Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010
РӯЙХАТИ ИХТИСОРҲО
БМЕ ТУТ Бюрои Минтақавии Европоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ
БТАҶИ Бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда
МББД Мубориза бар зидди бемориҳои дарунравӣ
ВИЧ Вируси норасоии масунияти инсон
ВМКБ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
СБҲ Саломатӣ Барои Ҳамагон
ТҲС Тарзи ҳаёти солим
МТП Муассисаҳои табобатию пешгирикунанда
НМФГМЗ Нақшаи миллии фаъолият оид ба гигиенаи муҳити зист
ТҒҲ Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ
ПИИ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ
СММ Созмони Милали Муттаҳид
БШРН Бемориҳои шадиди роҳҳои нафаскашӣ
КАТС Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ
ҶТ Ҷумҳурии Тоҷикистон
НТҶ Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
МҶТТҲС Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим
ССЭ Стансияҳои санитарию эпидемиологӣ
ВАУ Воситаҳои ахбори умум
СПИД Вируси норасоии масунияти бадан
ДДТТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
ТТҲС Ташаккул додани тарзи ҳаёти солим
БМН Беморхонаи марказии ноҳиявӣ
ЮНИСЕФ Фонди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид
ЮСАИД Агентии ШМА доир ба рушди байналмилалӣ
МАФҲУМИ ИСТИЛОҲОТ
ТАНДУРУСТӢ - ин системаи тадбирҳои ҷамъиятӣ, давлатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва тиббиест, ки сатҳи баланди ҳифзи саломатии халқ (аҳолӣ) ва беҳбуди онро таъмин менамояд.
- ВАЛЕОЛОГИЯ - соҳаи тибби пешгирикунанда, ки назария ва амалияро вобаста ба ташаккул, ҳифз ва таҳкими саломатии шахсият тавассути тавсеаи имконоти он ҷиҳати мутобиқшавӣ ба омилҳои тағйирёбандаи муҳити зист меомӯзад.
ГУРӯҲИ ТАҲТИ ХАТАРИ БАЛАНД - шахсони дорои ,бузургии баланди омилҳои асосии хатар, ки дар байни онҳо имконпазирии ба миён омадани ҳолатҳои марговари бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мавҷуд аст.
САЛОМАТӢ - ин на танҳо мавҷуд набудани бемориҳо ё ноқисиҳой ҷисмонӣ, балки ҳолати осудаҳолии пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
ТАРЗИ ҲАЁТ - маҷмӯи муносибатҳои мушаххаси ҳар як инсон нисбат ба истифодаи захира ва имкониятҳое, ки шароитҳои иҷтимоӣ, анъана, маърифат ва муносибатҳои бозаргонӣ фароҳам меоваранд.
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ - навъҳо, шаклҳо ва усулҳои фаъолияти инсон, ки барои ҳамин форматсияи ҷамъиятию иқтисодӣ маъмулӣ мебошад ва имконоти мутобиқшавии вуҷуди ӯро тақвият мебахшад ва барои иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ ва ноил шудан ба дарозумрии фаъол ба ӯ мусоидат менамояд.
ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ - яке аз унсурҳои муҳими гигиенаи умумӣ мебошад, зеро ӯ воқеан нисбат ба ҳар як коллектив ё инсони алоҳида, вобаста ба синну сол, ҷинс, шуғл, шароити зист нигаронида шудааст. Он барои ба вуҷуд омадани чунин стереотипҳо ва шаклҳои рафтор мусоидат менамояд, ки ҳолати тавозунро байни организм ва муҳити зист, муҳити табиию иҷтимоии он дастгирӣ менамояд.
НАШЪАМАНДӢ - майли номаҳдуд нисбат ба маводи нашъадор: чакида, героин, марихуана, нашъа, гашиш ва ғайра.
ТАНДУРУСТИИ ҶАМЪИЯТӢ - илм ва санъати пешгирии бемориҳо, идомаи ҳаёт ва таъмини саломатӣ бо истифодаи кӯшиши муташаккили ҷомеа.
ПЕШГИРӢ - амале, ки барои кам кардани эҳтимоли ба миён омадани бемориҳо ё вайрон шудани саломатӣ, барои қатъ ё паст кардани хурӯҷи бемориҳо, барои ҳифзи қобилияти меҳнат нигаронида шудааст.
СТРЕСС - ҳолати нороҳатии баланд, ки дар натиҷаи ҳолатҳои ниҳоят зиёди стрессогенӣ ба миён меояд.
ТАҲКИМИ САЛОМАТӢ - имконоти одамон ҷиҳати идора кардани омилҳое, ки ба саломатиашон таъсир мерасонад, инчунин имконоти таҳкими саломатӣ;
ИСТИФОДАИ МАШРУБОТ - мавҷудияти чунин омили хатар эътироф мегардад, агар шахси таҳти ташхис қароргирифта ҳатто як маротиба дар як моҳ истифодаи нӯшокиҳои спиртиро зикр намуда бошад.
САТҲИ РУШДИ ҶИСМОНӢ - ин аз таснифоти теъдодии фаъолият ва ё захираҳои системаҳои физиологӣ, биологӣ ва рӯҳӣ, инчунин дараҷаи ҳассосияти механизмҳои танзимкунанда, ки гомеостази вуҷудро баланд мебардорад, иборат аст.
ОМИЛҲОИ ХАТАР - омилҳои берунӣ ва дохилии муҳити вуҷуд, хусусиятҳои рафтор, ки ба афзоиши эҳтимолии рушди беморӣ, хурӯҷ ва оқибатҳои номатлуб мусоидат менамояд.
ФАЪОЛНОКИИ ҶИСМОНӢ - фаъолнокӣ, серҳаракатӣ, иштирок дар ягон машғулият.
ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ - як қисми маданияти умумӣ, яке аз соҳаҳои фаъолияти иҷтимоие, ки ба таҳкими саломатӣ рушди имконоти ҷисмонии инсон нигаронида шудааст.
ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ - маҷмӯи масьалаҳое, ки муносибати маҷмӯиро нисбат ба ташхиси тарзи ҳаёт ва саломатии инсон, инчунин таваҷҷӯҳи кормандони тиб, омӯзгорон, равоншиносонро тақозо менамояд ва ба мушаххасоти муҳити макроиҷтимоии иксон, фаъолияти меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва профилактикӣ алоқаманд мебошад.
САЛОМАТӢ БАРОИ ҲАМАГОН - ҳамаи одамон дар ҳамаи кишварҳо бояд ҳеҷ набошад, дар чунин сатҳи зиндагӣ қарор дошта бошанд, ки имконият медиҳад, ҳаёти истеҳсолию иҷтимоиро дар ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунанд, фаъолона пеш баранд.
КӯМАКИ АВВАЛИЯИ ТИББИЮ САНИТАРӢ - КАТС вазифаи марказӣ ва асосии соҳаи системаи тандурустӣ дар ҳама гуна кишвар, хадамоти асосии қӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба ҳисоб меравад, ки аз рӯи принсипи "аз деҳот ба марказ" амал мекунад.
КАТС - ин қисми ҷудонопазири рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ин ё он кишвар ба шумор меравад.
ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲО - чорабиниҳое, ки на танҳо ба пешгирии бемориҳо ба монанди эмкунӣ, мубориза бо интиқолдиҳандагони бемориҳо ё маъракаи мубориза алайҳи тамокукашӣ, балки амалест, ки барои пешгирии инкишофи онҳо ва паст кардани оқибати онҳо баъди собит намудани далели беморӣ нигаронида шудааст.
ФАРҲАНГИ ГИГИЕНӢ - фарҳанги гигиении ҳар як фард аз дониши мушаххас, малака, таҷриба, арзишҳои самтӣ, нуқтаю назар, афкор, шакли рафтори марбут ба саломатӣ иборат аст, ки қисми ҷудонопазири фарҳанги умумии инсон буда, дар ҷараёни таъсири маърифатию тарбиявӣ ташаккул меёбад.
ПЕШГУФТОР
Саломатӣ сарвати бебаҳои миллат, нишондиҳандаи воқеии рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Саломатии одамони алоҳида ё гурӯҳи аҳолӣ бо таъсири маҷмӯи омилҳои ба ҳам алоқаманди инфиродӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ муайян карда мешавад.
