Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 феврали соли 1997 № 103
тасдиқ шудааст
Низомномаи кумитаи металлҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Кумитаи металлҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) мақоми давлатии идора ва танзими сохторҳои саноати истихроҷ, коркард, истифода ва ба фурӯш расонандаи металлҳои қимматбаҳо, хӯлаҳои металл, маъдани аз он тоза шуда, ҷамъ ва коркарди партовҳои металл ва металлҳои қимматбаҳо ва инчунин корҳои иктишофи маъдани металлҳои қимматбаҳо дар ҳудуди кӯҳҳои ба ин мақсад ҷудогашта ва дар ҳудуди масоҳати манофеи мушатараки корхонаҳо тибқи иҷозатномаҳои шакли таъингашта мебошад. Дар фаъолияти худ бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.
2. Кумита чун мақоми идораи давлати ба комплекси муттаҳидаи истеҳсолию хоҷагидори роҳбари менамояд ва дар тобеияти он корхонаҳо ва муассисаҳое мебошад, ки ба истихроҷ ва аз коркарди маъданҳои дорои металлҳои қиммат, бо гирифтани маъдани тозашудаи он, хӯлаҳои металли ва металлҳои қиматбаҳо, иктишоф, инчунин сохтмони, нақлиёти, таъмироти, ташкилотҳои таъминоти, муассисоти иҷтимоию фарҳанги, хадамоти ва ғайра идораҳои истеҳсолкунанда машғул ҳастанд. Дар асоси қарордод таҳти идораи Кумита корхонаҳои хурд, артелҳои заршӯи ва худфаъол, инчунин корхонаҳои дигари моликияти мухталиф фаъолият мекунанд.
3. Дар фаъолияти худ Кумита тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомнома амал мекунад;
4. Кумита тибқи шароит ва тартиби барои идтиҳодияҳои истеҳсоли муайянгардида мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Фаъолияти ӯ аз ҳисоби худмаблағгузори, инчунин аз ҳисоби буҷети давлати, ки барои иктишофи маъдан тибқи барномаи тасдиқшуда ҷудо карда мешавад, сурат мегирад.
5. Кумита ва корхонаҳои тобеи он, ки ба истихроҷ ва коркарди металлҳои қимматбаҳо машғуланд, корхонаҳои низоми махфи мебошанд.
6. Кумита шахси ҳуқуқи буда, дорои баланси мустақил, дар бонкҳо суратҳисоби қарзу пардохт, мӯҳр бо нақши Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ мебошад.
7. Корхонаҳои истеҳсолии тобеи Кумита дар асоси тартиби худтаъминкунии молияви амал карда, шахси ҳуқуқи, дорои балансҳои мустақил мебошанд ва дар бонкҳо суратҳисоби қарзу пардохт доранд.
Муносибати ҳуқуқии Кумита бо корхонаҳову шӯъбаҳои сохтори тобеъ тибқи ҳамин Низомнома, асноди қарордоди, муассиси ва оинномаҳои корхонаҳо танзим мегардад.
8. Вазифаҳои асосии Кумита иборатанд аз:
- якҷоя бо дигар ташкилотҳои идораи давлати таҳия намудани сиёсати давлати дар соҳаи тавлид, истифода ва ба фурӯш расонидани металлҳои қиматбаҳо;
- таъмини афзоиши доимии Хазинаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо металлҳои қимматбаҳо ва ашъё аз он;
- таҳвили металлҳои қимматбаҳо ба Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъсиси захираи тилло ва арзи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳар чи бештар таъмин намудани талаботи хоҷагии халқи ҷумҳури бо металлҳои қимматбаҳо;
- баланд бурдани самаранокии иктишофи маъданҳои кӯҳи, истихроҷи маъдан ва коркарди маҳсулоти маъдани:
- танзими корҳои истеҳсолот ва тибқи тартиботи муайянгашта фурӯши маҳсулоти тайёр, маҳсулоти аз металлҳои қимматбаҳо сохташуда ва навъҳои дигари мол дар бозорҳои дохили ва хориҷи.
