×

Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба пешгирӣ намудани андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя аз 7 ноябри соли 2006

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба пешгирӣ намудани андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия

бо хоҳиши таҳкиму густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии байни ҳар ду Давлат ва бо мақсади пешгирӣ намудани андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя ба мувофиқати зерин расиданд:

Моддаи 1 Шахсоне, ки нисбати онҳо ин Конвеисия истифода бурда мешавад

Ҳамин Конвенсия нисбати шахсоне истифода бурда мешавад, ки резидентп як ё харду Давлатп Аҳдкунанда мебошанд.

Моддаи 2 Андозҳое, ки нисбати онҳо ҳамин Конвенсия татбиқ мегардад

1. Ҳамин Конвенсия нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя, ки аз номн яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ё воҳидҳои маьмурию ҳудудии он ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ситонида машаванд, сарфи назар аз усули ситониданашон, татбиқ мегардад.

2. Ба андозҳо аз даромад (фоида) ва сармоя ҳамаи андозҳое дохил мешаваыд, ки аз маҷмӯи даромад, аз маҷмӯи сармоя ё аз унсурҳои алоҳидаи даромад ва сармоя ситонида мешаванд, аз ҷумла андоз аз даромадҳо ҳангоми бегона кардани амволи манқул ва ғайриманқул, андозҳо аз маблағи умумии музди меҳнат ё пардохтҳои корфармо, инчунин андозҳои даромад аз болоравии арзиши сармоя.

3. Андозҳои мавҷуда, ки нисбати онҳо хамин Конвенсия татбиқ мегардад, аз ҷумла инҳоянд:

а) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- андоз аз даромади (фоидаи) шахсони ҳуқуқӣ;

- андоз аз даромади шахсони воқеӣ;

- андоз аз амволи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, минбаъд "андозҳои Тоҷикистон" номида мешаванд)

б) дар Ҷумҳурии Чехия: -андоз аз фоидаи шахсони воқеӣ;

- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;

...

Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба пешгирӣ намудани андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия

бо хоҳиши таҳкиму густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии байни ҳар ду Давлат ва бо мақсади пешгирӣ намудани андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя ба мувофиқати зерин расиданд:

Моддаи 1 Шахсоне, ки нисбати онҳо ин Конвеисия истифода бурда мешавад

Ҳамин Конвенсия нисбати шахсоне истифода бурда мешавад, ки резидентп як ё харду Давлатп Аҳдкунанда мебошанд.

Моддаи 2 Андозҳое, ки нисбати онҳо ҳамин Конвенсия татбиқ мегардад

1. Ҳамин Конвенсия нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя, ки аз номн яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ё воҳидҳои маьмурию ҳудудии он ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ситонида машаванд, сарфи назар аз усули ситониданашон, татбиқ мегардад.

2. Ба андозҳо аз даромад (фоида) ва сармоя ҳамаи андозҳое дохил мешаваыд, ки аз маҷмӯи даромад, аз маҷмӯи сармоя ё аз унсурҳои алоҳидаи даромад ва сармоя ситонида мешаванд, аз ҷумла андоз аз даромадҳо ҳангоми бегона кардани амволи манқул ва ғайриманқул, андозҳо аз маблағи умумии музди меҳнат ё пардохтҳои корфармо, инчунин андозҳои даромад аз болоравии арзиши сармоя.

3. Андозҳои мавҷуда, ки нисбати онҳо хамин Конвенсия татбиқ мегардад, аз ҷумла инҳоянд:

а) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- андоз аз даромади (фоидаи) шахсони ҳуқуқӣ;

- андоз аз даромади шахсони воқеӣ;

- андоз аз амволи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, минбаъд "андозҳои Тоҷикистон" номида мешаванд)

б) дар Ҷумҳурии Чехия: -андоз аз фоидаи шахсони воқеӣ;

- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;

- андоз аз амволи ғайриманқул (ки минбаъд "андозҳои Чехия" номида мешаванд)

4. Ин Конвеисия ҳамчунин нисбати ҳама гуна андозҳои шабеҳ ва моҳиятан монанд, ки баъди ба имзо расидани ҳамин Конвенсня ба иловаи андозҳои мавҷуда ё бар ивази онҳо ситонида мешаванд, татбиқ мегарданд. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда якдигарро аз ҳар гуна тағйироти назаррас, ки дар қонунгузориҳои андози онҳо ворид гардидааст, бохабар месозанд.

Моддаи 3 Мафҳумҳои умумӣ

1. Барои мақсадҳои ҳамин Конвенсия ба истиснои ҳолатҳое, ки аз матн тартиби дигаре барнаояд:

а) истилоҳи "Давлати Аҳдкунанда" ва "Давлати Аҳдкунандаи дигар" мувофиқи матн маънои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Чехияро дорад:

Ь) истилоҳи "Тоҷикистон" маънои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми ба маънои географӣ истифода бурдани истилоҳи Тоҷикистон қаламрави онро дар бар мегирад, ки мувофиқи санадҳои ҳуқуқҳои байналмилалӣ муайян карда шудааст;

с) истилоҳи "Чехия" маънои каламрави Чехияро дорад, ки мувофиқи ҳуқуқҳои Ҷумҳурии Чехия ва меъёри ҳуқуқи байналмилалӣ ҳуқуҳҳои мустақили Чехияро эътироф менамояд;

б) истилоҳи "шахс" дорои маънои шахси воқеӣ, ширкат ва ҳама гуна дигар иттиҳодияи шахсон мебошад;

е) истилоҳи "ширкат" дорои маънои ҳама гуна иттиҳодияи корпоративӣ ё дигар ташкилоте мебошад, ки барои мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун иттиҳодияи корпоративӣ баррасӣ мешавад;

f) истилоҳи "корхона" ба ҳар гуна намуди фаъолият татбиқ мешавад;

g) истилоҳи "корхонаи як Давлати Аҳдкунанда" ва "корхонаи Давлати Аҳдкунандаи дигар" мутаносибан маънои корхонаеро, ки резиденти як Давлати Аҳдкунанда идора менамояд ва корхонаеро, ки резиденти Давлати Аҳдкунандаи дигар идора мекунад, ифода менамояд;

h) истилоҳи "ҳамлу нақли байналмилалӣ" маънои ҳама гуна боркашониҳоро тавассути киштӣ ё тайёра, нақлиёти роҳи оҳан ё автомобилӣ дорад, ки корхонаи Давлати Аҳдкунанда истифода мебарад, дар он ҷои идоракунӣ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки киштӣ ё тайёра, нақлиёти роҳи оҳан ё автомобилӣ танҳо байни нуқтаҳое истифода мегардад, ки дар қаламрави Давлати Аҳдкунандаи дигар ҷойгир аст;

i) истилоҳи "фаъолият" расонидани хизмати касбӣ ва дигар намудҳои он фаъолияти инфиродиро дар бар мегирад:

j) истилоҳи "шахси миллӣ" дорои маънои зайл мебошад.

- ҳама гуна шахси воқеӣ, ки дорои шаҳрвандии Давлати Аҳдкунанда мебошад:

- ҳама гуна шахси ҳуқуқӣ, ширкат ё ассотсиятсия, ки мувофиқи қонунгузории ҷории Давлати Аҳдкунанда ин мақомро соҳиб шудааст;

к) истилохи "мақомоти салоҳиятдор":

- нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё намояндаи ваколатдори онро дорад;

- нисбат ба Ҷумҳурии Чехия - Вазири молияи Ҷумҳурии Чехия ва ё намояндаи ваколатдори онро дорад;

2. Ҳангоми истифодаи ин Конвенсия аз ҷониби Давлати Аҳдкунанда истилоҳи дар он муайяннашуда, агар аз матн тартиби дигаре барнаояд, дорои ҳамон мазмуне мебошад, ки қонунгузории ҳамин Давлат нисбати андозҳо муқаррар намудааст ва ҳамин Конвенсия нисбати онҳо татбиқ мешавад. Аҳамияти истилоҳ тибқи қонунгузории андози ҳамин Давлат нисбат ба аҳамияти ҳамин истилоҳ дар дигар соҳаҳои қонунгузории ҳамин Давлат бартарӣ дорад.