Мутобиқи маълумоти ТУТ муқаррар гардидааст, ки саломатии инсон, 55 фоиз аз тарзи ҳаёт, 18 фоиз аз омилҳои бамеросмонда, 17 фоиз аз омилҳои муҳити зист ва танҳо 10 фоиз аз вазъи ҳифзи тандурустӣ вобаста мебошад. Дар инкишофи аксари бемориҳо худи инсон, сатҳи пасти маърифати санитарии ӯ, тарзи ҳаёти ғайрисолим ва муносибати манфӣ ба саломатии худ гунаҳкор аст.
Яке аз омилҳои муҳиму асосӣ дар беҳбуди саломатии инсон ва аҳолӣ ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ноил шудан ба муносибати нави инсон ба саломатии худ ба ҳисоб меравад. Дар солҳои охир консепсияи "тарзи ҳаёт" мӯҳтавои махсусро пайдо намуд. Дарки он, ки тарзи ҳаёти солим асосан аз он арзишҳо, афзалиятҳо, имкониятҳои амалӣ ва мушкилот, ки қисми ҷудонопазири ин лаҳзаҳо дар ҳаёти ҳамарӯзаи инсон мебошанд ва дар натиҷаи стереотипҳои такроршавандаи амал, тарзи рафтор, малака, таҷриба, ақидаҳо ва нуқтаю назар ба тағйиротҳои дар ҷомеа ва ҳаёти шахсӣ рухдода ташаккул меёбанд, беш аз беш меафзояд. Солим будан бояд эҳтиёҷоти ботинии ҳар як инсон бошад.
Сиёсати ноил шудан ба "саломатӣ барои ҳамагон дар садсолаи 21" дар Эъломияи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки Сессияи 51 Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ моҳи майи соли 1998 қабул намуда буд, муайян гардида, он ба татбиқи Консепсияи стратегии тандурустии ҳамагон, ки дар конференсияи Алмаато соли 1978 эълон шуда буд, нигаронида шудааст.
Пешгирии бемориҳо аз иштироки салоҳиятноки аксари бахшҳо, шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои аҳолӣ вобаста мебошад. Вале то имрӯз корҳо оид ба таҳкими саломатӣ ва ҳифзи он дар маҷмӯъ дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла аз пешгирии бемориҳо сар карда, то барқарорсозии муроҷиин, ҳамчун ӯҳдадории танҳо бахши тандурустӣ баррасӣ мегардад, ки куллан нуқтаи назари иштибоҳист.
Танҳо тавассути сафарбаркунии кӯшишу талошҳои бахшҳои мухталиф метавон ба ташаккули тарзи ҳаёти солим ва фароҳамоварии муҳити зисти барои инсон мусоид ноил гардид.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки яке аз муносибатҳои нисбатан каммасраф ва ниҳоят самарабахш ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва ҳамзамон беҳбудбахши нишондиҳандаҳои саломатии ӯ аз ташаккули тарзи ҳаёти солим иборат аст ва аз ин рӯ, Барномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дурнамои воқеӣ ва қобили таваҷҷӯҳ такя мекунад ва одамон метавонанд онро дар ҷараёни зиндагии ҳамарӯза истифода баранд.
Таҳияи барномаи мазкур асоси консептуалӣ ва нақшаи фаъолият оид ба татбиқи сиёсати миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад. Он ба рушди минбаъдаи раванди рушди устувори ҷомеа, таҳкими саломатии аҳолии кишвар ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ дар ин соҳа нигаронида шудааст.
Унсурҳои асосии барнома аз инҳо иборатанд: баланд бардоштани фарҳанги санитарӣ ва малакаи рафтори санитарию гигиении аҳолӣ бо роҳи ҷалби онҳо ба чорабиниҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД, сил, бемориҳои тавассути алокаҳои ҷинсӣ интиқолёбанда, мубориза барои давра ба давра паст кардани ҳолатҳои аз сабабҳои иҷтимоӣ ба миён омада (нашъамандӣ, майпарастӣ," тамокукашӣ), хӯроки хушсифат ва судманд, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, саломатӣ ва муҳити зист.
Самти афзалиятноки фаъолият оид ба татбиқи унсурҳои зикргардидаи барнома инҳо муайян шуданд: иттилоот, маърифат, коммуникатсия, таҳияи барномаҳои таълимӣ, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, омодасозии кадрҳо.
Муқаррароти умумӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон - давлати соҳибистиқлол буда, майдони 143 ҳаз. километри квадратиро ишғол менамояд, дорои 6 375 000 нафар аҳолӣ мебошад, ки дар маҳалли дорои таснифоти мӯраккабӣ топографӣ зиндагӣ мекунанд. 93 фоизи ҳудуди онро кӯҳҳо ишғол мекунанд, ки аз он 6 фоизро пиряхҳо ташкил дода, танҳо 7 фоиз заминҳои кишт мебошанд. Беш аз 70 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Чуноне маълум аст, иқдомҳои нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти бӯҳрони иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, шурӯъ гардид. Агар дар соли 1991 хароҷоти соҳаи тандурустӣ ба ҳар сар аҳолӣ 192.2 доллари ШМА-ро ташкил дода бошад, пас дар соли 2002 он то 1.7 доллари ШМА ихтисор ёфт, ки барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти аҳолӣ, дастрас будани хизматрасониҳои пешгирикунанда ва бунёдии тиббию санитарӣ хеле нокифоя аст."
Таназзули иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба бадшавии нишондиҳандаҳои саломатии аҳолӣ низ таъсир расонд. Суръати афзоиши аҳолӣ ва таваллуд паст рафт. Ҳамчунин нишондиҳандаҳои тавсифгари саломатии занон ва атфол низ паст гардид. Тамоюли нишондиҳандаи давомнокии миёнаи умр низ рӯ ба коҳиш оварда, нишондиҳандаи фавти умумӣ афзуд.
Вазъ вобаста ба хурӯҷи бемориҳои сил, гепатити сироятӣ, тезу тунд гардида, шумораи бемориҳои тавассути алоқаҳои ҷинсӣ интиқолёбанда муттасил меафзуд, сохтори бемориҳо тағйир ёфт, ки он таҳияи роҳу усули нави идора, инчунин бо мақсади дастгирӣ ва беҳбуди саломатии аҳолӣ зарурати ислоҳоти бахши тандурустии кишварро тақозо менамуд.
Сарфи назар аз ноустувориҳои мавҷуда дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ тадбирҳои муҳимро андешид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқи муроҷиин, таъсиси заминаи устувори қонунгузории марбут ба саломатии аҳолӣ ба тасвиб расонд. Стратегияи дарозмӯҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия гардидааст, ки ба муносибатҳои байнибахшӣ дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ асос ёфтааст. Ва чун натиҷаи татбиқи ҳамин стратегия, мутобиқи афзалиятҳои кишвар дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тандурустӣ оид ба пешгирии бемориҳои нисбатан паҳнгардида ва идораи масъалаҳои афзалиятноки тандурустӣ барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ таҳия ва дар амал татбиқ мегарданд. Яке аз муҳимтарини онҳо Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, консепсияи ислоҳоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар айни замон, сарфи назар аз дастовардҳо, вазъи умумиро дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тандурустӣ ҳанӯз самарабахш номидан мумкин нест. Дар айни замон аксарияти нишондиҳандаҳои саломатии миллат Тоҷикистонро дар муқоиса бо дигар кишварҳои дорои сатҳи миёнаи даромад ҳамчун давлати дорои сатҳи нисбатан пасти мақоми тандурустӣ тавсиф менамояд.
Сиёсати пешгирифтаи давлат аз рушди масъулияти ҷамъиятӣ ва шахсии ҳар фард ба саломатии аҳолӣ иборат аст.
Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ба пешгирии расонидани зарар ба саломатии одамон, ҳифзи муҳити зист ва таъмини истифодаи самарабахши захираҳо, афзоиши инвеститсияҳои ба саломатии аҳолӣ нигаронидашуда, муттаҳидсозӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ бо ҷалби ҳамаи идораҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, динӣ, конфессияҳо, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ, ҳамаи шаҳрвандон ба пешгирии бемориҳо ва ҳавасмандгардонии тарзи ҳаёти солим, мубориза бо нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, кам кардани истеъмоли машрубот ва истифодаи тамоку, беҳбуди саломатии занон ва атфол, беҳбуди таъминот бо озуқа _равона гардидааст.
