Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 маи соли 1997 № 180
тасдиқ шудааст
Низомномаи фондҳои инвестиционӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 337)
1. Қоидаҳои умумӣ
1.1. Низомномаи мазкури фондҳои инвестиционӣ (минбаъд Низомнома) тартиби умумии ташкил ва фаъолияти тамоми намудҳои фондҳои инвестициониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла фондҳои инвестиционии чекиро, ки чекҳои номии хусусигардонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъ мекунанд, муайян менамояд.
1.2. Фондҳои инвестиционӣ дар шакли ҷамъиятҳои саҳомии навъи кушода, ки бо маблағгузорӣ, савдо ва дар ихтиёр доштани коғазҳои арзишнок машғуланд, ташкил карда мешаванд.
Дигар ашхоси ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти инвестиционӣ машғул мебошанд, баъди бо Низомномаи мазкур мутобиқ намудани ҳуҷҷатҳои муассисашон ба статуси фонди инвестиционӣ соҳиб мешаванд.
1.3. Бонкҳое, ки фаъолияти онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ танзим мекунад, ҳамчунин ширкатҳои суғурта ба ҷумлаи фондҳои инвестиционӣ дохил намешаванд. Ҳар шахсе, ки бо харидан ва минбаъд паҳн намудани коғазҳои арзишноки баровардаи дигар эмитент, фурӯши коғазҳои арзишнок ба харидорон машғул аст, ё ки брокер мебошад ё фақат бо яке аз намудҳои фаъолияти номбаршуда машғул аст (обуначӣ, брокер ё дилер номида мешавад) ва даромади асосиаш аз ҳисоби ин фаъолият ва аз ҳисоби фаъолияти ба он вобаста ба даст меояд, фонди инвестиционӣ ҳисоб намешавад.
1.4. Фонди инвестиционие, ки чекҳои номии хусусигардонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъ менамояд ва бо онҳо амалиёт мегузаронад, фонди чекии инвестиционӣ мебошад.
1.5. Мафҳумҳои асосие, кн дар Низомномаи мазкур истифода мегарданд:
- гурӯҳи боэтимоди фонди инвестиционӣ - фонди инвестиционӣ, роҳбари фонди инвестиционӣ, инчунин ҳамаи ашхоси боэътимоди фонди инвестиционии мазкур ва идоракунандаи он;
- шахс - ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҷамъияти саҳомӣ, рафоқат, корхонаи давлатӣ;
- шахси боэътимоди ашхоси воқеӣ ё ҳуқуқӣ (ҷамъияти саҳомӣ, рафоқат, корхонаи давлатӣ) - идоракунандаи он, директорҳо ва ашхоси мансабдор, муассисон, инчунин саҳомоне, ки ба онҳо 25 ё аз ин зиёдтар фоизи саҳмҳо тааллуқ доранд ё корхонае, ки дар он ба ин шахс 25 ё аз ин зиёдтар фоизи саҳмҳои овоздор тааллуқ доранд. Ба ҷумлаи ашхоси боэътимоди роҳбар ҳамаи фондҳои инвестиционие дохил мешаванд, ки бо ӯ дар бораи идораи фондҳои инвестиционӣ аҳднома бастаанд;
- бонк - шахси ҳуқуқиест, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис ёфта, фаъолияти худро ба амал мебарорад;
- депозитарии фонди инвестиционӣ - бонк ё дигар шахси ҳуқуқие, ки шахси боэътимоди ин фонди инвестиционӣ ҳисоб намешавад ва бо қоғазҳои арзишнок, аз ҷумла бо чекҳои хусусигардонӣ, инчунин бо маблағҳои ба фонд тааллуқдошта, амалиёт анҷом медиҳад, бонк ё шахсе, ки пешбурди ҳисоби ҳаракати ин амволи фондро амалӣ мегардонад ва дигар вазифаҳоро мувофиқи аҳдномаи депозитарӣ иҷро мекунад;
- фонди инвестиционии кушода - фонди инвестиционие, ки қоғазҳои арзишнокро бо ӯҳдадории харида гирифтани онҳо интишор медиҳад, яъне ба соҳиби қоғазҳои арзишноки ин фонд ҳуқуқ медиҳад, ки бо талаби ӯ ба ивази онҳо пул ё дигар амволро мувофиқи Оинномаи фонд гирад;
- фонди инвестиционии пӯшида - фонди инвестиционие, ки қоғазҳои арзишнокро бе ӯҳдадории аз тарафи эмитент харида гирифтани онҳо интишор медиҳад;
- қоғазҳои арзишноки инвестиционӣ - ҳама гуна қоғазҳои арзишнок, ба истиснои қоғазҳои арзишноке, ки корхонаҳои ақрабоӣ баровардаанд ва дар онҳо 50 ва аз он зиёд фоизи саҳмҳои овоздор ба эмитент тааллуқ дорад;