- кашфи конҳои нави канданиҳои фоиданок, васеъ сохтани конҳои истифодашаванда, сохтани корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои иловагии кор.
9. Кумита намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамчун муассис дар таъсиси корхонаҳои муштарак бо ширкатҳои хориҷи, ки тибқи вазифаҳои Кумита ташкил мегарданд, иштирок намуда, муносибати онҳоро бо муассисаҳои давлати танзим менамояд.
10. Кумита дар ҳалли масоили зайл масъулият дорад:
- татбиқи сиёсати давлати ва ҳамоҳанг сохтани корҳо дар соҳаи истихроҷ, коркарди захираи маъдане, ки металлҳои қимматбаҳо дорад;
- тайёр ва ба фурӯш расонидани маҳсулоти ниҳои:
- мураттаб ва ҳаматарафа омӯхтани канданиҳои фоиданок ба мақсади афзун сохтани захираи металлҳои қимматбаҳо;
- истифодаи ҳамаҷонибаву босамари канданиҳои фоиданок ҳангоми истифодаи конҳои дар балансаш қарордошта;
- фароҳам сохтани шароити бехатари кор;
- таъмини ҳифзи металлҳои қимматбаҳо дар тамоми давраи тавлид ва истифодаи онҳо;
11. Кумита тибки вазифаҳое, ки ба зиммаи он вогузор шудааст:
- дар таҳияи самтҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳури, ки ба салоҳияти Кумита дахл доранд, ширкат менамояд;
- дар кори додани иҷозатномаҳо барои истихроҷ, коркарду поксозии металлҳои қимматбаҳо, аз нав коркарди партовҳои металлҳои қиматбаҳ барои ҳосили маҳсулоти ниҳоии он иштирок менамояд, додани иҷозатномаҳои воридоту содироти металлҳои қиматбаҳо ва молҳои дорои ин навъ металлҳоро мувофиқат мекунонад;
- нақшаҳои истеҳсоли ҳамарӯза ва дурнамои соҳаро тартиб дода, барои амали гаштани онҳо имконият фароҳам месозад;
- истифодаи технологияи пешрафтаро дар соҳаи истихроҷ ва коркарди захираҳои конҳо, инчунин тавлиди маҳсулот аз металлҳои қимматбаҳо ба роҳ мемонад;
- робитаҳои ҳамкориро бо соҳибкорон, аз ҷумла бо ширкатҳои хориҷи, ки дар корхонаҳои муштарак, лоиҳаҳо ва қарордодҳо саҳм мегиранд, анҷом медиҳад;
- бо мувофиқаи идораҳои дахлдор лоиҳаи истихроҷи маъдану коркарди онҳоро тасдиқ мекунад;
- ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаро барои ҳисобу китоб, тарҳрези ва маблағгузори таҳия менамояд;
- баҳисобгирии маъданҳои истихроҷшуда ва ашъёи ҳамсафари маъданро дар тамоми марҳилаҳои технологи, то ба фурӯш расонидани он идома медиҳад;
- тарбия, такмили ихтисос ва бозомӯзиши коргаронро ташкил мекунад;
- ба мақсади рушди соҳа корҳои илмию тадқиқотиро ба роҳ мемонад.
