳаҳои илм, зиёд намудани хароҷот барои хариди таҷҳизоти зарурии илмӣ, асбобҳо ва маводе, ки анҷомдиҳии КИТТК-ро дар сатҳи баланд таъмин мекунанд, зарур аст. Бояд барои беҳтар намудани таъминоти тамоми соҳаҳои саноати кишвар бо иттилооти техникӣ тадбирҳои самарабахш андешида шаванд. Баркарорсозӣ ва таъсиси иттиҳодияҳои нави илмӣ дар соҳаҳои саноати мошинсозӣ, кимиё ва истихроҷи маъдан зарур дониста мешаванд.
X. Xулоса
Вазифаи муҳими стратегӣ ҳоло қатъи раванди ғайрисаноатишавии иқтисод дониста мешавад. Боздоштани амали тамоми омилҳое, ки зуҳуроти ғайрисаноатишавиро ба миён оварданд, зарур аст. Дар ин маврид ҳавасмандгардонии ташаббусҳои хусусӣ, бунёд намудани фазои мусоид барои рушди соҳибкории хурд аҳамияти бузург дорад.
Барои қатъи раванди ғайрисаноатишавӣ ҳавасмандгардонии таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, ки дақиқан ба қонеъ гардонидани талаботи муҳимтарини бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ нигаронида шудаанд, хеле муҳим мебошад. Бояд усулҳои хусусигардонии корхонаҳои саноатӣ тавре таҷдиди назар гарданд, ки онҳо ҳарчи зудтар ба тағйирёбии талаботи бозор таъсир расонанд, ба нишондиҳандаҳои баланди самаранокӣ ноил шаванд, дар ташаккули даромадҳои давлатӣ саҳми бештар гузоранд.
Либерализатсия, рушди моликияти хусусӣ, фазои рақобат, муносибатҳои мутақобилаи агентии иқтисодӣ (хоҷагӣ), танзими давлатии саноат бояд аз усулҳои расмиятпарастии (бюрократии) идора озод бошанд. Сарфи назар аз шаклҳои моликият идораи корхонаҳои саноатӣ бояд аз ҷониби кадрҳои дар ин кор эътирофшуда сурат гирад. Асоси интихоб ва ҷойгузории роҳбарон дар сатҳҳои мухталифи фаъолияти соҳа бояд интихоби меритократӣ ва ҷорӣ намудани системаи назорати дуруст дар тамоми зинаҳои сохтори иқтисоди кишвар бошад.
Дар давраи мушоҳидашаванда зарурати нигоҳдории бахши давлатӣ дар соҳаҳо ва корхонаҳои алоҳида боқӣ мемонад.
Ба проблемаҳои демонополизатсия дар саноат муносибати таҳлилӣ намудан зарур аст. Нисбати бахшҳои алоҳидаи он хатаре вуҷуд дорад, ки демонополизатсия метавонад боиси қатъи иртиботҳои технологӣ ва иқтисодии истеҳсолоти баҳампайваст гардад. Чунин қатъшавиро метавон бо роҳи таъсиси гурӯҳҳои молиявию саноатӣ пешгирӣ намуд.
Дар шароити муносибатҳои бозорӣ ва ҳамгироии рӯзафзуни саноати кишвар ба иқтисоди ҷаҳонӣ пастравии самаранокии сохтори имрӯзаи соҳавии он ба мушоҳида мерасад. Дар ташаккули сохтори нави саноат сатҳи самаранокии заминаи ашёи хом, иқтидори талаботи дохилӣ ва хориҷӣ, дурнамои ҳамроҳшавӣ ба ТУС таъсири муайянкунанда хоҳанд расонд.