Моддаи 4 Резидент

1. Барои мақсадҳои ҳамин Конвенсия истилоҳи "резиденти Давлати Аҳдкунанда", маънои ҳама гуна шахсеро дорад, ки мувофиқи қонунгузории ин Давлат дар ҳамин давлат дар асоси маҳали доимии истиқомат, маҳали доимии буду бош, маҳали идоракунӣ ё ҳама гуна омилҳои дорои хусусияти шабеҳ мавриди андозбандӣ қарор мегирад, инчунин ҳамин Давлат ва ҳама гуна воҳидҳои дигари маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимиятӣ дар бар мегирад. Вале ин истилоҳ ҳар шахсеро, ки бояд дар ин Давлат танҳо аз даромад аз манбаъ дар ин Давлат ё амволи дар он доштааш андозбандӣ гардад, дар бар намегирад.

2. Агар мувофиқи муқаррароти банди 1 шахси воқеӣ резиденти ҳарду Давлати Аҳдкунанда бошад, мақоми вай чунин муайян карда мешавад:

а) шахс резиденти ҳамон Давлате ҳисобида мешавад, ки дар он маҳалли истиқомати доимӣ дорад, агар вай дар ҳар ду Давлат маҳалли истиқомати доимӣ дошта бошад, вай резиденти ҳамон Давлате дониста мешавад, ки дар он робитаҳои нисбатан зичи шахсӣ ва иқтисодӣ (маркази манфиати ҳаётан муҳим дорад) дорад;

b) агар муайян кардани Давлатеро, ки шахс дар он маркази манфиати ҳаётан мухим дорад ғайриимкон бошад ё вай дар ҳеҷ яке аз ин Давлатҳо маҳали истиқомати доимӣ надошта бошад, пас вай резиденти ҳамон Давлате ҳисобида мешавад, ки маъмулан дар он бештар аз 182 рӯз дар давоми соли тақвимӣ истиқомат мекунад (ҷои зисти ҳамеша):

с) агар шахс маъмулан дар ҳарду Давлат истиқомат кунад ё дар ҳеҷ яке яз ин Давлатҳо истиқомат накунад, онгоҳ вай резиденти ҳамон Давлате хисобида мешавад, ки шаҳрванди он мебошад;

d) агар шахс шаҳрванди ҳар ду Давлат бошад, ё шаҳрванди хеҷ яке аз онҳо набошад, онгоҳ мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда масъалаи резидентии чунин шахси воқеъиро бо розигии ҳамдигар ҳал мекунанд.

3. Агар тибқи муқаррароти банди 1 шахс резиденти ҳарду Давлати Аҳдкунанда бошад, ба истиснои шахси воқеӣ, вай резиденти ҳамон Давлате ҳисобида мешавад, ки дар он маҳали воқеии идоракунии он қарор дорад.

Моддаи 5 Муассисаи доимӣ

1. Барои мақсадҳои ҳамин Конвенсия истилоҳи ,муассисаи доимӣ, маънои маҳали доимии фаъолиятро дорад, ки таввассути вай фаъолияти соҳибкории корхона пурра ё қисман амалӣ мегардад.

2 Истилоҳи "муассисаи доимӣ" аз ҷумла инҳоро дар бар мегирад:

а) маҳали идоракунӣ:

b) шӯъба;

с) идора;

d) фабрика:

е) устохона;

f) кон, чоҳи нафту газ, кон ё маҳали дигари истихроҷи захираҳои табиӣ.

3. Истилоҳи "муассисаи доимӣ" ҳамчунин инҳоро дар бар мегирад:

а) майдончаи сохтмон ё объектҳои сохтмон, васл, ҷамъсозӣ, фаъолияти назоратии вобаста ба онҳо, вале ба шарте, ки агар мавҷудияти чунин майдонча ё объект ё чунин фаъолият муддати бештар аз 12 моҳ идома ёбад, ва ё чунин хизматрасониҳо мудати бештар аз 12 моҳ идома ёбанд.

b) хизматрасониҳо, аз ҷумла консалтинг ё хизматрасониҳои идоракунӣ аз ҷониби корхонаи Давлати Аҳдкунандаи тавассути хизматчиён ё дигар кормандон, ки корхона ба ин мақсад кироя мегирад, вале ба шарте агар чунин фаъолият дар доираи як ё якчанд давраҳо дар маҷмӯ дар ҳудуди Давлати Аҳдкунандаи дигар дар ҳама гуна мӯҳлатҳои бештар аз 6 моҳа аз 12 моҳ давом кунад.

4. Сарфи назар аз муқаррароти бандҳои пештараи ҳамин модда истилоҳи "муассисаи доимӣ" инҳоро дар бар намегирад:

а) истифодабарии иншоот ва таҷҳизот танҳо ба мақсади нигаҳдорӣ ё намоиши мол ё маснуоти марбути ин корхона;

b) нигаҳдошти захираҳои молҳо ва маснуоти марбути ин корхонаҳо танҳо ба мақсади анбор кардан ё намоиш;

с) нигаҳ доштани захираҳои мол ё маснуоти марбути ин корхонаҳо танҳо ба мақсади коркарди онҳо аз тарафи дигар корхона:

b) нигаҳ доштани маҳали фаъолияти доимӣ танҳо бо мақсади хариди мол ё маснуот ё барои ҷамъоварии маълумот барои ҳамин корхона;

е) нигаҳ доштанн маҳали фаъолияти доимӣ танҳо бо мақсади амалӣ сохтани ин ё он фаъолияти дорои хусусияти омодагӣ ё ёрирасон танҳо ба манфиати ҳамин корхона;

f) нигаҳ доштани маҳали фаъолияти доимӣ танҳо бо мақсади амалӣ сохтани маҷмӯи гуногуни фаъолияти дар зербандҳои аз а) то е) ҳамин банд зикршуда, ба шарте, ки агар фаъолияти ин маҳали фаъолияти доимии дар натиҷаи чунин маҷмӯъ бавуҷудоянда хусусияти омодагӣ ё ёрирасон дошта бошад.

5. Сарфи назар аз муқарароти бандҳои 1 ва 2 агар шахс ғайри агенти мақоми мустақилона дошта бошад, ки нисбати вай дар банди 6-и ҳамин модда сухан меравад ва аз номи корхона амал карда, маъмулан дар Давлати Аҳдкунанда ваколати бастани қарордодҳоро аз номи ҳамин корхона дошта бошад ё истифода намояд ё захираи молҳои ба корхона таалуқдоштаро нигоҳдорӣ кунад, ки аз онҳо фурӯши мунтазамро аз номи корхона ба амал мебарорад, чунин корхона ҳамчун корхонаи дорои муассисаи доимӣ дар ҳамин Давлат дониста мешавад, нисбати ҳамагуна фаъолияте, ки ин шахс барои корхона анҷом медиҳад, агар фаъолияти чунин шахс, ба фаъолияти дар банди 4 ҳамин Конвенсия номбурда маҳдуд нашавад, ва ин фаъолият ҳарчанде, ки таввасути ҷои фаъолияти доимӣ амалӣ гардад ҳам, вале мувофиқи муқаррароти ин банд маҳаллӣ фаъолияти доимиро ба муассисаи доимӣ татбиқ намесозад.