- назорат - қобилияти расонидани таъсири ҳалкунанда ба идораи фаъолияти ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба амалӣ намудани ваколатҳои дахлдори онҳо оид ба роҳбарии корхонае, ки ба ин шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ 25 ва аз нн зиёдтар фоизи саҳмҳои овоздор тааллуқ дорад. Аз тарафи ашхоси мансабдор иҷро гардидани вазифаҳои хизматиашон назорат ҳисоб намешавад;
- аудитори мустақили фонди инвестиционӣ - ташкилоти аудиторие, ки шахси боэътимоди ин фонд намебошад;
- ташкилот, муассисаи маҳдудкардашаванда - ҳар гуна шахс, ки ҳуқуқи харидани амволи хусусигардонидашавандаи корхонаҳои давлатӣ ва коммуналиро надорад; вазорат, идора, дигар мақоми идораи давлатӣ; корхонае, ки моликияти ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ мебошад; кумитаи идораи амвол ё фонди хусусигардонӣ; иттиҳодияҳои байнисоҳавии давлатӣ, ассоциация, концерн ва дигар иттиҳодияи ихтиёрии корхонаҳо, аз ҷумла баъди ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонидани шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо; дигар ашхоси ҳуқуқие, ки аз болои онҳо ашхоси зикршуда назорат мекунанд. Иттиҳодияи корхонаҳое, ки камтар аз 25 фоизи сармояи оинномавии он ва камтар аз 25 фоизи сармояи оинномавии ҳар як муассиси иттиҳодия ба давлат тааллуқ дорад, иттиҳодияи маҳдудкардашаванда ба ҳисоб намеравад;
- идоракунандаи фонди инвестиционӣ - ҳар гуна шахсе, ки бо ӯ дар хусуси идоракунии фонди инвестиционӣ аҳднома баста шудааст
- фонди инвестиционии чекӣ - фонди инвестиционие, ки чекҳои номии хусусигардониро ба ивази саҳмияҳои худаш ва маблағҳои худаш қабул мекунад.
2. Таъсис ва бақайдгирии фонди инвестиционӣ
2.1. Таъсис ва бақайдгирии фонди инвестиционӣ мувофиқи тартиби барои ҷамъиятҳои саҳомӣ муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
2.2. Фонди инвестиционӣ мутлақан дар шакли ҷамъияти саҳомии навъи кушода таъсис дода мешавад.
2.3. Фонди инвестиционӣ метавонад як ё якчанд муассис дошта бошад. Шумораи муассисони фонди инвестиционӣ маҳдуд нест. Муассисон ва саҳомони фондҳои инвестиционӣ метавонанд ашхос, аз ҷумла фондҳои хусусигардонӣ, ба ғайр аз ташкилоту муассисаҳои маҳдудкардашаванда бошанд.
Қарор дар бораи таъсиси фонди инвестиционӣ аз тарафи маҷлиси муассисон ё муассиси ягона қабул карда мешавад.
Маҷлиси муассисон Оинномаи фонди инвестициониро, ни мутобиқи оинномаи намунавии фонди инвестиционӣ таҳия шудааст, тасдиқ мекунад, Президент ва Шӯрои директорони фонди инвестициониро интихоб менамояд, лоиҳаҳои аҳдномаи депозитарӣ ва аҳдномаро бо идоракунанда дар бораи идораи фонди инвестиционӣ тасдиқ намуда, шахси мансабдори фондро ҷиҳати ба имзо расонидани онҳо ваколатдор месозад.
2.4. Ба иловаи талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мундариҷаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ пешниҳод мекунад, оинномаи фонди инвестиционӣ бояд муқаррароти зеринро дарбар гирад;
- муайян намудани фонди инвестиционӣ ҳамчун ҷамъияти саҳомии навъи кушода;
- навъи фонди инвестиционӣ - кушода, пӯшида ё чекӣ;
- декларацияи инвестиционӣ, ки самтҳои асосӣ, мақсад ва маҳдудиятҳои фаъолияти инвестиционии фонд, ҳиссаи ниҳоии сармояи оинномавиро, ки метавонанд ба қоғазҳои арзишноки ин ё он намуд гузошта шаванд, муқаррар мекунад;
- тартиби ҷалб намудани маблағҳои вомбарг;
- ишораҳо ба ин ки ҳамаи саҳмияҳои фонди инвестиционӣ саҳмияҳои оддии дорои ҳуқуқи баробари овоз, ҳуқуқи иштирок дар идора ва гирифтани амвол ҳангоми барҳам додани фонд, инчунин барои муддати мӯҳлатнок ё бемӯҳлати фаъолияти фонди инвестиционӣ мебошанд;
- маълумот дар бораи ҷой, тартиб ва мӯҳлати пардохти дивидендҳо.