Сохтори минтақавии саноат ба тағйироти куллӣ эҳтиёҷ дорад. Дар он истеҳсолоти ноҳиямоҳият рушди афзалиятнок пайдо хоҳад кард. Рушди корхонаҳои саноатӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст бо мақсади ба гардиши бозорӣ ҷалб намудани захираҳои дорои самараи баланд, ки дар чунин ноҳияҳо ҷойгиранд ва паҳн намудани технологияҳои хурде, ки комилан ба шароити деҳот ва минтақаҳои кӯҳистон мутобиқ шудаанд, шоистаи таваҷҷӯҳи хоса мебошад.
Дар байни бахшҳои мухталифи саноат қисми саноатии ташаккулёбандаи комплекси инвеститсионии миллӣ ба таваҷҷӯҳи махсус ниёз дорад. Сухан дар бораи як зумра корхонаҳои мошинсозӣ, коркарди метал, саноати масолеҳи сохтмонӣ меравад. Ба мақсадҳои тағйироти сохторӣ дар кишвар харчи бештар тобеъ намудани онҳо метавонад ба пешрафти инноватсионию саноатӣ дар иқтисод, афзудани суръати рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Хеле муҳим аст, ки дар сохтори саноати ҷаҳонӣ Тоҷикистон нақши музофотӣ надошта бошад. Ҳамгироии ҳақиқии саноати кишвар ба иқтисоди ҷаҳонӣ бояд дар заминаи моддию техникии муносиб бо назардошти таъмини муносибатҳои бозории баробар байни Тоҷикистон ва қисмати дигари ҷаҳон сурат гирад. Бинобар ин дар музокироти дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба масъалаҳои ҳамроҳшавии кишвар ба ТУС ноил гаштан ба кӯмаки сохторҳои байналмилалии молиявию иқтисодӣ нисбати навсозии босуръати сармояи асосӣ дар саноат зурур аст.
Сиёсати инноватсионӣ нисбати саноат бояд аз проблемаҳои воқеии соҳа ва стратегияи рушди иқтисодии кишвар барояд. Бо дарназардошти камбуди захираҳои молиявӣ ҳавасмандгардонии афзоиши саҳми соҳибкории хусусӣ дар зиёд намудани ҳаҷмҳои воридоти технологияҳои хурд ба кишвар зарур дониста мешавад. Бо ин мақсад истифодаи таҷрибаи Федератсияи бизнеси хурди Ҳиндустон оид ба ташкили Маркази технологияҳои хурд, ки дар он на танҳо намоиши технологияҳои саноатии хурд ва хурдтарин, балки ба кормандони фирмаҳо омӯзонидани истеҳсоли самараноки маҳсулот бо кӯмаки чунин технологияҳо ташкил карда мешавад, муҳим аст.
Васеъ паҳн намудани технологияҳои хурд ва хурдтарин имкон медиҳад, ки комплексҳои саноатии содиротсамт ва воридотиваз дар заминаи истифодаи афзалиятҳои истеҳсолоти оилавӣ ва ба паркҳои технологӣ пайвастани онҳо таъсис дода шаванд. Чунин шакли ташкили истеҳсолоти саноатӣ метавонад дар шароити ноҳияҳои дорои захираҳои изофаи меҳнатӣ ва зичии зиёди аҳолӣ самараи баланд диҳад.
Вазифаи дорои аҳамияти аввалиндараҷа дар давраи то соли 2010 тарбияи пешакии коргарони соҳибихтисос ва баландсавия барои тамоми соҳаҳои саноат ба ҳисоб меравад. Барои ин муайян намудани эҳтиёҷоти воқеии саноат ба кадрҳои коргарӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба тағйири тамоили системаи маълумоти олӣ ва касбию техникӣ ба самти тайёркунии мақсаднок ва фарогири мутахассисон зарур аст.
Бархӯрдҳои асосӣ дар масъалаи рушди саноат, ки дар ин Консепсия пешниҳод гардидаанд, бояд ҳангоми таҳияи Стратегия ва Барномаҳои алоҳидаи рушди саноат ба асос гирифта шаванд ва дар аснои таҳияи Ҳуҷҷатҳои барномавӣ оид ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ истифода гарданд.