6. Корхона наметавонад дар Давлати Аҳдкунанда ҳамчун корхонаи дорои муассисаи доимӣ танҳо ба он хотир баррасӣ шавад, ки вай фаъолияти соҳибкориашро дар ҳамии Давлат таввассути брокер, агенти комиссионӣ ё агенти дигари дорои мақоми мустақил анҷом медиҳад, ба шарте агар чунин шахсон дар доираи фаъолияти маъмулии худ амал кунанд.

7. Чунин далел, ки ширкате, ки резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда буда, ширкати резиденти дигар Давлати Ахдкунандаро зери назорат мегирад е назорат менамояд ё фаъолияти сохибкорлро дар ҳамин Давлати дигар (тавассути муассисаи доимӣ ё ба тариқи дигар) амалӣ месозад, худ аз худ яке аз ин ширкатҳоро ба муассисаи доимии дигар табдил намедиҳад.

Моддаи 6 Даромад аз амволи ғайриманқул

1. Даромади бадастовардаи резиденти як Давлати Аҳдкунанда аз амволи ғайриманкул (аз ҷумла, даромад аз хоҷагии кишоварзӣ ё хоҷагии ҷангал), ки дар Давлати Аҳдкунандаи дигар қарор дорад, метавонад дар ҳамон Давлати Аҳдкунандаи дигар мавриди андозбандӣ қарор гирад.

2. Истилоҳи "амволи ғайриманқул" ҳамон маъноеро дорад, ки дар қонунгузории Давлати Аҳдкунанда, ки амвол дар каламрави он ҷойгир аст, омадааст. Ин истилоҳ дар ҳама ҳолат амволи ҳамроҳикунандаи амволи ғайриманқул, ҳайвонот ва таҷҳизоти таъиноти хоҷагии кишоварзӣ ва ҷангал, ҳуқуқҳои пешбининамудаи муқаррароти қонунгузорӣ дар бораи моликияти дар саҳни замин қарордошта, узуфрукти амволи ғайриманқул, инчунин ҳуқуқи пардохтҳои тағйирёбанда ва танзимшаванда, ки ба сифати ҷуброн барои коркард ё ҳуқуқи коркарди захираҳои табиӣ, манбаъҳо ва дигар канданиҳои табиӣ пардохта мешавад, дар бар мегирад. Киштиҳои баҳрӣ ва тайёраҳо, нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ ба сифати амволи ғайриманқул баррасӣ карда намешаванд.

3. Муқаррароти банди 1 ҳамин модда нисбати даромадҳо аз истифодаи мустақими амволи ғайриманқул, ба иҷора додан ё истифодаи амволи ғайриманқул дар шакли дигар, татбиқ карда мешавад.

4. Муқаррароти бандҳои 1 ва 3 инчунин нисбати даромадҳо аз амволи ғайриманқули корхона татбиқ мегардад.

Моддаи 7 Фоида аз фаъолияти иқтисодӣ

1. Фоидаи корхонаи як Давлати Аҳдкунанда танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мешавад, агар чунин корхона дар Давлати Аҳдкунандаи дигар тавассути муассисаи доимии дар он қарордошта фаъолияташро амалӣ насозад. Агар корхона фаъолияташро ба таври дар боло зикргардида амалӣ созад, даромади корхона метавонад дар Давлати Аҳдкунандаи дигар андозбандӣ шавад, вале танҳо дар қисмате, ки ба чунин муассисаи доимӣ таалуқ дорад.

2. Бо дарназардошти муқаррароти банди 3, агар корхонаи як Давлати Аҳдкунанда фаъолияти иқтисодиро дар Давлати Аҳдкунандаи дигар тавассути муассисаи доимин дар он ҷо қарордошта амалӣ намояд, пас дар ҳар кадом Давлати Аҳдкунанда ба чунин муассисаи доимӣ даромад ҳисоб карда мешавад, чуноне, ки он метавонист ҳамчун корхонаи алоҳида ё мустақил ин фаъолият ё фаъолияти шабеҳро дар шароити мушобеҳи он анҷом дода. комилан мустақил аз корхонае, ки муассисаи доимии он мебошад, амал мекард ва даромад мегирифт.

3. Ҳангомм муайян кардани фоидаи муассисаи доимӣ (намояндагӣ) нигоҳ доштани хароҷотҳои ба мақсади фаъолияти ин муассисаи доимӣ равоншуда, аз ҷумла хараҷотҳои идоравӣ ва умумии маъмурӣ, сарфи назар аз он ки ин хароҷотҳо дар Давлати Аҳдкунандае, ки онҷо муассисаи доимӣ қарор дорад, ё берун аз он қарор дорад, иҷозат дода мешавад.

4. Дар Давлатҳои Аҳдкунанда агар муайян намудани фоидае, ки ба муассисаи доимӣ дар асоси тақсимоти мутаносиби маблағи умумии фоидаи корхона дар сохторҳои гуногуни тобеъи он таҷрибаи маъмулӣ бошад, пас ҳеҷ ҳолати дар банди 2 буда ба Давлати Аҳдкунанда муайян намудани фоидаи андозбандишарвандаро тавассути чунин тақсимот манъ намекунад; усули интихоб намудани тақсимот бояд натиҷаҳои мувофиқ ба принсипҳои дар ин модда ҷойдоштаро диҳад.

5. Хеҷ гуна фоида ба сабаби танҳо хариди молҳо ё маснуот барои корхона, ки муассисаи доимӣ (намояндагӣ) анҷом медиҳад, ба ҳисоби ҳамин муассисаи доимӣ гузаронида намешавад.

6. Аз назари бандҳои пешина фоидаи ба муассисаи доимӣ (намояндагӣ) таалуқдошта, ҳар сол бо як усул муқаррар карда мешавад, ба шарте, ки барои тағйир додани ин тартиб ягон асоси кофӣ ё эътимоднок вуҷуд надошта бошад.

7. Агар фоида навъҳои даромадеро дар бар гирад, ки дар дигар моддаҳои ин Конвенсия ба таври ҷудогона баррасӣ мешаванд. пас муқаррароти ин моддаҳо ба муқаррароти ин модда дахолат намекунанд.

Моддаи 8 Нақлиёти байналмиллалӣ

1. Фоидаи ба даст овардаи аз истифодаи киштиҳо, тайёраҳо, нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ дар ҳамлу нақли байналмиллалӣ танҳо дар ҳамин Давлате, ки маҳалли воқеъии идоракунии корхона ҷойгир шудааст, андозбандӣ мешавад.

2. Агар ҷои ҳақикии ташкилоти роҳбарикунандаи корхонаи баҳри дар дохили киштӣ ҷойгир шуда бошад, онгоҳ он ба ҳамон Давлати Аҳдкунандае мансуб мебошад, ки дар бандари он киштӣ муқимӣ мебошад, дар сурати набудани бандари муқимӣ дар Давлати Аҳдкунанда, шахси истифодабарандаи киштии мазкур резмденти он Давлати Аҳдкунанда мебошад.

3. Муқаррароти банди 1 ҳамин модда нисбати даромади ҳосилаи резиденти Давлати Аҳдкунанда аз иштирок кардан дар расонидани хизматҳо дар корхонаҳои муштарак ё ки ташкилоти байналмиллалии истифодабарии воситаҳои нақлиёт, мавриди истифода қарор мегирад.

