Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2005 № 237
тасдиқ шудааст
Барномаи заминавии кӯмаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Муқаррароти умумӣ
1. Барномаи заминавии кӯмаки тиббию санитари ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Барнома) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурусти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, то қабули Барномаи заминавии навбати амали мегардад.
2. Барнома аз ду қисмат иборат буда, инҳоро дар бар мегирад:
- Барномаи кафолати давлатии таъмини кӯмаки ройгони тиббию санитари ба аҳоли. Дар барномаи мазкур навъ, ҳаҷм ва тартиби расонидани кӯмаки ройгони кафолатноки тиббию санитари барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлати муайян шудаанд;
- Барномаи расонидани кӯмаки тиббию санитари дар асоси маблағгузории муштарак. Барномаи мазкур навъ ва ҳаҷми кӯмаки тиббию санитари, ки ҳангоми он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории муштарак иштирок менамоянд, муайян месозад.
Навъ ва ҳаҷми кӯмаки тиббию санитарие, ки иловатан аз барнома ё беш аз тартиби пешбининамудаи Барнома расонида мешавад, бо пардохти арзиши пурраи хизматрасони мутобиқи нархномае, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор тасдиқ намудааст ва Тартиби хизматрасонии тиббию санитари ба шаҳрвандон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурусти аз ҳисоби шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, пешниҳод карда мешавад.
3. Мутаносибии навъ ва ҳаҷми кӯмаки ройгони кафолатноки тиббию санитари, навъ ва ҳаҷми кӯмаки тиббию санитарие, ки ҳангоми гирифтани он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби маблағгузории муштарак иштирок менамоянд, ҳар сол бо дарназардошти ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурусти аз ҳисоби буҷетҳои Ҷумҳурияви ва маҳалли мавриди таҷдиди назар қарор мегирад.
4. Мақсади Барнома аз таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастрасии кӯмаки ҳамаҷонибаи тахассусии тиббию санитари, инчунин танзими масъалаҳои вобаста ба иштироки шаҳрвандон дар маблағгузории муштарак иборат мебошад.
Барнома пеш аз ҳама барои беҳтар намудани дастрасии кӯмаки заминавии тиббию санитарии ба гурӯҳҳои аз нигоҳи иҷтимои камбизоат нигаронида шудааст.
5. Нархномаҳо ҷиҳати хизматрасони вобаста ба навъ ва ҳаҷми кӯмаки тибби, ки барнома пешбини намудааст, аз ҷониби муассисаҳои тандурусти дар маҳалҳо таҳия гардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор тасдиқ менамояд.
6. Усули татбиқи Барнома:
- маблағгузории навъи кӯмаки тиббию санитарии пешбининамудаи Барнома аз ҳисоби маблағҳои давлати ва воситаҳои пардохти муштарак;
- такмили системаи ташаккул ва тақсимоти маблағҳои буҷет, ки барои соҳаи тандурусти ҷудо карда мешаванд;
- таъмини ба аҳоли дастрас будани дорувории хушсифат тавассути ҷори намудани стратегияи харидори ва тақсимоти онҳо;
- ҷори намудани қоидаҳои танзимкунандаи аз ҷониби шаҳрвандон гирифтани кӯмаки амбулаторию ва статсионарии тибби дар муассисаҳои тандурусти дар доираи ҳамин Барнома;
- ҷори намудани муносибатҳои шартномави байни мақомоти дахлдори маҳаллии идораи тандурусти ва муассисаҳои табобатию профилактики, инчунин баланд бардоштани мустақилияти молиявии муассисаҳои табобатию профилактики.
7. Навъ ва ҳаҷми кӯмаки ройгони кафолатноки тиббию санитари барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстона, грантҳо, воситаҳои иловагие, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ба даст овардаанд, инчунин дигар манбаъҳое, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, васеъ карда мешаванд.
8. Ҳуқуқи расонидани кӯмаки пулакии тибби бояд дар ҳуҷҷатҳои таъсисотии муассисаҳои тандурусти инъикос карда шавад.
