Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007 № 542
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистои барои солҳои 2008-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2014 № 485)
Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 бо мақсади зиёд намудани саршумор ва такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии қутос, ба ин васила таъмии намудани талаботи рӯзафзуни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии деҳот бо маҳсулот, пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ таҳия гардидааст,
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими чорводорӣ ба ҳисоб рафта, шароити табии ва чарогоҳҳои баландкӯҳ барои рушди минбаъдаи он мусоидат менамояд.
Вусъат бахшидан ба рушди соҳаи қутоспарварӣ, пеш аз ҳама барои таъмини амнияти озуқавории кишвар аҳамияти беандоза дорад. Ин масъала махсусан дар ҳолати амалигардонии ,Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009,, ки яке аз вазифаҳои асосии он афзун гардонидани истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва таьмини ниёзи мардум бо сафедаи маҳсулоти чорво (норасоии он алҳол 75 фоизро ташкил медиҳад) аҳамияти бештар пайдо менамояд.
1. Вазъи қутоспарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди минбаъдаи он
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қутоспарварӣ ба яке аз соҳаи ояндадор мансуб мебошад. Қутосҳо ба ҳавои кам оксиген мутобиқ буда, дар шароити аз сатхи баҳр 1 800-2000 метр баланд зиста метавонанд.
Қутосҳо хазорсолаҳо дар мавзеъҳои баландкӯҳ, дар натиҷаи интихоби табиӣ парвариш ёфтаанд. Бинобар он иқлими сарду хунук ва камалафии чарогоҳхои баландкӯҳ, аз талаботи шартӣ ва ногузирии биологии қутосҳо ба шумор мераванд.
Майдони чарогоҳҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшом зиёда
1.2 млн. гектарро ташкил медиҳад, ки барои нигоҳубин ва парвариши қутос мусоидат менамояд.
Қутосҳо барои истеҳсоли гӯшт, шир ва пашм парвариш карда мешаванд. Вазни зиндаи қутосҳои калон соле, ки бо хӯроки чарогоҳ ва нигоҳубини анъанавӣ парвариш меёбанд, ба ҳисоби миёна буқаҳои наслдеҳ 450-560 модаговҳо 320-360 кг ташкил медиҳад. Қутосҳои калонсол то 2-3 кг пашм (нах) дода метавонанд, ки миқдори тибити он 57 - 61 фоиз аст.
Миқдори шири қутос ба 600-700 кг мерасад. Равғаннокии шири он назар ба шири модаговҳои муқаррарӣ (6.5-7.2 фоиз) 2 баробар зиёд мебошад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таи солхои гузашта қариб 80 фоизи даромади умумии кишоварзӣ аз соҳаи чорводорӣ гирифта шуда, он асосан ба даромади қутоспарварӣ рост меомад. Масалан дар нохияҳои Ишкошиму Шуғнон сеяк ва ноҳияи Мурғоб бошад, зиёда аз 90 фоизи модаговҳо аз ҳисоби қутосҳо буданд ва манбаи асосии истеҳсоли гӯшту шир ба шумор мерафтанд. Саршумори қутосҳо дар ҷумҳурӣ солҳои 60-уми асри гузашта 9.3 ҳазор сар, соли 1985 - 16.3 ҳазор сар ва ҳоло бошад 15,7 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
2. Зарурияти қабули Барнома
Барнома барои зиёд намудани саршумори қутос ва маҳсулоти он ҳамчун манбаи асосии истеҳсоли гӯшту пашм ва дар ин замина самаранок истифода бурдани захираҳои чарогоҳҳои табиии баландкӯҳ мусоидат менамояд.