Моддаи 9 Корхонаҳои муттаҳидкардашуда

1. Дар холатҳое, ки агар:

а) корхонаи Давлати Аҳдкунанда мустақим ё ғайримустақим дар идоракунӣ, назорат ё сармояи корхонаи Давлати Аҳдкунандаи дигар ширкат намояд, ё,

б) худи ҳамин шахс ба таври мустақим ё ғайримустақим дар идоракунӣ, назорат ё сармояи корхонаи Давлати Аҳдкунанда, инчунин корхонаи Давлати дигари Аҳдкунанда иштирок намояд,

ё ва дар ҳар кадом ҳолат байни ин корхонаҳо муносибатҳои тиҷоратӣ ва молиявие рӯй медиҳад, ё барқарор мегардад, ки аз муносибатҳои дар байни ду корхонаи мустақил вуҷуддошта фарқ кунанд, пас ҳаргуна фоидае, ки бояд ба яке аз ин корхонаҳо ҳисоб карда шавад, вале бо назардошти чунин муносибатҳо ҳисоб нашудааст, метавонад ба фоидаи корхонаи мазкур дохил карда шуда, мавриди андозбандӣ қарор гирад.

Моддаи 10 Дивидендҳо

1. Дивидендҳои ба резиденти Давлати Аҳдкунандаи дигар пардохтаи ширкате, ки резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда мебошад, метавонад дар ҳамин Давлати Аҳдкунандаи дигар андозбандӣ шавад.

2. Вале чунин дивидендҳо мумкин аст инчунин дар он Давлати Аҳдкунанда андоз супоранд, ки резиденти вай ширкате мебошад, ки дивидентҳоро мувофиқи қонунгузории ҳамин Давлат мепардозад, аммо агар гиранда резиденти воқеии дивидендҳо бошад, пас андози ситонидашаванда набояд аз 5 фоизи маблағи умумии дивидендҳо зиёдтар бошад.

Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда бо розигии ҳамдигар усули ба кор бурдани чунин маҳдуддиятҳоро муқаррар менамоянд.

Ин банд ба андозбандии ширкат нисбат ба фоидае, ки аз он дивидендҳо пардохта мешаванд, дахолат намекунанд.

3. Истилоҳи "дивидендҳо" ҳангоми истифода дар ҳамин модда дорои маънои даромад аз саҳмияҳо ва ё дигар ҳуқуқҳо, ки ӯҳдадории қарзӣ нестанд ва барои иштирок дар фоида ҳуқуқ медиҳанд, инчунин дигар даромадро дорад, ки бояд чун даромад аз саҳмияҳо тибқи қонунгузории Давлати Аҳдкунанда, ки ширкати тақсимкунандаи фоида резиденти он мебошад, таҳти чунин танзими андозӣ қарор гиранд.

4. Муқаррароти бандҳои 1 ва 2 мавриди истифода қарор намегирад, агар соҳиби воқеии дивидендҳо резиденти Давлати Аҳдкунанда буда, фаъолияти иқтисодро дар Давлати Аҳдкунандаи дигар анҷом диҳад ва резиденти он ширкате мебошад, ки тавассути муассисаи доимии дар он ҷо қарордошта дивиденд мепардозад, дар ҳамин Давлати Аҳдкунандаи дигар тавассути базаи доимии дар он ҷойгирбуда хизматрасонии мустақили шахсиро анҷом медиҳад, ва холдинг, ки нисбати онҳо дивиденд пардохта мешавад, ба чунин муассисаи доимӣ ё базаи доимӣ алоқаманд мебошад. Дар чунин ҳолат муқаррароти моддаи 7 ҳамин Конвенсия вобаста бо шароит татбик мегардад.

5. Агар ширкат, ки резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда буда, аз Давлати Аҳдкунандаи дигар фоида ё даромад ба даст меоварад, ин Давлати Аҳдкунандаи дигар метавонад аз дивидендҳои мепардохтаи ин ширкат андоз наситонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин дивидендҳо ба резиденти ин Давлати Ахдқунандаи дигар пардохта мешаванд ё холдинг, ки ба онҳо дивидендҳо пардохта мешаванд, вокеан ба муассисаи доимӣ ё базаи доимии дар ҳамин Давлати Аҳдкунандаи дигар қарордошга мансуб мебошанд, инчунии аз даромади таксимнашудаи ширкат андоз ситонида намешавад, ҳатто агар дивидендҳо пардохташаванда ё фоидаи тақсимнашуда пурра ё қисман аз даромад ё фоидае иборат бошад, ки дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда ба вучуд омадааст.

Моддаи 11 Фоизҳо

1. Фоизҳое, ки дар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ба амал омада ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда пардохта мешаванд, мумкин аст, дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ гарданд.

2. Аммо чунин фоизҳо дар Давлати Аҳдкунандае, ки дар он пайдо мешаванд, метавонад мувофиқи қонунгузории ҳамин Давлат андозбандӣ гарданд, вале агар соҳиби воқеии ин фоизҳо резиденти Давлати Аҳдкунандаи дигар бошад, пас андози дар чунин ҳолат ситондашаванда набояд аз 7 фоиз маблағи умумии фоизҳо зиёдтар бошад.

Мақомоти салоҳияти Давлатҳои Аҳдкунанда бо розигии ҳамдигар усули ба кор бурдани чунин маҳдуддиятҳоро муқаррар менамоянд.

3. Сарфи назар аз муқаррароти банди 2 ин модда фоизҳое, ки дар Давлати Аҳдкунанда пайдо мешаванд, бояд дар ҳамон Давлат андозбандӣ карда шавад, ки гиранда резиденти он мебошад, агар чунин гиранда соҳиби ҳақиқии фоизҳо ва ё чунин фоизҳо пардохта мешаванд:

а) бо сабаби ба таври насия фурӯхтани ҳамагуна таҷҳизоти саноатӣ ё илмӣ,

b) бо ҳамагуна қарзи ҳамагуна шакли пешниҳоднамудаи бонк.

с) ба Ҳукумати дигар Давлати Аҳдкунанда ба шумули мақомоти сиёсӣ, ё ҳокимиятҳои маҳаллӣ, ё Бонки марказӣ, ё корхонаи молиявӣ, ки ба ин Ҳукумат итоат мекунад.

d) ба резиденти дигар Давлат дар робита ба карзҳо ё насия, ки аз тарафи Ҳукумати дигар Давлат кафолатдода шудааст, инчунин мақомоти сиёсӣ ё мақомоти маҳаллӣ, Бонки марказӣ, ё корхонаҳои молиявии ба нн Ҳукумат итоаткунанда.

4. Истилоҳи "фоизҳо" ҳангоми истифода дар ин модда дорои маънои даромад аз ҳам гуна ӯҳдадориҳои қарзӣ мебошад, , сарфи назар аз он, ки бо замонат таъмин аст ё на, аз ҷумла, даромад аз коғазҳои қиматноки давлатӣ ва даромад аз вомбаргҳо ё ӯҳдадориҳои қарзӣ. Барои мақсадҳои ин модда ҷаримаҳо барои сари вақт анҷом надодани пардохтҳо (ноустуворона) ба сифати фоизҳо баррасӣ карда намешаванд. Истилоҳи ,фоизҳо, маънои ҳар гуна моддаҳои даромадҳоро дарбар намегирад, кадоме, ки ҳамчун дивидендҳо дар банди 3 моддаи 10 дида мешаванд.

5. Муқаррароти бандҳои 1,2 ва 3 татбиқ намегарданд, агар соҳиби воқеии фоизҳо резиденти як Давлати Аҳдкунанда буда, фаъолияти иқтисодиро дар Давлати Аҳдкунандаи дигар анҷом диҳад ва фоизҳо таввасути муассисаи доимии дар он қарордошта ташаккул ёбад ё дар ҳамин Давлати Аҳдкунандаи дигар тавассути базаи доимии дар он ҷойгирбуда хизматрасонии мустақили шахсиро анҷом диҳад ё ӯҳдадориҳои қарзӣ, ки дар асоси онҳо фоизҳо пардохта мешаванд, ҳақиқатан ҳам ба чунин муассисаи доимӣ ё базаи доимӣ алоқаманд мебошад. Дар чунин ҳолат муқаррароти моддаи 7 ҳамин Конвенсия вобаста бо шароит мавриди истифода қарор мегирад.