II. Барномаи кафолати давлатии таъмини кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ба аҳолӣ
9. Навъ ва хачми кумаки кафолатноки ройгони тиббию санитари ба шахрвандони Чумхурии Точикистон мутобики хамин Барнома, бо дарназардошти хачми маблаггузории бахши тандурусти аз маблагхои бучетхои Чумхурияви ва махалли, ки барои соли 2005 тасдик гардидаанд, муайян карда мешавад.
10. Кӯмаки кафолатноки ройгони тиббию санитари навъ ва ҳаҷмҳои муайяни хизматрасонии тиббиро дар чунин соҳаҳо дар бар мегирад:
- кӯмаки аввалияи тиббию санитари;
- кӯмаки махсусгардонидашудаи (машварати) тиббию санитари дар шароити амбулатори;
- таъмин бо дорувори;
- кӯмаки статсионари;
- кӯмаки стоматологи;
- чорабиниҳои санитарию гигиени ва зиддиэпидеми.

11. Дар соҳаи кӯмаки аввалияи тиббию санитари (КАТС), Намудҳои кӯмаки кафолатноки ройгони аввалияи тиббию санитарии аз рӯи Барнома дар соҳаи кӯмаки аввалияи тиббию санитари фароҳамоваранда (аз ҷониби муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитари ва дигар муассисаҳои ғайришифохонави), аз инҳо иборатанд:
Дар соҳаи пешгирии бемориҳо:
- машварат, тарғиб ва таълими аҳоли дар соҳаи таҳкими саломати ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;
- машваратҳои ниҳони (аноними) оид ба масъалаҳои ВИЧ/СПИД ва инфексияҳои тавассути алоқаи ҷинси гузаранда;
- чорабиниҳои зиддиэпидеми (дар манбаъҳои инфексия);
- назорати ҷараёни ҳомиладори ва давраи баъди таваллуд;
- назорати вазъи саломатии кӯдакони навзод ва омӯзонидани синнамакони ба модарон;
- назорати вазъи саломатии кӯдакони то синни 5-сола;
- эмкунии кӯдакон дар доираи барномаи васеи сироятнопазири мутобиқи тақвими эмкунии профилактики, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст;
- муоинаи мунтазами профилактикии гурӯҳи бемороне, ки номгӯйи онҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;
- ташхиси хуни донорҳо вобаста ба инфексияҳои гемотрансмиссиви.
Дар соҳаи ташхиси бемориҳо:
- муоинаи бемор;
- ташхиси умумии хуни шахсони имтиёздошта, ки дар замимаи 1 ҳамин Барнома зикр гардидаанд;
- таҷзияи хун барои бемории вараҷа;
- таҷзияи пешоб ва микроскопияи таҳшини пешоб тибқи нишондиҳандаҳо ба шахсони имтиёздошта, ки дар замимаи 1 ҳамин Барнома зикр гардидаанд:
- ташхиси намунаҳои уретрали ё вагиналии ҳомиладорон, ки ба қайд гирифта шудаанд ва мунтазам ба муассисаи дахлдори тибби ташриф меоваранд;
- таҷзияи балғам (микроскопияи намуна);
- муайян кардани қанд дар хун ва пешоб аз рӯи нишондиҳандҳо;
- электрокардиограммам шахсоне, ки дар замимаи 1 ҳамин Барнома зикр гардидаанд, аз рӯи нишондиҳандаҳо;
- таҷзияи умумии хун, таҷзияи умумии пешоб ва флюорографияи ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватшавандагон ва инчунин ба таври ихтиёри, бо роҳхати вазорату идораҳо даъватшудагон, ки хизмати ҳарби барои онҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, тибқи роҳхати комиссияи ҳарбию духтури ҳангоми маблағгузории иловаги аз ҷониби мақомоти маҳалии ҳокимияти давлати.
