Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 1999 № 406
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёти механикӣ, ҳамчунин ядакҳои (нимядакҳои) онҳо, ки дар ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 1999 № 406 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 3 баъд аз калимаи "ронандагон" калимаҳои "суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандӣ" илова карда шавад.
2. Дар банди 4 сархати сеюм дар мазмуни зайл илова карда шавад: "Воситаҳои нақлиёти автомобилӣ баъди бақайдгирӣ дар ҷузъу томҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар давоми 7 шабонарӯз аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаранд".
3. Дар банди 5 калимаҳои "ҳамчунин воситаҳои нақлиёте" ба калимаҳои "ҳамчунин воситаҳои нақлиёти корхонаҳое" иваз карда шаванд.
4. Дар банди 10:
баъд аз калимаҳои "инфиродӣ дар" калимаҳои "мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи" илова карда шавад;
сархати дуюм дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Вақти гузаронидани муоинаи техникии навбатии ҳар як воситаи нақлиёт аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳангоми гузаронидани муоинаи техникии он муайян карда мешавад".
5. Дар банди 14 калимаҳои "ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 665 аз 12 ноябри соли 1998 тасдиқ шудааст", хориҷ карда шаванд.
6. Дар банди 15 баъд аз калимаи "дар" калимаҳои "мӯҳлат ва" илова карда шаванд.
7. Дар банди 16:
...