Қарори ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007 № 518 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба боби 44 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 172 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва калимаҳои "Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" ба калимаҳои "Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- ба банди 1 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- ба фаъолияти бокортаъминкунӣ хизматрасонӣ ҷиҳати мусоидат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷустуҷӯи кори пардохтшаванда берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла гирифтани иҷозат барои кор дар давлати хориҷӣ ва ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷию ватанӣ мансуб мебошад";

- ба банди 6 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- хулосаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми фаъолият ҷиҳати бокортаъминкунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.";

- бандҳои 5, 9 ва 11 хориҷ карда шаванд;

- бандҳои 6, 7, 8, 10 ва 12 мутобиқан бандҳои 5, 6, 7, 8 ва 9 ҳисобида шаванд.

2. Дар Низомнома дар бораи Вазорати меҳнат ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №600 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати дувоздаҳуми зербанди "е" банди 5 хориҷ карда шавад.

3. Дар зербанди "в" банди 5- и Низомномаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 № 102 "Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" тасдиқ шудааст:

- сархати панҷум хориҷ карда шавад;

- дар сархати шашум калимаҳои "муҳоҷирати меҳнатии хориҷии муташаккил, расмӣ ва" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати нӯҳум калимаи "муҳоҷирон" ба калимаҳои "муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ" иваз карда шавад.

4. Дар Низомномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 №104 "Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" тасдиқ шудааст:

- дар сархати ҳафтуми банди 5 калимаи "меҳнатии" ба калимаҳои "дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии" иваз карда шавад;

- дар банди 6 дар сархатҳои шашум ва ҳафтум калимаи "муҳоҷират" ба калимаҳои "муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ" ва дар сархати нӯҳум калимаи "меҳнатӣ" ба калимаҳои "дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ" иваз карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 1 октябри соли 2007 № 518

ш. Душанбе