Дар соҳаи муолиҷаи бемориҳо:
- таъин кардани муолиҷа бо дорувори ва дигар навъи муолиҷа;
- гузаронидани амалиёти тазриқии тибби ва манипулятсия мутобиқи номгӯи тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шикастабанди;
- мутобиқи фармоиши хаттии (ретсепт) духтури оилави, терапевт ва педиатри қитъави тавассути дорухонаҳои ноҳияҳо дар асоси имтиёзнок бо дорувории ройгон таъмин намудани шахсони дар замимаи 1 ҳамин Барнома зикргардида. Ҳамзамон, барои ҳар шахси дар ҳамин замима зикргардида, тибқи нишондиҳандаҳои қатъан асоснок ва бемории асоси дорувори ба таври маҷмӯи ба маблағи на бештар аз 20 сомони дар як сол дода мешавад, ки барои соли 2005 меъёри ниҳои мебошад. Таъминот бо дорувори тибқи Барнома дар доираи Номгӯи воситаҳои асосии дорувори ва Маҷмӯаи дастур оид ба амалияи клиники (ар хадамоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, анҷом дода мешавад;
- кӯмаки бетаъхир тибқи ҳаҷм ва тартиби иҷозатдодаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои КАТС;
- кӯмаки оҷили тибби ба ҳамаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми пешбининамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Ҳамзамон пардохти хароҷоти маводи сӯзишвори вобаста ба сафари бригадаи кӯмаки оҷили тибби ба сифати пардохти иловаги, ба истиснои шахсони имтиёздори дар замимаи 1 ҳамин Барнома зикргардида, аз ҳисоби беморон сурат мегирад.
12. Кӯмаки махсусгардонидашудаи, (машварати) тиббию санитари дар шароити амбулатори.
Кӯмаки махсусгардонидашудаи (машварати) тиббию санитари ба шахсони имтиёзноки дар замимаи 1 ҳамин Барнома зикргардида дар шароити амбулатори аз ҷониби мутахассисони марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот, марказҳои ташхиси, шӯъбаҳои амбулаторию машваратии беморхонаҳои (диспансерҳои) махсусгардонидашудаи вилояти, Ҷумҳурияви ва марказҳо ҳангоми мавҷуд будани роҳхати духтурони оилави, терапевтҳо, педиатрҳо, акушер-гинекологҳои қитъави ва муассисаи тиббии минтақави дар ҳаҷми пурра ройгон расонида мешавад.
Ба дигар шахсон мутахассисони муассисаҳои номбаршудаи тандурусти ҳангоми мавҷудияти роҳхати духтурони оилави, терапевт ва педиатрҳои қитъави, мудирони хонаҳои тандурусти амали зайлро ройгон анҷом медиҳанд:
- беморонро муоина мекунанд;
- муолиҷа бо дорувори ё дигар навъи муолиҷаро таъин мекунанд;
- тазриқи ва манипулятсияҳои тиббиро мутобиқи Номгӯи тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
Ҳангоми дар муассисаҳои зикргардидаи тандурусти мавҷуд набудани мутахассисон ё шароит барои гузаронидани навъҳои алоҳидаи тадқиқоти лаборатори ва ташхиси машварати зарури, навъи ташхис ва манипулятсия дар дигар муассисаҳои тандурусти анҷом дода мешавад, зимнан ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила байни муассисаҳои тандурусти дар асоси шартномаҳои басташуда сурат мегирад.
13. Кӯмаки статсионари:
Муолиҷа дар муассисаҳои тиббии статсионари мутобиқи протоколҳои клиникии тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Ба бемороне, ки ба муассисаҳои тандурусти аз рӯи нишондиҳандаҳои фаври оварда шудаанд, кӯмаки оҷили статсионари то лаҳзаи аз ҳолати барои ҳаёташ хатарнок баровардани онҳо, ройгон расонида мешавад.
Баъди расондани кӯмаки оҷил ва ба эътидол омадани нишондиҳандаҳои гемодинамики ва нафасгири бемор аз рӯи қоидаҳои пешниҳоди кӯмаки нақшавии статсионари ба самти дахлдори муолиҷа гузаронида мешавад ё барои муолиҷа ҳамчун роҳхатдошта дар шароити амбулатори фиристода мешавад.
Ба заноне, ки ба қайд гирифта шудаанд ва мунтазам таҳти назорати муассисаи дахлдори тибби қарор доранд, ёрии тиббии вобаста ба таваллуд ройгон анҷом дода мешавад.
Ҳангоми расонидани кӯмаки оҷили статсионари амалиёти мурракаби ҷарроҳи, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, тибқи тартиби пардохти муштарак анҷом дода мешавад.