- дар корҳое, ки истихроҷ идома дорад, дар ҳудуди қисматҳои ҷудогашта ва қисматҳои мансуб ба манфиатҳои муштарак корҳои иктишофи мебарад ва барои тасдиқ ба ҳайати давлатии муайянкунандаи захираҳои конҳои фоиданоки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси захираҳои кашфшуда гузориш таҳия менамояд, тибқи тартиботи муайянгашта меъёри дороии захираро тасдиқ мекунад ва назорати бақайдгирии корҳои ҷустуҷӯии геологиро таъмин менамояд;
- ба Фонди давлатии геологи дар хусуси корҳои аз қайди давлати гузашта ва баланси захираҳо гузориш медиҳад, захираҳои тасдиқнашударо тибқи тартиби муайянгардида аз ҳисоб хориҷ мекунад;
- тибқи тартиби қонуни назорати соҳавиро оид ба истифода ва ҳифзи конҳо таъмин менамояд;
- нақшаи ҳифзи муҳитро таҳия ва бо идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, дар маҳалҳои кор иҷрои онро таъмин менамояд;
- ҳифзи меҳнат ва бехатарии корро назорат ва таъмин мекунад;
- корҳои робитаҳои иқтисодии хориҷи, амалиёти воридотию содиротиро тибқи қонуни ҷори дар доираи салоҳияти худ танзим ва амали менамояд;
- ҳамроҳ бо идораҳои дахлдори давлати нархи фурӯши металлҳои қимматбаҳо ва маҳсулоти аз он таҳияшударо бо дарназардошти ивазшавии қурбу арз ва нархҳои бозори ҷаҳони тағъир медиҳад.
- тавсияҳои методи ва ҳидоятномаҳоро дар хусуси ташкили кори самаранок бо дигар мақомоти идори таҳия ва тасдиқ мекунад;
- меъёрҳои хароҷотро барои истеҳсоли ҳар як воҳиди муайяни маҳсулот барраси ва тасдиқ мекунад;
12. Кумита амволи барояш вогузошташударо дар доираи муайяннамудаи қонун ва мутобиқи таъинот ва мақсадҳои он соҳиби, истифода ва ихтиёрдори менамояд;
13. Ба Кумита Раис роҳбари мекунад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад.
14. Раиси Кумита роҳбарии умумиро таъмин мекунад ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда, масъул аст.
15. Раиси Кумита фаъолияти дастгоҳи иҷроияро танзим мекунад, назорати иҷрои қарорҳои ташкилотҳои давлатиро татбиқ менамояд, дар доираи салоҳияти худ фармонҳо, супоришҳо, датурҳо содир менамояд, оинномаҳои корхонаҳои тобеашро тасдиқ мекунад, аз номи Кумита амал намуда, манфиати онро дар ташкилотҳо ҳимоя мекунад, тибқи тартиботи ҷори ба амволи Кумита ҳукмрони мекунад, шартномаҳо ва аз ҷумла шартномаҳои кори имзо мекунад, кафолатномаҳо медиҳад, дар бонкҳо ҳисобномаҳои пули мекушояд, ҳуқуқи ихтиёрдории молияро дорад, амр содир мекунад, ки барои ҳама кормандон ҳатмист.
16. Раиси Кумита муовинҳо, аз ҷумла, як муовини аввал дорад, ки онҳоро бопешниҳоди вай Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Тақсими вазифаҳо байни муовинон аз тарафи раис сурат гирифта, дар коллегияи кумита тасдиқ мегардад.
17. Дар Кумита коллегия дар ҳайати раис (Раиси Кумита) муовинон тибқи вазифаҳояшон, инчунин кормандони дигари Кумита таъсис мегардад. Теъдод ва ҳайати Шахсии аъзои коллегияи Кумита аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. Қарорҳои коллегия аз тариқи фармонҳои Раиси Кумита амали мегарданд;
18. Раиси Кумита роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумита, муовинони онҳо, сармуҳосибонро таъин ва аз кор озод мекунад, бо роҳбарони корхонаҳо қарордодҳо имзо мекунад;
19. Раиси Кумита намояндаҳои тарафи Тоҷикистонро ба ҳайати раёсати корхонаҳои муштарак таъин мекунад.
20. Кумита нисбати корхона, идораву муассисоти тобеаш ҳамчун ташкилоти роҳбарикунандаи давлати баромад мекунад.
