Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2004 № 404 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, аттестатсияи объектҳои иттилоотонӣ, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо"
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, аттестатсияи объектҳои иттилоотонӣ, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2004 № 404 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- дар матни Низомнома калимаҳои "Сарраёсати" бо калимаҳои "Саридораи" иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми банди 2 калимаҳои "ба ҳамин Низомнома замима мегардад" ба калимаҳои "аз ҷониби Мақоми ваколатдор тасдиқ карда мешавад" иваз карда шаванд;
- дар банди 4 калимаҳои "Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт)" бо калимаҳои "назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар банди 5 калимаҳои "мутобиқи Номгӯи дар ин Замима овардашуда" хориҷ карда шаванд;
- банди 6 хориҷ карда шавад;
- дар рақамгузории зерфаслҳо рақамҳои римӣ бо рақамҳои арабӣ иваз карда шаванд;
- дар банди 8 тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
дар сархати якум калимаҳои "ва функсияҳои ба зиммааш гузошташуда" ба калимаҳои "моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" ва дар доираи ваколатҳои худ" иваз карда шаванд;
сархати панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"муқаррар намудани қоидаҳои аккредитатсия барои гузаронидани корҳо оид ба сертификатсия";
сархатҳои нуҳум, дувоздаҳум ва бисту шашум хориҷ карда шаванд;
дар сархати сию сеюм калимаҳои "Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт)" бо калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми банди 17 калимаҳои "ва ҳамин Низомнома" ба калимаҳои "ҳамин Низомнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд;
- банди 18 хориҷ карда шавад;
- дар сархати дуюми банди 19 калимаи "Роҳбар" бо калимаҳои "Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- Номгӯи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки дар Системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоот сертификатсия мешаванд, ки ба Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, аттестатсияи объектҳои иттилоотонӣ, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо замима гардидааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 ноябри соли 2007 № 555
ш. Душанбе