Барнома чунин вазифаҳоро дар бар мегирад:
-таъмини ҳифзи ҳимояи хазинаи ирсии қутос ҳамчун ҳайвони нодири кишоварзӣ ва манбаи даромади хоҷагиҳо дар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон;
-зиёд гардонидани саршумор ва баланд бардоштани иқтидори маҳсулнокии қутос тавассути афзоишдиҳии мақсадноки онҳо дар минтакаҳои дорои шароити иқлимию табии мувофиқ:
-самаранок истифода бурдани захираҳои табиию иқтисодии минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ ҷумҳурӣ барои барқарор ва тараққиёти минбаъдаи соҳа.
Дар Тоҷикистон истифодабарии мақсадноки иқтидор ва захираи хӯроки чарогоҳҳои баландкӯҳ, ки азхудкунии онҳо фақат тавассути дар он ҷойҳо парвариш ва чаронидани қутосҳо муяссар мегардад, яке аз вазифаҳои муҳим мебошад.
Рушди соҳаи қутоспарварӣ барои истеҳсоли гӯшту шири аз ҷиҳати экологӣ пурбаҳо заминаи мусоид фароҳам месозад.
Мавҷуд будани чарогоҳҳо ва ба парвариши қутос рағбат доштани сокинони деҳот имкон медиҳад, ки саршумори қутосҳо дар ҷумҳурӣ зиёд гардонида шавад.
Бо мақсади дар дигар минтақаҳои ҷумҳури ривоҷ додани соҳаи мазкур аз ноҳияи Мурғоб ба ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷиргатол як миқдор саршумори қутос интиқол дода шуд. Чарогоҳҳои баландкӯҳи ноҳияҳои номбурда барои парвариши хуби қутос мусоидат намуд, ки дар натиҷа қутосҳои ин ноҳияҳо аз рӯи вазни зинда ва маҳсулнокӣ дар баробари қутосҳои Помир мебошанд.
Дар баробари амалӣ гардидани Барномаи мазкур рушди соҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ таъмин гардида, инчунин дар ноҳияҳои Панҷакент, Ховалинг, Тоҷикобод ва қаторкӯҳҳои ноҳияҳои Ҳисор ва Варзоб соҳаи қутоспарварӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ноҳияҳои зикргардида тараққӣ додани соҳа низ аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданок мебошад.
3. Амалигардонии Барнома
Барои амалигардонии Барнома ва таъмини рушди соҳаи қутоспарварӣ ҳалли масъалаҳои зерин заруранд:
- андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати зиёд намудани заминаи хӯрокаи қутосҳо дар ноҳияҳои Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Айнии вилояти Суғд:
- тараққӣ додани соҳаи қутоспарварӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, вобаста ба хусусиятҳои биологии қутос ва иқлими маҳал;
- ба роҳ мондани парвариши қутос дар ноҳияҳои Панҷакент, Тоҷикобод. Ховалинг ва қаторкӯҳҳои Ҳисору Варзоб тавассути интиқоли саршумори қутосҳо аз ноҳияи Мурғоби ВМКБ ва хоҷагиҳои зотпарварии ноҳияи Айнӣ:
- ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби аҳолӣ ба соҳа, ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), иҷоравии қутоспарварӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ;
- таъсис додани заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ, ба роҳ мондани тадбирҳои селексионию зотпарварӣ бо мақсади мукаммалгардонии қобилияти ирсию маҳсулнокии қутос, офаридани ҷинси зарафшонии қутосҳои помирӣ;
- ташкил ва таъмини заминаи мустаҳками хӯрока бо истифодаи самарабахши чарогоҳҳои табиӣ;
- ҷалби васеи сармояи ватанию хориҷӣ ҷихати таъмини рушди соҳаи қутоспарварӣ дар ҷумҳурӣ;
- хизматрасонии саривақтии байторӣ дар хоҷагиҳо, таъмини ҳифзи саршумори қутос аз касалиҳои сироятӣ.
Амалигардидании Барнома имконият медиҳад, ки дар ноҳияи Ҷиргатол хоҷагии давлатии қутоспарварӣ ташкил карда шавад. Барои ташкил намудани хоҷагии мазкур заминаи моддию техникӣ ва чарогоҳҳои зарурӣ мавҷуд мебошанд.
4. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
Маблағгузории "Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, қарзҳои имтиёзноки бонкӣ, валби сармояи ватанӣ ва хоривӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои дар амал татбиқ намудани Барнома аз ҳисоби Буҷет ҳар сол ба ин мақсадҳо 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Иҷрои дигар нишондиҳандаҳое, ки дар нақшаи чорабиниҳои Барнома дарҷ гардидаанд, аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ва грантҳо таъмин карда мешавад.
Замимаи 1
ба Барномаи рушди соҳаи
қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2008-2015
Талаботи соҳаи қутоспарварӣ оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои харидорӣ намудани воситаҳои асосӣ ва гардон дар солҳои 2008-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2014 № 485)
+---+------------------+------+-------+---------------+--------------ҷ
| № |Номгуи воситахои |Вохиди| Микдор| Нархи як | Нархи умуми |
|р/т|асоси ва гардон |ченак | (сар) | вохид (сомони)|(хазор сомони |
+---+------------------+------+-------+---------------+--------------+
| 1 |Харидори намудани | | | | |
| |чавонахои зоти аз | | | | |
| |Вилояти Мухтори | | | | |
| |Кухистони Бадахшон| сар | 1000 | 1500 | 1500.0 |

| 2 |Хорич карда шуд |
| |(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2014 № 485) |
+---+------------------+------+-------+---------------+--------------+
| | | | | | 1600.0 |

Замимаи 2
ба Барномаи рушди соҳаи
қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2008-2015
Накшаи чорабинихо оид ба амалигардонии Барнома
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2014 № 485)
+----+------------------------+---------+----------------------------ҷ
| № | Номгуи чорабинихо | Мухлати | Мутасаддиён |
|р/т | | ичро | |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
| 1 |Ташкили хочагихо дехкони| |Вазорати кишоварзии |
| |(фермери) дар ВМКБ, | солхои |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |нохияхои Айни, Кухистони|2008-2009|Кумитаи давлатии идораи |
| |Мастчох, Чиргатол, | |замин ва геодезии |
| |Ховалинг,Варзоб ва Хисор| |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| | | |Макомотхои ичроияи хокимияти|
| | | |давлатии вилоятхо ва шухру |
| | | |нохияхо |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
| 2 |Баркарорсозии заводхо ва| |Вазорати кишоварзии |
| |хочагихои зотпарвари оид| доими |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |ба парвариши кутосхо | |Академияи илмхои кишоварзии |
| | | |Чумхурии Точикистон, |
| | | |Макомотхои ичроияи хокимияти|
| | | |давлатии вилоятхо ва шухру |
| | | |нохияхо |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
| 3 |Тахия ва тасдики стан- | |Вазорати кишоварзии |
| |дартхо ва меъёрхо дар | солхои |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |сохаи кутоспарвари |2008-2010|Академияи илмхои кишоварзии |
| | | |Чумхурии Точикистон, |
| | | |Донишгохи аграрии Точикистон|
| | | |Агентии стандартизатсия, |
| | | |метрология, сертификатсия ва|
| | | |нозири савдо |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
| 4 |Бахисобгирии нишондихан-| |Вазорати кишоварзии |
| |дахои сохаи кутоспарвари| доими |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| | | |Агентии омори назди |
| | | |Президенти Ҷумҳурии |
| | | |Тоҷикистон |
+----+------------------------+---------+--Р-------------------------+
| 5 |Таъмини хифзи кутосхо | |Вазорати кишоварзии |
| |тавассути афзоишдихии | доими |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |хушзот | |Академияи илмхои кишоварзии |
| | | |Чумхурии Точикистон |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
