Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 542 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015"

Санаи амалкуни: 01.08.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2014 № 485)

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи қутоспарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Буҷети давлатӣ дар давраи солҳои 2008-2015 ба  Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидорӣ намудани қутосҳои хушзот, ҷиҳати таъмини зхтиёҷоти хоҷагиҳои қутоспарварӣ, новобаста аз шакли хоҷагидорӣ ҳар сол 200 ҳазор сомомӣ пешбинӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2014 № 485).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 бо мақсади таъмини рушди соҳаи қутоспарварӣ ҷиҳати ҷудо намудани қарзҳои бонкӣ ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ чораҳои мушаххас андешанд.

4. Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ноҳияҳои Ҷиргатол ва Тоҷикобод барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 20 январ аз ҷараёни иҷрои корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 2 ноябри соли 2007 № 542

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи қутоспарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Буҷети давлатӣ дар давраи солҳои 2008-2015 ба Корхонаи воҳиди ҷумҳуриявӣ оид ба воридот. захира ва фурӯши чорвои зотӣ ва паррандаҳо "Дафтари зотпарпарии Тоҷикистон"-и Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидорӣ намудани қутосҳои хушзот, ҷиҳати таъмини зхтиёҷоти хоҷагиҳои қутоспарварӣ, новобаста аз шакли хоҷагидорӣ ҳар сол 200 ҳазор сомомӣ пешбинӣ намояд.