Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 аз 1 сентябри соли 2005, № 338

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 сентябри соли 2005 № 338

тасдиқ шудааст

Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010

Марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозори, бозсозии сохтор дар иқтисодиёт ва муносибатҳои истеҳсоли ба пешравии занбӯрпарвари, ки яке аз соҳаҳои муҳим ва фоидаовари иқтисодиёти ҷумҳури ба ҳисоб меравад, бетаъсир намонд. Дар натиҷа аз 250 ҳазор оилаи занбӯри асали дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳури дар соли 1992 мавҷудбуда, то 1 январи соли 2005 ҳамаги 49 ҳазор оила боқи мондааст.

Кам шудани оилаҳои занбӯри асал ба дараҷаи гардолудшави ва ҳосилнокии зироатҳои асосии дар ҷумҳури парваришёбанда, аз қабили пахта, юнучқа, растаниҳои ҷангалу чарогоҳҳо, сабзавот, дарахту буттаҳои мевадиҳандаи бо ҳашарот гардолудшаванда (энтомофили) таъсири манфи расонид. Таҷрибаҳои илмию истеҳсоли нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи бо занбӯри асал гардолуд шудан ҳосили пахта, боғот, офтобпараст ва дигар растаниҳои энтомофили аз 30 то 50 фоиз меафзояд.

Ғайр аз ин ба фурӯш баровардани маҳсулоти занбӯри асал (асал, мум, прополис, гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра) дар дохил ва хориҷи кишвар боиси даромади зиёд, ворид гардидани асъори хориҷи ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳури мегардад.

Захираҳои мавҷудбудаи растаниҳои шаҳддиҳандаи ҷумҳури (зиёда аз 5 млн. га) имконият медиҳад, ки дар ҷумҳури зиёда аз 800 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда, соле 10-12 ҳазор тонна асал ва ба миқдори зиёд маҳсулоти дигари он истеҳсол карда шавад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудан ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарвари иҷро намудани чорабиниҳои зеринро ҳатми мешуморад.

I. Бунёди заминаи моддию техникии соҳаи занбӯрпарварӣ

Имрӯз дар ҷумҳури ягона корхонае, ки ба парвариш ва афзун намудани миқдори оилаҳои занбӯри асал машғул аст, Корхонаи воҳиди занбӯрпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вазифаи асосии ин корхона таъмин намудани занбӯрпарварони ҷумҳури, новобаста аз шакли моликияташон бо тамоми асбобу анҷоми занбӯрпарвари, тайёр ва коркарди маҳсулоти занбӯри асал, барқарор намудани оилаҳои хушзоти занбӯри асал мебошад.

Инчунин корхонаи мазкур корҳои зеринро амали менамояд:

- ҷори намудани технологияи нав барои баланд бардоштани истеҳсоли асал ва дигар маҳсулоти он;

- расонидани ёрии байтори, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва дар байни хоҷагиҳои занбӯрпарвар ва дӯстдорони занбӯри асал паҳн намудани он;

- ташкили семинарҳо ва гузаронидани дарсҳои омӯзиши оид ба занбӯрпарвари;

- ташкил намудани манбаи устувори хӯроки занбӯри асал, ҷонноккунии хизматрасонии агроветеринари дар соҳаи занбӯрпарварвари бо роҳҳои гузаронидани чорабиниҳо барои гардолудкунии зироатҳои кишоварзи ва мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал якҷоя бо Сарраёсати байтори бо Иниспексияи давлатии бойтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд тазаккур дод, ки ҳолати имрӯзаи базаи моддию техникии Корхонаи воҳиди занбӯрпарвари хароб гардида, эҳтиёҷоти хоҷагиҳо ва аҳолиро бо асбобу анҷоми технологи таъмин карда наметавонад. Ин яке аз сабабҳои асосии ба занбӯри асалпарвари машғул нагардидани хоҷагиҳо ва аҳоли мебошад.

Барои барқарор ва рушди соҳа бояд таъсиси сехҳои махсуси тайёр кардани қуттии занбӯри асал, чорчӯба, кӯрпача, мумварақ, асбобу анҷоми занбӯрпарвари дар Корхонаи воҳиди занбӯрпарвари, ва филиалҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шуда, онҳо бо таҷҳизоти дахлдор таъмин карда шаванд. Дар ин сехҳо сохтани аробаҳоро (присепҳо) барои кӯчонидани занбӯрҷойҳо (пасека) ба роҳ мондан зарур аст.

Корхонаву сехҳои истеҳсоли асбобу анҷоми занбӯрпарвари моликияти давлати буда, фаъолияташонро бо роҳи худмаблағгузори анҷом медиҳанд.

Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи занбӯри асал мувофиқи мақсад аст, ки Маркази ҷумҳуриявии дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи инкишофи истеҳсолоти кишоварзии маҳалли ва идораи ҳавзаю дарёҳо дар ноҳияҳои Ванҷ, Данғара, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Рашт, Нуробод, Мастчоҳи Кӯҳи, Айни ва Панҷакент оид ба масъалаи зикргардида мусоидат намояд.

II. Ташкили кори зотпарварӣ

Барои таъмини кори устувори зотпарвари дар ҷумҳури ба Корхонаи воҳиди занбӯрпарвари лозим аст, ки камаш 1000 оилаи хушзоти занбӯри асали ба шароити табиии Тоҷикистон мутобиқшуда дошта бошад.

Ҷиҳати нигоҳ доштан ва такмил додани сифатҳои маҳсулноки ва зотии намудҳои занбӯри асал, назорати тозагии зот, ноҳиябандии он Институти илми-тадқиқотии чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар заминаи Корхонаи воҳиди занбӯрпарвари корҳои илмитадқиқотиро анҷом диҳад. Омӯзиши касалиҳои занбӯри асал аз ҷониби Институти тадқиқоти-илмии ветеринарияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон амали карда мешавад.

III. Ташкили коркарди саноатии маҳсулоти занбӯрпарварӣ

Коркарди саноати ва бастабандии маҳсулоти занбӯри асал аз ҳисоби додани қарзҳои кӯтоҳмуддати бонкҳо, ҷалби маблағҳои ватани ва хориҷи бояд амали шаванд.