| 6 Хорич карда шуд |
| (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2014 № 485) |
+----+--------Р---------------+---------+----------------------------+
| 7 |Тахияи ва пешниходи | |Кумитаи давлатии сармоягу- |
| |лоихахои инвеститсиони | солхои |зори ва идораи амволи |
| |оид ба рушди сохаи |2008-2010|давлати, Бонки миллии |
| |кутоспарвари | |Точикистон |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
Замимаи 3
ба Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2008-2015
Дурнамои натичахои истехсолии сохаи кутоспарвари дар хамаи шаклхои хочагидори барои солхои 2008-2015
+---+-----------------+------+---------------------------------------ҷ
| № | Нишондихандахо |Вохиди| Солхо |
|р/т| |ченак +----+----+----+----+----+----+----+----+
| | | |2008|2009|2010|2011|2012|2013|2014|2015|
+---+-----------------+------+----+----+----+----+----+----+----+----+
| 1 |Саршумор, хамаги | сар |150 |161 |172 |185 |197 |209 |220 |238 |
| | | | 00 | 00 | 00 | 00 | 00 | 00 | 00 | 00 |

| 2 |Саршумори букка- | | | | | | | | | |
| |хои наслдех | сар |160 |200 |230 |270 |300 |340 |380 |420 |

| 3 |Саршумори | | | | | | | | | |
| |модаговхо | сар |495 |531 |567 |610 |650 |670 |732 |790 |

| 4 |Гусолагири ба 100| | | | | | | | | |
| |модагов | сар |65,0|68,0|70,0|71,0|72,0|72,2|73,0|74,0|

| 5 Хорич карда шуд |
| (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2014 № 485) |
+--------------------------------------------------------------------+
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007 № 542
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистои барои солҳои 2008-2015
Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 бо мақсади зиёд намудани саршумор ва такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии қутос, ба ин васила таъмии намудани талаботи рӯзафзуни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии деҳот бо маҳсулот, пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ таҳия гардидааст,
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими чорводорӣ ба ҳисоб рафта, шароити табии ва чарогоҳҳои баландкӯҳ барои рушди минбаъдаи он мусоидат менамояд.
Вусъат бахшидан ба рушди соҳаи қутоспарварӣ, пеш аз ҳама барои таъмини амнияти озуқавории кишвар аҳамияти беандоза дорад. Ин масъала махсусан дар ҳолати амалигардонии "Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009", ки яке аз вазифаҳои асосии он афзунгардонидани истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва таьмини ниёзи мардум бо сафедаи маҳсулоти чорво (норасоии он алҳол 75 фоизро ташкил медиҳад) аҳамияти бештар пайдо менамояд.
1. Вазъи қутоспарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди минбаъдаи он
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қутоспарварӣ ба яке аз соҳаи ояндадор мансуб мебошад. Қутосҳо ба ҳавои кам оксиген мутобиқ буда, дар шароити аз сатхи баҳр 1 800-2000 метр баланд зиста метавонанд.
Қутосҳо хазорсолаҳо дар мавзеъҳои баландкӯҳ, дар натиҷаи интихоби табиӣ парвариш ёфтаанд. Бинобар он иқлими сарду хунук ва камалафии чарогоҳхои баландкӯҳ, аз талаботи шартӣ ва ногузирии биологии қутосҳо ба шумор мераванд.
Майдони чарогоҳҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшом зиёда 1.2 млн. гектарро ташкил медиҳад, ки барои нигоҳубин ва парвариши қутос мусоидат менамояд.
Қутосҳо барои истеҳсоли гӯшт, шир ва пашм парвариш карда мешаванд. Вазни зиндаи қутосҳои калон соле, ки бо хӯроки чарогоҳ ва нигоҳубини анъанавӣ парвариш меёбанд, ба ҳисоби миёна буқаҳои наслдеҳ 450-560 модаговҳо 320-360 кг ташкил медиҳад. Қутосҳои калонсол то 2-3 кг пашм (нах) дода метавонанд, ки миқдори тибити он 57 - 61 фоиз аст.