6. Фоизҳо дар Давлати Аҳдкунанда ҳамон вақт ташаккулёфта ҳисобида мешаванд, ки агар пардозандаи онҳо резиденти ҳамин Давлат бошанд.

Вале агар пардозандаи фоизҳо, сарфи назар аз он, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда мебошад ё на, дар Давлати Аҳдкунанда муассисаи доимӣ ё базаи доимӣ дорад ва вобаста ба он пардохти фоизҳо ва хароҷоти марбут ба ин фоизҳоро муассисаи доимӣ ё базаи доимӣ анҷом медиҳад, пас чунин шуморида мешавад, ки фоизҳо дар ҳамон Давлати Аҳдкунанда ташаккул ёфтаанд, ки дар он муассисаи доимӣ ё базаи доимӣ қарор дорад.

7. Дар холатн мавҷуд будани муносибатхои махсус миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеии фоизҳо, ё байни ҳардуи онҳо ва шахси дигар, маблағи умумии фоизҳои ба ӯҳдадориҳои қарзӣ таалукдошта, ки дар асоси онҳо пардохт сурат мегиранд, аз миқдори маблағе, ки бояд миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеии фоизҳо дар мавриди мавҷуд набудани ин муносибатҳо мувофиқа шавад, зиёд бошад, пас муқаррароти ҳамин модда танҳо дар мавриди маблағи охирини зикршуда истифода бурда мешавад. Дар чунин ҳолат қисми зиёдатии пардохт мутобиқи қонунгузории ҳар кадом Давлатҳои Аҳдкунанда бо назардошти дигар муқаррароти ҳамин Конвенсия мавриди андозбандӣ қарор мегирад.

Моддаи 12 Роялти

1. Роялтии дар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ташакулёфта ва ба резиденти Давлати Аҳдкунандаи дигар пардохтшаванда метавонад дар ҳамин Давлати Аҳдкунандаи дигар мавриди андозбандӣ қарор гирад.

2. Аммо, чунин роялти метавонад дар Давлати Аҳдкунандае, ки он ташакул ёфтааст, тибқи қонунгузории ҳамин Давлат андозбандӣ карда шавад, вале агар гирандаи роялти ва соҳиби воқеии роялти резиденти Давлати Аҳдкунандаи дигар бошад, пас андози бо чунин тариқ ситондашаванда набояд аз 10 фоизи маблағи умумии роялти зиёд бошад.

Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда бо розигии ҳамдигар усули ба кор бурдани чунин маҳдудиятҳоро муқаррар менамоянд.

3. Истилоҳи "роялти" ҳангоми истифода дар ҳамин модда дорои маънои ҳама гуна пардохте мебошад, ки ба сифати подош барои истифода ё пешниҳоди истифода аз ҳама гуна ҳуқуқи муаллифӣ барои асари бадеӣ, санъат, илм, аз ҷумла кинофилмҳо ва сабтҳо барои радиошунавонӣ ва телевизион, ҳар гуна патентҳо, аломати мол, дизайн, моделҳо, нақшаҳо, барномаҳои компютерӣ, формулаҳои махфӣ ё протсессҳо ё ҳама гуна таҷҳизоти саноатӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ё иттилоотӣ вобаста ба таҷрибаи саноатӣ, тиҷоратӣ, илмӣ гирифта мешавад.

4. Муқаррароти бандҳои 1 ва 2 татбиқ намегарданд, агар соҳиби воқеии роялти резиденти як Давлати Аҳдкунанда буда, фаъолияти иқтисодиро дар Давлати Аҳдкунандаи дигар анҷом диҳад ва роялти таввасути муассисаи доимии дар он қарордошта ташаккул ёбад ё дар ҳамин Давлати Аҳдкунандаи дигар тавассути базаи доимии дар он ҷойгирбуда хизматрасонии мустақили шахсиро анҷом диҳад ё ҳуқуқ ё амвол, ки нисбати онҳо роялти пардохта мешавад. Ҳақиқатан ҳам ба чунин муассисаи доимӣ ё базаи доимӣ алоқаманд мебошад. Дар чунин ҳолат муқаррароти моддаи 7 ҳамин Конвенсия вобаста бо шароит мавриди истифода қарор дода мешавад.

5. Чунин ҳисобида мешавад, ки роялтӣ дар Давлати Аҳдкунанда ба миён омадааст, агар пардохткунанда барои истифодабарӣ ё барои ҳуқуқи истифодабарӣ резиденти худи ҳамин Давлати Аҳдкунанда бошад. Вале, агар шахсе, ки пардохткунандаи роялтӣ мебошад, новобаста аз он, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда мебошад ё не, дар Давлати Аҳдкунанда намояндагии доимӣ ва ё пойгоҳи доимӣ дорад ва дар вобастагӣ бо он ӯҳдадории пардохт кардани роялтӣ пайдо шудааст, инчунин хароҷотҳои барои пардохт кардани ин роялтиро намояндагии доимӣ ё пойгоҳи доимӣ ба зима дорад, онгоҳ ҳисоб карда мешавад, ки роялтӣ дар ҳамон Давлате ба вуҷуд омадааст, ки дар он ҷо намояндагии доимӣ ё пойгоҳи доимӣ вуҷуд дорад.

6. Агар, дар натиҷаи муносибатҳои махсус миёни роялти пардозанда ва соҳиби воқеии роялти, ё ки байни ҳардуи онҳо ва шахси дигари сеюм, маблағи роялтии пардохташуда ё ҳисобкардашуда барои истифода, ҳуқуқ ё ки иттилот тааллуқ дошта ва дар асоси онҳо пардохта мешавад аз маблағи маслиҳатшуда миёни пардозанда ва соҳиби воқеии роялти зиёдтар бошад, онгоҳ дар сурати набудани ин гуна муносибатҳо муқаррароти ин модда танҳо нисбати маблағи охирин мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар чунин маврид қисми барзиёди роялтии пардохташуда ё ҳисобкардашуда тибқи қонунгузории андози ҳар кадом Давлати Аҳдкунанда, бо назардошти ҳатмии дигар муқаррароти ин Конвенсия бояд мавриди андозбандӣ қарор гирад.

Моддаи 13 Даромадҳо аз бегона кардани моликият

1. Даромади гирифтаи резиденти як Давлати Аҳдкунанда аз бегона кардани амволи ғайриманқуле, ки дар моддаи 6 зикр шудааст ва дар Давлати Аҳдкунандаи дигар қарор дорад, мумкин аст дар ҳамин Давлати Аҳдкунандаи дигар андозбандӣ карда шавад.

2. Даромад аз бегона кардани амволи манқул, ки барои фаъолияти соҳибкории муассисаи доимии корхонаи як Давлати Аҳдкунанда, ки дар Давлати Аҳдкунандаи дигар дорад, аз ҷумла даромадҳои бегона кардани ҳамин муассисаи доимӣ (дар алоҳидагӣ ё якҷоя бо корхона) ё базаи доимӣ метавонад дар ҳамин Давлати Аҳдкунандаи дигар таҳти андозбандӣ қарор гирад.

3. Даромад аз бегона кардани амвол, ки он қисми амволи истеҳсолоти корхона, ки он дар бар мегирад, аз ҷумла киштиҳои баҳрӣ, тайёраҳо, воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан ва нақлиёти автомабилӣ ки корхонаи Давлати Аҳдкунандаи дар ҳамлу нақли байналмилилӣ истифода мебарад ё аз бегона кардани амволи манқули марбут ба истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт алоқаманд ба даст омада, танҳо дар ҳамон Давлати Аҳдкунанда, ки ҷои воқеии идоракунии корхона мебошад, андозбандӣ карда мешавад.