2.5. Дар номгӯи фонди инвестиционӣ бояд калимаҳои "фонди инвестиционӣ" дохил карда шаванд. Ҳеҷ гуна ашхос, ғайр аз фондҳои инвестиционии мувофиқи Низомномаи мазкур амалкунанда, ҳуқуқ надоранд, ки дар номгӯи худ калимаҳои "фонди инвестиционӣ" ё калимаҳои дорои ҳамин мазмунро дохил намоянд.
Номгӯи фонди инвестиционӣ навбояд маънии мансубияти онро ба ягон воҳиди миллию давлатӣ ё маъмурию ҳудудӣ, вазорату идораҳо ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ дошта бошад ё зимнан дар назар дошта бошад.
2.6. Ташкилот ва муассисаи маҳдудкардашаванда наметавонад идоракунандаи фонди инвестиционӣ бошад. Бонк, ташкилоти суғурта ё корхонае, ки дар сармояи оинномавиаш ҳиссаи бонкҳо ё ташкилотҳои суғурта 60 ё фоизи аз ин зиёдтарро ташкил медиҳад ва депозитарии ин фонд нест, метавонад идоракунандаи он бошад.
2.7. Фонди оинномавии фонди инвестиционӣ бояд ҳангоми таъсисьёбӣ аз ҳисоби ҳаққи узвияти муассисон ташкил шуда, набояд аз миқдори 50000-каратаи ҳадди ақали музди меҳнат камтар бошад. Дар лаҳзаи таъсиси фонди инвестиционӣ бояд на камтар аз 30 фоизи сармояи оинномавии он пардохта шуда бошад ва маблағи боқимонда дар муддати 30 рӯз аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ бояд гузаронида шавад.
Обунаи аввалин ба саҳмияҳои фонди инвестиционӣ на дертар аз 3 моҳ аз рӯзи бақайдгирии барориши фонди инвестиционӣ гузаронида мешавад:
2.8. Сармояи оинномавии фонди инвестиционӣ метавонад бо пули нақд ва ғайринақдӣ, қоғазҳои арзишнок ва амволи ғайриманқул пардохта шавад.
Ҳангоми таъсиси фонди инвестиционӣ ҳиссаи амволи ғайриманқул набояд аз 25 фоизи сармояи оинномавии он зиёд бошад.
2.9. Бақайдгирии барориши саҳмияҳои фонди инвестиционӣ бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъиятҳои саҳомии навъи кушода муқаррар кардааст, бо дарназардошти талаботи иловагии муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома ва асноди меъёрии дигар, ки фаъолияти фондҳои инвестициониро танзим менамоянд, анҷом дода мешавад.
Тартиби бақайдгирии барориши саҳмияҳои фонди инвестиционӣ аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ҳар як саҳмия ба саҳмдорон дар ҳамаи маҷлисҳои саҳомон ҳаққи як овоз ва дар баробари дигар саҳмияҳо - ҳуқуқи гирифтани дивиденд ва қисми дахлдори амволи фондро медиҳад.
2.10. Фонди инвестиционӣ вазифадор аст, ки мувофиқи Низомномаи мазкур аҳдномаи депозитарӣ бандад. Аҳдномаи депозитарӣ бояд: матлаби аҳднома; ҳуқуқу вазифаҳои тарафҳо; декларацияи инвестиционӣ; масъулияти тарафҳо; андозаҳои подоши депозитарий ва дигар муқарраротро дарбар гирад.
Ҳамаи активҳои пулӣ ва қоғазҳои арзишноки фонди инвестиционӣ дар депозитарий нигоҳ дошта мешаванд. Тамоми ҳисобу китоби пул ва амалиёт бо қоғазҳои арзишнок метавонанд фақат ба воситаи депозитарий гузаронида шаванд.
Ворид намудани тағьироту иловаҳо ба аҳдномаи депозитарӣ метавонад бо қарори маҷлиси умумии саҳомони фонди инвестиционӣ сурат гирад.
Депозитарий наметавонад кредитор ва кафили фонди инвестиционӣ бошад. Депозитарий бо коғазҳои арзишноки фонди инвестиционӣ бо дарназардошти талаботи аҳдномаи депозитарӣ, аз ҷумла бо дарназардошти маҳдудияти мубодила ва хариду фурӯши коғазҳои арзишнок амалиёт анҷом медиҳад ва назорат мекунад.
2.11. Фонди инвестиционӣ барои тафтиши ҳарсолаи ҳуҷҷатҳо ва ҳисоботи фонд, идоракунанда ва депозитарий аудитори мустақил таъин мекунад.
2.12. Фонди инвестиционӣ бо идоракунанда дар бораи идоракунии фонди инвестиционӣ аҳднома мебандад. Дар аҳднома бо идоракунанда дар болои идоракунии фонди инвестиционӣ бояд: матлаби аҳднома; ҳуқуқу вазифаҳои тарафҳо; декларацияи инвестиционӣ; андозҳои подош ва хароҷоти идоракунанда; хароҷоти фонд; маҳдудиятҳои идоракунанда; шартҳои қатъ намудани амали аҳднома ва масъулияти тарафҳо дарҷ гарданд.