Миқдори шири қутос ба 600-700 кг мерасад. Равғаннокии шири он назар ба шири модаговҳои муқаррарӣ (6.5-7.2 фоиз) 2 баробар зиёд мебошад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таи солхои гузашта қариб 80 фоизи даромади умумии кишоварзӣ аз соҳаи чорводорӣ гирифта шуда, он асосан ба даромади қутоспарварӣ рост меомад. Масалан дар нохияҳои Ишкошиму Шуғнон сеяк ва ноҳияи Мурғоб бошад, зиёда аз 90 фоизи модаговҳо аз ҳисоби қутосҳо буданд ва манбаи асосии истеҳсоли гӯшту шир ба шумор мерафтанд. Саршумори қутосҳо дар ҷумҳурӣ солҳои 60-уми асри гузашта 9.3 ҳазор сар, соли 1985 - 16.3 ҳазор сар ва ҳоло бошад 15,7 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
2. Зарурияти қабули Барнома
Барнома барои зиёд намудани саршумори қутос ва маҳсулоти он ҳамчун манбаи асосии истеҳсоли гӯшту пашм ва дар ин замина самаранок истифода бурдани захираҳои чарогоҳҳои табиии баландкӯҳ мусоидат менамояд.
Барнома чунин вазифаҳоро дар бар мегирад:
-таъмини ҳифзи ҳимояи хазинаи ирсии қутос ҳамчун ҳайвони нодири кишоварзӣ ва манбаи даромади хоҷагиҳо дар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон;
-зиёд гардонидани саршумор ва баланд бардоштани иқтидори маҳсулнокии қутос тавассути афзоишдиҳии мақсадноки онҳо дар минтакаҳои дорои шароити иқлимию табии мувофиқ:
-самаранок истифода бурдани захираҳои табиию иқтисодии минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ ҷумҳурӣ барои барқарор ва тараққиёти минбаъдаи соҳа.
Дар Тоҷикистон истифодабарии мақсадноки иқтидор ва захираи хӯроки чарогоҳҳои баландкӯҳ, ки азхудкунии онҳо фақат тавассути дар он ҷойҳо парвариш ва чаронидани қутосҳо муяссар мегардад, яке аз вазифаҳои муҳим мебошад.
Рушди соҳаи қутоспарварӣ барои истеҳсоли гӯшту шири аз ҷиҳати экологӣ пурбаҳо заминаи мусоид фароҳам месозад.
Мавҷуд будани чарогоҳҳо ва ба парвариши қутос рағбат доштани сокинони деҳот имкон медиҳад, ки саршумори қутосҳо дар ҷумҳурӣ зиёд гардонида шавад.
Бо мақсади дар дигар минтақаҳои ҷумҳури ривоҷ додани соҳаи мазкур аз ноҳияи Мурғоб ба ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷиргатол як миқдор саршумори қутос интиқол дода шуд. Чарогоҳҳои баландкӯҳи ноҳияҳои номбурда барои парвариши хуби қутос мусоидат намуд, ки дар натиҷа қутосҳои ин ноҳияҳо аз рӯи вазни зинда ва маҳсулнокӣ дар баробари қутосҳои Помир мебошанд.
Дар баробари амалӣ гардидани Барномаи мазкур рушди соҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ таъмин гардида, инчунин дар ноҳияҳои Панҷакент, Ховалинг, Тоҷикобод ва қаторкӯҳҳои ноҳияҳои Ҳисор ва Варзоб соҳаи қутоспарварӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ноҳияҳои зикргардида тараққӣ додани соҳа низ аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданок мебошад.