4. Даромад аз бегона кардани ҳама гуна амволи дигаре, ки дар бандҳои 1,2, ва 3 ҳамин модда зикр нашудаанд, танҳо дар ҳамон Давлати Аҳдкунандае андозбандӣ мегардад, ки шахси амволро бегона карда резиденти он мебошад.

Моддаи 14 Хизматрасонии мутеъонаи шахсӣ

1. Бо дарназардошти муқаррароти моддаҳои 15, 17 ва 18 маош, музди меҳнат ва дигар подошҳои шабеҳ, ки резиденти як Давлати Аҳдкунанда дар робита бо кироякорӣ ба даст меорад, танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мешавад, агар чунин кироякорӣ дар Давлати Аҳдкунандаи дигар анҷом дода нашавад. Агар киройкорӣ ба ҳамин тариқ амалӣ гардад, подоши бо чунин тарз бадастовардашуда танҳо дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ мегардад.

2. Сарфи назар аз муқаррароти банди 1 ҳамин модда подоше, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда дар робита бо кироякорӣ дар Давлати дигари Аҳдкунанда ба даст овардааст, танҳо дар давлати аввал зикршуда андозбандӣ мегардад, агар:

а) шахси подошгиранда дар Давлати Аҳдкунандаи дигар дар муддати як ё якчанд давраҳо, ки дар давоми ҳар гуна давраи 12-моҳа, ки дар соли баррасишавандаи молиявӣ огоҳ ё анҷом меёбад, дар маҷмӯ аз 183 шабонарӯз бештар намебошад, қарор дорад: ва

Ь) подош аз тарафи кироягир ё аз номи кироягир, ки резиденти Давлати дигар намебошад, пардохта шавад: ва

с) хароҷоти пардохти подошро муассисаи доимӣ ё базаи доимӣ, ки кироягир дар Давлати дигар дорад, анҷом намедиҳад.

3) Барои муайян намудани давраҳое, ки дар зербанди а) банди 2 номбар карда шудааст рӯзҳои зерин ворид карда мешаванд:

а) ҳама рӯзҳои ҳозир будани шахс, инчунин рӯзҳои омадан ва рафтан; ва

Ь) рӯзҳои берун аз ҳудуди Давлати кирогиранда гузаронида шуда, маҳз шанбе ва якшанбе, ҷашнҳои миллӣ, рӯзҳои истироҳат ва сафарҳои хизматӣ, ки бевосита бо кори гиранда дар ин Давлат алоқаманд аст, ки баъд аз ба охир расидани онҳо кор дар худуди ин Давлат аз нав сар карда мешавад.

4) Истилоҳи "кирогир"-и дар зербанди Ь) банди 2 дарҷ гардида маънои шахсеро дорад, ки ҳуқуқи кори иҷрошуда ва ҳисси масъулият ва таваккали ба иҷрои кор вобастаро дорад.

5. Сарфи назар аз муқаррароги пешинаи ҳамин модда подошҳое. ки корхонаи Давлати Аҳдкунанда вобаста ба кироякорӣ аз истифодаи киштиҳо, ҳавопаймоҳо, воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ба даст меорад, метавонад танҳо дар ҳамин Давлати Ахдкунанда андозбандӣ гардад, ки дар он ҷо маҳалли воқеии идораи корхона ҷойгир аст.

Моддаи 15 Поодоши директорон

Подоши директорон ва дигар пардохтҳои шабеҳ, ки резиденти як Давлати Аҳдкунанда ба сифати узви Шӯрои директорон ё дигар мақоми шабеҳи ширкат мегирад ва резиденти Давлати Аҳдкунандаи дигар мебошад, дар ҳамин Давлати Аҳдкунандаи дигар андозбандӣ мегардад.

Моддаи 16 Ҳунармандон ва варзишгарон

1. Сарфи назар аз муқаррароти моддаҳои 7 ва 14 даромаде, ки резиденти як Давлати Аҳдкунанда ба сифати корманди санъат, ба монанди ҳунарманди театр, кино, радио иа телевизион, мусиқинавоз ва варзишгар аз фаъолияти шахсӣ дар Давлати Аҳдкунандаи дигар ба даст меоварад, метавонад дар ҳамин Давлати Аҳкунандаи дигар андозбандӣ шавад.

2. Агар даромад аз фаъолияти шахсӣ, ки корманди санъат ва варзишгар ба чунини сифат анҷом медиҳанд, на ба худи корманди санъат ё варзишгар, балки ба шахси дигар ҳисоб карда шавад, пас ин даромад, сарфи назар аз муқаррароти моддаҳои 7 ва 14 ҳамин Конвенсия метавонад дар ҳамон Давлати Аҳхдкунандае андозбандӣ гардад, ки дар он фаъолияти корманди санъат ва варзишгар сурат мегирад.

Моддаи 17 Нафақапулӣ

Бо назардошти муқаррароти банди 2 моддаи 18 нафақа ва дигар пардохтҳои шабеҳ, ки барои собиқаи кори кироя ба резиденти Давлати Аҳдкунанда пардохта мешавад танҳо дар ҳамон Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ мешавад.

Моддаи 18 Хизмати давлатӣ

1. а) Маош, музди меҳнат, дигар подоши шабеҳ ба истиснои нафақа, ки Давлати Аҳдкунанда ё воҳидҳои маъмурию ҳудудии он ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба ҳама гуна шахсони воқеи барои хизматрасонии ба ҳамин Давлат ё воҳидҳои маъмурию худудии он ё барои мақомоти ҳокимияти маҳаллии он анҷомдодаашон мепардозад, танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мегардад.

Ь) вале чунин маош, музди меҳнат, дигар подоши шабеҳ танҳо дар Давлати Аҳдкунандаи дигар андозбандӣ мешавад, агар ин хизматрасонӣ дар ҳамин Давлати Аҳдкунандаи дигар амҷом дода шуда, шахси воқеӣ резиденти ҳамин Давлати Аҳдкунанда бошад ва ӯ:

- шахси миллии ҳамин Давлати Аҳдкунанда аст, ё

- маҳз бо мақсади чунин хизматрасонӣ резиденти ҳамин Давлат нашудааст.

2. а) Ҳама гуна нафақае, ки Давлати Аҳдкунанда ё ки воҳидҳои маъмурию ҳудудии он ё мақомоти ҳокимияти маҳалиии он ё аз фондҳои таъсисдодаи онҳо ба шахси воқеӣ барои хизматрасонӣ ба ҳамин Давлати Аҳдкунанда ё воҳиди маъмурию ҳудудии он ё мақомоти ҳокимияти маҳаллии он мепардозад, дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ мегардад.

б) Вале чунин нафақа метавонад танҳо дар Давлати Аҳдкунандан дигар андозбандӣ гардад, ки агар шахси воқеӣ резидент ё шахси миллии ҳамин Давлат бошад.

5. Муқаррароти моддаи 14, 15, 16 ва 17 ҳамин Конвенсия нисбати маош, музди меҳнат, дигар подоши шабеҳ ва нафақапулиҳо вобаста ба хизматрасониҳои марбут ба иҷрои фаъолияти иқтисодиро, ки Давлати Аҳдкунанда ё воҳиди маьмурию ҳудудӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳаллии он анҷом медиҳад татбиқ мегардад.