Ба шартномаи бо идоракунанда басташуда ворид намудани тағьироте, ки мухолифи Низомномаи мазкур нестанд, метавонад бо қарори маҷлиси умумии саҳомон сурат гирад.
Депозитарий наметавонад идоракунандаи фонди инвестиционӣ бошад.
сархатҳои чорум ва панҷум хориҷ карда шуд
Дар ҳолати идоракунанда таъин шудани шахси дигар аҳднома худ ба худ қатъ мегардад.
2.13. Ашхосе, ки барои сохтакории ҳуҷҷатҳо, пулҳои коғазӣ, коғазҳои арзишнок, дуздӣ, порахӯрӣ ва дигар ҷиноятҳои ғаразнок суд шуда бошанд, наметавонанд, ки хизматчӣ, шахси мансабдор ё директори фонди инвестиционӣ, инчунин иҷрокунандаи вазифаи идоракунандаи он, аудитори мустақил ё депозитарий бошанд.
III. Бақайдгирии барориши коғазҳои арзишнок
3.1. Хориҷ карда шуд
3.2. Бақайдгирии давлатии барориши қоғазҳои арзишноки фонди инвестиционӣ, додани шаҳодатномаи ҳуқуқи пешбурди фаъолияти касбӣ бо қоғазҳои арзишнок ба фонди инвестиционӣ, идоракунандаи онҳо, ашхоси боэътимод ва депозитарийҳо бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шавад.
Дар сурати мавҷуд будани кафолати харида гирифтани саҳмияҳои фонд, бо талаби саҳом фонди инвестиционӣ ҳақ дорад, ки миқдори иловагии саҳмияҳоро ба муомилот барорад.
IV. Маҳдудиятҳои фаъолияти фонди инвестиционӣ
4.1. Фонди инвестиционӣ ҳуқуқ надорад, ки:
- ба ғайр аз инвестиция ба коғазҳои арзишнок ва амволи ғайриманқул дигар намудҳои инвестицияро анҷом диҳад;
- вомбарг, саҳмияҳои имтиёзнок ё дигар ӯҳдадориҳои пулие (ба истиснои ҷалби кредитҳои бонкӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Оиннома) барорад, ки соҳибонашон нисбат ба дорандагони саҳмияҳои оддӣ ҳуқуқи бартариро ба амволи фонд молик шаванд;
зиёда аз 5 фоизи активҳои холиси худро ба коғазҳои арзишноки як эмитент гузорад;
зиёда аз 5 фоизи активҳои холиси худро ба татбиқи лоиҳаҳои молиявӣ ва истехсоли гузорад;
ба коғазҳои арзишноки ашхоси боэътимоди фонди инвестиционӣ маблағгузорӣ намояд;
дар бораи фурӯши коғазҳои арзишноке, ки ба вай тааллуқ надоранд ё вай ҳаққи харидории онҳоро надорад, аҳдномаҳо бандад;
дар ҳолате ки ҳаҷми якҷояи қарзи пардохташаванда аз 10 фоизи арзиши активҳои холиси фонди инвестиционӣ дар санаи имзои созишномаи кредитӣ зиёд бошад, маблағҳои вомбаргҳоро истифода намояд. Мӯҳлати вомбаргҳо бе ҳуқуқи тамдид набояд аз се моҳ зиёдтар бошад. Созишномаи кредитиро фонд фақат бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи кӯтоҳмуддат ба маблағҳои пулие, ки барои аз тарафи фонди инвестиционӣ хариди гирифтани саҳмияҳои саҳомони он лозим аст, баста метавонад;
- додани ҳама гуна кафолат, бастани созишномаҳои замонатӣ;
- анҷом додани инвестицияҳо ба коғазҳои арзишноки корхонаҳое, ки шакли ташкилию ҳуқуқиашон масъулияти пурраро пешбинӣ менамояд;
- инвестиция намудан ба қоғазҳои арзишноке, ки идоракунанда, депозитарий, аудитори мустақил, муассисони фонд баровардаанд, инчунин ба коғазҳои арзишноки саҳомоне, ки 5 ё аз он зиёдтар фоизи саҳмияҳои фондро соҳибанд, ба коғазҳои арзишноки корхонаҳое, ки назорат мебаранд ё зери назорати ин ашхос мебошанд;
- анҷом додани фаъолият ба сифати намоянда, миёнарав, фурӯшандаи объектҳои хусусигардонӣ, аз ҷумла ҳангоми фурӯши саҳмияҳо, ҳиссаҳо ва пайҳои корхонаҳои хусусигардонидашаванда;
- аз ашхоси боэътимоди худ харидан ё ба онҳо фурӯхтани коғазҳои арзишнок ва дигар амвол, ба истиснои аз ҷониби фонди инвестиционии навъи кушода аз саҳом харида шудани саҳмияҳои худи он фонд;
- гузоштани маблағ ба ӯҳдадориҳои қарзӣ, ба истиснои коғазҳои арзишноки давлатӣ;
- харидан ва дар активҳои худ нигоҳ доштани 15 ва аз ин зиёда фоизи ҳамаи вомбаргҳо ва дигар ӯҳдадориҳои қарзии як эмитент;
- харидан ва дар активҳои худ нигоҳ доштани саҳмияҳои фондҳои инвестиционии дигар.