3. Амалигардонии Барнома
Барои амалигардонии Барнома ва таъмини рушди соҳаи қутоспарварӣ ҳалли масъалаҳои зерин заруранд:
- андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати зиёд намудани заминаи хӯрокаи қутосҳо дар ноҳияҳои Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Айнии вилояти Суғд:
- тараққӣ додани соҳаи қутоспарварӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, вобаста ба хусусиятҳои биологии қутос ва иқлими маҳал;
- ба роҳ мондани парвариши қутос дар ноҳияҳои Панҷакент, Тоҷикобод. Ховалинг ва қаторкӯҳҳои Ҳисору Варзоб тавассути интиқоли саршумори қутосҳо аз ноҳияи Мурғоби ВМКБ ва хоҷагиҳои зотпарварии ноҳияи Айнӣ:
- ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби аҳолӣ ба соҳа, ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), иҷоравии қутоспарварӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ;
- таъсис додани заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ, ба роҳ мондани тадбирҳои селексионию зотпарварӣ бо мақсади мукаммалгардонии қобилияти ирсию маҳсулнокии қутос, офаридани ҷинси зарафшонии қутосҳои помирӣ;
- ташкил ва таъмини заминаи мустаҳками хӯрока бо истифодаи самарабахши чарогоҳҳои табиӣ;
- ҷалби васеи сармояи ватанию хориҷӣ ҷихати таъмини рушди соҳаи қутоспарварӣ дар ҷумҳурӣ;
- хизматрасонии саривақтии байторӣ дар хоҷагиҳо, таъмини ҳифзи саршумори қутос аз касалиҳои сироятӣ.
Амалигардидании Барнома имконият медиҳад, ки дар ноҳияи Ҷиргатол хоҷагии давлатии қутоспарварӣ ташкил карда шавад. Барои ташкил намудани хоҷагии мазкур заминаи моддию техникӣ ва чарогоҳҳои зарурӣ мавҷуд мебошанд.
4. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
Маблағгузории "Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, қарзҳои имтиёзноки бонкӣ, валби сармояи ватанӣ ва хоривӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои дар амал татбиқ намудани Барнома аз ҳисоби Буҷет ҳар сол ба ин мақсадҳо 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Иҷрои дигар нишондиҳандаҳое, ки дар нақшаи чорабиниҳои Барнома дарҷ гардидаанд, аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ва грантҳо таъмин карда мешавад.
Замимаи 1
ба Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015
Талаботи соҳаи қутоспарварӣ оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои харидорӣ намудани воситаҳои асосӣ ва гардон дар солҳои 2008-2015
+---+------------------+------+-------+---------------+--------------ҷ
| № |Номгуи воситахои |Вохиди| Микдор| Нархи як | Нархи умуми |
|р/т|асоси ва гардон |ченак | (сар) | вохид (сомони)|(хазор сомони |
+---+------------------+------+-------+---------------+--------------+
| 1 |Харидори намудани | | | | |
| |чавонахои зоти аз | | | | |
| |Вилояти Мухтори | | | | |
| |Кухистони Бадахшон| сар | 1000 | 1500 | 1500.0 |
+---+------------------+------+-------+---------------+--------------+
| 2 |Ворид намудани | | | | |
| |букахои наслдех | | | | |
| |берун аз чумхури | | | | |
| |(Чумхурии | | | | |
| |Киргизистон) | сар | 20 | 5000 | 100.0 |
+---+------------------+------+-------+---------------+--------------+
| | | | | | 1600.0 |
+---+------------------+------+-------+---------------+--------------+
Замимаи 2
ба Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015
Накшаи чорабинихо оид ба амалигардонии Барнома
+----+------------------------+---------+----------------------------ҷ
| № | Номгуи чорабинихо | Мухлати | Мутасаддиён |
|р/т | | ичро | |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
| 1 |Ташкили хочагихо дехкони| |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |(фермери) дар ВМКБ, | солхои |табиати Чумхурии Точикистон,|