Ҳангоми мавҷуд будани роҳхат аз духтурони оилави, терапевтҳо, педиатрҳо, акушер-гинекологҳои қитъави, мутахассисони комиссияҳои ҳарбию тибби, мутахассисони комиссияи экспертии тиббии меҳнат, мутахассисони хадамоти идоравии тибби, (бо онҳое, ки созишномаи мутақобила мавҷуд аст) мутахассисони марказҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо, воҳидҳои машваратии амбулатории ташхисии муассисаҳои тандурустии вилояти ва ҷумҳурияви, марказҳои ташхиси аз рӯи бемориҳои асоси мутобиқи протоколҳои клиникии тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони имтиёзноки дар замимаи 1 ҳамин Барнома зикргардида кӯмаки ройгон мерасонанд. Ҳамзамон, агар хароҷоти воқеи барои муолиҷаи статсионари аз арзиши муолиҷае, ки тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шудааст, зиёд бошад, комиссияи муолиҷавию назоратии муассисаи тандурусти оид ба хароҷоти иловаги барои дорувори қарор қабул мекунад, ки он аз ҳисоби бемор, сарфи назар аз ҳуқуқи ӯ ба имтиёзҳо, ҳамчун пардохти муштарак пардохта мешавад.
Кӯмаки нақшавии статсионари ба ҳамаи гурӯҳҳои боқимондаи аҳоли ҳангоми мавҷуд будани роҳхат аз мутахассисони дар боло зикргардида бо пардохти иловагии 80 фоизи арзиши муолиҷа мутобиқи нархнома фароҳам оварда мешавад. Ба пардохти муштарак илова намудани арзиши дорувори, дигар восита ва маводи банду баст, ки ба муассисаҳои муолиҷавии профилактики чун кӯмаки башардӯстона ё барои татбиқи барномаҳои байналмилали ворид гардидаанд, манъ аст (нигар ба замимаи 2 ҳамин Барнома).
Бемороне, ки ба муолиҷаи статсионари аз ҷониби мутахассисони дар боло зикргардида бе роҳхат фиристода шудаанд, арзиши пурраи муолиҷаро мепардозанд.
14. Кӯмаки стоматологи
Кӯмакҳои зайли стоматологи аз ҷониби шӯъбаҳои (кабинетҳои) марказҳои тандурусти, муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурияви, вилояти ва марказҳои ташхиси ё муассисаҳои мустақили давлатии стоматологи ройгон расонида мешаванд:
а) пешгири (профилактика).
Муоинаи профилактикии дандонҳо ва даҳони кӯдакон дар муассисаҳои кӯдаконаи томактаби, хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умуми, занони ҳомиладор, ду маротиба дар як сол гузаронида мешавад.
Таълими аҳоли ба меъёр ва малакаҳои санитарию беҳдоштии нигоҳубини дандон ва пардаи луобии ковокии даҳон:
б) кӯмаки оҷили стоматологи.
Кӯмаки оҷили стоматологи, аз ҷумла таъминоти зарури бо дорувори ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда мешавад.
Кӯмаки махсусгардонидашудаи стоматологи дар асоси пулаки, аз рӯи нархнома, ки тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ гардидааст, расонида мешавад.
15. Чорабиниҳои санитарию гигиени ва зиддиэпидеми
Ҳаҷм ва навъи чорабиниҳои санитарию беҳдошт ва зиддиэпидеми мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи анҷом дода мешавад.
Ташкили чорабиниҳои профилактики ва зиддиэпидеми дар манбаъҳои инфексияҳои карантини ва таасури фаври ҳангоми душвор гардидани вазъи эпидемиологи.
Таъмин бо системаҳои тести барои ташхиси ВИЧ/СПИД "Дар бораи Барномаи миллии пешгири ва мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти бадан, аломатҳои норасоии масунияти бадан ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2007", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2000 № 516 тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
III. Барномаи фароҳам овардани кӯмаки тиббию санитарӣ дар асоси маблағгузории муштарак (пардохти муштарак)
6. Иштироки шахсони воқеи ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маблағгузории муштараки арзиши кӯмаки тибби, ки дар доираи Барномаи заминави ва зиёда аз ҳаҷми маблағгузории ройгони кафолатдодашудаи тиббию санитари барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, пардохти муштарак мебошад.