4.2. Илова ба маҳдудиятҳои умумие, ки Низомномаи мазкур муқаррар намудааст, маҳдудиятҳои махсуси фаъолияти ҳар гуна фондҳои инвестиционӣ бо низомномаҳои тартиби таъсис ва фаъолияти фондҳои дахлдор, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муқаррар карда мешаванд.
V. Идоракунӣ ва назорат
5.1. Идораи фонди инвестиционӣ ва назорат аз болои фаъолияти он мувофиқи тартиби барои ҷамъиятҳои саҳомӣ пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
5.2. Мақоми олии идораи фонди инвестиционӣ маҷлиси саҳомон мебошад, ки ба салоҳияти мутлақи он:
ворид намудани тағьирот ва иловаҳо ба Оиннома;
маъқул донистани декларацияи инвестиционӣ, аҳдномаи депозитарӣ, аҳднома бо идоракунанда доир ба идораи фонди инвестиционӣ, аз ҷумла тартиби муайян намудани андозаҳои подоши депозитарий ва идоракунанда ва ворид намудани тағьироту иловаҳо ба онҳо;
тасдиқи натиҷаҳои фаъолияти солонаи фонди инвестиционӣ;
тасдиқи тартиби ҳисобу китоби дивиденд;
қабули қарор доир ба таъсиси филиалҳо ва шӯъбаҳо бе ҳуқуқи ва қатъи фаъолияти онҳо;
таъини аъзои Комиссияи тафтишот;
интихоби Шӯрои директорони фонди инвестиционӣ;
қабули қарор дар бораи барҳам додани фонди инвестиционӣ, ташкили комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи ҳисоботи он.
Ҳангоми гузаронидани ҳамаи маҷлисҳои саҳомон кворум тавре таъмин мегардад, ки дар он соҳибони на камтар аз 50 фоизи саҳмияҳои одди шахсан ё ба тавассути намояндагони комилҳуқуқ ҳузур дошта бошанд.
Қарор дар бораи ба Оиннома ворид намудани тағьирот ва барҳам додани фонди инвестиционӣ бо аксарияти 3/4 овозҳо ва дар бораи масъалаҳои дигар ҳангоми таъмин будани кворум қабул карда мешавад.
Ҳангоми таъмин набудани кворум рӯзи гузаронидани маҷлиси нави саҳомон ба мӯҳлати 14 рӯзи тақвимӣ мавқуф гузошта мешавад.
Қарор да маҷлиси такрорӣ бо аксарияти овозҳои оддии саҳомони дар он ҳузурдошта ё намояндагони комилҳуқуқи онҳо, сарфи назар аз будан ё набудани кворум, қабул карда мешавад.
5.3. Маҷлиси нахустини саҳомон дар муддати як моҳи баъди ба қайд гирифта шудани фонд доир мегардад. Фонд ҳар сол як маротиба маҷлиси умумии солонаи саҳомонро, сарфи назар аз маҷлисҳои дигари саҳомон, доир менамояд. Давраи байни маҷлисҳои умумии солона набояд аз 15 моҳ зиёдтар бошад.
5.4. Дар давраи байни маҷлисҳои умумии саҳомони фонд Шӯрои директорон мақоми олии роҳбарикунандаи он мебошад.
5.5 Шумораи аъзои Шӯрои директорони фонди ннвестициониро маҷлиси умумии саҳомон муайян мекунад, вале он набояд ҷуфт ё камтар аз 5 нафар бошад.
Бо талаби депозитарий намояндаи он бояд дар маҷлиси Шӯрои, директорони фонд роҳ дода шавад.
Шӯрои директорон ҳақ дорад, ки тамоми ҳисобот, пардохти дивидендҳоро тафтиш кунад, аз болои иҷрои вазифаҳои идоракунанда назорат намояд. Шӯрои директорон вазифадор аст, ки мутлақан ба манфиати саҳомон амал намояд. Дар ҳолати вайрон карда шудани қоидаи мазкур саҳомон ҳақ доранд, ки даъво пешниҳод кунанд.
5.6. Идоракунанда, инчунин ашхоси боэътимоди идоракунандаи фонди инвестиционӣ наметавонанд аксарияти Шӯрои директоронро ташкил диҳанд.
5.7. Маҷлиси умумии саҳомон Президенти фонди инвестициониро интихоб менамояд. Президент маҷлисҳои умумии саҳомони фонди инвестициониро мегузаронад ва дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилотҳо, муассисаю корхонаҳо манфиатҳои фонди инвестициониро ҳимоя мекунад. Президент узви Шӯрои директорони фонди инвестиционӣ мебошад.