| |нохияхои Айни, Кухистони|2008-2009|Агентии заминсози, геодези |
| |Мастчох, Чиргатол, | |ва харитасозии назди |
| |Ховалинг,Варзоб ва Хисор| |Хукумати Чумхурии Точикистон|
| | | |Макомотхои ичроияи хокимияти|
| | | |давлатии вилоятхо ва шухру |
| | | |нохияхо |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
| 2 |Баркарорсозии заводхо ва| |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |хочагихои зотпарвари оид| доими |табиати Чумхурии Точикистон,|
| |ба парвариши кутосхо | |Академияи илмхои кишоварзии |
| | | |Чумхурии Точикистон, |
| | | |Макомотхои ичроияи хокимияти|
| | | |давлатии вилоятхо ва шухру |
| | | |нохияхо |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
| 3 |Тахия ва тасдики стан- | |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |дартхо ва меъёрхо дар | солхои |табиати Чумхурии Точикистон,|
| |сохаи кутоспарвари |2008-2010|Академияи илмхои кишоварзии |
| | | |Чумхурии Точикистон, |
| | | |Донишгохи аграрии Точикистон|
| | | |Агентии стандартизатсия, |
| | | |метрология, сертификатсия ва|
| | | |нозири савдо |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
| 4 |Бахисобгирии нишондихан-| |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |дахои сохаи кутоспарвари| доими |табиати Чумхурии Точикистон,|
| | | |Кумитаи Омори Чумхурии |
| | | |Точикистон |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
| 5 |Таъмини хифзи кутосхо | |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |тавассути афзоишдихии | доими |табиати Чумхурии Точикистон,|
| |хушзот | |Академияи илмхои кишоварзии |
| | | |Чумхурии Точикистон |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
| 6 |Тахияи механизми даст- | |Вазорати рушди иктисод ва |
| |гирии давлатии сохаи |2008-2009|савдои Чумхурии Точикистон, |
| |кутоспарвари | |Вазорати молияи Чумхурии |
| | | |Точикистон, Вазорати |
| | | |кишоварзи ва хифзи табиати |
| | | |Чумхурии Точикистон, |
| | | |Академияи илмхои кишоварзии |
| | | |Чумхурии Точикистон |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
| 7 |Тахияи ва пешниходи | |Кумитаи давлатии сармоягу- |
| |лоихахои инвеститсиони | солхои |зори ва идораи амволи |
| |оид ба рушди сохаи |2008-2010|давлати, Бонки миллии |
| |кутоспарвари | |Точикистон |
+----+------------------------+---------+----------------------------+
Замимаи 3
ба Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015
Дурнамои натичахои истехсолии сохаи кутоспарвари дар хамаи шаклхои хочагидори барои солхои 2008-2015
+---+-----------------+------+---------------------------------------ҷ
| № | Нишондихандахо |Вохиди| Солхо |
|р/т| |ченак +----+----+----+----+----+----+----+----+
| | | |2008|2009|2010|2011|2012|2013|2014|2015|
+---+-----------------+------+----+----+----+----+----+----+----+----+
| 1 |Саршумор, хамаги | сар |150 |161 |172 |185 |197 |209 |220 |238 |
| | | | 00 | 00 | 00 | 00 | 00 | 00 | 00 | 00 |
+---+-----------------+------+----+----+----+----+----+----+----+----+
| 2 |Саршумори букка- | | | | | | | | | |
| |хои наслдех | сар |160 |200 |230 |270 |300 |340 |380 |420 |
+---+-----------------+------+----+----+----+----+----+----+----+----+
| 3 |Саршумори | | | | | | | | | |
| |модаговхо | сар |495 |531 |567 |610 |650 |670 |732 |790 |
+---+-----------------+------+----+----+----+----+----+----+----+----+
| 4 |Гусолагири ба 100| | | | | | | | | |
| |модагов | сар |65,0|68,0|70,0|71,0|72,0|72,2|73,0|74,0|
+---+-----------------+------+----+----+----+----+----+----+----+----+
| 5 |Фуруши чавонахо | | | | | | | | | |
| |ва буккачахои | | | | | | | | | |
| |хушзот | сар |200 |250 |310 |380 |460 |500 |550 |600 |