17. Маблағгузории муштараки кӯмаки тибби (пардохти муштарак) пардохтҳои зайлро дар бар мегирад:
- барои дорувори;
- барои пардохти музди меҳнат ба ҳайати кормандон, аз ҷумла ба ҳайати кормандони маъмурии идора ва ёрирасон:
- барои пӯшондани хароҷоте, ки мустақиман ба кӯмаки муассисаи давлатии тандурусти алоқаманд аст;
- барои озуқавори;
- барои хароҷоти хоҷаги (маводи масрафшаванда);
- барои намуна ва бланкаҳои тиббии баҳисобгири ва ҳисоботдиҳи:
- барои маводи сӯзишвори ҷиҳати таъмини кӯмаки оҷили тибби;
- барои маводи сӯзишвори барои таъмини даъвати ҳавопаймоҳои санитари аз ҳисоби тарафи даъваткунанда.
18. Ба пардохти иловаги дохил намудани арзиши дорувори ва дигар мавод, маводи басту банд, ки ба муассисаҳои табобатию профилактики чун кӯмаки башардӯстона ё барои татбиқи барномаҳои созмонҳои байналмилали ворид мегарданд, иҷозат дода намешавад (нигар ба замимаи 2 ҳамин Барнома).
19. Навъ ва ҳаҷми кӯмаки тиббию санитари, ки ба фасли II ҳамин Барнома шомил нашудаанд, дар муассисаҳои давлатии тандурусти бо тартиби пардохти муштарак, мутобиқи нархномаи тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти манфиатдор, бо тартиби муқарраргардида анҷом дода мешавад.
20. Дар ҳамаи сатҳҳои хизматрасонии тиббию санитари ҳангоми мавҷуд будани роҳхати муассисаҳои минтақавии тибби (ба истиснои ҳолатҳои таъҷили) шахсони имтиёзноки дар замимаи 1 ҳамин Барнома зикргардида аз пардохти муштарак озод карда мешаванд.
21. Ҷори намудани системаи иштироки муштараки (пардохти муштарак) шаҳрвандон дар муолиҷаи онҳо барои кам кардани ҳаҷми буҷете, ки барои тандурусти (муассисаи тандурусти) ҷудо карда мешавад, асос намебошад.
22. Бемор бояд бо шартномае, ки байни ӯ ва духтур баста шудааст ва он дар ҷои намоёни шӯъбаи бақайдгири ё шӯъбаи қабули муассисаи тибби овехта шудааст, шинос шавад ва ҳангоми мувофиқа бо шартҳои пардохти муштарак, баргардондани он ё дигар масъалаҳои баҳсноки хизматрасони ба он имзо гузорад.
23. Роҳбари муассиса маблағи пардохти муштаракро мутобиқи қарори Шӯрои коллективи меҳнати барои пӯшонидани хароҷоти дар банди 17 ҳамин Барнома зикргардида истифода мебарад. Илова бар ин, барои пӯшонидани хароҷоти ғайричашмдошт фонди эҳтиётии муассиса ҷудо карда мешавад.
24. Муассисаҳои тандурусти вазифадоранд баҳисобгирии омори ва муҳосибавиро аз рӯи ҳамаи маблағҳое, ки аз аҳоли ба сифати пардохти муштарак мегиранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.
25. Пардохти муштарак нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муассисаи тиббии маҳали зист барои хизматрасонии тиббию санитари дар сатҳи дигар роҳхат доранд (ба истиснои ҳолатҳое, ки кӯмаки оҷили тиббиро тақозо менамояд), татбиқ мегардад. Ҳамзамон роҳхат барои кӯмаки тиббию санитари аз як сатҳи хизматрасони ба сатҳи дигар ба таври истисно, танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки агар дар ҳамин ҳолати мушаххас дар ҳамин муассисаи тибби шароити хизматрасонии дахлдор мавҷуд набошад. Масъулияти асоснокии додани роҳхат ба муассисаҳои махсусгардонидашудаи вилояти ва ҷумҳурияви ба зиммаи роҳбари муассисае гузошта мешавад, ки ин роҳхатро додааст.