5.8. Шахси мансабдори (Президент) фонди инвестиционие, ки ӯро маҷлиси умумии саҳомон ваколатдор намудааст, бо идоракунанда оид ба идораи фонди инвестиционӣ аҳднома мебандад.
Иҷозат дода мешавад, ки барои пеш аз мӯҳлат қатъ намудани амали аҳднома ҷуброн муқаррар карда шавад, аммо вай набояд аз 50 фоизи мукофотпулии солонаи идоракунанда, ки аҳднома пешбинӣ менамояд, зиёдтар бошад.
Шӯрои директорон ва маҷлиси саҳомон ҳақ доранд, ки ҳар вақт аҳдномаи бо идоракунанда басташударо бе ягон навъи ҷуброн қатъ намоянд.
Ҳар гуна қоидаи аҳдномаи мазкур агар он ҳуқуқи фонди инвестициниро дар мавриди пеш аз мӯҳлат қатъ намудани фаъолияти аҳдномаи мазкур бе зикри сабаб маҳдуд намояд, беэътибор дониста мешавад.
Иҷрои талаботи декларацияи инвестиционии фонд барои идоракунанда ҳатмӣ мебошад.
Фаъолияти идоракунандаро Шӯрои директорони фонди инвестиционӣ ва депозитарий назорат мекунанд.
5.9. Директорон ва ашхоси мансабдори идоракунанда, инчунин директорон ва ашхоси мансабдори фонди инвестиционӣ, депозитарий бояд қоидаҳои зайлро дастури амал қарор диҳанд:
бе иҷозати Шӯрои директорони фонди инвестиционӣ директорон ва ашхоси мансабдори идоракунанда, инчунин директорон ва ашхоси мансабдори фонди инвестиционӣ ва депозитарий ҳуқуқ надоранд ба ягон шахси сеюм дар мавриди муомилот бо коғазҳои арзишнок маслиҳат диҳанд, ки яке аз тарафҳо дар ин муомилот корхонаест, ки дар сармояи оинномавии он фонди инвестиционӣ ҳисса дорад;
ҳама гуна аҳдномаи байни корхонае, ки дар сармояи оинномавии он фонди инвестиционӣ ҳисса дорад ва директорон, ашхоси мансабдори идоракунандаи фонди инвестиционӣ, ҳамчунин директорон ва ашхоси мансабдори идоракунанда бояд аз тарафи Шӯрои директорони фонди инвестиционӣ маъқул дониста шавад;
ҳама гуна муомилоти байни фонди инвестиционӣ ва корхона ё дигар ашхоси ҳуқуқӣ, ки дар он директорон ва ашхоси мансабдори идоракунанда, ннчунин директорон ва ашхоси масанбдори фонд манфиати иқтисодӣ доранд, бояд аз тарафи Шӯрои директорони фонди инвестиционӣ маъқул дониста шаванд. Аъзои Шӯрои директорон ва идоракунанда дар он сурат ашхоси манфиати иқтисодидошта ҳисоб мешаванд, ки агар онҳо бо шахси ҳуқуқие, ки дар фонди оинномавии он фонди инвестиционӣ ба андозаи 5 фоиз ва аз он зиёдтар ҳисса дорад ё ба вай 5 фоиз ва аз он зиёдтари саҳмияҳои фонди инвестиционӣ тааллуқ дорад, муносибатҳои меҳнатӣ ё маданию ҳуқуқӣ доранд ё дар натиҷаи анҷоми муомилот чунин муносибат дошта метавонанд ё ки дар муносибат бо ӯ ҳуқуқи молик ё кредиторро хоҳанд дошт;
директорон ё ашхоси мансабдори идоракунанда, инчунин директорон ва ашхоси мансабдори фонди инвестиционӣ ва депозитарий вазифадоранд хусусияти сиррии маълумоти аз фонди инвестиционӣ гирифтаашонро нигоҳ доранд.
Идоракунанда ва дигар ашхоси боэътимоди фонди инвестиционӣ ҳақ надоранд маблағҳои шахсии худро ба коғазҳои арзишноке, ки ба онҳо фонди инвестиционии мазкур низ инвестиция анҷом додааст, гузоранд.
5.10. Ҳадди аксари подоше, ки идоракунанда мувофиқи аҳднома бо фонди инвестиционӣ мегирад, набояд аз 5 фоизи ҳисоби миёнаи солонаи арзиши активҳои баланси фонди инвестиционӣ, ки ҳамчун ҷамъи арзиши активҳои баланси фонди инвестиционӣ охири ҳар моҳ дар давоми сол ҳисоб ва ба дувоздаҳ тақсим карда шудааст, зиёд бошад. Ба маблағи мазкур талофии тамоми хароҷоти идоракунанда, ки дар Ннзомномаи тартиби арзьёбии активҳои холиси фонди инвестиционии аз тарафи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида пешбинӣ шудааст, дохил карда мешавад.