ТАВСИФОТИ АСОСИИ ҲОЛАТИ САЛОМАТӢ ВА ТАРЗИ ҲАЁТИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Вазъи саломатии аҳолӣ индикатори муайянкунандаи сатҳи осудаҳолии иҷтимоии ҷомеа мебошад, ки ба таври назаррас ба омилҳои иқтисодӣ, экологӣ ва бештар иҷтимоӣ вобаста аст.
Мутобиқи маълумоти омории Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи демографӣ дар кишвар дар солҳои 1990-2001 бо баъзе равандҳои мусбӣ тавсиф меёбанд: паст гардидани сатҳи таваллуд аз 38.4 ба 1000 аҳолӣ (1990) то 27.2 (2001), паст гардидани сатҳи фавт аз 6.2 ба 1000 аҳолӣ (1990) то 5.1 (2001), паст гардидани суръати афзоиши табиӣ ба 1000 аҳолӣ аз 32,2 (1990) то 22.1 (2201), паст гардидани сатҳи фавти кӯдакон аз 40.9 (1990) то 27.9 ба 1000 нафар зинда таваллудшудагон.
Давомнокии миёнаи умр яке аз нишондиҳандаҳои асосии тавсифгари на танҳо ҷараёни тиббию демографӣ, балки саломатии одамон низ мебошад, дар даҳ соли охир рӯ ба афзоиш овардааст. Агар дар соли 1991 давомнокии миёнаи умр 70.5 сол бошад (мардон -67.8; занон - 73.2) пас дар соли 2000 ин нишондиҳанда то 67.6 сол поин омад (мардон 65.6-занон - 71.3).
Дар байни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ вобаста ба нишондиҳандаҳои давомнокии умр Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Ин нишондиҳандаҳо дар кишварҳои Европаи Ғарбӣ нисбат ба Тоҷикистон 8-10 сол бештар аст.
Дар панҷ соли охир (1997-2001) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши умумии бемориҳо аз 31730 (1997) то 36942 ба сад ҳазор аҳолӣ ба мушоҳида расида, дар сохтори он бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ҷойи якумро ишғол мекунад ва 15702 ба сад ҳазор аҳолӣ мебошад. Сипас бемориҳои узвҳои ҳозима (3355), системаҳои узвҳои таносул ва шоша 1379, узвҳои гардиши хун 925 (ба сад ҳазор аҳолӣ) мавқеъ гирифтаанд.
Афзоиши нисбатан баланди бемориҳои зайл ба мушоҳида мерасанд: аномалияҳои модарзод (ноқисиҳои инкишоф) аз 50.0 ба сад ҳазор аҳолӣ (1997) то 51.6 (2001); ҳолатҳои алоҳидаи дар давраи перинаталӣ баминёомада аз 6900 то 9772 ба сад ҳазор зинда таваллудшудагон, харобии асаб (психикӣ) ва вайроншавии ҳаракат аз 16.7 (1997) то 22.2 (2001) ба ҳар сад ҳазор аҳолӣ. Бояд тазаккур дод, ки сарфи назар аз сиёсати фаъолонаи давлат дар мубориза бо бемориҳои рӯдаю меъда, сироятҳои респираторӣ, ин гурӯҳи бемориҳо ба афзоиш тамоюл доранд ва сироятҳои шадиди рӯдаю меъда аз 915.2 (1997) то 2944.2 (2001) ба ҳар сад ҳазор аҳолӣ, бемориҳои шадиди сироятии респираторӣ аз 4021 (1997) то 8461.9 (2001) ба ҳар сад ҳазор аҳолӣ зиёд гардид, ки сабабҳои асосии чунин вазъ аз инҳо иборатанд:
таъмини ғайриқаноатбахши аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, аз ҷумла ҳолати шабакаҳои хатти интиқоли об ва иншоот, бад гардидани ҳолати санитарии ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, корҳои нокифоя оид ба поксозии санитарӣ ва ободонӣ;
бад будани шароитҳои коммуналию маишӣ, тӯдашавӣ;
бад гардидани ҳолати санитарию техникии мактабҳо ва аз ҳад зиёд будани теъдоди тарбиягирандагон дар онҳо, мавҷуд набудани таъминоти муташаккил бо озуқа ва шароит барои риояи низоми обнӯшӣ ва ҳарорат;
сатҳи пасти маърифати санитарии аҳолӣ, мавҷуд набудани таҷриба ва дониши кофии вобаста ба гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ.
Чун солҳои гузашта мубталоӣ ба бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам афзоиш меёбад ва агар дар соли 1997 35.5 ба ҳар сад ҳазор аҳолӣ бошад, пас дар соли 2001 он ба 55.6 баробар буд.
Чунин вазъият инчунин ҳангоми бақайдгирии омосҳои бадфарҷоми бори аввал ошкоршуда низ ба мушоҳида мерасад, ки он ба сад ҳазор аҳолӣ аз 23.0 дар соли 1997 то 34.9 дар соли 2001 афзоиш ёфт.
Раванди афзоиши бемориҳои тавассути алоқаҳои ҷинсӣ интиқолёбанда низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад ва агар дар соли 1997 он 12.1 бошад, дар соли 2001 ин нишондиҳанда ба 17.6 ба 100 000 аҳолӣ расид.
Сарфи назар аз омори расмӣ, ки бо паст шудани бемории сифлис тавсиф карда мешавад, вазъи воқеӣ хеле ташвишовар мебошад, ки дар ин хусус ҳодисаҳои бемориҳои сифлиси модарзодӣ шаҳодат медиҳанд.
Бад гардидани вазъи эпидемиологӣ оид ба сирояти ВИЧ низ ба мушоҳида мерасад. Дар 1.5 соли охир сатҳи ин беморӣ дар муқоиса бо 10 соли қаблӣ 8 маротиба афзоиш ёфт, ки сабаби асосии он зиёд гардидани шахсони нашъаро бо роҳи тазриқ, бо истифода аз сӯзандоруҳои ғайристерилӣ дар гурӯҳҳо истифодабаранда, инчунин зиёд гардидани шахсони хизматрасони алоқаҳои шаҳвонӣ мебошад.
Ҳамчунин афзоиши мунтазам бақайдгирии маъюбшавии бори аввал боиси ташвиш аст, зеро танҳо дар се соли охир ин нишондиҳанда 17 нафар ба 100 000 аҳолӣ афзоиш ёфта, дар соли 2001 -12 нафар ва дар соли 200216 нафар ба 100 000 аҳолӣ баробар буд.
Тамоюли маъюбшавӣ аз бемориҳои асабу рӯҳӣ 15 фоиз, ноқисиҳои дилу рагҳои хунгузар 13 фоиз, сил - 9 фоиз, инчунин бемориҳои узвҳои босира -8 фоиз мебошад.
Маълум аст, ки чунин паст гардидани вазъи саломатии аҳолӣ боиси зиёни назаррас ба ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инсонӣ мегардад. Вазъи мавҷуда танҳо ҳангоми амали фаъолонаи давлат дар соҳаи пешгирии бемориҳо, инчунин ҳавасмандгардонии ҳатмии тарзи ҳаёти солим, ки ба шуғли фаъолона ба тарбияи ҷисмонӣ, хӯроки солиму ратсионалӣ, риояи тадбирҳои гигиеиӣ ва санитарӣ, истисно намудани истифодаи нашъа, тамоку ва нӯшокиҳои спиртӣ нигаронида шудаанд, метавон дигаргун намуд.
ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ
Яке аз омилҳое, ки ба таҳкими саломатии инсон, рушди қобилияти ҷисмонии ӯ мусоидат менамояд, ин тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 фоиз аҳолии калонсол ба таври доимӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул буда, барои фоизи ниҳоя ками атфол, машғулият дар шӯъбаҳо, клубҳо ва муассисаҳои варзишӣ дастрас мебошанд. Ба таври мисол дар мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон то имрӯз танҳо 15 ҳазор машғули варзиш мебошад.
Дар солҳои охир шумораи мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон хеле кам гардидааст.