Моддаи 19 Донишҷӯён

Пардохтҳои мегирифтаи донишҷӯён, аспирантҳо ё коромӯзоне, ки бевосита қабл аз омадан ба яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда резиденти Давлати Аҳдкунандаи дигар буданд ёмебошанд ва дар Давлати Аҳдкунандаи аввал зикршуда танҳо ба мақсади гирифтани таҳсилот ё таҷрибаомӯзӣ қарор доранд ва ин пардохтҳо барои зист, таҳсил ё таълим таъин гардидаанд, дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ намегарданд, агар манбаъҳои чунин пардохтҳо берун аз ҳудуди ин Давлат қарор дошта бошанд.

Моддаи 20 Даромадҳои дигар

1. Навҳои даромадҳои резиденти Давлати Аҳдкунанда, сарфи назар аз манбаи пайдоиши онҳо, ки дар моддаҳои қаблии ин Конвенсия мазкур зикр нагардидаанд, танҳо дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ мешаванд.

2. Муқаррароти банди 1 ҳамин модда нисбати даромадҳо, ба истиснои даромадҳо аз амволи ғайриманқули пешбининамудаи банди 2 моддаи 6 ҳамин Конвенсия татбиқ намегардад, агар гирандаи чунин даромадҳо резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда буда, фаъолияти иқтисодиро дар Давлати Аҳдкунандаи дигар таввасути муассисаҳои доимии дар он ҷойгиршуда анҷом диҳад ё дар ҳамин Давлати Аҳдкунандаи дигар хизматрасонии мустақими шахсиро тавассути базаи доимии дар он қарордошта иҷро намояд ва ҳуқуқҳо ё моликият, ки дар робита ба онҳо даромад мегирад, воқеан ба чунин муассисаи доимӣ ё базаи доимӣ алоқаманд мебошад. Дар чунин ҳолат муқаррароти моддаи 7 ҳамин Конвенсня вобаста ба шароит мавриди истифода қарор мегирад.

Моддаи 21 Сармоя

1. Сармояи дар шакли амволи ғайриманқули дар моддаи 6 зикр гардида, ки ба резиденти Давлати Аҳдкунанда марбут буда, дар Давлати дигари Аҳдкунанда қарор дорад, метавонад дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ гардад.

2. Сярмоя дар шакли амволи манқул, ки қисмм амволи барои фаъолияти иқтисодии муассисаи доимӣ истифодашаванда мебошад ва корхонаи яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда дар Давлати дигари Аҳдкунанда дорад, метавонад дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ гардад.

3. Сармоя дар шакли нақлиёти баҳрӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан ё нақлиёти автомобилӣ, ки дар ҳамлу нақли байналмилалӣ истифода мешаванд, инчунин дар шакли амволи манқули марбут ба фаъолияти ин воситаҳои нақлиёт танҳо дар ҳамон Давлати Аҳдкунанда алдозбандӣ мешаванд, ки дар он ҷо маҳалӣ воқеии идоракунии корхона қарор дорад.

4. Ҳамаи дигар унсурҳои сармояи резиденти Давлати Аҳлкунанда танҳо дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ мешавад.

Моддаи 22 Усули пешгирии андозбандии дукарата

1. Агар резиденти Давлати Аҳдкунанда даромад ба даст орад ё сармояеро соҳиб бошад, ки тибқи муқаррароти ҳамин Конвенсия метавонанд дар Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ гардад, Давлати Аҳдкунандаи дар аввал зикршуда иҷозат медиҳад:

- аз маблағи андоз аз даромади ин резидент маблағи баробар ба андози дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда пардохташуда, ҳисоб ва тарҳ карда шавад;

- аз андоз аз сармояи ин резидент маблағи баробар ба амдози аз сармояи дар Давлати дигар пардохташуда, ҳисоб ва тарҳ карда шавад.

Ин ҳисобҳо дар ҳама ҳолат набояд аз қисми андоз аз даромад ё андоз аз сармоя, ки то ҳисоб карда баровардан нисбат ба даромад ё сармоя ҳисоб шудааст, зиёд бошад.

2. Агар мувофиқи муқаррароти ҳамин Конвенсия даромад ва сармояи резиденти Давлати Аҳдкунанда дар ҳамин Давлат аз андоз озод бошад, бо вуҷуди он ҳамин Давлат метавонад ҳангоми ҳисоби маблағи андоз ба қисми боқимондаи даромад ё сармояи ин резидент даромад ё сармояи аз андоз озодбудаи ӯро ба инобат гирад.

Моддаи 23 Маҳдуд накардани ҳуқуқҳо

1. Шахсони миллии Давлати Аҳдкунанда дар Давлати Аҳдкунандаи дигар нисбат ба андозсупориҳо ё ӯҳдадориҳои вобаста ба он, ки тибқи ҳамин ҳолат барои шахсони миллии Давлати Аҳдкунандаи дигар фароҳам шудааст, наметавонанд таҳти ҳама гуна андозсупориҳои вазнинтар ё ӯхдадориҳои вобаста ба он, аз ҷумла нисбати резидентӣ, қарор гиранд. Сарфи назар аз муқаррароти моддаи 1 чунин муқаррарот нисбати шахсони воқеӣ, ки резиденти як ё ҳарду Давлати Аҳдкунанда нестанд, татбиқ мегардад.

2. Андозбандии муассисаи доимии корхонаи яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда дар Давлати Аҳдкунандаи дигар набояд нисбати андозбандии корхонаи ҳамин Давлати Аҳдкунандаи дигар, ки ба чунин навъи фаъолият машғул аст, номусоидтар бошад. Ин муқаррарот набояд чунин маънидод гардад, ки он як Давлати Аҳдкунандаро вазифадор мекунад ба резиденти Давлати Ахдкунандаи дигар кадом як имтиёзи шахси, озодкуни ё тахфиф барои мақсадҳои андозбандиро дар асоси ҳолати шаҳрвандӣ ё вазъи оилавӣ фароҳам орад, ки он барои резидентҳои худ фароҳам меорад.

3. Ба истиснои ҳолатҳое, ки муқаррароти моддаи 9, банди 7 моддаи 11, банди 6 моддаи 12 ҳамин Конвенсия, татбиқ мегардад, фоизҳо, роялтӣ ва намудҳои дигари пардохтҳо, ки корхонаи яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда анҷом медиҳад, бояд бо мақсади муайян кардани фоидаи андозбандишаванда тибқи ҳамон шароитҳо ҳисоб карда мешавад, ки агар онҳо нисбати резиденти Давлати Аҳдкунандаи аввал зикр шуда пардохта шуда бошанд. Ҳамчунин ҳар гуна қарзҳои корхонаи яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда бояд ба мақсади муайян кардани сармояи андозбандишаванда чуноне ҳисоб карда шавад, ки нисбат ба резиденти Давлати Аҳдкунандаи аввал зикргардида сурат гирифтааст.

4. Корхонан яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда, ки сармояи он пурра ё қисман ба як ё якчанд резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда марбутанд ё мустақим ё ғайримустақим назорат карда мешаванд, набояд дар Давлати Аҳдкунандаи аввал зикргардида таҳти ягон андозсупориҳо ё ӯҳдадориҳои вобаста ба он, ки тибқи ҳамин ҳолат барои чунин корхонаи Давлати Аҳдкунандаи аввал зикргардида фароҳам шудааст, таҳти ҳама гуна андозсупориҳои вазнинтар ё ӯҳдадориҳои вобаста ба он қарор гиранд.

5. Новобаста ба муқаррароти моддаи 2 муқаррароти моддаи мазкур ба ҳамаи намуди андозҳо истифода бурда мешавад.