5.11. Идоракунандаи фонд ба зараре, ки дар натиҷаи амалҳои вай ба фонди инвестиционӣ ва саҳомон расидааст, ҷавобгар мебошад.
VI. Арзьёбии активҳои холис ва тақсими фоида
6.1. Арзьёбии активҳои холис мутобиқи низомномаи тартиби арзьёбии активҳои холиси фондҳои инвестиционӣ, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, сурат мегирад.
6.2. Фоидаи фонди инвестиционӣ аз ҳисоби дивидендҳо ва фоизи воридот аз ҳисоби коғазҳои арзишноки фонд, инчунин аз ҳисоби даромад аз амалиёти бо қоғазҳои арзишнок анҷомдодашуда, ташаккул меёбад.
6.3. Масъалаи тақсими фоидаи холиси фонди инвестиционӣ, ки баъди пардохти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ боқӣ мемонанд, мувофиқи тавсияҳои Шӯрои директорон ба салоҳияти мутлақи маҷлиси умумии саҳомони фонд марбут аст.
6.4. Шароит, тартиб ва вақти додани дивидендҳоро Оинномаи фонди инвестиционӣ муайян мекунад.
VII. Ҳисобот
7.1. На дертар аз 30 рӯзи баъди тамом шудани семоҳаи молиявӣ ва на дертар аз 60 рӯзи баъди ба охир расидани соли молиявӣ фонди инвестиционӣ вазифадор аст, ки барои баррасии саҳомон, Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияви Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи молиявиашро пешниҳод намояд ва онро, ки бояд аз маълумоти зайл иборат бошад, дар матбуот чоп намояд:
баланси бухгалетрӣ бо шарҳи номгӯи инвестицияҳои фонд (бо зикри маълумот дар бораи миқдор, намудҳо ва арзиши ҷории бозории коғазҳои арзишнок дар рӯзи таҳияи ҳисобот);
ҳисобот дар бораи фоида ва зарар, инчунин дивидендҳои дар ин давра пардохташуда;
маълумот дар бораи арзиши активҳои холиси фонд дар рӯзи охирини давраи зикршуда, ки мувофиқи низомномаи тартиби арзьёбии активҳои холиси фонди инвестиционӣ, дар бораи миқдори саҳмияҳое ки фонди инвестиционӣ баровардааст, нархи номиналӣ ва ҷории бозории як саҳмия дар рӯзи таҳияи ҳисобот ба ҳисоб гирифта мешаванд, инчунин дар бораи нархе, ки аз рӯи он фонди инвестиционӣ ӯҳдадор шудааст саҳмияҳои худро аз саҳомон харида гирад;
андозаи музди хизмати идоракунанда ва депозитарий дар давраи зикршуда;
маълумот оид ба тағьирот дар ҳайати ашхоси боэътимод - аъзои Шӯрои директорони фонди инвестиционӣ, идоракунанда ва депозитарий.
ҳисоботи молиявӣ аз рӯи ҷамъбасти сол аз тарафи аудитори мустақил тасдиқ карда мешавад.
7.2. На дертар аз 60 рӯзи баъди ба охир расидани соли молиявӣ, фонди инвестиционӣ ба ҳар кадом саҳоми фонд имконият медиҳад, ки бепул бо маълумот дар бораи ҳамаи қарордодҳои бастаи фонди инвестиционӣ, муомилоти анҷомдодаи он, инчунин оид ба ҳамаи пардохтҳои байни идоракунанда ё ҳар шахси боэътимод ва ҳар шахсе ки фонди инвестиционӣ ба коғазҳои арзишноки вай дар давраи ҳисоботӣ ҳисса гузоштааст, шинос шавад.
7.3. Фонди инвестиционӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи идоракунанда, депозитарий, аудитори мустақил, рӯйхати ҳамаи аъзои Шӯрои директорони фонди инвестиционӣ, аъзои Шӯрои директорони идоракунанда, депозитарий, аудитори мустақил маълумот пешниҳод менамояд, инчунин шароит фароҳам меорад, ки дар шахс ё ташкилоти манфиатдор бо ни маълумот ва рӯйхатро шинос шаванд.
7.4. Ба инвесторон ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ ё бо роҳи реклама дар бораи фоидаи қаноатбахш додани кафолат манъ аст.
7.5. Фонд вазифадор аст, ҳар семоҳа дар бораи арзиши активҳои фонд ахбори аз тарафи аудитори мустақил тасдиқшударо нашр намояд.
Акт ё дигар ҳуҷҷати дар натиҷаи тафтиши аудитори тартибдодашуда қисми ҷудонашавандаи ҳисоботи солона дар бораи фаъолияти фонди инвестиционӣ мебошад.