Тарбияи кадрҳоӣ тренерӣ низ масъалаи ниҳоят мубрам аст ва шумораи онҳо дар панҷ соли охир тақрибан 30 фоиз кам гардид. Бояд тазаккур дод, ки аксаран дар тафаккури хонандагон, волидони онҳо ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ба ақидаи омӯзгорон дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ аз рӯи аҳамияти худ дуюмдараҷа дониста мешавад. Ҳаҷми машғулиятҳои таълимӣ оид ба тарбияи ҷисмонӣ дар барномаҳои таълимии маълумоти умумӣ, миёна ва олӣ аз сатҳи меъёрҳои илмӣ асоснокшуда ду маротиба камтар мебошад. Амалан системаи тадбирҳои варзишию солимгардонӣ ва пешгирикунанда дар ташкилоту муассисаҳо, инчунин вобаста ба маҳалли зист ва фароғати аҳолӣ вуҷуд надорад. Шумораи клубҳо, толорҳо, сексияҳои варзишии кӯдакону наврасон, махсусан дар деҳот ба таври назаррас кам гардидааст. Таҷҳизоти варзишӣ ва толорҳои машқ вуҷуд надоранд ва ё аз нигоҳи техникӣ фарсудаанд. Ҳамаи ин ба аҳолӣ, махсусан ба атфол ва наврасон дастрас будани машғулият ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд месозад.
ҒИЗОГИРӢ
Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки дар даҳ соли охир масъалаҳои тандурустии ҷамъиятӣ вобаста ба омилҳои ғизогирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле тезу тунд шуда, исгеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ба таври назаррас кам гардид. Агар соли 1991 истеҳсоли маҳсулот чунин бошад (тонна/сол): гӯшти гов - 75.3, гӯсфанд (аз ҷумла буз) - 20, шир -587.2, моҳӣ - 4261, равғани наботот - 76.1, сабзавот -627.8, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ бар ҳар як сар аҳолӣ - 7 кг, моҳӣ -0.8 кг, шир-25.5 кг, маҳсулоти қаннодӣ - 8.9 кг, равғани растанӣ-.13.9 кг, орд , 138 кг рост меомад, дар соли 2000 ин нишондиҳандаҳо чунинанд: гӯшти гов - 29.6, гӯсфанд (аз ҷумла буз) - 16, шир - 309.8, моҳӣ - 161, равғани наботот - 23.1, сабзавот - 354.4, маҳсулоти гӯштӣ бошад бар ҳар як сар аҳолӣ - 0.3 кг, моҳӣ - 0.03 кг, шир - 0.5.кг, маҳсулоти қаннодӣ -05 кг, равғани растанӣ - 3,8 кг, орд - 50.1 кг.
Натиҷаҳои тадқиқотҳои алоҳидае, ки дар ш.Душанбе доир гардид (бо дастгирии ТУТ, солҳои 1993 - 97) нишон доданд, ки сафедаҳои ҳайвонот дар ғизои мактаббачагони 10-сола (7-10 г бар ивази 46 г) ва мактаббачагони 15- сола (10-15 г ба ивази 54-59 г) дар муқоиса бо бузургиҳои тавсияшаванда хеле кам аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки витаминҳои гурӯҳи В ва дигар маводи озуқаворӣ дар ғизои гурӯҳҳои таҳкиқшуда ниҳоят кам аст. Бояд тазаккур дод, ки тадқиқоти мазкур нисбат ба гурӯҳи хурди интихобӣ анҷом дода шуда, он мисоли ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тағйироти сохтори хӯрок дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҷисмонӣ таъсири манфӣ расонда, ба афзоиши бемориҳои вобастагии олиментарӣ дар байни аҳолӣ мусоидат намуд.
Тибқи тадқиқотҳои алоҳида муқаррар гардид, ки:
- зудии афзоиш наёфтани атфоли аз 6- моҳа то 5 -сола 30.9 фоизро ташкил медиҳад;
- 57 фоизи мактаббачагон (дар баъзе гурӯҳҳои синну солию ҷинсӣ 71 фоиз) мубталои бемории ҷоғар мебошанд;
- беш аз 50 фоизи атфол, занони синну соли таваллуд мубталои бемории норасоии оҳан (анемия) мебошанд;
- 52 фоизи атфоли аз 6 -моҳа то 5 -сола аз нарасидани витамини А азият меқашанд.
Ҳамчунин масъалаҳои норасоии витаманҳои гурӯҳи В, фарбеҳшавӣ ва ниҳоят кам будани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар соҳаи ғизои самарабахш, нигоҳ доштани хусусият ва анъанаҳои истеъмоли ғизо ба мушоҳида расиданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли саноатии ғизои атфол, инчунин маҳсулоти озуқаи махсуси муолиҷавию профилактикӣ вуҷуд надорад.
Дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дар бораи паҳншавии нокифоягии озуқаворӣ дар байни аҳолӣ вуҷуд надорад.
ТАМОКУКАШӢ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти саҳеҳ дар мавриди тамокукашӣ ва тақсимоти он вобаста ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, таҳлили дақиқ оид ба вазъи масъалаҳои тамокукашӣ, маълумоти дақиқ вобаста ба теъдоди бемориҳо ва фавти ба тамокукашӣ алоқаманд вуҷуд надорад. Ҳамчунин гузаронидани таҳлили вазъи фавт вобаста ба тамоку имконнопазир аст, зеро дар кишвар на танҳо сигарет, балки истифодаи нос хеле паҳн шудааст, ки он дар муқоиса бо сигорет арзон буда, махсусаа барои кӯдакону наврасрн нисбатан дастрас аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нос аз ҷониби сектори хусусӣ тайёр гардида, истеҳсол ва фурӯши он назорат карда намешавад.
Тибқи тадқиқотҳои маҳдуд муқаррар гардид, ки дар байни хатмкунандагони мактабҳои деҳот 21 фоиз аз нос ва 28.5 фоизи хатмкунандагони мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ сигаретро истифода мебаранд. Дар байни донишҷӯёни макттабҳои олӣ ин нишондиҳандаҳо бештаранд.
Дар баъзе минтақаҳои алоҳида, ки ба таври хусусӣ тамоку парвариш менамоянд, аз меҳнати кӯдакон ва Занон аз ҷумла занони ҳомила ниҳоят зиёд истифода мебаранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузории муқарраркунандаи синну соли ҳадди ақал барои харидорӣ ва истифодаи маҳсулоти тамоку вуҷуд надорад. Беш аз ин маҳсулоти тамоку ҳамчунин ба кӯдакон низ фурӯхта мешавад. Дар мавриди оқибатҳои истифодаи тамоку барои саломатӣ иттилооти саҳеҳ ва саривақтӣ вуҷуд надорадва вобаста ба ин наврасон ва ҷавонон барои саноати тамоку гурӯҳи мақсаднок ва шумор мераванд. Тамокукашӣ махсусан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба таври васеъ паҳн гардидааст, ки он хатари бемориҳои саратон (саратони шуш), дилу рагҳои хунгузарро афзун намуда, ҳамчунин ҳуқуқи одамонро ба муҳити солиму тозаи экологӣ маҳдуд месозад.
АЛКОГОЛ (машруботи спиртӣ)
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти саҳеҳ оид ба паҳншавии истифодаи машруботи спиртӣ вуҷуд надорад, зеро чунин тадқиқот дар кишвар гузаронида нашудааст.
Муҳимии ин масъала ба афзоиши воридшавии нӯшокиҳои спиртии ғайристандарӣ, ки аз ҷониби сохторҳои тиҷоратӣ ва шахсони алоҳида, нуқтаҳои савдои бахши хусусӣ ба бозор ворид мешаванд, мавҷуд набудани қонунгузорӣ дар бораи маҳдудсозии синну солии дастрас намудани маҳсулоти спиртӣ алоқаманд мебошад.
Мутобиқи маълумоти пешакии мавҷуда шумораи ашхосе, ки ба майзадагӣ мубталоянд, дорои тамоюли рушд мебошад. Дар соли 2001 дар муассисаҳои_наркологӣ 9071 беморони музмини майзадагӣ, аз ҷумла 8713 нафар мард.(96.5 фоиз) 358 (3:9 фоиз) нафар зан ба қайд гирифта шудаанд. Дар 24 (0.26 фоиз) бемор дараҷаи якуми майзадагӣ ташхис гардида, 8489 нафар (93.5 фоиз) дараҷаи дуюм ва 558 нафар (6.1 фоиз) мубталои дараҷаи сеюми майзадагӣ ташхис гардиданд. Зиёд набудани теъдоди беморони музмини майзадагии дараҷаи 1 аз он сабаб аст, ки дар ин ҳолат беморон чун қоида ба кӯмаки наркологӣ муроҷиат намекунанд ва вобастагии ҷисмонӣ вуҷуд надорад.
