Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1997, № 324 "Дар бораи тадбирҳои беҳтap намудани кори хоҷагиҳои шикорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои беҳтap намудани кори хоҷагиҳои шикорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади ба тартиб даровардани шикор ва беҳтар кардани ҳолати хоҷагиҳои шикори қapop мекунад:

1. Низомномаи пешниҳодшаванда дар бораи шикор ва хоҷагиҳои шикори дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2. Ба Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хариди милтиқи шикори, тир, лавозимоти хоҷагиҳои шикори барои ҳифзи давлатии ҷангал, мамнӯъгоҳҳо, заказникҳо, ҷамъиятҳои шикорчиён ва моҳигирон иҷозат дода шавад.

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ" иҷозатномаи дахлдорро барои гирифтани яроқи шикори диҳад.

4. Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Социалистии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 1975 № 360 "Дар бораи ба тартиб даровардани шикор ва хоҷагиҳои шикори дар РСС Тоҷикистон" ва Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 1994 № 340 "Дар бораи ҷавобгари барои зараррасони ба объектҳои олами ҳайвонот бо роҳи шикори ғайриқонуни" аз эътибор соқит карда шаванд.

5. Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон "Низомномаи шикор ва хоҷагии шикорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ва маълумоти вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор расонад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 16 июли соли 1997 № 324

 ш. Душанбе