7.6. Ҳар як фонди инвестиционӣ вазифадор аст, дар давоми 5 сол аз лаҳзаи тартиб додан пешбурди ҳисобҳои бухгалтерӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки асоси ҳисоботи молиявиро ташкил медиҳанд ва мувофиқи Низомномаи мазкур бо тартиби ҳатмӣ ба идораҳои дахлдор фиристода мешаванд ва тасдиқномаҳои аудиториеро, ки ба ин аснод дахл доранд, анҷом диҳад ва онҳоро нигоҳдорӣ намояд. Ҳар як идоракунанда ва депозитарии фонди инвестиционӣ бояд дар муддати 5 сол аз лаҳзаи тартиб додан ҳисобҳо, китобҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро барои баҳисобгирии амалиёте, ки вай аз номи фонд ё бо фонд анҷом додааст, пеш барад ва нигоҳ дорад.
VIII Барҳамдиҳӣ ва таҷдиди ташкили фонди инвестиционӣ
8.1. Фонди инвестиционӣ:
бо қарори маҷлиси умумии саҳомон;
бо қарори суд;
мувофиқи дигар асосҳои дар Оинномаи фонд пешбинишуда барҳам дода мешавад.
сархати дуюм хориҷ карда шуд
8.2. Барҳамдиҳии ихтиёрии фонди инвестиционӣ аз тарафи комиссияи барҳамдиҳие, ки маҷлиси умумии саҳомон ва барҳамдиҳии маҷбурӣ аз тарафи комиссияе, ки суд таъин мекунад, анҷом дода мешавад. Аз лаҳзаи таъини комиссияи барҳамдиҳӣ ваколати идораи корҳои фонд ба комиссияи мазкур мегузарад. Комиссияи барҳамдиҳӣ амволи фонди инвестициониро арзьёбӣ мекунад, дебитор ва кредиторҳои онро ошкор намуда, бо онҳо ҳисобҳоро баробар мекунад, оид ба пардохти қарзҳои фонд ба ашхоси сеюм тадбирҳо меандешад, баланси барҳамдиҳиро тартиб медиҳад ва онро ба маҷлиси умумии саҳомон пешниҳод мекунад.
8.3. Маблағҳои мавҷудаи фонди инвестционӣ, аз ҷумла даромад аз ҳисоби фурӯши амволи он ҳангоми барҳамдиҳӣ, баъди бо буҷет ва кредиторҳо баробар кардани ҳисоб аз тарафи комиссияи барҳамдиҳӣ дар байни саҳомони фонд мувофиқи тартиб ва шартҳои дар Оинномаи фонд ва Низомномаи мазкур пешбинигардида тақсим карда мешаванд.
8.4. Аз лаҳзаи сабт дар реестри ягонаи фондҳои инвестиционӣ барҳамдиҳии фонд анҷомьёфта ва фаъолияти фонд қатъгардида ҳисобида мешавад.
8.5. Баҳсҳои байни фондҳои инвестиционӣ бо ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз тарафи суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.
IX. Фондҳои инвестиционии чекӣ
9.1. Ба иловаи меъёрҳои дар боло зикршуда, фаъолияти фондҳои инвестиционии чекӣ бо муқаррароти ҳамин модда танзим карда мешавад.
9.2. Фондҳои инвестиционии чекӣ ҳамчун фондҳои инвестиционии пӯшида таъсис дода мешаванд.
9.3. Фондҳои инвестиционии чекӣ ҳақ доранд, аз ҳисоби эмиссияи саҳмияҳои худ ва маблағҳои худ чекҳои номии хусусигардонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъ намоянд.
9.4. Фондҳои инвестиционии чекӣ чекҳои номии хусусигардониро ҷамъ мекунанд ва мутобиқи асноди меъёрие, ки тартиби таҳвил ва истифодаи чекҳои номии хусусигардонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян месозанд, ба амволи хусусигардонидашаванда мегузоранд.
9.5. Фонди инвестиционии чекӣ ҳақ надорад, ки зиёди аз 20 фоизи чекҳои номии хусусигардонии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардашударо харад ва дар активҳои худ нигоҳ дорад.
9.6. Фонди инвестиционии чекӣ ҳақ надорад, ки саҳмияҳои худро аз саҳомон харида гирад. Саҳмияҳои фонди инвестиционии чекиро соҳибони онҳо метавонанд дар бозори коғазҳои арзишнок фурӯшанд.
9.7. Ба ғайр аз ҳисоботе, ки фондҳои инвестиционии чекӣ мувофиқи қоидаи моддаи 7.1. ҳамин Низомнома пешниҳод мекунанд, фонди инвестиционии чекӣ бояд ҳар семоҳа ба Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба миқдори чекҳои ҷамъоваришуда ва пардохтшудаи хусусигардони маълумот диҳад.
9.8. Фонди инвестиционии чекӣ ба таври ҳатмӣ Феҳрасти саҳомонро пеш мебарад.