21. Кумита фаъолияти худро ҷамбаст намуда, тибқи тартиботи муқарраршуда ба ташкилотҳои дахлдор гузоришҳои омори ва муҳосибави пешниҳод менамояд.
22. Кумита мутобиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- сохтори ташкилоту корхонаҳои тобеашро тасдиқ ва тағъир диҳад;
- фаъолиятҳои тиҷорати, робитаҳои иқтисоди хориҷиро анҷом диҳад;
- тибқи тартиботи муқаррари, чун муассис баромад кунад ва корхонаҳои хурд, филиалҳо, идтиҳодия (артель) таъсис диҳад, дар таъсиси корхонаҳои муштарак иштирок намояд, аз ҷумла ба концернҳо, ассоциацияҳо ва ширкатҳои саҳомии хориҷи шомил шавад;
- моликияти Кумитаро идора кунад, тибқи тартиботи ҷори моликияти молиявию пулиро соҳиби истифода ва ихтиёрдори намояд, ба фурӯш расонад, бо дигар субъектҳо таслим диҳад, табдил кунад ва ба иҷора диҳад.
- тибқи тартиботи ҷори маҳсулоти худро ба фурӯш расонад, дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои хориҷи ва мамлакатҳои ИДМ ҳисобҳои арзи кушояд;
- маблағҳои арзиро, ки баъди пардохтҳои ҳатми боқи мемонанд, тибқи салоҳдиди худ истифода барад;
- пул ва арзҳои озодро дар пасандози бонкҳо нигоҳ дорад;
- намояндагиҳо, ташкилот, шӯъбаҳои худро дар кишварҳои хориҷи ва мамлакатҳои ИДМ нигоҳ дорад;
- акция ва дигар қоғазҳои арзишнок харад, худ барорад, ба маркетинг машғул шавад;
- самаранокии қарордодҳои воридоту содироти молҳои арзишноки корхонаҳои тобеашро барраси намояд.
23. Шаклу усул ва андозаи музди меҳнати кормандони дастгоҳи Кумита ва шартҳои ҳавасмандгардонии онҳо аз тарафи Кумита, мустақилона, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд.
24. Барҳам додан ё аз нав ташкил кардани Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 феврали соли 1997 № 103
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи металлҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият - ҳайати мушовара
Раёсати истеҳсолию техники
Шӯъбаи геологи
Шӯъбаи тараққиёт, пешбини ва молия
Шӯъбаи робитаҳои иқтисоди ва сармоягузори
Идораи таъминоти моли-техники ва фурӯш
Муҳосибаи маркази
Шӯъбаи маъмурию хоҷаги
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 феврали соли 1997 № 103
тасдиқ шудааст
Рӯйхати ташкилоту корхонаҳои тобеъ ё ба таври қарордод амалкунанда, Кумитаи металлҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корхонаи муштараки "Дарвоз" (ширкати Голд Энд Минерал Экскавейшен ИНК, Ҷазираҳои Британия)
Корхонаи муштараки "Зарафшон" (ширкати Комменвелф Энд Бритиш Минерале ПЛК)
Корхонаи муштараки "Апрелевка" (АО Гулф Интернейшнл Минерале Канада)
Комбинати маъдантозакунии Адрасмон
Идораи нақбканию сохтмонии Адрасмон
Заводи мошинолоти сустволтаи Адрасмон
Заводи заргарии ш. Душанбе бо намояндагиҳояш
Ширкати тиҷоратии бо молҳои рӯзгори таъминкунандаи коргарон.
Базаи таъмири-техники "Золотоснаб"
Бо шароити қарордод
Артели тиллошӯёни "Помир"
Артели тиллошӯёни "Кӯлоб"
Идтиҳодияи истеҳсолии "Ёқут"
Ширкати "Геолог"
Корхонаи хурди "Алишер"
Корхонаи хурди "Исо"
Маркази тиҷоратии "Москва"