Таҳлили сохтори синнусолии беморони мубталои майзадагии музмин, ки дар диспансерҳои наркологӣ ба қайд гирифта шудаанд, ба афзоиши гурӯҳҳои синнусолии 36-45 сола (46.0 фоиз) 26-35 сола (21 фоиз), 56-65 сола (14.1 фоиз) гувоҳӣ медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки дар муқоиса бо солҳои гузашта "ҷавоншавии" гурӯҳҳои асосии беморони ба ҳисоб гирифта, сарфи назар аз ҷинси онҳо, афзоиш ёфта, зиёдашавии шумораи беморони музмини майзадагӣ дар баини синну соли қобили меҳнат (24-45 сола) ба мушоҳида мерасад.
Сухан дар мавриди он бемороне меравад, ки ихтиёрӣ барои кӯмаки наркологӣ муроҷиат намуданд ва он воқеияти ҳолати мавҷударо ба таври саҳеҳ инъикос наменамояд.
Маълумоти омории расмӣ дар мавриди дар соли 2002 дар маҷмӯъ афзудани истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ, асосан навъҳои саҳти нӯшокиҳои спиртдор, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад (нисбат ба соли 1999 бештар аз 62 ҳазор литр). Ҳамзамон корҳо оид ба пешгирии майзадагӣ, махсусан дар байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон мунтазам доир намегардад ва системаи тарбияи зиддиалкоголӣ дар байни аҳолӣ таҳия намудааст. Сӯҳбатҳои мунтазам дар байни мактаббачагон, донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи махсус ва олӣ ноифоя мебошад. Ҳамчунин ба ин масъала дар воситаҳои ахбори умум (матбуоти даврӣ, радио ва телевизион) низ кам таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад.
МАВОДИ НАШЪАДОР
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи транзити маводи нашъадор ҷойгир шуда, маҷбур аст бо масъалаи ниҳоят муҳими паҳншавии нашъамандӣ дар байни аҳолӣ рӯ ба рӯ шавад ва барои пешгирии чунин транзит қувваи зиёдро сафарбар сохта, аз буҷети кишвар барои мубориза бо муомилоти ғайрӣқонунии масраф намояд.
Дар кишвар маълумоти саҳеҳ оид ба паҳншавии нашъамандӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин дар солҳои охир афзоиши теъдоди шахсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар ба мушоҳида мерасад. Дар соли 2001 дар муассисаҳои наркологии ҷумҳурӣ 5303 нафар нашъамандон ба қайд гирифта шуда буданд. Таҳлили хусусияти воситаҳои нашъаовари истеъмолшаванда нишон медиҳад, ки аз щумораи умумии беморони ба қайд гирифташуда 77.2 фоиз героинро истеъмол намуда, шумораи беморони нашъаманде, ки онро тавассути тазриқ истифода мекунанд, зиёд мегардад (1419 бемор , 31.1 фоиз). Нашъамандӣ нисбатан бештар дар байни мардон - 95.7 фоиз паҳн шудааст, вале дар ду соли охир шумораи занон, ки бори аввал ҳамчун нашъаманд ташхис шудаанд низ афзоиш меёбад - 4.3 фоиз. Омӯзиши хусусиятҳои синнусолии беморони нашъаманд гувоҳӣ медиҳад, ки шумораи ҷавонони нашъамандро аз кунҷковӣ оғознамуда, вале зуд таҳти вобастагӣ қароргирифта афзоиш меёбад.
Сабабҳои асосии ин падида мавҷуд набудани хостаҳои маънавӣ ва дастурҳо оид ба фаъолияти меҳнатӣ, муносибати манфӣ нисбат ба таълим, мавҷуд набудани ташкили фароғат, норасоиҳо ва щалатфаёмонии тарбия дар оила, аз хурдй ҷалб гардидан ба тамокукашӣ, истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ, деформатсияи муносибатҳои инсонӣ ва яке аз омилҳои муҳимтарин - дастрас будани воситаҳои нашъадор мебошад.
МУҲИТИ ЗИСТ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои шароитҳои нодири табиию иқлимӣ буда, дар он тақрибан ҳамаи минтақаҳои иқлимии замин аз арктикӣ то субтропикиро дучор омадан мумкин аст. Ба ғайр аз ин омилҳои зиёди антропогенӣ мавҷуданд (нуриҳои минералӣ, пестидсидҳо, партовҳои истеҳсолӣ ва ғайра), ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар ҷараёни ташаккули соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон асосан саноати кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, металлургияи ранга, саноати электрохимиявӣ ва гидроэнергетика рушд ёфтаанд.
Усулҳои экстенсивӣ дар соҳаи кишоварзӣ боиси аз ҳад зиёд истифода бурдани нуриҳои минералӣ, химикатҳои заҳрдор гардид, ки қисми бештари онҳо ба озуқа, фазои атмосфера ва об омехта мегардид.
Шароитҳои иқлимию географӣ дар паҳн шудани бемориҳои сироятӣ нақши муайянро ба ҷо меоранд. Мубталои ба бемории сироятӣ дар ҳамвориҳои ҳамаи вилоятҳои пахтакор нисбат ба минтақаи баландкӯҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар аст. Бемориҳои сироятӣ дар ноҳияҳои пахтакор дар фасли гарми сол ниҳоят афзоиш меёбад. Мубталоии аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ ба сатҳи шароитҳои иҷтимоии зист, сифати об, озуқа ва ғайра ба таври дахлдор алоқаманд буда, ба саломатии аҳолӣ, паст гардидани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, воридоти маҳсулоти озукавории хориҷии аксаран пастсифат, тиҷорати бенизоми кӯчагии маҳсулоти озуқа, вайрон кардани қоидаҳои, интиқол, нигаҳдошт ва фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чоҳҳо бо мавод ва партовҳои кӯҳпораҳои дорои таркиби элементҳои радиоактивӣ ва таъсири байнисарҳадӣ мавҷуданд, ки барои саломатии аҳолӣ хатари имконпазир доранд.
Вобаста ба афзоиши дараҷаи тағйирёбии шароити иқлимию географӣ ва таъсири омилҳои антропотехногенӣ дар манзари аз ҳад зиёд шадид гардидани усулҳои механизмҳои адаптатсионию мусоидгардӣ, ки аз сабаби камбизоатӣ вусъат меёбад, нишондиҳандаҳои тавсифкунандаи саломатӣ ва давомнокии умри аҳолӣ бад мегарданд.
Ба ҳамин маънӣ, сатҳи саломатӣ, рушди ҷисмонӣ, нишондиҳандаҳои пиршавӣ ва давомнокии умри аҳолӣ ба муттасилии омилҳои номусоиди экологӣ дар Тоҷикистон алоқаманд мебошад, ки он зарурати омӯзиши минбаъда ва дар ин асос таҳияи тадбирҳои самарабахши ба солимгардонии муҳими зисти ҷумҳурӣ нигаронидашударо тақозо менамояд.
КАМБИЗОАТӢ
Мутобиқи ҳисоботи Бонки Умумиҷаҳонӣ "Ташхиси камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (соли 2000) - 83 фоизи аҳолии кишвар дар сатҳи камбизоатӣ қарор доранд.
Камбизоатӣ, ки бо сатҳи даромад ва хароҷот, сатҳи дастрас будани маориф, тандурустӣ, таъминоти об, захираҳои мухталифи энергетикӣ, хизматрасонии нақлиёт, воситаҳои ахбори умум муайян мегардад, пеш аз ҳама дар симои гурӯҳҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ ҳифзнашудаи аҳолӣ инъикос гардида мустақиман ба вазъи саломатӣ таъсир мерасонад. Инро махсусан дар деҳот, ки беш аз 70 фоизи аҳолӣ дар он ҷой зиндагӣ мекунанд, мушоҳида кардан мумкин аст.
Маҳз дар шароити камбизоатӣ вазифаи аввалиндараҷа аз ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ иборат мебошад, ки он ҳам муносибати худи инсонро ба саломатии хеш, ҳамчунин нақши ҷомеаро барои дастгирии саломатии одамон дар бар мегирад. Аз ин рӯ, ташаккули тарзи ҳаёти солим вазифаи хеле мушкил буда, бо як қатор масъалаҳои маҷмӯие, ки ҳамаи душвориҳои ҳаёти имрӯзаро инъикос менамояд, алоқаманд аст ва ҳалли он муносибати ҳамгироишуда, байниидоравӣ ва маҷмӯиро тақозо менамояд.
САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ БАРНОМАИ МИЛЛИИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲО:
Мақсади барномаи мазкур аз баланд бардоштани сатҳи маърифати санитарию гигиении аҳолӣ, ташаккули муносибати нави шаҳрвандон ба саломатӣ, ҳавасмандгардонии тарзи ҳаёти солим, инчунин беҳбуди сифати зиндагӣ ва муҳими зисти одамон иборат аст.
Вазифаҳои асосӣ оид ба татбиқи мақсадҳои асосии Барнома аз инҳо иборатанд:
мусоидати фаъолона ба тарзи ҳаёти солим;
тақвияти фаъолияти пешгирикунанда дар системаи тандурустӣ ва таҳкими саломатии одамон дар сатҳи КАТС;
таьмини муҳими зисти барои саломатӣ ва ҳаёти одамон бехатар;
фароҳам овардани шароитҳои зарурии иҷтимоӣ, ки ба ҳифз ва таҳкими саломатии одамон, инчунин баланд бурдани сифати зиндагии онҳо ннгаронида шудааст;
таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин таъмини ба таври васеъ ба гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ дастрас будани таълимоти гигиенӣ ва тарбия;
ҷалби фаъоли худи аҳолӣ дар татбиқи унсурҳои асосии Барнома.
Принсипҳои асосии татбиқи Барнома аз инҳо иборатанд:
таъсиси системаи дастгирӣ ва таъмини фаъолияти ҳамаи бахшҳо, инчунин ҳамкориҳои байнибахшӣ ба манфиати саломатӣ ва ҳифзи тандурустӣ;
таҳкими таваҷҷӯҳ ба тадбирҳои масъулияти шахсӣ ва коллективӣ дар масъалаҳои маърифат ва огоҳӣ;
таҳия ва татбиқи муносибатҳои маҷмӯӣ ба коммуникатсия ва маърифати аҳолӣ оид ба ҳифз ва таҳкими саломатӣ дар сатҳҳои инфиродӣ, оилавӣ ва популятсионӣ;
тақвияти корҳои илмию тадқиқотӣ бо мақсади таҳияи консепсия, муайян намудани афзалиятҳо, стратегияи ташаккули тарзи ҳаёти солими аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дарки умумии масъулияти зарурӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳои вобаста ба саломатии аҳолӣ ва тандурустӣ.
ТАШКИЛОТ ВА НАВЪҲОИ ФАЪОЛИЯТ
Бо дарназардошти хусусияти давлатӣ доштани "Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010" ҳамоҳангии Барнома аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, корхонаҳои давлатию ғайри давлатӣ анҷом дода мешавад.
Дар бахши тандурустӣ идораи Барнома аз ҷониби муовинони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳа, тавассути сохторҳои дахлдор ва марказҳо оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим амалӣ мегардад.
Дар сатҳҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳамоҳангсозони Барнома муовинони раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки соҳаи тандурустиро сарпарастӣ мекунанд, мебошанд. Муовинони ҳамоҳангсозҳо сардорони идораҳои (мудирони шӯъбаи) тандурустии мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), сардухтурони шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Барои татбиқи самтҳои асосии стратегӣ дар ҷумҳурӣ Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим (МҶТТҲС) таъсис дода шудааст.
Иҷрои Барнома дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Унсурҳои афзалиятноки Барноман ташаккули тарзи ҳаёти солим аз инҳо иборатанд:
- ғизои хушсифату самарабахш;
- рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- мубориза бо истифодаи машруботи спиртӣ;
- пешгирии тамокукашӣ ва нос;
- мубориза алайҳи нашъамандӣ;
- ташаккули одоби бехавфи ҷинсӣ;
- пешгирии бемориҳои сироятӣ;
- ҳифзи муҳити зист.
ҒИЗОИ ХУШСИФАТУ САМАРАБАХШ
Сиёсат ва стратегияи мусоидат ба ғизои хушсифату самарабахш барои аҳолӣ бо дарназардошти тавсияҳои ТУТ, таҷрибаи ҷаҳонӣ, хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва миллии кишвар амалӣ мегардад. Мақсади сиёсати Мазкур аз баланд бардоштани маданияти ғизои солим бо роҳи ҷалби васеи аҳолӣ ҷиҳати таблиғи принсипҳои ғизои самарабахш, инчунин таъмини ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас будани маҳсулоти озуқаи бехатар дар амал татбиқ мегардад.
Фаъолият ҷиҳати ноил шудан ба мақсад:
Таҳияи Барномаи ғизои солим ва фаъолнокии ҷисмонӣ. Мӯҳлат: дар соли 2004 Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи беҳбуди сифати маҳсулоти озуқаворӣ мутобиқи талаботи байналмилалӣ ва паҳн намудани меъёрҳои ғизои хушсифат ва самарабахш дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мӯҳлат - солҳои 2004-2005).
Амалӣ намудани тадбирҳои дахлдоре, ки ба истифодаи принсипҳои саҳеҳ оид ба гигиенаи маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла аз истеҳсол то истеъмол нигаронида шудааст ва фаъолият ҷиҳати паст кардани ифлосшавии микробию химиявии маҳсулоти озуқа, истифодаи стандартҳо дар чунин соҳаҳо ба монанди байторӣ ва гигиенаи маҳсулоти озуқа (ҳамаи бахшҳое, ки барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти озуқа масъуланд) (мӯҳлатсолҳои 2003-2005).
Ноил шудан ба паст кардани вайронкунӣ вобаста ба нокифоягии йод ҳамчун масъалаи умдаи тандурустии ҷамъиятӣ аз ҳисоби истеҳсол ва таъмини аҳолии ҳамаи минтақаҳо бо намаки йоддоршуда. (мӯҳлат - солҳои 2004-2005). (Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои истеъмолкунандагон "Тоҷикматлубот").
Ноил шудан ба паст кардани сатҳи анемияи норасоии оҳан (камхунӣ) ҳамчун масъалаҳои тандурустии ҷамъиятӣ, бо роҳи истеҳсол ва таъмини аҳолӣ бо орди дорои минералҳои оҳан (Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои истеъхмолкунандагон "Тоҷикматлубот" (доимӣ то соли 2010).
Ташкили системаи мониторинги синамаконӣ ва таҳлили тадбирҳо оид ба татбиқи стратегияи глобалии ТУТ ҷиҳати беҳбуди синамаконӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (доимӣ).
Таъмини шароит барои анҷом додани назорат ва сифати безарарии маҳсулоти озуқа ва ашёи хоми озуқаворӣ, яъне ташкили лабораторияи замонавии муҷаҳҳаз (мӯҳлат - солҳои 2004-2005).
Таҳияи сандуқи ҳадди ақалли истеъмолӣ барои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мӯҳлат - соли 2004).
Ташкили системаи барномаҳои таълимӣ барои таблиғи донишҳои замонавӣ дар мавриди хӯрокворӣ ва пешгирии бемориҳои вобаста ба озуқа, таълими мутахассисон дар соҳаи ғизогирӣ (мӯҳлати иҷро солҳои 2003-2004).
Иҷрокунандагон: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ
Мақсадҳои асосӣ:
Мусоидат ба паҳнкунии оммавӣ ва маъмул сохтани фаъолнокии солими ҷисмонӣ ва таблиғи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷиҳати баланд бардоштани сифати зиндагӣ ва ноил шудан ба мукаммалии маънавию ҷисмонӣ.
Фаъолият ҷиҳати ноил шудан ба мақсад:
Таҳия ва татбиқи механизмҳои идора ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои мухталиф дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (мӯҳлат солҳои 2003-2004).
Таъмини эҳтиёҷоти минтақаҳои алоҳида ба кадрҳо, бозомӯзӣ ва омодасозии кормандони соҳаи варзиш (мӯҳлат то 1-01 -2006).
Такмили барномаҳои заминавии томактабӣ, мактабӣ ва донишҷӯён оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (доимӣ)".
Таъмини аҳолӣ бо иттилооти зарурӣ дар мавриди манфиати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои саломатӣ (доимӣ).
Иҷрокунандагон: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рушди барномаҳо оид ба ташкили фароғат ва истироҳати аҳолӣ, инчунин минтақаҳои истироҳат ва туризм, ба фаъолияти ҷисмонӣ ва таҳкими саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Иҷрокунандагон: Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) (мӯҳлат солҳои 2003-2004).
Фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои аз ҷониби атфоли синни томактабӣ ва мактабӣ иҷро намудани ҳаҷми аз нигоҳи илмӣ асоснокшудаи ҳаракат ва фаъолнокӣ.
Иҷрокунандагон: Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (мӯҳлат солҳои 2003-2010).
Таҳияи барномаҳои ҷавонон ва таъмини тадбирҳои фарҳангию оммавӣ оид ба афзоиши ҳаҷми фаъолсозии ҳаракати донишҷӯён ва коргарҷавонон (мӯҳлат солҳои 2003-2005).
Иҷрокунандагон: Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии туризм "Сайёҳ", мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматхо) (мӯҳлат солҳои 2003-2010).
Ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷалб намудани аҳолии аз нигоҳи иҷтимоӣ Осебпазир, таъмини шароит барои шуғли маъюбон, гурӯҳҳои камбизоат ва бекорон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъсиси муассисаҳои махсуси варзишӣ барои маъюбон (мӯҳлат солҳои 2003-2006).
Иҷрокунандагон: Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо).
Таъсиси системаи назорати тиббии саломатии шахсоне, ки ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, солимгардонӣ ва варзиш ҷалб шудаанд.
Иҷрокунандагон: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мӯҳлат солҳои 2003-2010).
МУБОРИЗА БО СӯИИСТИФОДА АЗ МАШРУБОТИ СПИРТДОР
Мақсади асосӣ:
Иттилоъдиҳии оммавии аҳолӣ ба манфиати истифодаи бомулоҳизаи машруботи спиртӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди иҷтимоию фарҳангӣ ҷиҳати кам кардани сатҳи истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, ки то соли 2010 набояд дар як сол бештар аз 6 литр бошад ва дар байни шахсоне, ки ҳанӯз ба синни 15 нарасидаанд, ба сифр баробар карда шавад (мӯҳлат солҳои 2003-2010).
Фаъолият ҷиҳати ноил шудан ба мақсад:
* таҳия ва татбиқи Барнома оид ба кам кардани зараре, ки тавассути нӯшокиҳои спиртӣ расонида мешавад ва ба стратегияи Хапртияи Европа оид ба алкогол нигаронида шудааст Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон;
* таҳия за тасдиқи санадҳои меъёрие, ки тартиби воридоти қонунӣ, истеҳсол ва фурӯши нӯшокиҳои спиртиро таъмин ва барои қонуншиканӣ масъулиятро муқаррар намуда, ваколати мақомоти давлатиро оид ба ин масъалаҳо таҳким мебахшанд (мӯҳлат солҳои 2003-2004);
* ҷорӣ намудани тадбирҳои қонунгузорӣ оид ба маҳдуд сохтани дастрасии маҳсулоти спиртдор ба шахсоне, ки ҳанӯз ба синни 18 - солагӣ нарасидаанд (мӯҳлат соли 2004).
(Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Манъи рекламаи нӯшокиҳои спиртӣ (Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
* тақвияти ҷазое, ки барои пешгирии идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ нигаронида шудааст (Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва рушду такмили тадбирҳо оид ба беҳбуди устувори вазъ вобаста ба истифодаи воситаҳои нашъадор, ки дар натиҷа боиси бад гардидани саломатӣ мегардад (мӯҳлат солҳои 2003-2004).
* ташаккули мавқеи муайян дар байни аҳолӣ ва махсусан дар байни ҷавонон, ки ба паст кардани эҳтиёҷот ба нӯшокиҳои спиртӣ нигаронида шудааст (мӯҳлат доимӣ то соли 2010).
* доир намудани тадбирҳои маърифатӣ дар байни мутахассисон ва воситаҳои ахбори умум, инчунин гурӯҳҳои васеи аҳолӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба зарари назаррасе, ки дар натиҷаи истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ба саломатии аҳолӣ ва иқтисоди кишвар расонида мешавад (мӯҳлат солҳои 2003-2010).
Иҷрокунандагон: Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷиқистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи "Хӯрокворӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
КАМ КАРДАНИ ИСТИФОДАИ ТАМОКУ ВА МАҲСУЛОТИ ОН
Мақсади асосӣ:
Баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар мавриди зарари тамоку, фарохам овардани фазои иҷтимоие, ки ба паст кардани сатҳи тамокукашӣ мусоидат менамояд.
Фаьолият ҷиҳати ноил шудан ба мақсад:
таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳо оид ба мубориза алайҳи истифодаи тамоку ва нос;
рушди заминаи таълимию иттилоотӣ барои аҳолӣ дар мавриди оқибатҳои хатарноки истифодаи тамоку (мӯҳлат доимӣ то соли 2010);
расонидани кӯмаки кафолатноки ҳамаҷониба ба истифодакунандагони тамоку, ки мехоҳанд тарки одат кунанд (мӯҳлат доимӣ то соли 2010),
такмили ҳифзи меҳнати шахсоне, ки дар истеҳсолоти тамоку машғуланд, манъ намудани истифодаи меҳнати атфол ва занони ҳомила дар парвариш ва коркарди тамоку (мӯҳлат то соли 2003-2005),
баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар мавриди зарари тамоку, фароҳам овардани фазои иҷтимоие, ки ба паст кардани сатҳи паҳншавии истифодаи тамоку мусоидат менамояд (мӯҳлат доимӣ то соли 2010),
пешгирии истифодаи тамоку дар байни занон - пешбурди корҳои тавзеҳотӣ дар байни занон, духтарон, наврасон (мӯҳлат доимӣ то соли 2010),
татбиқи ҳавасмандгардонии иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар усулҳое, ки боиси радди истифодаи тамоку мегардад (мӯҳлат то соли 2005).
Таъсиси махзани ягонаи маълумот оид ба истеҳсол, воридот ва фурӯши маҳсулоти тамоку (мӯҳлати иҷро солҳои 2005).
Иҷрокунандагон: Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
КАМ КАРДАНИ СИТИФОДАИ НАШЪА
Мақсади асосӣ:
Рушд ва такмили тадбирҳо оид ба беҳбуди вазъ вобаста ба истифодаи маводи нашъаовар, кам кардани зарар ва вобастагӣ аз қабули маводи нашъаовар ва воситаҳои психотропӣ.
Фаъолият ҷиҳати ноил шудан ба мақсад:
таҳияи санадҳои қонунгузорие, ки ба маҳдуд сохтани фурӯши маводи нашъаовар мусоидат мекунанд.
Тақвияти татбиқи Барномаи миллии пешгирӣ ва мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти инсон, синдроми норасоии масунияти инсон ва бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ интиқолшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар байни аҳолӣ ва пеш аз ҳама дар байни ҷавонон ташаккул додани мавқее, ки ба паст кардани эҳтиёҷот ба воситаҳои нашъаовар нигаронида шудааст (доимӣ то соли 2010).
Омӯзиши хусусиятҳо ва тағйирот дар рафтори нашъамандони тавассути тазриқ истифодабаранда ҷиҳати ошкор намудан, таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба рафъи омилҳое, ки боиси сирояти ВИЧ ва рушди СПИД мегардад. (Баланд бардоштани сатҳи дониш, таъмин бо сӯзандоруҳои якдафъаина, тавсеаи дастрас будани кӯмаки тиббӣ, машварати тиббӣ ва ғайра) (мӯҳлат соли 2004).
Доир намудани барномаҳои маърифатӣ дар мактабҳо, мактабҳои махсуси таълимӣ ва мактабҳои олӣ, инчунин дар байни аҳолии аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир оид ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД (мӯҳлати иҷро солҳои 2003-2010).
Иҷрокунандагон: Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ.
САЛОМАТӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ
Мақсадҳои асосӣ:
Ҷалби аҳолӣ ба ҷараёни таҳияи сиёсат ва татбиқи он дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва саломатӣ, ноил шудан ба фарҳанги баланди аҳолӣ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити солими зист.
Фаъолият ҷиҳати ноил шудан ба мақсад:
Идомаи фаъолият оид ба такмили заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемирлогии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди ҳамкориҳои байнибахшӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ. Таҳлил бо арзёбии саҳеҳи манбаъҳои оби нӯшокӣ, ифлосшавии фазои атмосфера, ошкор намудани сабабҳои асосии номусоидии экологӣ. Таҳияи тавсияҳои мушаххас оид ба беҳбуди муҳити зист. Таъсиси махзани маълумот ва системаи мониторинг вобаста ба гигиенаи муҳити зист ва такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба муҳити зист.