26. Пардохти муштарак ба бонк ё ба муассисаи тандурусти дар шакли нақди ё ғайринақди гузаронида мешавад. Маблағҳои пардохтгардидаи аҳоли бо истифодаи мошинҳои назоратии кассави ба расмият дароварда мешавад.
Ҳангоми ҳисоби маблағи аҳоли бе истифодаи мошинҳои назоратии кассави муассисаи тандурусти бояд бланки махсусро, ки тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шудааст ва ҳуҷҷати ҳисоботдиҳии қатъи мебошад, истифода барад.
Муассисаҳои тандурусти вазифадоранд чеки кассави ё нусхаи бланкро, ки қабули маблағи накдиро тасдиқ мекунад, диҳанд.
27. Тартиби гузаронидан ва баргардонидани пардохти муштаракро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
IV. Тартиби фароҳам овардани хизматрасонии тиббию санитарие, ки ба Барномаи заминави ворида карда нашудааст
28. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои кӯмаки тиббию санитари ба муассисаи тибби бе роҳхати муассисаи тиббии минтақавии маҳали зист муроҷиат намудаанд, арзиши пурраи хизматрасонии тиббиро мувофиқи нархнома (ба истиснои ҳолатҳои таъҷили) тибқи Тартиби хизматрасонии тиббию санитари ба шаҳрвандон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурусти аз ҳисоби шахсони ҳуқуқи ва воқеи, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, мепардозанд.
29. Ба шаҳрвандони хориҷи кӯмаки тиббию санитари дар муассисаҳои давлатии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пулаки, мутобиқи нархномаи тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти манфиатдор, расонида мешавад.
Замимаи 1
ба барномаи заминавии
кӯмаки тиббию санитари ба
шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2005 № 237 тасдиқ шудааст
Гурӯҳҳои аҳолӣ ва гурӯҳи бемороне, тибқи ҳамин Барнома ба сифати шахсони дорои имтиёз эътироф шудаанд
А. Гурӯҳҳои аҳоли:
- иштирокчиён, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда;
- қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идтиҳоди Шӯрави ва шахсоне, ки бо се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд;
- ҷанговарони интернатсионалист, собиқадорони амалиёти ҷанги дар қаламрави дигар давлатҳо;
- нафақахӯрони шахсие, ки ба онҳо барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа муқаррар гардидааст;
- шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи садама дар Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд;
- маъюбоне, ки ҳангоми иҷрои хизмати ҳарби ҷароҳат бардоштаанд ё осеб дидаанд;
- маъюбон аз кӯдаки, гурӯҳҳои I ва II;
- кӯдакони маъюби то синни 16 -сола;
- кӯдакони ятим, ки дар хонаҳои давлатии ятимон, хонаҳои кӯдакони оилави, интернатҳо барои ятимон зиндаги мекунанд;
- кӯдакони бесаробон;
- кӯдакони то 3-сола;
- занони ба қайд гирифташуда, ки мунтазам ба муассисаи тибби вобаста ба ҳомиладори ташриф меоваранд.
Б. Гурӯҳҳои бемороне, ки аз рӯи нишондоди тибби ба гирифтани кӯмаки ройгони тибби ҳуқуқ доранд:
- бемороне, ки инфаркти шадиди миокардро аз cap гузаронидаанд (дар ду моҳи аввал);
- мубталои бемории сил;
- мубталои зиққи нафас;
- мубталои бемориҳои онкологии дараҷаи терминали:
- мубталои бемориҳои рӯҳи (шизофренияи параноиди, бемориҳои аффективии пайдоишашон мухталиф);
- мубталои саръ (эпилепсия);
- мубталои касалии қанд;
- бемубталои диабети беқанд;
- мубталои лейкемия;
- мубталои хунравак (гемофилия);
- мубталои камхунии апластики:
- шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳақиқии ҳарби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шаванд ва ба таври ихтиёри даъватшавандагон, бо роҳхати вазорату идораҳо, ки хизмати ҳарби барои онҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шуда аст (ташхиси умумии хун, ташхиси умумии пешоб ва флюорография) мутобиқи роҳхати комиссияи ҳарбию тибби ҳангоми маблағгузории иловаги аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати.
* Замимаи 2 дар матни русӣ оварда шудааст