Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 547 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон" таъсис дода шавад.

2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон"-ро ҳал намуда, онро бо стандартҳои давлатӣ ва нақшаю барномаҳои таълимии дахлдор таъмин намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Точикистон аз соли таҳсили 2007-2008 шурӯъ намуда, маблағгузории Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон"-ро аз ҳисоби Буҷети давлатӣ таъмин намояд.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти эҳтиёҷоти мавҷуда тибқи дархости Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли хониши 2008-2009 сар карда, нақшаи қабули донишҷӯёнро барои Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон" муайян намояд.

5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар муддати ду моҳ маҳалли ҷойгиршавӣ ва бинои таълимии Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон"-ро муайян намояд.

6. Ба номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 2 ноябри соли 2007 № 547

ш. Душанбе