Татбиқи муваффақонаи Нақшаи миллии фаъолият оид ба гигиенаи муҳити зист (доимӣ).
Такмили ҳамкориҳои байнибахшӣ, гузаронидани ҷаласаҳои муштарак, конференсияҳо, мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои муҳити зист. Ҷалби созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ дар ҳамкориҳои байнибахшӣ.
Ташаккул ва татбиқи маърифати санитарию гигиении аҳолӣ бо роҳи тарбия ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ оид ба гигенаи муҳити зист ва тарбияи экологӣ барои гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ. Таъсиси барномаҳои таълимӣ барои атфол. Татбиқи нақшаи заминавии таълимӣ барои мактабҳо, мактабҳои миёнаи махсус ва муассисаҳои олии таълимӣ, фаслҳо оид ба масъалаҳои гигиенаи муҳити зист. Дар воситаҳои ахбори умум инъикос намудани иттилоот вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист.
Беҳбуди сифати иншооти муҳити зист (манбаъҳои оби нӯшокӣ, маҳсулоти озуқа, фазои атмосфера ва хок) ва таҳияи тавсияҳо оид ба такмили муҳити табиии иҷтимоӣ ва истеҳсолии зист (мӯҳлат то солҳои 2003-2010).
Иҷрокунандагон: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо). (мӯҳлат солҳои 2003-2010).
НАҚШИ ИТТИЛООТ, КОММУНИКАТСИЯ ВА МАОРИФ ДАР СОҲАИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
Мақсади асосӣ:
Таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттилооти зарурӣ дар мавриди саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим, истифодаи самарабахши воситаҳои иттилоот, коммуникатсия ва маориф бо мақсади дастгирии санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ дар соҳаи ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин таъсиси системаи замонавии тарбияи омӯзгорон оид ба масъалаҳои маърифати санитарӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ.
Фаъолият ҷиҳати ноил шудан ба мақсад:
таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо бо мақсади истифодаи фаъоли воситаҳои иттилоот, коммуникатсия ва маориф дар соҳаи ташаккули тарзи ҳаёти солим. Истифодаи техникаи замонавии иттилоотӣ барои таъсиси системаи нави иттилоотии тарзи ҳаёти солим. Баланд бардоштани самарабахшии ВАУ дар рушди муносибат, арзишҳо ва манфиатҳои солимии фард. Муносибати гуногунҷабҳаи ВАУ дар соҳаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоии ҷомеа. (мӯҳлат солҳои 2003-2005),
таъсиси маркази миллии иттилоотӣ оид ба маводи коммуникатсионӣ дар соҳаи тарзи ҳаёти солим. (мӯҳлат соли 2005),
рушди захираҳои инсонӣ ва тарбияи гурӯҳҳои мутахассисон оид ба реклама, сотсиологҳо, журналистон, омӯзгорон, волонтёрҳо (ихтиёриён) оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим (мӯҳлат солҳои 2003-2006);
такмили методологияи коммуникатсия оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва таҳияи адабиёти таълимии методӣ барои омӯзгорон, кӯдакони то синни мактабӣ ва мактаббачагон, гурӯҳҳои васеи аҳолӣ, таҳияи барномаҳои телевизион ва радио оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим (мӯҳлат солҳои 2003-2006);
таъмини ҳамкориҳои байнибахшӣ бо созмонҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ барои таҳияи муносибати ягона дар ҳалли масъалаҳои тарзи ҳаёти солим ва гузаронидани семинару конференсия ва музокирот (доимӣ);
таълими малакаи тарзи ҳаёти солим дар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо, муассисаҳои миёнаю олии таълимӣ ва ташкил намудани шабакаи миллӣ оид ба лоиҳаи ТУТ "Мактабҳои таҳкими саломатӣ" (доимӣ то соли 2010),
ташкили марказҳои тарзи ҳаёти солим дар муассисаҳои таълимӣ. Гузаронидани конференсияҳо, лексияҳо, корҳои берун аз аудитория таҳти шиори "Ҷавонони солим - саломатии миллати оянда" (мӯҳлат солҳои 2004-2005),
таъмини шароити мусоид барои таълим, фароғат ва солимгардонии наврасон ва ҷавонони мактабҳои ва назорати риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои таълимӣ. (мӯҳлати иҷро солҳои 2003-2010).
Иҷрокунандагон: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо).
ТАҲЛИЛ ВА МОНИТОРИНГ ТАЪМИНИ ТАТБИҚИ БАРНОМА
Арзёбии самарабахши, пуррагии таъминот ва истифодаи захираҳои молиявӣ, моддӣ ва кадрӣ.
Арзёбии тадбирҳо:
1. Аз ҷониби вазорату идораҳо таҳия намудани нақшаи тадбирҳо оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим.
2. Таҳияи ҳисоботи мухтасар (як маротиба дар нимсола) дар мавриди фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим.
3. Таҳия ва пешниҳоди ҳамасолаи ҳисобот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Гузаронидани пурсиш (анкета) дар байни аҳолӣ ва ҷавонон дар хусуси огоҳӣ оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим.
5. Ба истиқрор даровардани сатҳи ташаккули тарзи ҳаёти солим.
- Сафарбарсозии шарикон
Шарикӣ ба манфиати саломатӣ дар соҳаҳои мухталиф зарур мебошад.
Дар он иштироки шахсони алоҳида ва мақомоти манфиатдор ҷалб карда мешаванд, аз ҷумла:
- вазоратҳо: тандурустӣ, маориф, корҳои дохила, фарҳанг, молия, адлия,
- кумитаҳои: телезизион ва радио, кор бо ҷавонон, занон ва оила, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш,
- агентиии назорати маводи нашъаовар,
- марказҳо дар назди Вазорати тандурустӣ, ки самтҳои асосии афзалиятноки фаъолияти тандурустиро таъмин мекунанд: мубориза алайҳи СПИД, саломатии репродуктивӣ, пешбурди ҳамгироишудаи бемориҳои синну соли атфол, иммунопрофилактика, синамаконӣ, мубориза, алайҳи бемориҳои тропикӣ ва сил, инчунин дигар хадамоти тандурустӣ, ки ҳам барои пешгириҳои бемориҳои сироятӣ ва ҳам ғайрисироятӣ, ҷароҳат ва бемориҳои рӯҳӣ тамоюл ба бдатҳои номатлуб (тамокукашӣ, майпарастӣ, нашъамандӣ) ва озуқаи самарабахш масъуланд ва муттаҳидсозии онҳо дар асоси ҳамкорӣ ва шарикӣ дар фаъолият ба манфиати ҳифзи саломатии аҳолӣ.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ
- Марказҳо оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими вазоратҳои тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - оид ба мубодилаи иттилоот ва ҳамкориҳои илмӣ;
- Бюрои минтақавии Европоии ТУТ - дастгирии техникӣ, молиявӣ ва машваратӣ;
- намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубодилаи иттилоот бо кишварҳои европоӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ;
- Фонди глобалии мубориза алайҳи СПИД, сил, вараҷа, ЮНИСЕФ," Фонди СОРОС, ЮСАИД - дасггирии техникӣ ва маърифатӣ;
- Бонки Осиёгии Рушд - дастгирии техникӣ ва маърифатӣ;
- Бонки Умумиҷаҳонӣ - кӯмаки техникӣ, маъракаҳои ҷамъиятию иттилоотӣ.
ФАСЛИ ИҚТИСОДӢ
Татбиқи самарабахши Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010, ки мақсади он ба беҳбуди саломатии аҳолӣ бо роҳи мусоидат ҷиҳати дарки баланд бардоштани сифати зиндагӣ ва муҳити зист, ташаккули муносибати нав ба саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим нисбат ба ҳар як инсон ва ҷомеа дар маҷмӯъ нигаронида шудааст, танҳо ҳангоми маблағгузории буҷетӣ, ҷалби манбаъҳои берунӣ ва дастгирии молиявии сарпарастон имконпазир аст.
Маблағгузории буҷетӣ дар доираи маблағҳои барои ҳар як мақоми иҷроия пешбинишуда сурат мегирад.
Дастгирии берунии молиявӣ бо роҳи ҷалби кредитҳои имтиёзнок ё дар асоси грант, ворид намудани лоиҳаҳои самтҳои дахлдор ба Барномаи сармоягузории давлатии Ҳуқумати Ҷумхурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.