Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ"
Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалодиддини Румӣ" таъсис дода шавад.
2. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намоянд.
3. Маблағгузории Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ" дар соли 2007 ва солҳои минбаъда дар доираи маблағҳои барои литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ пешбинишуда амалӣ карда шавад.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи қабули донишҷӯёни муассисаи таълимии мазкурро дар солҳои минбаъда муқаррар намоянд.
5. Ба қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шавад:
ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон":
аз Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳиян Колхозобод" хориҷ карда шуда, ба Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаи сеҷониба бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии таьлимии "Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ".
Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 605 "Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 ноябри соли 2007 № 548
ш. Душанбе