Моддаи 24 Расмиёти мувофиқаи мутақобила

1. Агар шахс чунин шуморад, ки амали як ё ҳарду Давлатҳои Аҳдкунанда метавонад хилофи муқаррароти ҳамим Конвенсия боиси андозбандӣ гардад е ба он оварда мерасонад, ин шахс, сарфи назар аз воситаҳои ҳимоявии пешбининамудаи қонунгузирии миллии ин Давлатҳои Аҳдкунанда, метавонад аризаи худро ба мақоми салоҳиятдори Давлати Ахдкунанда, ки вай резиденти он мебошад ё агар ҳолати бо ӯ рухдода таҳти амали банди 1 моддаи 23 қарор гирад, ба мақоми салоҳиятдори ҳамон Давлати Аҳдкунанда, ки вай шаҳрванди он мебошад, барои баррасӣ ирсол дорад. Ариза бояд дар мӯҳлати се сол аз лаҳзаи огоҳиномаи аввал дар хусуси амале, ки хилофи муқаррароти ҳамин Конвенсия боиси андозбандӣ мегардад, пешниҳод карда шавад.

2. Мақомоти салоҳиятдор, агар эътирозро асоснок ҳисобанд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва агар худашон мустақилона ба қарори қаноатбахш омада натавонанд, онро дар мувофиқа бо мақоми салоҳиятдори Давлати Аҳдкунандаи дигар бо мақсади роҳ надодан ба андозсупорӣ хилофи муқаррароти ҳамин Конвенсия, ҳал мекунад. Ҳама гуна мувофиқаи бадастомада, сарфи назар аз ҳама гуна маҳдудияти муваққатӣ дар қонунгузории дохилии Давлатҳои Аҳдкунанда бояд иҷро карда шавад.

3. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда кӯшиш менамоянд, ки бо муаофиқаи мутақобила ҳама гуна мушкилот ё шубҳаро, ки ҳангоми тавзеҳ ё истифодаи муқаррароти ҳамин Конвенсия пайдо мешаванд, ҳал намоянд. Инчунин онҳо метавонанд бо мақсади пешгирии андозситонии дукарата дар ҳолатҳои дар ҳамин Конвенсия пешбининашуда бо ҳамдигар машварат намоянд.

4. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда бо мақсади ба даст овардани мувофиқа оид ба моҳияти муқаррароти бандҳои қаблӣ метавонанд бо ҳам робитаи мустақим дошта бошанд.

Моддаи 25 Табодули иттилоот

1. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда иттилооти вобаста ба андозбандиро, ки барои татбиқи муқаррароти ҳамин Конвенсия ё қонунгузории дохилии Давлатҳои Аҳдкунанда заруранд, ба ҳамон андозае, ки андозбандиҳо тибқи ин қонунгузорӣ хилофи ҳамин Конвенсия нестанд, мубодила хоҳанд кард. Табодули иттилоот бо муқаррароти моддаҳои 1 ва 2 маҳдуд карда намешавад. Ҳар гуна иттилооти бадастовардаи Давлати Аҳдкунанда ба монанди иттилооти дар доираи қонунгузории дохилии ҳамин Давлати Аҳдкунанда бадастомада махфӣ ҳисобида мешавад ва танҳо метавонад ба ҳамон шахсон ва мақомот, аз ҷумла, судҳо ва мақомоти маъмурӣ, ки ба ҳисоб, муайянсозӣ, ситонидани иҷборӣ ё таъқиби судӣ ё баррасии сафедкунӣ оид ба андозҳо машғуланд ва нисбати онҳо ҳамин Конвенсия истифода мегардад, ошкор карда шавад. Чунин шахсон ва мақомот ин иттилоотро метавонанд танҳо барои ҳамин мақсадҳо истифода намоянд. Онҳо ин иттилоотро метавонанд дар ҷараёни мурофиаи судӣ ё ҳангоми қабули қарорҳои юридикӣ ошкор намоянд.

2. Ба хеҷ ваҷҳ, муқаррароти банди 1 набояд ҳамчун ба иҷрои амалҳои зайл ӯҳдадор намудани яке аз Давлати Аҳдкунанда маънидод карда шавад:

а) андешидани чораҳои маъмурӣ, ки хилофи қонунҳо ё амалияи маъмурии ин ё он Давлати Аҳдкунанда мебошад;

Ь) фароҳам овардани чунин иттилооте. ки онро мувофиқи қонунгузорӣ ё дар ҷараёни амалияи маъмулии маъмурии ин ё он Давлати Аҳдкунанда гирифтан мумкин нест;

с) фароҳам овардани чунин иттилооте, ки метавонад ягон сирри тиҷоратӣ, саноатӣ, соҳибкорӣ, касбӣ ё раванди тиҷоратиро фош намояд ё иттилооте диҳад, ки ошкор сохтани он хилофи сиёсати давлат (тартиботи ҷамъиятӣ) мебошад.

Моддаи 26 Агентои хадамотҳои дипломатӣ хизматчиёни консулгарӣ

Ҳеҷ яке аз муқаррароти ҳамин Конвенсия ба имтиёзҳои андозии кормандони агентҳои хадамотҳои дипломатӣ ва хизматчиёни консулгарӣ, ки ба онҳо тибқи меъёрҳои умумии ҳуқуқҳои байналмилалӣ ё муқаррароти -созишномаҳои махсус фароҳам оварда шудаанд, дахолат намекунад.

Моддаи 27 Эътибор пайдо кардан

1. Ҳар як Давлати Аҳдкунанда ҳамдигарро таввасути роҳҳои дипломатӣ, ба таври хаттӣ дар бораи мувофиқи қонунгузории миллӣ анҷом додани расмияти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани ин Конвенсия зарруранд, огоҳ менамояд. Конвенсия аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирин эътибор пайдо мекунад, ва муқаррароти ҳамин Конвенсия нисбат ба инҳо амал мекунад:

а) нисбати андозҳои аз манбаҳои даромад ситонидашаванда, ки 1-ум ё пас аз 1-уми январи соли тақвимии пас аз соли эътибор пайдо кардани ин Конвенсия фарорасанда пардохт мешаванд;

Ь) дар мавриди дигар андозҳо аз даромад ва сармоя, аз даромад ва сармоя дар ҳар гуна давраи андозбандӣ ситонидашаванда, ки аз 1уми ё баъди 1-уми январи соли тақвимии пас аз соли эътибор пайдо кардани ин Конвенсия фарорасанда пардохт мешаванд.

Моддаи 28 Қатъи фаъолият

Ҳамин Конвенсия то замоне эътибор дорад, ки агар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда амали онро қатъ насозад. Ҳар кадоме аз Давлати Аҳдкунанда метавонад баъди панҷ соли эътибор пайдо кардани ҳамин Конвенсия амали онро бо роҳи дипломатӣ, бо ирсоли огоҳиномаи хаттӣ дар бобати бекор кардани амали он дар муддати на дертар аз 6 моҳи ба охир расидани ҳар як соли тақвимӣ қатъ намояд. Дар чунин ҳолат муқаррароти ин Конвенсия татбиқ намегардад:

а) дар мавриди андозҳои аз манбаи даромад ситондашаванда, ки 1 уми ё пас аз 1 уми январи соли тақвимии баъди соли фиристодани огоҳнома дар бораи қатъӣи амалӣ он пардохта мешаванд;

Ь) дар мавриди дигар андозҳо аз даромад ва сармоя, андозҳои аз даромад ва сармоя дар давраҳои андозбанди ситонидашаванда, ки аз 1 уми пас аз 1уми январи соли тақвимии пас аз супоридани огоҳнома оид ба катъи амали Конвенсия. Конвенсия дар шаҳри Душанбе 7 ноябри соли 2006 дар ду нусха ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, чехӣ, русӣ ва англисӣ, ки ба ҳам шабеҳ ва дорои эътибори баробари ҳуқуқӣ мебошанд, ба имзо расидааст. Дар сурати ихтилофи назар ҳангоми тавзеҳи Конвенсия ба матни забони англисӣ афзалият дода мешавад.

Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз номи Ҷумҳурии Чехия